Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Муқовимат ба экстремизм. Оид ба ин масъала дар таҳрири нав қонун қабул гардид

№145 (4095) 30.11.2019

Бисту ҳаштуми ноябри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

DSC_0357РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Оид ба Созишнома байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар бораи амалисозии лоиҳаи сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ «Бо усули захиравӣ»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба Созишнома байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар бораи амалисозии лоиҳаи сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ «Бо усули захиравӣ» сухан ба муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифӣ Бахтиёр дода мешавад.

Бахтиёр Шарифӣ

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Саноатчиёни мамлакат иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати инкишофи устувори минбаъдаи кишвар дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ бармеояд, дар сархати вазифаҳои аввалиндараҷаи фаъолият қарор дода, амалишавии саноатикунонии босуръати кишварро идома медиҳанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бо мақсади иҷрои барномаҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодӣ, ки аз «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» ва аз паёмҳои қаблии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ба ҳалли мушкилоти соҳаи энергетикии кишвар вобастагӣ доранд. Аз ин хотир, дар ин самт бояд нақшаҳои муҳим амалӣ карда мешуданд. Яке аз чунин лоиҳаҳо сохта, ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии — 2 дар шаҳри Душанбе ба шумор мерафт.

Дар натиҷаи кӯшишҳо оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ барои амалӣ намудани сохтмони МБГ-2 дар шаҳри Душанбе Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Дар ин раванд бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2012, №410 Созишнома байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «­ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар бораи амалишавии лоиҳаи сохт­мони Маркази барқу гармидиҳии 2 дар шаҳри Душанбе «Бо усули захиравӣ» маъқул дониста шуда буд.

Барои амалӣ намудани ин иқдом созишнома байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар бораи амалишавии лоиҳаи сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ бо истифода аз ангишт ва «Бо усули захиравӣ» баста ва мутобиқи моддаи 2 созишнома муҳлати сохтмони он 24 моҳ аз рӯзи оғози сохтмон муқаррар карда, соли 2014 мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо мақсади амалӣ намудани бандҳои 4.3.1.1 ва 4.3.1.5 — уми созишномаи мазкур ва дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2016, №1865 (27-6) аз ҷониби вазорат лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқи созишномаи мазкур таҳия карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки барои таъмини МБГ- 2 дар солҳои 2013 ва 11 моҳи соли 2019 аз конҳои ҷумҳурӣ 3,5 млн. тонна ангишт кашонида, талаботи он пурра таъмин шудааст. Талаботи шабонарӯзии МБГ — 2 бо ангишт 5,0 ҳазор тоннаро ташкил дода, бо зиёд гардидани талабот ба ангишт аз ҷониби МБГ — 2 иншооту корхонаҳои дигари саноатӣ, ба рушди соҳаи истихроҷи ангишт такони ҷиддӣ бахшид.

Марҳила ба марҳила татбиқ гардидани сохтмони МБГ — 2 ва талаботи рӯзмарраи он ба ангишт ба он оварда расонд, ки ҳаҷми истихроҷи ангишт аз 517,8 ҳазор тоннаи соли 2013 ба 2,0 млн. тонна дар соли 2019 расид. Аз аввали сол 53 фоизи ангишти интиқолшуда барои таъминоти маркази мазкур рост меояд.

Маҳз аз ҳисоби истифодаи ангишт дар маркази барқу гармидиҳии мазкур дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бори аввал тирамоҳу зимистони солҳои 2017 — 2018 маҳдудияти додани неруи барқ бардошта шуда, аҳолии шаҳри Душанбе ҳамчунин, қисман бо гармӣ низ таъмин гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки солҳои 2014 — 2019 МБГ — 2 шаҳри Душанбе 3,2 млрд. кВ/соат неруи барқ ва 762,5 ҳазор гкал қувваи гармӣ истеҳсол намуда, ба аҳолии шаҳри Душанбе интиқол намуд. Бо нархҳои амалкунанда то 1 ноябри соли 2019 арзиши барқи истеҳсолшуда 2,080 млрд. сомонӣ ва арзиши гармии истеҳсолшуда 884,5 ҳазор сомониро ташкил намуд.

Мутобиқи бандҳои 1 ва 2-юми муқаррароти созишномаи мазкур, бо фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» иҷозатномаҳо ҷиҳати гузаронидани корҳои омӯзишӣ — геологӣ дар конҳои тиллои «Дуобаи Шарқӣ» ва «Қумарғи Боло»- и ноҳияи Айнии вилояти Суғд, инчунин, барои ҳуқуқи истих­роҷи тилло дар конҳои мазкур дода шудааст.

Мутобиқи ҷадвали захираҳо, тавозуни конҳои тиллои «Дуобаи Шарқӣ» ва «Қумарғи Боло», тибқи протоколи комиссияи захираҳои давлатӣ, бо дараҷаҳои С12 =51,7 тонна тилло арзёбӣ шуд. Баъди ба итмом расонидани марҳилаи аввали корҳои ҷустуҷӯӣ — геологӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ», миқдори захираи умумии конҳои тиллои «Дуобаи Шарқӣ» ва «Қумарғи Боло» аз рӯи дараҷаҳои захиравии С12 =64,7 тонна бозҳисобӣ ва тибқи протоколи Комиссияи захираҳои давлатӣ тасдиқ шудааст. Дар ҳамин асос солҳои 2013- 2018 захираи тилло дар конҳои мазкур 13 тонна зиёд карда, барои корҳои омӯзиши геологӣ аз соли 2012 инҷониб 53,2 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ шудааст.

Ҳоло дар марҳилаи сохтмони фабрикаи бойгардонӣ ва корҳои омӯзишӣ — геологии конҳои мазкур 402 нафар ба кор ҷалб шудаанд, ки 215 нафари онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 187 нафари дигар шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошанд. Музди миёнаи меҳнати онҳо 3259 сомониро ташкил медиҳад.

Баъди пурра ба фаъолият оғоз намудани корхона барои 750 нафар ҷойҳои кории нав таъсис дода мешавад.

Ёдрас менамоем, ки конҳои номбурда дар баландии 1800 — 4000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, иқлими минтақа сард мебошад. Барои пурра таъмин намудани корхона бо инфраструктураи зарурӣ дар минтақа сохтмони роҳ, хати барқ, таъминот бо оби ошомиданию техникӣ ва иншооти коммуналию маишӣ, инчунин, бунёди хонаҳои истиқоматӣ зарур мебошад.

Арзиши умумии лоиҳаи сохтмони фабрикаи бойгардонии сохташаванда 180 млн. доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. Ҳоло аз ҷониби корхона:

- майдони ишқорронии маъдан бо иқтидори коркарди 50,0 ҳазор тонна маъдан дар як сол;

- зеристгоҳ ва хатти интиқоли неруи барқи 110/10 кВ дар масофаи 29 км;

- роҳи автомобилгард ба масофаи 21 км;

- шаҳраки истиқоматии коргарон ва озмоишгоҳи санҷишии маъдан сохта, ба истифода дода шудааст.

Айни замон сохтмони фабрикаи бойгардонӣ дар марҳилаи якум бо иқтидори коркарди 660 ҳазор тонна маъдан дар як сол ва коргоҳи поксозии тилло бо иқтидори холис намудани 2 тонна тиллои сифати 999,9 дар як сол идома дорад.

Бо мақсади коркард намудани маъдани камфайзи кони тиллои «Қумарғи Боло» ҷамъияти мазкур бо тариқи усули истеҳсолӣ — омӯзишӣ 50,0 ҳазор тонна маъданро дар соли 2019 коркард намуда, 150 кг тиллое, ки дар таркиби ангишти фаъоли истифодашаванда мавҷуд аст, истеҳсол намуд. Инчунин, бинобар эълон шудани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат оид ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии саноатӣ, ҷамъияти мазкур тасмим гирифтааст, ки то охири соли 2020 сохтмони фабрикаи бойгардониро ба охир расонида, дар амалишавии ҳадафи чоруми кишвар саҳм гузорад.

Мутобиқи муқаррароти банди 4.3.1.2. созишномаи зикршуда, то пӯшонидани ҳама хароҷоти барои сохтмони МБГ — 2 сарфгардида, андозҳои бонуси обунавӣ, бонуси кашфи тиҷоратӣ, роялтӣ, боҷҳои гумрукӣ, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилӣ, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромад мутобиқи муқаррароти муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобӣ шуда, пардохти он бо ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» ба тариқи ҳисоббаробаркунӣ амалӣ карда мешавад.

Барои амалӣ намудани созишномаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зерин қабул карда шудаанд. Аз ҷумла:

1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2013, №118 «Дар бораи ворид намудани илова ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №369 ба объектҳои махсусан муҳим».

2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2013, №400 «Дар бораи 203 номгӯйи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти маҷмӯии онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» барои корҳои иктишофӣ — геологӣ ва истихроҷии конҳои «Дуобаи Шарқӣ» ва «Қумарғи Боло» ворид ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудааст.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019, №487 «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2013, №400 ҷиҳати ворид намудани бандҳои 215-652 барои сохтмони фабрикаи бойгардонӣ.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №338 «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2013, №400 ҷиҳати ворид намудани бандҳои 204-214 барои сохтмони хати интиқоли неруи барқи 110 кВ ва зеристгоҳи 110/10 кВ дар ноҳияи Айнӣ.

Аз соли 2013 ба ­маблағи 31,0 млн. доллари ИМА аз ҳисоби озод намудани андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ барои ворид намудани дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ ҳисобҳо баробар карда мешаванд ва ин амал дар солҳои 2020-2021 барои ҳисоббаробаркунӣ идома дода мешавад.

Ҷамъият дар солҳои 2013 — 2019 ба ҳисоби умумӣ 17,0 млн. сомонӣ андозҳои гуногунро пардохт намудааст.

Дар тӯли фаъолият Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷамъи­яти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ барои амаликунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ зиёда аз 1 млрд. 127 млн. доллари ИМА сармоя гузоштааст.

Бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи саноати кӯҳкорӣ, афзоиш додани ҳаҷми коркарди ашёи хоми ватанӣ то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии рақобатпазири саноатӣ тавассути ворид намудани сармояи хориҷӣ, бо ин васила таъмини корхонаҳои соҳа бо техника ва технологияи муосир ва дар ин замина марҳила ба марҳила татбиқ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ҳоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода дода мешавад.

ШАРИФӢ Фирӯза Бурихонзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар бораи амалисозии лоиҳаи сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ «Бо усули захиравӣ», ки 22 августи соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани онро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи саноати кӯҳкорӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ, воридоти сармояи хориҷӣ, техника ва технологияи муосир таҳия гардида, бо мақсади иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оғоз намудани сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе «Бо усули захиравӣ» тибқи фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» иҷозатномаҳои гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ ва истихроҷӣ барои конҳои «Дуобаи Шарқӣ» ва «Қумарғи Боло» дода шудааст.

Корҳои ҷустуҷӯӣ — геологӣ ва коркарди конҳо қисми ҷудонашавандаи Созишномаи татбиқи лоиҳаи сохтмони «Маркази барқу гармидиҳӣ — 2» мебошанд ва бо ҷалби технологияи муосир коркард мешаванд.

Миқдори умумии захираи тилло дар Қумарғи Боло 33710,0 кг ва дар Дуобаи Шарқӣ — 24665,0 кг- ро ташкил менамояд.

Конҳои номбурда дар баландии 1800 — 3560 м аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, иқлими минтақа сард мебошад. Инфраструктураи минтақа барои сохтмони роҳ, хати барқ ва об ниёз дорад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Аз шумо хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Созишнома байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «­ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар бораи амалисозии лоиҳаи сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ «Бо усули захиравӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳотам Назрулло дода мешавад.

НАЗАРЗОДА Ҳотам Назрулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» дар таҳрири нав ҷиҳати иҷрои банди 56 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён гардиданд, аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳия гардида, аз 6 боб ва 30 модда иборат мебошад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо риояи Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардида, мафҳуми экстремизм, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгаройӣ)» 8 декабри соли 2003, яъне 16 сол қабл қабул шуда, дар ин давра вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон тағйир ёфта, ба таври ҷиддӣ фаъолшавии гурӯҳҳои экстремистӣ мушоҳида мегардад, ки қонуни амалкунанда ба ин таҳдидҳои замони нав ҷавобгӯй намебошад.

Дар номи лоиҳаи қонун калимаи «мубориза» ба калимаи «муқовимат», ки мафҳуми васеътар мебошад, иваз шудааст, зеро мафҳуми «муқовимат ба экстремизм» маҷмӯи чораҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, мубориза ва рафъи экстремизмро дар назар дорад.

Муродифи калимаи «экстремизм» — «ифротгароӣ» бо мақсади аз байн бурдани такроршавии мафҳумҳо истифода нашуда, дар шарҳи мафҳуми «экстремизм» оварда шудааст. Мафҳумҳои асосие, ки дар лоиҳа истифода мешаванд, бо тарзи нав, бо дарназардошти меъёрҳои санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда, мушаххас карда шудаанд.

Дар лоиҳаи қонун ба асосҳои ҳуқуқии муқовимат ба экстремизм, чораҳои мушаххаси ин муқовимат, баҳисобгирӣ ва ба ҷавобгарии ташкилотҳои экстремистӣ ва шахсони ба фаъолияти экстремистӣ дастзада, инчунин, ба ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба экстремизм бобҳои алоҳида бахшида шудаанд.

Рӯйхати субъектони муқовимат ба экстремизм васеъ гардида, он ба субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар муқовимат ба экстремизм иштирок менамоянд, тақсим шуда, ҷиҳати амалӣ намудани фаъолият ваколатҳои онҳо дақиқ карда шудааст. Дар ин замина ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун ва мувофиқакунонии ибтидоии он аз вазорату идораҳои дахлдор, бахусус аз субъектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ва субъектҳои дар муқовимат ба экстремизм иштироккунанда ҷиҳати такмили лоиҳа таклифҳо пешниҳод шудаанд, ки аксарияти онҳо дар вақти таҳияи матни ниҳоӣ ба инобат гирифта, аз ҷониби муаллифони таклифҳо қобили қабул шуморида шуданд.

Инчунин, ҳангоми таҳияи лоиҳа таҷрибаи дигар давлатҳо (Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон ва ғайра) ва Қонуни моделӣ «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», ки 14 майи соли 2009 аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ қабул гардид, ба инобат гирифта шуд. Лоиҳаи қонун дар Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти пешниҳодҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон такмил дода шуда, аз нав бо Прокуратураи генералӣ мувофиқа гардидааст.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур маблағгузории иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад.

Лоиҳаи қонуни мазкур баъди пешниҳод ба Маҷлиси намояндагон дар кумитаҳои он мавриди баррасӣ ва такмили ҷиддӣ қарор гирифт. Ман аз номи роҳбарияти Прокуратураи генералӣ миннатдории худро ба кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, ба шумо — вакилони гиромӣ, ки дар баррасӣ ва такмили лоиҳаи қонуни мазкур саҳм гузоштед, иброз менамоям.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»- ро ба баррасии шумо, вакилони арҷманд, пешниҳод намуда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир дода мешавад.

МАҶИДЗОДА Ҷурахон Зоир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар суханрониҳо андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир иброз дошта, изҳори нигаронӣ менамоянд, ки шиддати ин хатару таҳдидҳо, мутаассифона, дар ҷаҳони муосир ва минтақа ҳоло ҳам паст нашудааст. Мо шоҳиди он ҳастем, ки чанд соли охир бо ташаббуси Пешвои миллат шаҳри Душанбе маркази маъракаҳои байналмилалӣ дар сатҳи олӣ оид ба баррасии муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм гаштааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Аз сохторҳои номбурда 91 таклиф пешниҳод гардида, дар мувофиқа бо ташаббускорони лоиҳа ба инобат гирифта шуданд.

Таклифу эродҳое, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон вобаста ба ваколатҳои субъектон ва тарзи навишти услуби баёни лоиҳа баён шуд, дар мувофиқа бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳа ворид карда шуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надош­та, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Кӣ оид ба ин масъала савол дорад? Нест. Кӣ баромад кардан мехоҳад?

Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Раҷабзода Равшан дода мешавад.

Равшан РАҶАБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо риояи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардидааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» бо дарназардошти зиёд гардидани хатари экстремизм дар ҷаҳон ва ҷавобгӯ будани асос, шакл, усул ва чораҳои нави пешгирии фаъолияти экстремистӣ ба миён омадааст. Дар муқаддимаи лоиҳаи қонуни мазкур бартарият ба ҳадафҳои муҳими давлат дар муқовимат ба экстремизм, ба монанди: ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам шудааст.

Бояд зикр намуд, ки дар моддаи 1 — уми лоиҳаи қонуни мазкур мафҳумҳои нав, ба монанди, экстремист, маблағгузории экстремизм, ҳуҷҷат — ҳамчун ҳомили моддие, ки дар он ҳама намуди иттилоъ дар шакли дастнавис ё чопӣ, сабти овозӣ, тасвирӣ ё якҷоя сабт шуда, дорои маълумоти имкониятдиҳандаи ҳаммонанди он мутобиқ ба мафкураи экстремизм ё даъваткунанда, эътимодкунанда ё асосноккунандаи фаъолияти экстремистӣ, муқовимат ба экстремизм бо дарназардошти субъектони васеъ, ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта мустаҳкам шудааст, ки ин меъёрҳо ба субъектони ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда ва мақомоти дахлдор имконияти васеи муқови­матро таъмин менамоянд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан оид ба масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси ­намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.

АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ аз ҷумлаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошад, ки метавонад барои таҳкими муқовимат бар зидди зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа мусоидат намояд.

Маврид ба ёдоварӣ аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на як бору ду бор таъкид карда буданд, ки «Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Ҳақ ба ҷониби Пешвои кишвар аст.

Агар ба ҳодисаҳои содиршуда назар афканем, мебинем, ки экстремистон қариб дар тамоми ҷаҳон амалҳояшонро афзоиш додаанд ва ҷумҳурии мо низ аз он сарфи назар нест. Онҳо мунтазам амалҳои нопоки худро дар ин ва ё он минтақа амалӣ карда, ҳатто ба иншооте даст дароз мекунанд, ки объектҳои махсуси ҳимояшаванда, алалхусус, муассисаҳое ислоҳӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои онҳо ба шумор мераванд. Ҳамчунин, вақтҳои охир чунин қувваҳо ҷойҳои заифи ҳимояшавандаи ташкилоту муассисаҳо, биноҳои ҳифзшавандаро мавриди ҳамлаҳои ногаҳонӣ қарор медиҳанд. Мутаассифона, амалҳои оперативӣ -ҷустуҷӯии пурқуввати пешгирикунанда ба дараҷаи зарурӣ истифода намешаванд.

Чунин хоинон ҳеҷ гоҳ аз амалҳои нопок даст намекашанд. Онҳо ҳамеша дар фикру ақидаи нопок монда, танҳо як ният доранд, ки ин ҳам бошад, бо роҳҳои ғайриқонунӣ ғасб намудани ҳокимият ва даҳшат афкандан мебошад. Бинобар ҳамин, чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур буда, он имкон медиҳад, ки ҳушёриву зиракиро дар мадди аввали фаъолият қарор диҳем.

Қонуни мазкур фаъолият, принсип, самтҳо, вазифаҳоро муқаррар карда, ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сох­тори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат, барҳам додани таҳдиди экстремизм дар ҷумҳурӣ, ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, бартарафсозии сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда нигаронида шудааст. Дар байни онҳо татбиқи сиёсати давлатӣ, таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои маҷмӯӣ ва дурнамои муқовимат ба экстремизм, таъмини уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқовимат, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон тавассути ташвиқу тарғиб, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, гиромӣ доштани урфу одатҳои миллӣ, фарҳангӣ, ташаккули фазои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба экстремизм мавқеи хос дорад, ки яке аз омилҳои асосии пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб ба шумор меравад.

Яке аз масъалаҳои муҳим пурзӯр намудани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ба воситаи ҳама гуна воситаи ахбори омма дар маҳалли зист, алалхусус, маҳалли зисти шахсони ба ин гурӯҳҳо шомилгашта, бо мисолҳои равшани аз марҳилаҳои судӣ гузаштаи амалҳои ҷинояткоронаи онҳо, ташкили чорабиниҳо дар Федератсияи Россия, Қазоқистон ва умуман, ҷойҳои бештари ҷалб гаштани муҳоҷирони меҳнатӣ, бо сабти нишон додани филмҳои мустанад ва аз ҳама муҳим, фаъолтар кардани фаъолияти фаврӣ — ҷустуҷӯйӣ дар ҳамин ҷойҳо боқӣ мемонад. Бар замми ин, меъёрҳои дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои таъмини мубориза бо экстремизм, муқовимат ба маблағгузории он, андешидани тадбирҳои иловагӣ дар маҳалҳои аз ҷиҳати паҳншавии мафкураи экстремизм нисбатан осебпазир мавқеи хоса доранд.

Бо меъёрҳои алоҳида ташкил, бақайдгирӣ ва фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ё ба онҳо мусоидаткунанда, фаъолияти ба тарғиби экстремизм алоқаманд, вобаста ба тайёр кардан, нигоҳ доштан, воридот, ҳамлу нақл, табъу нашр ва паҳн намудани маводи экстремистӣ, созмон додан ва фаъолияти ташкилотҳо, воҳидҳои сохтории ташкилотҳои хориҷӣ ё байналмилалии мақсад ва амалҳояшон ба фаъолияти экстремистӣ алоқаманд, ворид шудан, баромадан ё гузаштани транзитӣ аз ҳудуди ҷумҳурӣ аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванди дар чунин фаъолият иштироккарда, ба онҳо додани ҳуҷҷат барои иқомат, шаҳрвандӣ, гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо, пикетгузориҳо ё чорабиниҳои дигари оммавӣ бо вайрон кардани талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ, истифодаи шабакаҳои коммуникатсионии истифодаи умум, шабакаи интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ барои интишори даъватҳои экстремистӣ, кирдорҳои дигари бадқасдонаи ба фаъолияти экстремистӣ шароит фароҳамоваранда манъ карда мешавад.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан оид ба ин ­масъала ба раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Экстремизм ва яке аз зуҳуроти даҳшатноки он — терроризм ҳамқадами инсоният буда, дар ҳолате пайдо мешаванд, ки ҷомеа гирифтори буҳрони амиқи ғоявӣ, мафкуравӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Дар заминаи буҳрони низоми давлатӣ дар ҷомеа гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ, миллӣ, динӣ, мазҳабӣ ва маҳаллие пайдо мегарданд, ки қонунӣ будани худи ҳокимияти давлатӣ ва низоми идоракунии давлатиро зери шубҳа мегузоранд.

Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ихтилофи андешаҳо дар масоили гуногун боиси зиддиятҳои мусаллаҳона ва сабаби пайдоишу ташаккулёбии гурӯҳҳои экстремис­тиву террористӣ дар Тоҷикистон гардид. Тоҷикистони соҳибихтиёр зери фишори гурӯҳҳое қарор гирифт, ки мақсади бевоситаи онҳо тасарруфи ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯрӣ, тариқи моҷаро, ифротгаройӣ ва террор буд.

Хушбахтона, бо кӯшишҳои пайгирона, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонбозиву ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ заминаву сарчашмаҳои экстремизм ва зуҳуроти он бартараф ва сулҳи комил барқарор шуд. Дар мамлакат заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ҷиҳати муқовимат ба экстремизм ва зуҳуроти даҳшатбори он — терроризм ва муборизаи мақсаднок ба муқобили чунин зуҳуроти номатлуб ва сарчашмаҳои молиявии онҳо омода гардид.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 апрели соли 1997, №707 «Дар бораи пурзӯргардонии мубориза бо терроризм» ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (16 ноябри соли1999, №846), «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгаройӣ)» (8 декабри соли 2003, №69) ва «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории силоҳи қатли ом» (25 марти соли 2011, №684) дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм мавқеи ҳалкунанда бозиданд.

Дар асоси санадҳои мазкур солҳои 2006-2016 Барномаи давлатӣ ва Консепсияи ягонаи мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм татбиқ гардид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2016, №776 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва Нақшаи амал доир ба татбиқи он тасдиқ шуд, ки онҳо айни ҳол амалӣ мегарданд.

Бо қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 ташкилот («Давлати исломӣ», «Ҳаракати Толибон», «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»), «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафӣ», «Ал-Қоида», «Ҷабҳат — ун — Нусра», «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Бародарони мусулмон», «Лашкари тоиба», «Гурӯҳи исломӣ» («Ҷамоати исломии Покистон»), «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Гурӯҳи-24», «Тоҷикистони озод», «Созмони таб­лиғот» (Ҷамоати Таблиғ»), «Шоҳидони Иеговы») экстремистӣ ва террористӣ эътироф гардида, фаъолияти ҳар яке аз онҳо дар Тоҷикистон қатъ карда шуд.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъо­лияти мақомоти тафтишот ва хизматҳои оперативӣ дар назди прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди ягона таъсис шуда, ба зиммаи он вазифаи муайян кардану ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсоне, ки шаҳрвандонро ба сафи «Давлати исломӣ» ҷалб ва ба минтақаҳои ҷангзада, аз ҷумла Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳо, равон мекунанд, вогузор шуд.

Дар ҳайати Прокуратураи генералии кишвар сохтори махсусгардонида — Раёсати муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорат аз болои иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи амнияти миллӣ ва бо мақсади муқовимат бо тарғиботи ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дар воситаҳои ахбори иҷтимоӣ шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ таъсис ёфтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли қисми зиёди конвенсияҳои бисёрсоҳаи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай, ки экстремизм, терроризм ва дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромарзиро маҳкум мекунанд, буда ва дар татбиқи онҳо саҳми муносиб мегузорад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» самтҳои фаъолияти давлати Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи онро дар муқовимат ба экстремизм ва зуҳуроти он дар оянда муайян мекунад. Таҳлили лоиҳаи қонуни мазкур собит намуд, ки муаллифони он ҷиҳати омода намудани санади ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи кишвар ҷиҳати муқобилият ба экстремизм ва зуҳуроти он заҳмати зиёд кашидаанд ва тавонистаанд, ки шаклу роҳҳои ҳуқуқии муқовимат бо ин вабоҳои ҳазорсолаи навро мушаххас намоянд. Аз ин рӯ, умед дорем, ки қабули қонуни мазкур сохторҳои ҷомеаи Тоҷикистон ва сокинони мамлакатро дар мубориза бо экстремизм ва зуҳуроти он боз ҳам рӯҳбаланд мегардонад, иштироки онҳо дар муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб боз ҳам фаъолу самаранок мешавад.

Дар тафовут аз қонуни амалкунанда, дар лоиҳаи қонуни баррасишаванда мақсади таҳия ва қабули он мушаххас нишон дода шудааст. Он асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизм ва зуҳуроти онро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муайян менамояд.

Лоиҳаи қонун бо забони одиву оммафаҳм эҷод гардида, дар он шумораи мафҳумҳои истифодашаванда нисбат ба қонуни амалкунанда бештар аз ду маротиба аст. Аз ҷумла, муайян шудааст, ки «экстремизм» — ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистӣ буда, барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгаройӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона шудааст.

Зери мафҳуми «маблағгузории экстремизм» бевосита ё бавосита пешниҳод намудан, ҷамъ овардани молу мулк ва воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода бурдани онҳо барои банақшагирӣ, ташкил ва содир кардани амалҳои экстремистӣ ва кирдорҳои хусусияти экстремистидошта, дастгирии фаъолияти экстремистӣ ё дарки он ки маблағҳои мазкур барои ин мақсадҳо нигаронида шудааст, фаҳмида мешавад.

Мафҳумҳои дигари дар қонун истифодашаванда низ бо забони сода ифода ёфта, ба аъзои ҷомеа дастрасу фаҳмо мебошанд ва заминаи мувофиқ барои татбиқи ҳар яке аз онҳо дар муқовимат ба экстремизм ва зуҳуроти он мегузоранд.

Қонун субъектҳои муқовимат ба экстремизм ва дар муқовимат ба экстремизм иштироккунанда, ваколатҳои онҳоро мушаххас муқаррар намудааст, ки такрори функсияҳоро аз ҷониби сохторҳои гуногун истисно мекунад.

Дастоварди муҳими қонуни мазкур он аст, ки муқаррароти он санади ҳуқуқии мазкурро ба ҳуҷҷати муттаҳидкунанда табдил медиҳад ва қишрҳои ҷомеаи тоҷик­ро дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар муқовимат ба экстремизм ва зуҳуроти он боз ҳам пайванд мегардонад.

Ҳамин тавр, муқаррароти меъёрҳои қонуни баррасишаванда ҳар як узви ҷомеаи тоҷикро ба ҳаракати фаъол ҷиҳати муқовимат ба экстремизм ва зуҳуроти он даъват менамояд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон, боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда, пас аз он яклухт қабул карда шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон дода мешавад.

Каримзода Хуршед Абдураҳмон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон  ва ҳозирини гиромӣ!

2 марти соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо гардида, ба қисме  аз созишномаҳои ин созмон ҳамроҳ шуд ва бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди он дар солҳои 2012, 2013, 2014 ва 2015 як қатор тағйиру иловаҳоро ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ворид намуд.

Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми дигари созишномаҳои созмони мазкурро эътироф намуд, аз ҷумла, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири нав), ки 18 майи соли 1973 дар шаҳри Киото ба имзо расидааст ва Созишнома оид ба содагардонии расмиёти савдо, ки 6 декабри соли 2013 дар шаҳри Балӣ ба имзо расид.

Бо мақсади мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи конвенсия ва созишномаи зикршуда, Хадамоти гумрук лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуда, тибқи тартиби муқарраргардида, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа кард. Аз ҷумла, мутобиқ ба талаботи банди 7.1 қисми 7 моддаи 7 созишномаи созмон оид ба содагардонии расмиёти савдо, ба Кодекси гумрук  боби нав оид ба ҷорӣ намудани консепсияи «Иштирокчии боэътимоди бозор» илова мегардад. Мутобиқи меъёри мазкур, дар ҷумҳурӣ гурӯҳи шахсони ҳуқуқии ватанӣ ташкил мешаванд, ки тибқи қонунҳои амалкунанда фаъолият намуда, расмиёти содагардонидаи махсуси барасмиятдарории гумрукиро истифода мебаранд ва ба «рӯйхати сафед» ворид карда мешаванд.

Дар сурати дастгирӣ ёфтани лоиҳаи пешниҳодшуда, ба иштирокчии боэътимоди бозор, ки дар лоиҳаи қонун «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» номида шудааст, дар рафти барасмиятдарорӣ расмиёти содагардонидашудаи махсуси гумрукӣ пешниҳод мешавад. Чунин консепсияи «Иштирокчии боэътимоди бозор» дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар кишварҳои Аврупо, Амрико, Кореяи Ҷанубӣ ва давлатҳои дигари ҳамсоя, аз қабили Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон  Молдова ва ғайра.

Дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда меъёрҳои зерин низ пешбинӣ шудаанд:

Якум, меъёри васеътар намудани асосҳои ҳуқуқӣ барои таъмин, батаъхиргузорӣ ё тамдиди муҳлати пардохти боҷҳои гумрукию андоз. Иловаи мазкур, бо дарназардошти банди 3.1қисми 3 моддаи 7 Созишнома оид ба содагардонии расмиёти савдо, пешниҳод мегардад. Мутобиқ ба талаботи он, ба моддаҳои 379 ва 382 Кодекси гумрук иловаҳо пешниҳод шудааст, ки тибқи он ҳолатҳои пешниҳоди батаъхиргузорӣ ё тамдиди муҳлати пардохти боҷҳои гумрукию андоз ба шахсон зиёдтар шуда, аз ҷониби онҳо истифодабарии таъминоти генералии пардохти боҷҳои гумрукию андоз пешбинӣ гардидааст.

Дуюм, меъёри васеътар намудани ҳуқуқи молинтиқолдиҳандагон барои гузаронидани экспертизаи гумрукии такрорӣ. Иловаи мазкур, бо дарназардошти банди 3.1 қисми 3 моддаи 5 Созишнома оид ба содагардонии расмиёти савдо, пешниҳод мегардад. Мутобиқ ба талаботи он, ба моддаи 421 Кодекси гумрук илова намудани меъёри нав оид ба таъин кардани экспертизаи такрорӣ дар сурати розӣ набудани шахси молворидкунанда ё молсодиркунанда бо хулосаи экспертизаи аввалия, пешниҳод шудааст.

Сеюм, меъёри васеътар намудани ҳуқуқи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ барои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ. Иловаи мазкур, бо дарназардошти Стандарти 1.3 боби 1 Замимаи асосии Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ, пешниҳод мегардад. Мутобиқ ба он, ба Кодекси гумрук илова намудани моддаи нави 470 иловаи 1 пешбинӣ шудааст, ки дар он масъалаҳои ҳамкории мақомоти гумрук бо ташкилотҳои ғайритиҷоратии муттаҳидкунандаи шахсоне, ки фаъолияти вобаста ба интиқоли мол ва воситаҳои нақлиётро тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, ба танзим дароварда шудаанд.

Чорум, меъёри ҳатман ҷойгир ва сари вақт нашр намудани иттилоот дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, дар сомонаи расмии интернетии мақомоти гумрук. Тағйироти мазкур, бо дарназардошти банди 1.1 қисми 1 ва банди 2.1 қисми 2 моддаи 1 Созишнома оид ба содагардонии расмиёти савдо, пешниҳод мегардад. Мутобиқ ба талаботи он, ба моддаҳои 18, 23, 39, 40, 41, 44, 63, 108, 226, 387 ва 439 Кодекси гумрук тағйиру илова пешниҳод шудааст, ки дар асоси онҳо мақомоти гумрук вазифадор аст санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар иттилооти дахлдорро барои дастрасии молинтиқолдиҳандагон сари вақт дар сомонаи расмии интернетӣ ҷойгир намояд.

Масъалаи дигаре, ки дар лоиҳаи қонуни баррасишаванда пешниҳод шудааст, мутобиқ намудани Кодекси гумрук ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» мебошад. Аз ҷумла, пешниҳод мешавад, ки дар матни кодекс калимаҳои русии истифодашаванда – «квитансия», «бланка», «касса», «пломба», «каталог», «акт» ва «пена» мувофиқан ба калимаҳои «расид», «варақа», «хазина», «тамға», «феҳраст», «санад» ва «фоиз» иваз карда шаванд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо таҳия шуда, барои сода ва шаффоф гардонидани барасмиятдарории гумрукии молу маҳсулот, таъмини дастрасӣ ба коркарди маълумот  пеш аз воридшавии мол, арзёбӣ ва барасмиятдарорӣ дар ҷойҳои барои молинтиқолдиҳанда муносиб, баланд бардоштани сатҳи боварӣ ба сиёсати амалишавандаи савдои хориҷӣ, ташкил намудани гурӯҳи иштирокчиёни боэътимоди бозор ва эътирофи назорати дохилии молинтиқолдиҳанда барои таъмини риояи қонунҳои амалкунанда ва қоидаҳои дахлдор равона гардидааст.

Қабул намудани лоиҳаи қонуни мазкур имкон медиҳад, ки мавқеи давлат дар раддабандии «Пешбурди соҳибкорӣ» беҳтар шуда, ҳисоботи ҷумҳурӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо, ки пешниҳоди он дар доираи ҷаласаи созмони мазкур моҳи апрели соли 2020  ба нақша гирифта шудааст, мусбат арзёбӣ гардад.

Бо дарназардошти асосҳои овардашуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.

АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи мақомоти гумрук таҳия гардида, бо тасдиқ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Сабаб ва мақсади пешниҳоди лоиҳа асосан баҳри таъмини мутобиқатии қонунгузории гумруки ҷумҳурӣ бо муқаррароти байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ равона гашта, ба санадҳои меъёрии алоҳидаи амалкунандаи баъдан қабулгашта мувофиқат намудани он мебошад.

Санадҳои мазкур инҳоянд:

Якум, мувофиқат намудани меъёрҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ».

Дувум, мутобиқ намудани матни Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ».

Сеюм, дар таҳрири нав муқаррар кардани мазмуни мафҳумҳои алоҳидаи нав, ки онҳоро фаҳмотар мегардонанд.

Чорум, аз ҳама муҳим он аст, ки дар муддати амали кодекси мазкур аз соли 2004 якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав пешниҳод шуда, қабул гардидаанд ва як қисмати тағйирот ба ин самтҳо дахл доранд.

Панҷум, ба Кодекс субъекти нави муносибатҳо ва ҳамкориҳои гумрукӣ бо мазмуни «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» бо боби нав ворид карда мешавад. Дар ин замина ба онҳо баъзе аз ваколату имтиёзҳо ва ҳуқуқҳои содагардонии махсуси гумрукӣ дар навбати аввал пайдо кардани амалиётҳо ва ё барасмиятдарорӣ, декларатсиякунонии гумрукӣ, ворид ва гузаронидану нигоҳдории молҳо дар бино, майдончаҳои кушода ва ҳудудҳои дигари танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, транзити дохилии гумрукӣ, барои фаъолияти дутарафа пешниҳод карда мешавад.

Аз истифодаи чунин имтиёзҳо ягон зараре ба мақомот ва ё давлат расонида нашуда, субъектони муносибатҳои гумрукӣ имкон пайдо мекунанд, ки аз истифодаи хизматрасониҳо сабукӣ гирифта, амалиётҳоро бе монеа тезтар ба анҷом расонанд. Ин як навъи ҳавас­мандгардонӣ барои бештар ҷалб кардани соҳибкорон ва ё тоҷирони  бовиҷдон ба муносибатҳои гумрукӣ мебошад.

Шашум, барои шаффофтар амалӣ намудани фаъолияти гумрукӣ ва огоҳии субъектони муносибатҳои гумрукӣ, ғайр аз воситаҳои ахбори омма ва расонаҳои иттилоотӣ, намудҳои дигари огоҳонии субъектони муносибатҳои иқтисодӣ ба воситаҳои иттилоотии техникӣ низ ҷой карда мешаванд.

Ҳафтум, меъёрҳои алоҳида оид ба гузаронидани ташхисҳои гуногун ва такрории гумрукӣ ҷорӣ  мешавад, ки ба хулосаҳои онҳо қабулкарда шикоят овардан мумкин мегардад.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон  ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 18 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 12-тоаш қабул гардид. Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимов Хайриддин Саидович дода мешавад.

Хайриддин АБДУРАҲИМОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният баррасӣ гардида, бо дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мувофиқа шудааст.

Мақсади асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур мутобиқ намудани меъёрҳои он бо тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», сода ва  оммафаҳм намудани баъзе аз мафҳумҳои қонуни мазкур ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Дар моддаи 1 мафҳуми «сирри давлатӣ» дар таҳрири нав сода, равон ва фаҳмо ифода шудааст. Мафҳумҳои нав – «ҳифзи сирри давлатӣ», «дараҷаи махфият» ва «номгӯйи маълумоти махфигардонидашаванда» илова гардидаанд.

Яъне, «- сирри давлатӣ – маълумоти аз тарафи давлат ҳифзшаванда, ки ифшо ё гум кардани он ба амнияти миллӣ ва  иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар мерасонад ё расонида метавонад;».

Сабаби ба қонуни мазкур ворид намудани мафҳумҳои «номгӯйи маълумоти махфигардонидашаванда», «дараҷаи махфият» ва «ҳифзи сирри давлатӣ» дар он мебошад, ки дар бобҳои 3, 4 ва 7 қонуни мазкур ифодаи он оварда шуда, аммо дар моддаи 1 ҳамчун мафҳум дода нашудаанд. Аз ин лиҳоз, барои оммафаҳм намудани қонуни мазкур онҳо ҳамчун мафҳум пешниҳод шудаанд.

Дар моддаи 4 пас аз калимаи «роҳбарони» калимаи «аввали» ба он хотир илова карда шудааст, ки дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо зери мафҳуми «роҳбарон» роҳбарият, яъне роҳбар, муовини якум ва муовинони роҳбар фаҳмида мешавад. Вале қонуни мазкур масъулияти ҳифзи сирри давлатиро дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо бевосита ба зиммаи роҳбарони аввали онҳо вогузор менамояд.

Дар моддаи 5 ва қисми 2 – юми моддаи 6 калимаҳои «ва шаҳрвандон» ба он хотир ба калимаҳои «шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони  хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» иваз шудааст, ки иҷрои қонуни мазкур барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатиро ба зимма гирифтаанд ё мувофиқи мақом чунин уҳдадорӣ доранд, ҳатмӣ мебошад.

Бояд зикр намуд, ки дар назди Саридора Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки таъсиси он дар ягон санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот пешбинӣ нашудааст. Бинобар ин, ба моддаи 6 қонуни мазкур  илова намудани сархати нав яъне, « — Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис медиҳад ва низомномаи онро тасдиқ менамояд;» пешниҳод карда шуд. Зарурати бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани комиссияи мазкур дар он мебошад, ки тибқи қонуни мазкур «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ муайян мекунад» ва «роҳбарии умумии фаъолияти системаи ҳифзи сирри давлатиро амалӣ мекунад» (сархатҳои якум ва дуюми моддаи 6 қонуни мазкур). Аз ин лиҳоз, комиссияи мазкур дар шакли санади меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайдо намудани заминаи ҳуқуқӣ барои қабули он дар лоиҳа пешниҳод карда шуд.

Бо дарназардошти пешниҳоди мазкур, дар моддаи 10 сархати нав, яъне, «- Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;» пешниҳод карда шуд.

Дар қисми 2-юми моддаи 20 пас аз калимаи «Тоҷикистон» калимаҳои «қонуни мазкур» бо дарназардошти ба инобат гирифтани боби 3 қонуни мазкур ҳангоми махфигардонии маълумот ҳамчун илова пешниҳод шудааст.

Ба қисми 4 — уми моддаи 24 қонуни мазкур сархати дувоздаҳум  бо мазмуни зерин илова карда шавад: «- раванди муҳлати махфигардонии ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз лаҳзаи ба он гузоштани муҳри  махфият оғоз мегардад.», зеро муҳлати махфӣ будани ҳомилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҳамон лаҳза оғоз мегардад.

Дар қисми 1-уми моддаи 37 пас аз калимаҳои «сирри давлатӣ» илова намудани калимаҳои «ихтиёрӣ буда,» ба хотири риоя шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пешниҳод шудааст. Пешниҳоди мазкур ба шахсони мансабдор, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд имкон медиҳад, ки бо розигӣ рухсат ба сирри давлатӣ гиранд. Вале ҳолати мазкур талаб менамояд, ки шахс бидуни доштани рухсат ба сирри давлатӣ вазифаҳоеро, ки барои иҷрои он доштани рухсат ба сирри давлатӣ ҳатмӣ мебошад, ишғол карда наметавонад.

Аз моддаи 39 қисми 4 хориҷ карда шуд, зеро ифодаи он дар қисми 3 моддаи 41 қонуни мазкур такрор ёфтааст.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Хоҳиш менамоям лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович дода мешавад.

Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсад аз таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни зикршуда мутобиқ сохтани меъёрҳои он ба Конститутсия ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, инчунин, оммафаҳм намудани баъзе меъёрҳои он мебошад.

Зимнан, дар лоиҳаи пешниҳодшуда мафҳуми «сирри давлатӣ» бо риояи услуби расмии забони адабӣ, сода ва равону фаҳмо мавриди таҳрир қарор дода, ҳамчунин, мафҳумҳои нави «номгӯйи маълумоти махфигардонидашуда», «дараҷаи махфият» ва «ҳифзи сирри давлатӣ» пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мавриди омӯзиш қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ карда шуд. Аз  кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 11 таклиф пешниҳод гардида, ба инобат гирифта шуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надош­та, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» оғоз мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлуда Зайнӣ дода мешавад.

Мирзозода Мавлуда Зайнӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» дар асоси банди 8 нақшаи амалҳо оид ба иҷрои «Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2017-2021», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №322 тасдиқ шудааст, инчунин, бо мақсади ба меъёрҳову стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани қонунгузорӣ ва амалия дар соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон таҳия гардида, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо дарназардошти ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат аз 22 майи соли 2016, тибқи лоиҳа, аз моддаи 2 ва қисми 2- юми моддаи 6  калимаи «Сарқонун» хориҷ карда мешавад.

Дар асоси қисми 2 — юми лоиҳа, ба моддаи 32 қонуни амалкунанда қисми 6  илова карда мешавад, ки мувофиқи  он ҳангоми ворид гардидани муроҷиат вобаста ба  истифодаи шиканҷа нисбат ба ноболиғ  бояд аз тарафи се корманди тиббие, ки дар тобеияти муассисаи ҷойи нигоҳдории гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ намебошанд, барои муайян намудани дараҷаи ҷароҳати ҷисмонии гирифта муоинаи тиббӣ ҳатмӣ гузаронида мешавад.

Бояд қайд кард, ки мутобиқи сархати дуюми банди 1- уми қисми 2 -юми моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», ки моддаи мазкур ҷойгиронии алоҳида дар камераҳоро танзим намудааст, муқаррар гардидааст, ки ноболиғон аз калонсолон дар ҳолатҳои истисно бо розигии прокурор дар камераҳое, ки ноболиғон нигоҳ дошта мешаванд, ҷойгир кардани калонсолони хислати мусбат зоҳирнамуда, ки бори аввал ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ва ҷинояти содиркардаи онҳо аз қабили ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин нест, иҷозат дода мешавад», акнун бо ворид намудани тағйироти дахлдор, ин меъёр хориҷ карда мешавад. Яъне, минбаъд, умуман, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи болиғ, яъне, калонсолон, якҷоя бо ноболиғон нигоҳ дошта намешаванд.

Дар асоси  қисми 4-уми лоиҳа бошад, сархати дуюми моддаи 38 дар таҳрири нав ифода карда мешавад, ки барои иҷро накардани уҳдадориҳои муқарраршуда нисбати гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда чораҳои муҷозотӣ татбиқ карда мешавад, ба монанди ҷойгир кардан дар карсер, камераи якнафара ва гауптвахта ба муҳлати то понздаҳ шабонарӯз, ба истиснои гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаи ноболиғ», ки қаблан ҳамин меъёр ҷойгир намудани ноболиғонро низ ба муҳлати ҳафт шабонарӯз пешбинӣ менамуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2019, №2428 тамоми расмиётро гузашта, аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 7 таклиф пешниҳод шуд, ки 6-тои он қабул гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». 

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ