Шукурҷон Зуҳуров аз номи Сарвари давлат туҳфаҳои солинавиро ба хонандагон тақдим намуд

№1 (3481) 01.01.2016

DSC_1234Сиюми декабри соли 2015 Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати  омӯзгорону  хонандагони мактаб — интернати № 4 — и кӯдакони бепарастори шаҳри Душанбе мулоқот намуд.

Шукурҷон Зуҳуров зимни суханронӣ ҳозиринро бо фарорасии Соли нави мелодӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аз номи худ муборакбод гуфта, ба онҳо дар Соли нав саломативу пешравиҳо орзу намуд.

- То ҷое, ки мо огаҳӣ ёфтем, дар муассисаи таълимии шумо тамоми шароит барои таҳсил фароҳам оварда шудааст. Мактаб — интернат 333  писару духтари бепарасторро аз чор ноҳияи пойтахт бо таҳсил, хобгоҳҳои замонавӣ ва чор вақт ғизои хуб фаро гирифтааст. Қобили зикр аст, ки агар дар дигар муассисаҳои таълимии кишвар ба ҳисоби миёна ба ҳар понздаҳ нафар хонанда як компютер рост ояд, дар муассисаи таълимии шумо ҳар чор нафар як компютер дар ихтиёр дорад. Мушкилот дар мавриди устохонаҳои таълимӣ ҳам ояндаи наздик ҳалли худро пайдо хоҳад кард,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки воқеан ҳам дар шароити имрӯза касбҳои коргарӣ аз ҳарвақта дида, ба инсон, бахусус ҷавонон, заруртаранд.

- Албатта, хонандагони мактаб — интернатҳо ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳо  низ дохил мешаванд, вале, чунонки мушоҳида менамоем, аксарияташон мехоҳанд аз рӯи касбҳои маҳз дар интернат азбаркардаашон ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намоянд. Аз ин рӯ, хонандагони  азиз,  ба интихобу омӯзиши касбҳо бояд хеле ҷиддӣ муносибат намоед, то оянда дар бозори кор рақобатпазир бошед. Вале, муҳимтар аз ҳама, шумо, устодон, бояд хонандагони мактаб — интернатро барои зиндагии мустақилона дар ҷомеа омода созед, то онҳо дар бораи зиндагӣ тасаввуроти зарурӣ дошта бошанд ва баъди хатми ин муассисаи таълимӣ худро ба шароити тағйирёбандаи зиндагӣ ва кор мутобиқ  карда тавонанд.Худи шумо низ, бачаҳои азиз,  ба ин мақсад бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳед. Шумо ҷаҳд кунед, ки арзишҳои милливу умумиинсонӣ ва таърихи миллати хешро хуб аз бар намоед, Ватандӯст ва масъулиятшинос бошед. Дар ёд дошта бошед, ки ояндаи хуби ҳар яки шумо аз дониши хубу ҳунари омӯхтаатон вобаста аст, — афзуд Шукурҷон Зуҳуров.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин таъкид намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон таъкид намудаанд, ки  роҳбарият, шахсан худи Сарвари давлат ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ягон нафар, ки бо амри тақдир ятим гардидааст, худашро танҳо ҳис намояд. Мо ҳамеша дар ҳаққи ин гуна нафарон ғамхории падарона менамоем, то ки онҳо аз ҳама шириниҳои ҳаёт бархӯрдор бошанд.

Раиси парламенти касбии мамлакат афзуд, ки давлат барои беҳсозии зиндагӣ ва таҳсили шумо тамоми тадбирҳоро меандешад, аз тамоми захира ва имкониятҳо истифода мекунад. Имрӯз давлат ба бачаҳои ятим ва аз нигоҳубини волидайн бенасибмонда ҳуқуқу имтиёзҳои зиёд додааст. Шумо бояд онҳоро донед ва дар зиндагӣ истифода карда тавонед. Дар баробари ин ғамхориҳо шумо бояд уҳдадориҳои худро ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб донед ва содиқона иҷро намоед.

- Ҳоло бо камоли майл ба шумо, хонандагони гиромӣ, туҳфаҳои солинавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро тақдим менамоям, — гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.

Сипас, директори мактаб — интернати мазкур Саидбаҳриддин Муминов, хонандагон Сумбул Назарзода, Холида ва Шамшод  Султоновҳо сухан карда, миннатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баъди ҷамъомад синфхонаҳои таълимӣ ва ошхонаи мактаб — интернатро аз назар гузаронида, ба ҳунари хонандагон ва завқи баланди эҷодиашон баҳои баланд дод.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Суратгир А. ИСОЕВ