Муҳокимаи парламентӣ

Пардохти саривақтии нафақа ҳатмист

№70-71 (3216-3217) 01.07.2014

чунин буд хулосаи иштирокчиёни муҳокимаи парламентӣ

DSC_0163

Бисту сеюми июни соли 2014 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.Ба ҷаласа роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии  амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва дигар мақомоти дахлдор даъват шуда буданд.

Баъди тасдиқи рӯзномаи ҷаласа раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ роҷеъ ба масъалаи ба муҳокимаи парламентӣ пешниҳодшуда, аз ҷумла гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «Пешрафти босуботи иқтисоди кишвар дар асоси санадҳои барномавӣ, пеш аз ҳама, «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ таъмин гардида, иҷрои саривақтӣ ва самараноки онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад».

Дар Стратегияи миллии рушд таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ маҷмӯи чорабиниҳое муайян шудаанд, ки барои таъмини кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд. Татбиқи ин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз қабили бекорӣ, болоравии нархҳо дар бозори истеъмолӣ, беқурбшавии даромадҳо ва дигар ҳолатҳои буҳронӣ, ки ба сатҳи  зиндагии аҳолӣ  таъсири манфӣ мерасонанд,  ҳалли худро пайдо намоянд.

Мақсад ва вазифаҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» ба ҳалли масъалаҳои аввалиндараҷаи иҷтимоию иқтисодӣ нигаронида шудаанд, ки бояд дар оянда барои шаҳрвандони кишвар зиндагии шоиста ва кумакҳои иҷтимоии сифатнокро фароҳам оварад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо дар Стратегияи амалиёт барои солҳои 2013-2015 дар навбати аввал масъалаҳои барои ҷумҳурӣ афзалиятнок ва мубрами рӯз, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, суғуртаи иҷтимоӣ, таъминоти нафақа ва кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муайян шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки таъминоти нафақаи шаҳрвандон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо тағйиру иловаҳо аз 3 июли соли 2012 №853) ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» (бо тағйиру иловаҳо аз 28 декабри соли 2012 №909) амалӣ карда мешавад. Қонунҳои мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии таъминоти моддиро тавассути додани нафақаҳои меҳнатию иҷтимоӣ кафолат дода, инчунин асосҳои ташкилию ҳуқуқии танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ва манбаъҳои маблағгузории онҳоро муайян мекунад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаҳои меҳнатӣ ва нафақаҳои иҷтимоӣ муқаррар карда шуда, нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯйи синну сол, маъюбӣ, маҳрум шудан аз саробон, хизмати дарозмуддат ва нафақаҳои иҷтимоӣ ба шахсоне, ки қобилияти меҳнатӣ надоранд, то 1 январи соли 2017 таъмин карда мешаванд. Аз 1-уми январи соли 2013 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъминоти нафақа аз рӯйи низоми ягона ба таъминоти нафақаи суғуртавӣ ва таъминоти нафақаи давлатӣ ҷудо шуда, нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯйи синну сол, маъюбӣ, маҳрум шудан аз саробон, нафақаҳои давлатӣ, иҷтимоӣ ва нафақа барои хизмати шоён дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва пардохт карда мешавад.

Мувофиқи Низомномаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№103 аз 3 марти соли 2007) идоракунии маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин таъин ва пардохти нафақаву кумакпулиҳо аз ҷониби Агентии мазкур амалӣ шуда, маблағҳое, ки ба буҷети Агентӣ ворид мегарданд, дар таснифи алоҳидаи буҷетӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмуддинов Сафаралӣ Маҳсуддинович зимни суханронии хеш, аз ҷумла иброз дошт, ки аз оғози ислоҳот дар низоми таъминоти нафақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 15 сол гузаштааст. Дар ин солҳо ба ҷойи низоми шӯравӣ — азнавтақсимкунӣ бо пардохти муқарраршуда, низоми андӯхтии ҳисоби нафақаи инфиродӣ ҷорӣ карда шуд.

Дар доираи марҳилаи аввали ислоҳот, соли 1997 дар қонунгузории нафақа тағйироти муҳим ворид карда шудааст.

Марҳилаи дигари ислоҳоти нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» аз 1 январи соли 2013 шурӯъ гардид.

Дар давраи амалӣ намудани ислоҳот дар сиёсати нафақа дар ҷумҳурӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омад ва мо тавонистем устувории молиявии низоми нафақаро таъмин намуда, нафақа ва дигар кумакпулиҳои иҷтимоиро сари вақт маблағгузорӣ намоем.

Даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа рӯ ба инкишоф ниҳод ва имконият фароҳам омад, ки андозаи нафақа сол то сол зиёд гардад. Танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ афзоиши миёнаи нафақа ба 25,8 фоиз баробар гардид.

Дар робита ба камбудию мушкилоти ҷойдошта  С. Наҷмуддинов зикр намуд, ки нақшаи даромади буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар соли 2013 таъмин карда нашуд ва дар панҷ моҳи соли 2014 танҳо 96,5 фоиз, аз  ҷумла аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 95,0 фоиз ва ғайрибуҷетӣ 98,8 фоиз таъмин гардид. Қисми даромади буҷетро шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ таъмин карда натавонистанд. Дар ҳолати пурра таъмин намудани нақша метавонистем, зиёда аз 35,0 млн. сомонӣ барои таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағҳои иловагӣ равона намоем.

Бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ бошад, ба 119,8 млн. сомонӣ баробар гардида, 5,6 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Ҳоло ҳам андози иҷтимоӣ аз ҷониби андозсупорандагон асосан дар охири моҳ пардохт карда мешавад, ки ин ба маблағгузории нафақа ва кумакпулиҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Барои дар оянда роҳ надодан ба чунин камбудиҳо Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таҳлилҳои асоснок гузаронида, барои таъмини пардохти нафақа чораҳои заруриро меандешанд.

Барои боз ҳам вусъат бахшидан ба рушди суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ислоҳотро дар соҳа давом дода, самтҳои фаъолиятамонро васеъ менамоем, дар баробари таъини нафақа ва пардохтҳои иҷтимоӣ, ҷалб намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ, соҳибкороне, ки бо патент  ва шаҳодатнома фаъолият доранд ва таври ихтиёрӣ ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба суғуртаи иҷтимоӣ корҳои самарабахшро ба анҷом мерасонем.

Масъалаи ҳалталабе, ки имрӯз дар назди мо гузошта шудааст ин хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути кортҳои пардохтӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади ворид намудани  технологияҳои иттилоотии муосир дар ҷараёни пардохти нафақа ва кумакпулиҳо, боз ҳам шаффофтар гардидани фаъолият дар ин самт Агентӣ то имрӯз дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар 26 шаҳру ноҳия пардохти нафақаро тавассути кортҳои пардохтӣ ба роҳ мондааст ва дар соли 2014 боз пардохти нафақаи нафақагирони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Файзобод, Айнӣ, Фархор, Шуғнон, Муъминобод, Рӯдакӣ, Ховалинг ва Варзоб тавассути чунин кортҳо  амалӣ мешавад.

Бояд зикр кард, ки айни ҳол теъдоди банкоматҳо хеле кам буда, дар хизматрасонии онҳо камбудиҳо ҷой доранд.

Бинобар ин, Агентӣ дар якҷоягӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷиҳати ҳалли масъалаи зикргардида чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Дар суханронии нотиқон як нукта борҳо таъкид шуд, ки заминаи асосии воридоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ андози иҷтимоӣ мебошад ва аз иҷрои нақшаи ҷамъоварӣ, ки ба зиммаи мақомоти андоз вогузор гардидааст, маблағгузории нафақа ва кумакпулиҳо вобастагӣ дорад. Ин паҳлуи масъала дар суханронии муовини  раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлодҷон Юсупов таҳлил гардид. Вай, аз ҷумла зикр намуд, ки таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла маблағгузории нафақа ва кумакпулиҳо ба ҷамъоварии андози иҷтимоӣ алоқамандии бевосита дорад. Бинобар ин, мақомоти андоз бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ пайваста чораҷӯйӣ менамоянд.

Дар панҷ моҳи соли 2014 нақшаи андози иҷтимоӣ дар маҷмӯъ, аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ ва ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ ба андозаи 97,6 фоиз таъмин гардид, ки дар натиҷа, ба ҷойи 804,3 млн. сомонӣ ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 785,1 млн. сомонӣ ворид карда шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 19,2 млн. сомонӣ кам мебошад.

Аз ҷумла, аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ нақшаи андози иҷтимоӣ ба андозаи 95,1 фоиз таъмин гардид ва ба ҷойи 262,4 млн. сомонӣ ба буҷети Агентӣ 249,4 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 12,9 млн. сомонӣ кам буда, асосан аз ҳисоби мавҷуд будани бастҳои холии корӣ (вакансияҳо) ва маблағгузорӣ нашудан ба миён омадааст.

Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ, ки ҷамъоварии он ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст,  дар панҷ моҳи соли 2014-ум  98,8 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 541,9 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 535,6 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 6,3 млн. сомонӣ кам, аммо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 130,7 млн. сомонӣ ё худ 32,3 фоиз бештар мебошад.

Бо дарназардошти он ки тибқи қонунгузорӣ манбаи андозбандии андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромад асосан музди меҳнат аст, сарчашмаҳои асосии афзоиш ёфтани даромади дар шакли музди меҳнат ҳисобшуда зиёд намудани шумораи коргарон ва музди моҳонаи онҳо ба шумор меравад. Дар асоси банди 1 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2014 таҳти №69 вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати нигоҳ доштани ҷойҳои кории мавҷуда ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, инчунин кам кардани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ чораҷӯйӣ намоянд.

18 январи соли 2014 дар назди раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардида, омилҳои ба ҷамъоварии андози иҷтимоӣ таъсиррасонанда, аз ҷумла, тамоюли тағйирёбии музди меҳнат ва шумораи коргарон, баҳисобгирии дурусти онҳо ва ғайраҳо муфассал баррасӣ гардида, мақомоти ҳудудии андоз вазифадор шуданд, ки барои ислоҳи камбудию норасоиҳои дар ин самти фаъолият ҷойдошта фавран чораҷӯйӣ намуда, минбаъд иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишударо доир ба нақшаи андози иҷтимоӣ таъмин созанд.

Айни замон, мақомоти андоз бо мақсади таъмини воридоти маблағҳои пешбинишуда аз ҳисоби андози иҷтимоӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамкорӣ намуда истодаанд. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳое, ки нақшаи андози иҷтимоиро таъмин накардаанд, дар асоси мактуб маълумоти таҳлилӣ ирсол карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Турсунзода, Рӯдакӣ, Ҳисор, Ёвон ва ғайраҳо аз ҳамин ҷумлаанд.

Дар назар аст, ки масъалаҳои рафти ҷамъоварии андози иҷтимоӣ дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, барои ислоҳи камбудиҳо ва такмили маъмурикунонии андози иҷтимоӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода  шавад.

Оид ба масъалаи баррасишаванда ҳамчунин сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Зарипов ва раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода ахборот пешниҳод намуданд.

Вобаста ба масъалаи баррасишуда раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Домуллоҷон Ҷабборов, Дилшод Исматуллоев, Зайнуддин Сафаров ва Низом Қосим ба масъулин саволҳо доданд. Дар поёни ҷаласа, бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодоти баёншуда, аз рӯйи масъалаи зикршуда  қарор ва тавсияҳо қабул шуданд.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум».

Суратгир А . Исоев