Нишасти Комиссияи доимии АБ ИДМ дар Душанбе

№124-125 (3109-3110) 05.10.2013

 IMG_8136

Сеюми октябри соли 2013 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» нишасти навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  оид ба масоили сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон  баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ байни парлумонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, истифода аз таҷрибаи якдигар, шиносойӣ бо раванди таҳия ва қабули қонунҳо дар парлумонҳои ҷумҳуриҳои аъзои ин иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нишасти мазкурро муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба масоили сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон,  раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ Сергей Калашников ифтитоҳ намуда, баргузории нишасти навбатиро дар пойтахти кишвари офтобии Тоҷикистон ва дар фазои ниҳоят мусоид падидаи нек арзёбӣ намуд.

Сипас, муовинони раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба масоили сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон аз ҷониби аъзои он интихоб гардида, рӯзномаи баргузории нишасти мазкур тасдиқ карда шуд.

Вакилон дар ин нишаст роҷеъ ба аҳамияти як қатор қонунҳои намунавӣ (моделӣ), аз ҷумла «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон», «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» (таҳрири нав), «Дар бораи мусоидат намудан ва ба танзимдарории кӯмакҳои байналмилалӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва ёрӣ расонидан ба корҳои аввалияи барқароркунӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи ояндаи қонунофарии моделӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2011-2015» , «Дар бораи истифодаи санадҳои моделии қонунгузорие, ки Ассамблеяи байнипарлумонии аъзои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масоили сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон қабул кардааст», «Дар бораи пешниҳодоти  Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва саломатӣ ба номӣ П. Ф. Лесгафт оид ба такмили қонунгузории миллии давлатҳои аъзои ИДМ ва созгор сохтани он ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо», «Роҳҳо ва имконияти фаъолона иштирок намудани бахши ғайридавлатӣ дар танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ», «Дар бораи истифодаи санадҳои қонунгузории моделии аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ қабулнамуда», «Дар бораи раванди баргузории ҳамоиши байналмилалии «Қонунгузорӣ ҷиҳати танзим ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти эътино ба офат», «Дар бораи тасдиқи таърихи баргузории нишасти ояндаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба масоили сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон ва рӯзномаи он» ва дигар мавзуъҳои марбут ба фаъолияти комиссияи мазкур маърӯзаҳо карданд.

Аз рӯйи масъалаҳои ба рӯзнома воридшуда вакилони Комиссияи мазкур Лидия Бардакова, Сергей Болдирев, Даврон Муҳаммадиев,  Николай Курдюмов, Сергей Цветков, Евгения Владимирова, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ ва  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бег Қурбонов суханронӣ карданд.

Аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Меҳмонон дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз шаҳри Норак ва ноҳияи Ҳисор, Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» боздид намуда, бо минтақаҳои истироҳатӣ ва туризми Тоҷикистон аз наздик ошно шуданд.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон