Масъулияти шахсӣ дар фаъолияти қонунгузорӣ шарҳ дода шуд

№22 (3972) 26.02.2019

DSC_6916Бисту дуюми феврали соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат дар мавзӯи  «Масъулияти шахсӣ дар фаъолияти қонунгузорӣ» баргузор гардид.

Дар назди иштирокчиён-кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён суханронӣ намуда, минҷумла изҳор дошт, ки қонун дар илми идоракунӣ қоида, маҷмӯи қоидаҳо ва меъёрҳои ба танзимдароварандаи  муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад.

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ташкили фаъолияти идоракунӣ» самаранокии ҷараёни идоракунии объектҳои иҷтимоиро ба дараҷаи мувофиқати вазифаҳо, масъулият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иштирокчиёни раванди идоракунӣ дар ҳар як сатҳи он вобаста мегардонад. Аз ҷумла тавозуни ҳуқуқ ва уҳдадориҳо дар ҷараёни идоракунӣ шарти зарурии самаранокии идоракунӣ мебошад. Одатан, татбиқи қонун ҳангоми бастани аҳд ва шартномаҳои меҳнатии байни кордиҳанда ва корманд, фармоишгар ва иҷрокунанда возеҳ мегардад. Яъне, рисолати асосии қонун танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ ва вазифавӣ дар ташкили ҷараёни идоракунӣ мебошад, — зикр кард Қ. Миралиён.

Бино ба гуфти ӯ, фаъолият дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор аз ҳар шахс масъулияти ҷиддиро талаб менамояд, зеро дар сурати нодуруст таҳия шудани меъёрҳои қонун он аз ҷониби мақомоти иҷроия дар шакли қабулшуда амалӣ мегардад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ