Машварат оид ба имлои забони тоҷикӣ дар Маҷлиси намояндагон

№43 (4463) 05.04.2022

IMG_4437Семинари машваратие, ки якуми апрели соли 2022 бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ доир гардид, ба мавзӯи «Таҳлил ва омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатӣ» бахшида шуд. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Олимҷон Муҳаммадҷонзода, аз ҷумла, гуфт:

 - Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 окт­ябри соли 2019 ва 23 январи соли 2020 ҷиҳати иҷрои банди 8-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2019 баён доштанд, бо ҷалби олимони варзидаи забоншиноси муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро таҳия намуд. Гурӯҳи корӣ бо мақсади таҳриру такмили Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар умум, беш аз 50 дархосту пешниҳоди шаҳрвандон, мутахассисони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, ташкилоту муассиса ва мақомоти давлатиро ба назар гирифт.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки бо дарназардошти мушкилиҳо ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таҳиягарони лоиҳаи навро зарурат пеш омад, то масъалаҳои баҳсталабро ҳал карда, духӯрагӣ дар номи ҳарфҳо, мавриди дуруст муайян кардан ва мавқеи корбурди навишти ҳарфҳои иқтибосии ҳазфшудаи «ц, щ, ы, ь»-ро мушаххас намоянд, зеро дар забони тоҷикӣ исмҳои хоси иқтибосие мавҷуданд, ки бо ҳарфҳои зикршуда навишта мешаванд.

Ҳамчунин, номи ҳарфи «ъ» ва мавқеи он дар калимасозиву навишт ба забони тоҷикӣ, ки то кунун мушкилӣ эҷод мекард, мавриди баррасӣ қарор гирифта, мавқеи истифодаи он мушаххасан нишон дода шуд.

Пас аз муаррифии лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ба саволҳои ҳозирин раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Олимҷон Муҳаммадҷонзода посух дод.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон