Масъалаҳое, ки зимни Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ барои баррасӣ қобили қабул дониста шуданд:

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

1) Дар бораи дохил кардани тағйирот ба моддаҳои 102 ва 174-и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2) Дар бораи дохил кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси депутатҳои халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».

3) Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои интихоботии ҷудогона.

4) Дар бораи Изҳороти аъзои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5) Дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Шӯрои Олӣ озод намудани В.И. Приписнов.

6) Дар бораи бозхонди Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7) Дар бораи интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

8) Дар бораи Изҳороти аъзои Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

9) Дар бораи Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев.

10) Дар бораи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.

11) Дар бораи интихоби муовини Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

12) Дар бораи тасдиқи аъзои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

13) Дар бораи Додситони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

14) Дар бораи Нишони давлатӣ ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон.

15) Дар бораи муроҷиат ба мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

16) Дар бораи тартиби ба маҳалҳои зисти доимӣ баргардонидани гурезагон.

17) Дар бораи афв.

18) Дар бораи аз муҳосираи иқтисодӣ озод кардани минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ.

19) Дар бораи дохил кардани тағйирот ба қонунгузорӣ дар бораи андози даромад аз шаҳрвандон.

20) Дар бораи чораҳои муътадилгардонии вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

21) Дар бораи раиси Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

22) Дар бораи тафтиши далели бо чархбол овардани яроқ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ҳамадонӣ.

23) Масъалаҳои ҷорӣ.