Вакил ва интихобкунанда

Вохӯриҳо хотирмон сурат гирифтанд

№62-63 (3047-3048) 24.05.2013

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Гиёев пас аз вохӯриҳояш бо сокинони ноҳияи Панҷ ба ноҳияи Фархор омада, дар деҳоти «Зафар», «Деҳқонариқ», «Гулшан» ва маркази ноҳия мулоқотҳо доир намуд.

Сайфулло Гиёев роҷеъ ба ҳафт соли гузашта, имрӯза ва ояндаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, ки дар Паёми навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбинона таҳлил ёфтаанд, ибрози назар кард.

 ***

Вохӯрию мулоқотҳои дар ташкилоту муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва бо сокинони деҳу маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб баргузорнамудаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирхон Сафаров  хотирмон сурат гирифтанд.

Амирхон Сафаров бо интихобкунандагон бештар дар атрофи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истода гузашта, як нуктаро таъкид намуд, ки иҷрои нишондодҳои ин ҳуҷҷати муҳим ба амалҳои созандаю бунёдкоронаи аҳли кишвар марбут аст.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ«Садои мардум»