Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Маблағгузории иловагӣ баҳри рушди нақлиёти ҷамъиятии пойтахт

№67 (4329) 20.05.2021

DSC_9472Нуздаҳуми майи соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 60 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Фарухулло Кароматулло ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Пешниҳод мегардад, ки ба рӯзномаи ҷаласа Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» илова карда шавад.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест. Хоҳишмандам, нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. «Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, ­маблағгузории иловагӣ».

РАИС: - Ба баррасии ­масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Шодизода Парвиз дода мешавад. Марҳамат.

Парвиз ШОДИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2020 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Он бо мақсади мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани чораҳои пешгирикунанда, дар заминаи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо оид ба баргузории ҷашну маросим ва бартараф кардани камбудиҳои ҷузъии дар матни қонуни амалкунанда ҷойдошта, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаббой, Раҳмон Дилшод ва Муқимӣ Раҳимҷон пешниҳод гардидааст.

Дар асоси пешниҳод ба панҷ моддаи қонуни амалкунанда тағйирот ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Ҳамчунин, ба қонун моддаи 142 илова карда шудааст, ки тибқи он, дар ҳолатҳои истисноӣ бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вазъияти фавқулода, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои маҳдудкунандаро оид ба гузаронидани ҷашну маросим муқаррар намояд.

Бояд зикр кард, ки меъёри мазкур дар иртибот ба талаботи ду санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» роҳандозӣ гардидааст.

Лоиҳаи қонун расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳо ва раёсатҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон пурра гузашт ва ҷиҳати такмили он 18 таклиф пешниҳод гардид, ки аз онҳо 12-то қабул ва 6 таклиф қисман қабул шуданд.

Зимнан, бо дарназардошти пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон матни лоиҳа такмил дода шуд.

Лоиҳаи Қонуни пешниҳодгардида ба талаботи моддаҳои 14 ва 46 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мутобиқ буда, амалишавии он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Аз ин рӯ, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо дарназардошти пешниҳоди кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Фарухулло Кароматулло дода мешавад. Марҳамат.

Фарухулло Олимзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани чораҳои пешгирикунанда дар заминаи ҷорӣ намудани маҳдудият оид ба тартиби гузаронидани ҷашну маросим таҳия ва пешниҳод шудааст.

Вобаста ба мазмуну моҳияти лоиҳаи қонун вакили Маҷлиси намояндагон маълумоти муфассал доданд. Дар тақвияти он, метавон қайд кард, ки баҳри пешгирии густариши бемории ҳамагири COVID-19 бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ нисбат ба чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла баргузории ҷашну маросим, талаботи муайян дар робита ба қоидаҳои беҳдоштӣ пешбинӣ гардид.

Бо вуҷуди ин, иддае аз шаҳрвандон ҳанӯз ҳам маъракаҳоро бар хилофи талаботи қонун ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор намуда, боис ба густариши бемории сироятӣ шуданд.

Дар ин замина тақозо мегардад, ки ба қонун моддаи 142 илова гардида, раванди ҷорӣ намудани маҳдудият оид ба тартиби гузаронидани ҷашну маросим ҳангоми вазъияти фавқулода, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор дода шавад.

Ин тағйирот имкон фароҳам меорад, ки риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», махсусан дар замони густариши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ таъмин карда шавад. Зеро қонуни мазкур, пеш аз ҳама, ба некуаҳволии шаҳрвандон нигаронида шудааст, ки дар давраи амали он собит гардид.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол доред? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод дода мешавад. Марҳамат.

Карим ГУЛМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» пешниҳод шудааст.

Маблағи умумии он 8,0 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 5,2 млн. доллар маблағҳои қарзӣ ва 2,8 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои грантиро ташкил медиҳад.

Инчунин, бояд зикр кард, ки барои таҳияи асосноккунии иқтисодӣ ва техникии лоиҳа 750 ҳазор евро (баробар ба 900 ҳазор доллари амрикоӣ) кумаки техникӣ низ ҷудо шудааст.

Мақсад аз татбиқи лоиҳа барқарор намудани инфрасохтори троллейбус дар шаҳри Душанбе мебошад.

Дар доираи татбиқи лоиҳа анҷоми корҳои зерин пешбинӣ шудааст:

- таҷдиди 4 зеристгоҳи ҳаракат — 3,9 млн. доллари амрикоӣ;

- барқарорсозии 30 км кабелҳои фидерӣ — 1,05 млн. доллари амрикоӣ;

- барқароркунии 20 км кабелҳои контактӣ — 2,0 млн. доллари амрикоӣ;

хариди таҷҳизот барои нигоҳдории троллейбусҳо — 950,0 ҳазор доллари амрикоӣ;

- дастгирӣ дар татбиқи лоиҳа — 300,0 ҳазор доллари амрикоӣ;

- хизматрасонӣ дар идоракунии муҳандисӣ ва барномаи рушди нақлиёти ҷамъиятӣ — 600,0 ҳазор доллари амрикоӣ;

- маблағҳои ғайричашмдошт — 52,0 ҳазор доллари амрикоӣ. Мақсади лоиҳа барқарор намудани инфрасохтори троллейбус дар шаҳри Душанбе мебошад.

Бояд зикр кард, ки то 1 майи соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳо 1038,4 ҳазор доллари ИМА барои харидории кабелҳои баландшиддати фидерӣ ба андозаи 34790 метр ва ноқилҳои барқӣ ба андозаи 1300 метр истифода шудаанд.

Созишномаи грантӣ тибқи тартиби муқарраргардида 28 августи соли 2020 ба имзо расонида шудааст.

Зикр бояд кард, ки маблағи он 1,4 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, ҳамчун транши дуюми созишномаи грантӣ аз 2 октябри соли 2020, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2020 таҳти №1571 тасдиқ (ратификатсия) гардидааст, ба ҳисоб меравад.

Татбиқи он соли 2019 оғоз ёфта, анҷомаш 31 декабри соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ашурзода Ғиёсиддин дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин Ашурзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маб­лағгузории иловагӣ» 28 августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Он яке аз лоиҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, ба «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020» ва «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» ворид карда шудааст.

Созишномаи зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуданд. Он тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон расмиёти дохилиро гузаштааст.

Созишнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол доред? Нест. Лоиҳаи қарор вобаста ба масъалаи мазкурро ба овоз мемонам. Хоҳиш мекунам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки ­аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ