Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Мубориза бо коррупсия ва савдои одамон пурзӯр мешавад

№154 - 155 (3948 - 3949) 27.12.2018

DSC_3306Бисту панҷуми декабри соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, аз 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 31 нафар дар толор иштирок доранд. Барои дақиқ намудани шумораи ширкаткунандагон аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Дар Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон даъвати панҷум, инчунин, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқти­содӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва на­мо­яндагони восита­ҳои ахбо­ри омма, ки ба кори иҷлосия даъват гардидаанд, ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон мена­моям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, зарур аст, ки шумора ва ҳайати котиботи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва қабул намоем. Лоиҳаи қарор оид ба масъалаи зикршуда ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба он таклифҳои иловагӣ бошанд, марҳамат, изҳор намоед. Чӣ гуна пешниҳодҳо доред?

Бо инобати пешниҳоди баёнгардида, лои­ҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемо­нам ва хоҳиш менамоям мавқеи хешро муайян созед.

Қарор қабул гардид.

Аз ҳайати котибот: раиси он муҳтарам Хайрулло Амонулло, аъзои он: муҳтарам Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовна ва Чош­баев Мурзабай Абилакимович эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷойҳои муқарраргардидаи худро ишғол намоянд.

Акнун зарур аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор дар ин хусус иборат аз 42 масъала манзури шумо гардидааст. Нисбат ба масъалаҳои рӯзнома пешниҳоду таклифҳои иловагӣ бошанд, марҳамат изҳор намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи рӯз­но­маи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» бо дарбаргирии масъалаҳои зерин ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми II»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ»

16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтирооти махфӣ»

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ»

20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»

21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ»

22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»

23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»

24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»

25. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда»

26. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

27. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

28. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ»

29. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)»

30. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ»

31. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ»

32. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»

33. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ»

34. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ»

35. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»

36. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Собирзода С. С.»

37. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдулҳақов Маҳмадалӣ»

38. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Додихудозода Д. Б.»

39. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯй­хати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сме­таи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон барои соли 2019»

40. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо «Ифтихорномаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

41. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи пеш аз муҳлат қатъ намудани вако­лати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед»

42. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон бозхонд намудани Шодихон Ҷамшед».

Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи якуми рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» оғоз мебахшем. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Ку­ми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конс­­ти­тутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои ин­сон, шаҳр­­ванд ва қонуният муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода меша­вад. Мар­ҳамат.

 РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-уми октябри соли 2018 қабул намудааст. Он бо мақсади такмили қонунгузории гражданӣ қабул шуда, шарту шароит, намудҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳои шартнома ва муносибатҳои дигарро вобаста ба гарав танзим менамояд. Аз ҷумла, масъалаи аз ҳисоби молу мулки соҳибкори инфиродии муфлисшуда қонеъ намудани талаботи қарздеҳони ӯ такмил дода шудааст. Яъне, ҳангоми муфлис шудани соҳибкори инфиродӣ, қарз аз ҳисоби фурӯши молу мулки ба ӯ тааллуқдошта ба кредиторон ҷуброн карда мешавад.

Ҳамчунин, минбаъд бо риояи шартҳои дахлдор молу мулки манқули шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда ба кредитор дода мешавад. Кредитор бошад, уҳдадор аст, ки молу мулки мазкурро ба манфиати тарафҳо фурӯшад.

Меъёрҳои дар боло зикршуда барои таъмини иҷрои уҳдадориҳо ва сари вақт пардохт намудани қарз аз ҷониби қарздор равона карда шудаанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоем қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (қисми якум)» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми II» шурӯъ мекунем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми II» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2018 қабул намудааст. Он бо мақсади такмили қонунгузории гражданӣ қабул шуда, дар маҷмӯъ масъалаҳои гаравро танзим менамояд. Инчунин, барои таъмини иҷрои уҳдадориҳо ва сари вақт пардохт намудани қарз аз ҷониби қарздор равона шудааст. Аз ҷумла, моддаи 527 Кодекс дар таҳрири нав ифода карда шуда, мувофиқи он, харидор аз лаҳзаи ба таври кредит гирифтани мол ҳуқуқу уҳдадориҳои моликро пайдо менамояд. То пурра пардохт шудани маблағ бошад, соҳибмулки ин мол фурӯшанда ба ҳисоб меравад.

Тибқи илова ба моддаи 693 Кодекс, иҷорадеҳ дар муносибатҳои лизингӣ ба ҳайси кредитор эътироф мешавад. Дар ин маврид иҷорагир нисбат ба объекти лизинг ҳуқуқи ихтиёрдорӣ пайдо менамояд.

Қисми дуюми моддаи 879 низ дар таҳрири нав ифода ёфтааст. Минбаъд маблағи кредитороне, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда ба қайд гирифта шудаанд, дар навбати аввал ба инобат гирифта мешаванд. Меъёри мазкур бо мақсади баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар қабул шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қисми II» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан роҷеъ ба ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 17 октяб­ри соли 2018 қабул намудааст. Он бо мақсади такмили қонунгузории мурофиавӣ ва татбиқи муқаррароти алоҳидаи қисмҳои якум ва дуюми Кодекси гражданӣ қабул шуда, масъалаҳои гаравро танзим менамояд. Меъёрҳои зикршуда барои таъмини иҷрои уҳдадориҳо ва сари вақт пардохт намудани қарз аз ҷониби қарздор равона карда шудаанд.

Ҳамин тариқ, ба моддаи 124 Кодекс илова ворид карда шуда, мувофиқи он, нисбат ба масъалаҳои додани молу мулки манқул ба кредитор аз ҷониби суд фармон қабул карда мешавад.

Моддаи 131 Кодекс бошад, дар таҳрири нав ифода карда шуда, тибқи он, фармон дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқул пас аз як рӯз аз ҷониби суд бояд ба қарздор фиристода шавад. Қарздор ҳуқуқ дорад, ки нисбат ба фармони мазкур дар муҳлати 10 рӯз аризаи даъвогӣ пешниҳод намояд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода ­Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2018 қабул намудааст. Он бо мақсади такмили қонунгузории мурофиавӣ ва татбиқи муқаррароти алоҳидаи қисмҳои якум ва дуюми Кодекси гражданӣ қабул шуда, масъалаҳои гаравро танзим менамояд. Меъёрҳои зикршуда барои таъмини иҷрои уҳдадориҳо, сари вақт пардохт намудани қарз аз ҷониби қарздор, ҳамчунин ҳимояи соҳибкорӣ, равона карда шудаанд.

Тибқи тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 15 ва 95, минбаъд судҳои иқтисодӣ метавонанд дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекс фармон низ қабул намоянд. Барои ҳамин, ба Кодекс боби нави 121 илова карда шудааст, ки 11 моддаро дар бар мегирад.

Боби мазкур тартиби пешниҳод, шакл, мазмун ва асосҳои рад кардани қабули аризаро танзим менамояд. Ҳамчунин, меъёрҳои мазкур тартиби аз ҷониби суд қабул ва бекор кардани фармонро танзим менамояд. Чунин фармонро судя дар муҳлати се рӯз аз санаи воридшавии ариза, бе муҳокимаи судӣ ва бе даъвати тарафҳо ҷиҳати ба кредитор додани молу мулки манқул қабул менамояд. Муҳлати огоҳ намудани қарздор дар хусуси қабули фармон ва ба кредитор супоридани он як рӯз муқаррар карда шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам ­Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 ноябри соли 2018 қабул намудааст. Он бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти алоҳидаи Кодекси амалкунанда ба Кодекси тандурустӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ва дигар санадҳо қабул шудааст. Дар ин замина, ба 16 моддаи Кодекс тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Ғайр аз ин, моддаҳои 130 прим 2 ва 132-юми он хориҷ карда шудаанд.

Мувофиқи тағйироти дигар, мафҳуми савдои одамон, аз ҷумла кӯдакон, дар таҳрири нав ифода карда шудааст. Ҳамин тариқ, таҳти мафҳуми «савдои одамон» минбаъд хариду фурӯши одам, анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ ва ҳаракатҳои ғаразнок ва ғайра фаҳмида мешавад.

Ҳамчунин, ҷавобгарӣ барои ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, аз ҷумла ташкили гузариши транзитии ғайриқонунӣ, пурзӯр карда шудааст.

Инчунин, ба санксияи моддаҳои 138, 139 ва 141 Кодекс низ илова ворид карда шудааст. Ба моддаи 239 қисми 2 илова гардида, барои ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ ҷавобгарӣ пурзӯр карда мешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзнома Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор рафта, оид ба ин масъала сухан ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 декабри соли 2018 қабул намудааст. Он бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти алоҳидаи Кодекси амалкунанда ба Кодекси тандурустӣ қабул шуда, баҳри тақвият додани масъулияти кормандони соҳаи тиб, таъмини ҳолати дахлдори санитарию гигиенӣ равона шудааст.

Тибқи тағйирот ба моддаи 129 Кодекс, минбаъд барои иҷро накардан ё ба таври номатлуб ба ҷо овардани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби корманди тиб, ки боиси оқибатҳои вазнин мегардад, ҷавобгарӣ пурзӯр карда мешавад. Ғайр аз ин, моддаи 207 Кодекс дар таҳрири нав ифода карда шудааст. Тибқи он, минбаъд барои вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавӣ мегардад, ҷавобгарӣ пурзӯр карда мешавад.

Ба моддаҳои 210 ва 2101 Кодекс низ тағйирот ворид карда шудааст. Ин меъёр барои машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ ё фаъолияти хусусии фармасевтӣ аз ҷониби шахсе, ки иҷозатнома надорад, ҷавобгариро пурзӯр менамояд. Барои ғайриқонунӣ ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, ғайристандартӣ, қалбакӣ ва дорувории муҳлати истифодааш гузашта ҷавобгарӣ пурзӯр карда мешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода ­Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2018 қабул намудааст. Он бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти алоҳидаи Кодекс ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» қабул шудааст. Барои ҳамин ба қисмҳои 2 ва 8 — уми моддаи 116 Кодекс илова ворид карда шудааст. Мувофиқи он, минбаъд мақоме, ки дархостро дар бораи ба ҳабс гирифтани молу мулк пешниҳод кардааст, бояд санади судиро дар давоми се рӯзи корӣ ба мақоми ваколатдор ирсол намояд.

Мақоми ваколатдор ин маълумот­ро мувофиқан ба Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда ё Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ворид менамояд. Ҳангоми бекор кардани ҳабси молу мулк ба феҳристҳои зикршуда маълумоти дахлдор ворид карда мешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Аз рӯи он сухан ба муҳтарам Раҳмон Озода ­Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 декабри соли 2018 қабул намудааст. Он бо мақсади тақвияти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи доруворӣ ва иловаҳои хӯроквории бесифату қалбакӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ қабул шудааст. Қабули қонун аз натиҷаи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш сарчашма гирифтааст.

Ҳамин тариқ, ба моддаи 121 Кодекс тағйироту илова ворид карда шудааст. Мувофиқи он, минбаъд барои риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ ҷавобгарӣ пурзӯр карда мешавад. Масалан, минбаъд барои риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ вобаста ба субъект аз 100 то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Ғайр аз ин, ба моддаи мазкур қисми 2 илова карда шуда, барои так­роран содир намудани чунин кирдор аз 200 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Илова бар ин, мутобиқи тағйиру иловаҳо, ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ мусодира карда мешавад. Айни ҳол, барои чунин кирдор ҷарима мутаносибан аз 50 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2018 қабул кардааст.

Қисмати алоҳидаи қонун бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти қонуни амалкунанда ба Кодекси гражданӣ, бинобар таъсис ёфтани Хадамоти иҷро, қабул шудааст.

Ба қонун моддаи 201 илова карда шуда, тибқи он, ситониш ба молу мулки манқул бо роҳи аз қарздор гирифтан ва барои фурӯш ба кредитор супоридани объекти қарз амалӣ карда мешавад. Маблағи аз фурӯш бадастомада барои пардохти талабот буда, маблағи боқимонда ба қарздор дода мешавад. Дар сурати нарасидани маблағ, қисми боқимондаи талабот аз молу мулки дигари қарздор ситонида мешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

 Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ном дорад. Сухан аз рӯи он ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 ноябри соли 2018 қабул кардааст. Он, дар маҷмӯъ, хусусияти таҳрирӣ ва мутобиқсозӣ дорад. Ҳамчунин, ба моддаи 8 қонун тағйирот ворид карда шуда, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчун субъектҳои давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон муайян карда шудаанд.

Моддаи 21 қонун дар таҳрири нав ифода ёфта, мутобиқи он, ба шахс додани мақоми қурбонии савдои одамон минбаъд ба зиммаи субъектҳои давлатие гузошта мешавад, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд. Дар як вақт онҳо қарори марбутаро дар асоси аризаи шахси зарардида ё намояндаи қонунии ӯ дар муҳлати на дертар аз 10 рӯз қабул менамоянд. Мувофиқи тағйирот ба моддаи 23 Кодекс, минбаъд муҳлати расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбонии савдои одамон метавонад барои давраи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ва бартараф кардани хатар дароз карда шавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъа­ла ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 2018 қабул намудааст. Он, дар маҷмӯъ, хусусияти мутобиқсозӣ дошта,ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Кодекси андоз мутобиқ карда шудааст. Ҳамин тариқ, ба моддаи 1 қонун мафҳумҳои «бархӯрди манфиатҳо», «манфиати давлатӣ» ва «манфиати шахсӣ» илова карда шудаанд, ки принсипҳои мубориза бар зидди коррупсия ба ҳисоб мераванд.

Ҳамчунин, моддаи 8 қонун дар таҳрири нав ифода ёфта, минбаъд пешниҳоди эъломия дар бораи вазъи молумулкӣ аз ҷониби дов­талабон ба мансабҳои давлатӣ пешбинӣ мегардад. Илова бар ин, минбаъд пешниҳод накардани ­эъломия дар бораи вазъи молумулкӣ ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ, барои ба мансаб таъин накардан ё аз мансаб озод намудан асос мегардад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 ноябри соли 2018 қабул намудааст. Он дар маҷмӯъ, хусусияти мутобиқсозӣ дорад. Ҳамин тариқ, ба моддаҳои 14 ва 15-уми қонун тағйирот ворид карда шуда, ситодҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мувофиқан ба раёсат, шуъба ва бахшҳои кумитаи мазкур дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иваз карда шуданд.

Қисми дуюми моддаи 25 қонун дар таҳрири нав ифода шуда, тибқи он, истифода намудани молу мулки мудофиаи гражданӣ бо мақсадҳои дигар манъ мебошад.

Ҳамчунин, тартиби истифодаи онҳо барои эҳтиёҷоти иқтисодиёт дар давраи осоишта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои сохтмонӣ оид ба чорабиниҳои муҳандисию техникии мудофиаи гражданӣ муайян карда мешаванд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон» оғоз мебахшем. Сухан аз рӯи ин масъа­ла ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 ноябри соли 2018 қабул намудааст. Он бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» қабул шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» ба шумор меравад. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Куми­таи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, Неъматзода Қурбонмурод Ҳақризо, Сафарзода Хайрулло Амиралӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фелалиев Акрамшо Саидшоевич, Латифзода Рустам Барот, Ахмедов Мирзоанвар Халифаевич, Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Сабурзода Мирзодавлат ва ­Садриддинзода Бадриддин Талбак пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 ноябри соли 2018 қабул намудааст.

Он бо мақсади таъмини асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии карантин ва муҳофизати растаниҳо, гузаронидани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муомилот бо воситаҳои муҳофизати растаниҳо, ҳифзи саломатии инсон ва муҳити зист қабул гардидааст.

Қонуни мазкур аз 8 боб ва 37 модда иборат буда, дар боби 1- уми он мафҳумҳои асосӣ, доираи амали он, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соҳаи мазкур, принсипҳо ва вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ, инчунин маблағгузорӣ ва уҳдадориҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар соҳаи зикршуда дарҷ гардидааст.

Боби 2 роҷеъ ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо равона шудааст.

Боби 3 масъалаҳо вобаста ба ошкор кардан ва барҳам додани манбаъҳои организмҳои зараррасони карантинӣ, муҳофизати ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳо ҳангоми воридоти маводи таҳти карантин қарордошта, низоми чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ, сертификатсия ва арзёбии карантинию фитосанитарии маводи таҳти карантин қарордоштаро ба танзим медарорад.

Дар бобҳои 4 ва 5 масъалаҳои қайди давлатӣ, санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, истеҳсол, воридот ва содироти онҳо ба хориҷи кишвар, инчунин тадқиқоти илмию амалӣ ва тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо, пурра инъикос ёфтааст.

Боби 6 қонуни мазкур самтҳои назорати давлатӣ дар соҳа, расмиёти назорати давлатии он, ваколатҳои шахсони мансабдор, инчунин назорати давлатии муомилот бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ба танзим медарорад.

Бобҳои 7 ва 8 ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо, инчунин ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкурро фаро мегирад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда мутобиқ буда, аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» оғоз бахшида, идомаи суханро ба муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ медиҳем. Марҳамат.

 ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоанвар Ахмедов, Бибидавлат Авзалшоева, Баҳром Абдуалимов ва Бадриддин Садриддинзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Он бо мақсади аз байн бурдани ихтилофоти ҷойдошта дар қонуни зикршуда, мушаххасу саҳеҳ гардонидани истилоҳу ибораҳо тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ қабул гардидааст.

Бо дарназардошти дар стандартҳои байналмилалӣ бештар истифода гардидани мафҳуми «маҳсулоти тозаи экологӣ», дар қонуни мазкур ин мафҳум дар шакли «маҳсулоти табиӣ», «биологӣ» ва «органикӣ» ворид гардида, мафҳумҳои «регламентҳои техникии истеҳсолоти биологӣ», «стандарти истеҳсолоти биологӣ» ва «феҳристи давлатии маҳсулоти тозаи экологӣ» илова шудааст.

Илова бар ин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи қисми 1 -уми қонуни мазкур дар моддаҳои 1, 3, 5, 7, 8, 11, 12 ва 13 қонуни амалкунанда иваз намудани калимаҳои «маҳсулоти биологиро» пешбинӣ шудааст, ки чунин мафҳум дар моддаҳои зикрёфта вуҷуд надорад.

Ҳамчунин, тибқи қонуни мазкур ба моддаи 1 қонуни амалкунанда мафҳуми «сертификати истеҳсолоти биологӣ ва маҳсулоти он» илова карда шудааст, вале мафҳуми мазкур дар матни қонуни амалкунанда ҷой надорад.

Бо дарназардошти эродҳои зикр­шуда ва хулосаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, кумитаи мо қабули қонуни мазкурро мувофиқи мақсад намешуморад ва аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» оғоз мебахшем. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон Хайринисо Юсуфӣ, Лутфия Раҷабова, Ҷаббор Ахмедов ва Мусалам Қодирова пешниҳод ва онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 31 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Он ҳамчун қонуни мукаммал аз се боб ва бисту се модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ ва тартибию ташкилии раванди берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангиро дар назар дорад. Аз ҷумла, боби 1 фарогири муқаррароти умумӣ буда, аз шаш модда иборат мебошад. Боби 2 дар 14 модда танзими давлатии берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангиро муаррифӣ менамояд. Боби 3 — «Муқаррароти хотимавӣ», дар се модда ҳолати ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби аз эътибор соқит донистану мавриди амал қарор додани онро муайян менамояд.

Дар баробари ин, қисми 4 моддаи 9 қонуни мазкур бар хилофи моддаи 259 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва метавонад боиси ба миён омадани гуногунфаҳмӣ ва поймол гардидани ҳуқуқҳои молик гардад.

Бо дарназардошти камбудиҳои мазкур, кумита ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»-ро дастгирӣ намекунад.

Бо дарназардошти пешниҳоди баёнгардида, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ба шумор меравад. Сухан оид ба масъалаи мазкур ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Мақсади қонун аз мутобиқ гардонидани он ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ягонагардонии истилоҳот ва бартараф намудани камбудиҳои имлоию техникӣ иборат мебошад. Ба ин тартиб дар муқаддима, қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи 11, сархати якуми қисми якуми моддаи 30, қисми якуми моддаи 31 ва қисми сеюми моддаи 34 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди», дар сархати ҳаштуми моддаи 1, ном ва матни моддаи 18 калимаҳои «Созишномаи» ва «созишномавӣ» ба калимаҳои «Конвенсия» ва «конвенсионӣ», дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 9 калимаи «арзнома» ба калимаи «ариза», дар сархати якуми қисми дуюм ва қисми сеюми моддаи 12 ва дар сархати якуми қисми якуми моддаи 14 калимаҳои «арзнома», «Арзнома» мувофиқан ба калимаҳои «дархост», «Дархост», дар ҷумлаҳои дуюм ва сеюми қисми даҳуми моддаи 21 калимаи «шаш» мувофиқан ба «се» ва «як» иваз карда шудаанд. Қисми сеюми моддаи 23 дар таҳрири нав ифода ва қисми дуюми моддаи 25 бо мазмуни нав илова карда шудаанд, ки тибқи он чораҳои тезонидани расмиёти коргузории Шӯрои шикоятии Идораи патентӣ ва пешбурди кор, сарфаи вақти аризадиҳандагон — муаллифон ва дорандагони ҳуҷҷати муҳофизатӣ дар назар дошта шудааст. Инчунин, иловаи пешниҳодшуда ба рушди соҳа ва дастгирии муаллифон мусоидат менамояд.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтирооти махфӣ» оғоз бахшида, идомаи суханро ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод вомегузорем. Марҳамат.

Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтирооти махфӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Мақсади асосии ворид намудани тағйирот ба қонуни мазкур мутобиқ гардонидан ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ягонагардонии истилоҳот ва бартараф намудани камбудиҳои имлоӣ мебошад. Аз ҷумла, дар муқаддимаи қонун калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди», дар матни моддаи 3. қисми ҳафтуми моддаи 9, ном ва матни моддаи 10 калимаҳои «санҷиш», «Санҷиш» ва «санҷиши» ба калимаҳои «экспертиза», «Экспертиза» ва «экспертизаи», дар сархати сеюми қисми дуюми моддаи 8 калимаҳои «аризаи ихтирооти махфӣ» ба калимаҳои «ихтирооти махфии арзшуда» иваз ва аз матни моддаи 2 калимаи «Сарқонун» хориҷ карда шудааст.

Қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо-муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтирооти махфӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» мебошад. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ Саодат Аминҷонова, вакилони Маҷлиси намояндагон Ҳилолбӣ Қурбонзода, Миралӣ Достизода ва Абдуҳалим Ғаффоров пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузории кишвар, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», қабул гардидааст.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида характери мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошанд. Аз ҷумла, аз матни сархати панҷуми моддаи 1 ва матни моддаи 2 калимаҳои «қаламрави» ва «Сарқонуни» хориҷ карда шудааст. Дар қисми якуми моддаи 3 калимаҳои «ҳуқуқии ҳама гуна шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқие» ба калимаҳои «ҳуқуқӣ, новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ», дар қисми якуми моддаи 4 калимаҳои «сурат мегирад» ба калимаҳои «амалӣ мегардад», дар қисми якуми моддаи 7 калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ», дар матни моддаи 14 калимаҳои «зайл», «ошно», «дахлдор дар» ва «махсусгардонишуда» мувофиқан ба калимаҳои «зерин», «шинос», «дахлдор» ва «махсусгардондашуда» ва қисми сеюми моддаи 15 калимаҳои «махсусгардондашуда» ва «лабораторияҳои илмӣ — тадқиқотӣ» мувофиқан ба калимаҳои «махсусгардондашуда» ва «озмоишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ» иваз карда шудаанд.

Дар қисми якуми моддаи 7 баъд аз калимаҳои «фаъолияти эҷодӣ», калимаҳои «эҳё, нигоҳдорӣ» илова карда, матни моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шудааст:

«Моддаи 11. Ҳуқуқҳои устои ҳунарҳои бадеии халқӣ

Устои ҳунарҳои бадеии халқӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

- ҳифзи ҳуқуқҳои муаллиф;

- ташкил намудани намоиш ё шаклҳои дигари намоиши оммавии натиҷаи фаъолияти эҷодии худ;

- гирифтани мукофот барои истифодаи оммавии натиҷаҳои фаъолияти эҷодии худ;

- тайёр ва дастрас кардани намудҳои зарурии ашёи хом ва мавод;

- доштани иҷозат барои истифодаи фондҳои фарҳангӣ;

- машғул шудан ба фаъолияти таълимӣ мутобиқи шакли ҳунарҳои бадеӣ, новобаста ба таҳсилот;

- ба фурӯш гузоштан ва ба соҳибияти каси дигар додани эҷодиёти муаллифии худ;

- ҳимояи шаъну шараф ва ­эътибори касбӣ;

- ҳунарҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст».

Инчунин, матни моддаи 18 «Бо мақсади ҳавасмандгардонии рушд ва тарғиби дастовардҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ мунтазам намоишҳои молу маҳсулоти соҳаи мазкур баргузор карда мешавад» ва моддаи 20 «Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд», дар таҳрири зикршуда ифода ёфтаанд.

Қонуни баррасишаванда ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» оғоз бахшида, идомаи суханро ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод вомегузорем. Марҳамат.

Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Лутфия Раҷабова, Мусалам Қодирова ва Ҷаббор Ахмедов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо аз такмили қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва рушди соҳаи фаъолияти китобдорӣ иборат мебошад. Аз ҷумла, муқаддимаи қонун дар таҳрири зерин: «Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ҳифз, истифода, ҷустуҷӯ, дарёфти иттилоот, дастрасии озодона ва дастовардҳои илмию техникӣ ва фарҳанги милливу ҷаҳонӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ танзим менамояд.» ва сархати дуюм «- ташкил ва таъмини фонди китобхонаҳо бо ҳуҷҷатҳо ва нашрияҳое, ки бо забони тоҷикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон чоп шудаанд ва ё новобаста ба ҷои чопашон оид ба Тоҷикистон мебошад;», сархати сеюм «-иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи фаъолияти китобдорӣ;» ва сархати сездаҳум «-ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ бо тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ;»-и қисми сеюми моддаи 18 дар таҳрири нав ифода ёфта, аз матни моддаи 2 калимаи «Сарқонун» ва аз қисми сеюми моддаи 12 калимаҳои «ва ҳуҷҷатҳои таъсисиашон» хориҷ карда шудаанд. Дар сархати сеюми моддаи 1 калимаи «ваколатҳои» ба калимаи «вазифаҳои», дар матни моддаи 3 калимаҳои «ҳама гуна китобхонаҳо» ба калимаҳои «ҳама намуди китобхонаҳо», дар қисми якуми моддаи 5 калимаҳои «вазъи иҷтимоӣ, сатҳи таҳсилот, ҳолатҳои ҷисмонӣ ва равонӣ ва молу мулк» ба калимаҳои «вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, таҳсилот, синну сол ва ҳолатҳои ҷисмонию равонӣ», дар қисми якуми моддаи 6 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди», дар қисми сеюми моддаи 7 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди», дар сархати панҷуми қисми якуми моддаи 11 калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеӣ» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқӣ», дар сархати ҳабдаҳуми қисми сеюми моддаи 18 аломати нуқта «.» ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, сархати ҳаждаҳуми қисми сеюми моддаи 18 бо мазмуни зерин «- иҷрои вазифаҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон.» илова ворид карда шудааст. Инчунин дар қисми чоруми моддаи 6 баъд аз калимаи «соҳаи» калимаи «фаъолияти», дар номи боби 4, ном ва матни моддаҳои 14, 15, 151, 152 ва 16 баъд аз калимаҳои «СОҲАИ» ва «соҳаи» мувофиқан калимаҳои «ФАЪОЛИЯТИ» ва «фаъолияти» илова гардидаанд.

Қонуни зикршуда ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ба шумор меравад. Суханро ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод медиҳем. Марҳамат.

Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон Хайринисо Юсуфӣ ва Қиёмиддин Миралиён пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Мақсади қонун аз такмили қонунгузорӣ, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи туризм, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, инчунин батанзимдарории паҳлуҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи сайёҳӣ иборат мебошад. Аз ҷумла, аз матни моддаи 4 калимаи «Сарқонун» хориҷ, ба сархати дуюми моддаи 9 баъд аз калимаи «варзишӣ» калимаи «ва сайёҳӣ» ва дар сархати панҷуми моддаи 29 бо мазмуни зерин «-талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд» иловаҳо ворид карда шудааст. Дар сархати чоруми моддаи 29 аломати нуқта «.» ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шудааст.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, ба меъёрҳои қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошанд. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» оғоз бахшида, идомаи суханро ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод вомегузорем. Марҳамат.

Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Тағйиру иловаҳои воридшуда дорои характери муайянкунанда ва мутобиқкунанда мебошанд. Аз ҷумла, дар моддаи 1 матни сархати шасту чорум ба мазмуни зерин илова карда шудааст:

«- молик — бенифитсиар (манфиатгир) — як ё якчанд шахси воқеӣ, ки бевосита ё бавосита соҳиби моликият (соҳиби зиёда аз 25 фоизи иштироки афзалиятнок дар сармояи муштарӣ ё миқдори умумии саҳмияҳои муштарӣ бо ҳуқуқи овоз) мебошанд ё муштарӣ ва/ё шахсеро, ки ба манфиатҳои онҳо аҳд/амалиёт анҷом дода мешавад, воқеан назорат мекунанд, инчунин шахсоне, ки шахси ҳуқуқиро назорат мекунанд;». Дар сархати шашуми қисми 1, сархати чоруми қисми 2 моддаи 30, сархати сеюми қисми 8 моддаи 31 ва сархати ҳафтуми қисми 6 моддаи 34 калимаҳои «ва маблағгузории терроризм» ба калимаҳои «,маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда шудаанд. Дар моддаи 20 қисмҳои 13, 14 ва 15 бо мазмуни зерин иловаҳо ворид карда шудааст:

«13. Дар лаҳзаи аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба суғурташаванда ё молик — бенифитсиар ва фоидагиранда аз рӯи шартномаи суғурта пардохт намудани ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст расмиёти зерини санҷиши дахлдори суғурташаванда ё молик — бенифитсиар ва фоидагирандаро аз рӯи шартномаи суғурта анҷом диҳад:

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва ҷои истиқомати суғурташаванда ё молик — бенифитсиар ва фоидагирандаи шахси воқеиро талаб намояд, шахсияти онҳоро муайян кунад ва санҷад;

- ном, рақами мушаххаси андозсупоранда ё рамзи ташкилоти хориҷӣ, рақами бақайдгирии давлатӣ, ҷойи бақайдгирии давлатӣ ва ҳуқуқ ба моликият, инчунин суроғаи маҳалли ҷойгиршавии суғурташаванда ё молик — бенифитсиар ва фоидагирандаи шахси ҳуқуқиро муайян намояд.

14. Пеш аз он ки ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба суғурташаванда ё молик — бенифитсиар ва фоидагиранда ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ)-ро аз рӯи шартномаи суғурта пардохт намояд, ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст, ки шахси сиёсии бонуфуз будан ё набудани суғурташаванда ё молик — бенифитсиар ва ё фоидагиранда, инчунин дорои хавф будани онҳоро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» муайян намуда, чораҳои дахлдор андешад. Дар сурати ошкор кардани хавф ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст, ки пеш аз пардохт намудани ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ) аз рӯи шартномаи суғурта оид ба аҳд/амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни зикргардида хабар диҳад.

15. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро на камтар аз панҷ сол пас аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ ва баста шудани суратҳисоб нигоҳ дорад.».

Қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» оғоз мебахшем.

Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Он бо мақсади татбиқ намудани ҳуқуқ ва имтиёзҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» пешбинишуда нисбат ба кормандони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд, ҳавасмандгардонӣ ва танзими фаъолияти самараноки онҳо, инчунин мутобиқ намудани меъёрҳои алоҳидаи қонун ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд, таҳия  ва пешниҳод шудааст.

Дар асоси тағйиру иловаҳо, ба қонуни мазкур ба моддаи 1 мафҳуми нав — «кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд» илова карда шудааст, ки таҳти ин мафҳум «кормандони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаҳмида мешаванд.

Ба қисми якуми моддаи 8 сархати нав илова гардидааст, ки мутобиқи он ба ҳайати кадрии хизмати дипломатӣ «кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд», илова карда шудаанд.

Бо мақсади истифодаи истилоҳи ягона ва аз байн бурдани носаҳеҳӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мувофиқи тағйироти дигар аз сархати сеюми қисми 1 моддаи 9 калимаҳои «(муовини Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилоти байналмилалӣ)» хориҷ карда шудааст.

Ба моддаи 10 қисми 4 илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд «кормандони воҳидҳои сох­тории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд, дар асоси пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати дипломатӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ба тариқи гузариш тибқи талаботи қонуни мазкур таъин карда мешаванд.

Мутобиқи тағйироти дигари пешниҳодшуда, дар қисми 4 моддаи 12 калимаҳои «Вазорати корҳои хориҷии» ба калимаи «Президенти» иваз карда шуда, дар асоси он минбаъд «Тартиби ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони хизмати дипломатӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба шумор меравад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади иҷрои талаботи тавсияҳои 5,8, 10, 11 ва 20 Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм (ФАТФ) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳн кардани силоҳи қатли ом» таҳия ва пешниҳод шудааст, ки тибқи он иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вазифадор шудаанд:

- ҳар сол ҳисоботи молиявиро, ки дар он оид ба даромаду хароҷот маълумоти муфассал дарҷ шудааст, дар сомонаи худ ё сомонаи мақоми бақайдгиранда ҷой диҳанд; маълумот дар бораи амалиётҳои анҷомдодаи дохилӣ ва байналмилалиро дар давоми на кам аз панҷ сол нигоҳ доранд; маълумот дар бораи мушаххасоти шахсоне, ки фаъолияти онро назорат ё идора мекунад, аз ҷумла маълумот дар бораи кормандони роҳбарикунанда, аъзои раёсат ва шахсони боваринокро нигоҳдорӣ намуда, ба мақоми бақайдгиранда пешниҳод намоянд.

Вобаста ба ин, дар моддаи 34 қисми 5 илова пешиҳод гардида, тибқи он мақоми бақайдгиранда уҳдадор шудааст, ки мутобиқи талабот ба мақоми ваколатдор маълумот пешниҳод намояд.

Қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мухолифат надорад.  Аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» оғоз мебахшем. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Он бо мақсади батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба истифодаи молу мулки манқул ба сифати гарав ва бақайд­гирии уҳдадориҳои таъминшуда қабул гардидааст.

Қонун аз 8 боб ва 63 модда иборат буда, масъалаҳо вобаста ба бақайдгирии огоҳиномаи гарав, намудҳои гарави молу мулки манқул, рӯёнидан аз ҳисоби молу мулки гарав, фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда, навбати қонеъгардонии талаботи кредиторон аз ҳамон як молу мулк ва кафолатҳои ҳуқуқи тарафҳо ҳангоми гаравро пурра ба танзим медарорад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Хайринисо ва Миралиён Қиёмиддин пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 10 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи меъморӣ ва сохтмон, беҳтар намудани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, инчунин ташаккули инфрасохтори хизматрасонии сайёҳӣ дар мамлакат қабул гардидааст.

Ҳамин тариқ, ба моддаҳои 3, 4, 9, 20, 21, 29, 31, 34 ва 36 Кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Он бо мақсади такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи меъморӣ ва сохтмон, беҳтар намудани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, инчунин ташаккули инфрасохтори хизматрасонии сайёҳӣ дар мамлакат қабул гардидааст.

Илова бар ин, қонуни мазкур ҷиҳати дар сатҳи баланди санъати меъмории милливу муосир бунёд гардидани иншооту биноҳо, боғу гулгаштҳо ва биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ шароит фароҳам меорад.

Ҳамин тариқ, ба моддаҳои 2, 5, 12,15, 16, 17, 19, 20, 24, 25, 51, 64, 66, 73, 80 ва 82  Кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯйи ин масъала сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Ҳамин тариқ, ба моддаи 53 қонуни амалкунанда қисми нави 6 ва моддаи 771 илова карда шуда, моддаи 78 аз нав таҳрир гардид, ки барои таъмини ҳифзи манфиатҳои амонатгузорон дар ташкилотҳои қарзӣ пешбинӣ шудааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» оғоз мебахшем. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Он бо мақсади таҳкими заминаи ҳуқуқии истифодаи предмети лизинг, ислоҳоти гарави молу мулки манқул, рушди соҳибкории хурду миёна ва самаранок истифода бурдани предмети лизинг ҳангоми ҷалби маблағҳои иловагӣ, инчунин бо ҳамбастагӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» қабул гардидааст.

Бо ҳамин мақсад тағйироти моддаҳои 6 ва 9 дар қонуни амалкунанда, ки пешниҳоди предмети лизингро аз ҷониби лизинггир ба шахсони сеюм (сублизинг) бо гирифтани розигии лизингдеҳ муайян менамуд, минбаъд тибқи қонуни мазкур, пешниҳоди предмети лизингро аз ҷониби лизинггир ба шахси сеюм (сублизинг) бе гирифтани розигии хаттии лизингдеҳ муқаррар менамояд.

Тағйироту илова ба моддаи 15 бошад, ҳуқуқи лизинггирро дар бобати ихтиёрдории предмети лизинг, дар доираи қисми арзиши пардохтшудаи он, ки аз арзиши бақияи пардохтҳо бештар аст, ба танзим медарорад.

Таҳрири моддаи 19 дар натиҷаи ислоҳоти гарави молу мулки манқул такмил ёфта, рӯёниданро аз ҳисоби предмети лизинг, бо тартиб ва шартҳои барои рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав пешбинӣ менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» оғоз мебахшем. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Он бо мақсади такмил додани қонуни амалкунанда ва беҳтар намудани фазои минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат қабул гардидааст.

Ҳамин тариқ, дар муқаддимаи қонун, сархати якуми моддаи 1, қисми 1 моддаи 4, қисми 4 моддаи 5, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19, қисмҳои 3 ва 6 моддаи 31 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шуда, аз матни моддаи 2 калимаи (Сарқонуни) хориҷ карда шудааст.

Илова бар ин, ба моддаҳои 1, 2, 5, 8, 10, 11, 14, 16, 17, 19, 20 ва 24 қонуни амалкунанда тағйироти дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» ба шумор меравад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани он ба талаботи қонунгузории соҳавӣ ва инчунин ҷиҳати ягонагардонии истилоҳот, бартараф намудани камбудиҳои имлоӣ, техникӣ ва ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.

Ҳамин тариқ, ба моддаҳои 1, 2, 8, 9, 12 ва 21 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо- муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» оғоз мебахшем. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории соҳавӣ, инчунин ҷиҳати ягонагардонии истилоҳот ва беҳтар намудани фазои ҳуҷҷатнигорӣ дар бахши намунаҳои саноатӣ қабул гардидааст. Бо ҳамин мақсад, дар таҳрири нав ифода намудани моддаи 20, пеш аз ҳама, мутобиқ намудани муқаррароти қонуни мазкур ба талаботи Санади Женевагии Созишномаи Гаага «Дар бораи бақайдгирии байналмилалии намунаҳои саноатӣ» мебошад.

Иловаи ба қисми дуюми моддаи 21 воридкардашуда муҳлати пардохти боҷро мушаххас гардонида, иловатан барои ҳар чӣ зудтар паҳн шудани маълумот оид ба пешниҳодҳои навтарини соҳа мусоидат менамояд.

Тағйирот вобаста ба моддаи 27 қонуни мазкур бошад, пеш аз ҳама, барои мутобиқ намудани муҳлатҳо ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин барои сарфаи вақти аризадиҳандагон, муаллифон ва дорандагони ҳуҷҷати муҳофизатӣ равона гардидааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади шароит фароҳам овардан баҳри иҷро ва татбиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонуни мазкур ба воситаи санадҳои зерқонунӣ ва мутобиқ намудани он ба талаботи пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсияи Париж «Оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ», Созишномаи Мадрид «Дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамғаҳо» ва Шартномаи Сингапур «Дар бораи қонунҳои тамғаи молӣ» қабул гардидааст.

Илова бар ин, қонуни мазкур масъалаҳои ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ, пешгирӣ намудани рақобати бевиҷдонона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо нисбат ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи муаллифӣ ва номи фирмавиро ба танзим медарорад.

Ҳамин тариқ, қонуни мазкур, пеш аз ҳама, барои дастгирии соҳибкорӣ, пешниҳод намудани имтиёзҳои иловагӣ ва содагардонии расмиёт ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ равона карда шудааст.

Инчунин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ» оғоз мебахшем. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Он бо мақсади такмил додани қонуни амалкунанда ва беҳтар намудани фазои ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ дар мамлакат қабул гардидааст. Ҳамин тариқ, ба моддаҳои 2, 13, 14 ва 19 қонуни амалкунанда тағйироти дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 октябри соли 2018 қабул намудааст.

Он бо мақсади тақвияти низоми ватанӣ дар самти мубориза бар зидди даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қабул гардида, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти хуби баланд бардоштани баҳогузориро дар ин самт муҳайё менамояд.

Вобаста ба ин, ба сархати 7 ва 8 — уми моддаи 2, моддаи 3, қисмҳои 1, 3 ва 4 — и моддаи 8, қисмҳои 1, 2 ва 12 — уми моддаи 11 қонуни мазкур тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти мутобиқкунанда, муайянкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Собирзода С. С.» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷли­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад. Мар­ҳамат.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи бозхонд намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Савридин Собир бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Собирзода С. С.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдулҳақов Маҳмадалӣ» ба шумор меравад. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад. Марҳамат.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи боз­хонд намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳақов Маҳмадалӣ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдулҳақов Маҳмадалӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Додихудозода Д. Б.» шурӯъ менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад. Мар­ҳамат.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Додихудозода Давлатмо Бахтибек ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Додихудозода Д. Б.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯй­хати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сме­таи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон барои соли 2019» ба шумор меравад. Оид ба масъалаи барра­си­шуда лоиҳаи қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикис­тон манзуратон гардидааст. Доир ба он чӣ гуна так­лиф доред?

Тибқи таклифи пеш­ни­ҳод­шуда, лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯй­хати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва сме­таи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон барои соли 2019»-ро ба овоз монда, хоҳиш менамоям мавқеи худро муайян намоед. Марҳамат. Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шодихон Ҷамшед бо «Ифтихорномаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Пешниҳод менамоям, ки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷ­ли­­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед барои фаъолияти пурсамар бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сарфароз гардонидани муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо «Ифтихор­номаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи пеш аз муҳлат қатъ намудани вако­лати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед» оғоз мебахшем.

Оид ба масъалаи зикргардида лоиҳаи қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикис­тон ба шумо пешниҳод гардидааст. Чӣ гуна так­лиф доред?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи пеш аз муҳлат қатъ намудани вако­лати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед»-ро ба овоз мемо­нам. Марҳа­мат, мав­қеи худро муайян на­моед.

Қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Аз номи шумо ва шахсан аз номи худам муҳтарам Шодихон Ҷамшед­ро бинобар ба мансаби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин гардидан табрик гуфта, дар зиндагӣ ва фаъолияти хизматиашон муваффақиятҳо орзу менамоем.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи ниҳоӣ — баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон бозхонд намудани Шодихон Ҷамшед» ба шумор меравад. Оид ба масъалаи зикргардида лоиҳаи қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон манзури шумо гардидааст. Чӣ гуна так­лиф доред?

Бо иҷозати шумо, лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шодихон Ҷамшед»- ро ба овоз мемо­нам. Марҳамат, мав­қеи худро муайян на­моед.

Қарор қабул гардид.

РАИС: — Сухан ба раиси котибот муҳтарам Хайрулло Амонулло дода мешавад. Марҳамат!

Хайрулло АМОНУЛЛО:

- Муҳтарам Раис! Унвонии Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ягон дархост ё мактуб ворид нашудааст.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Баррасии масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба итмом расиданд. Доир ба тартиби баррасии онҳо пешниҳодҳо, таклифу эродҳо бошанд, марҳамат иброз намоед.

Бо камоли эҳтиром ба раи­сони куми­таҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва онҳое, ки соли равон дар омодагию баргузории иҷлосияҳо бо мо ҳамкории муфид доштанд, миннатдории амиқи хешро иброз менамоем.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Баъди якчанд рӯз соли равон аз нигоҳи солшуморӣ ба беназиртарин дастовардҳои таърихиамон дар асри муосир боз як соли дигарро зам хоҳад кард. Бояд тазаккур дод, ки Маҷлиси миллӣ соли сипаришаванда, маҷмӯан, 80 қонун, аз ҷумла, 8 қонуни мукаммал, 72 қонун оид ба такмили қонунҳои амалкунандаро баррасӣ намуда, аз ин миён қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» -ро ҷонибдорӣ накард.

Қобили тазаккур аст, ки дар чор иҷлосияи соли равон доиргардида 15 пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба интихоб ва бозхонд намудани судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ҷонибдорӣ карда шуданд. Ҳамчунин, Маҷлиси миллӣ ду пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Соли 2018 дар сатҳи Маҷлиси миллӣ муҳокимаҳои парламентӣ дар мавзӯъҳои «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Такмилу тақвияти дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна: мушкилот, роҳҳои ҳалли он ва имкониятҳо дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ва «Асосҳои ҳуқуқию ташкилии номгузорию номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин дар доираи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо иштироки доираи васеи мутахассисони соҳаҳои марбута доир гардида, оид ба онҳо қарор ва тавсияҳо  қабул карда шуданд.

Дар доираи рушди ҳамкориҳои байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия 24-26 октябри соли 2018 дар шаҳри Москва Форуми VI байнипарламентии «Россия — Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» бо иштироки васеи роҳбарони вазорату сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар сатҳи бозгӯи талаботи муносибатҳои стратегӣ баргузор шуд, ки бори нахуст дар кори он роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва соҳибкорони тоҷикистонии муқими Россия ширкат карда, дар панҷ суҳбати мизи мудаввар вобаста ба мавзӯъҳои матраҳшаванда фаъолона масъалагузорӣ намуданд, ки дар интиҳо ҳуҷҷати хотимавӣ бо фарогирии масоили мубрами танзимталаби муносибатҳои дуҷониба қабул гардид, ки бояд, чун ҳамеша, бо дарки масъулият имкониятҳои мавҷударо баҳри татбиқи ҳамаҷонибаи онҳо равона созем.

Қобили зикр аст, ки роҳбарияти Маҷлиси миллӣ, раисони кумитаҳову комиссия, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар чорабиниҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалию байниминтақавии парламентӣ гузаронида мешаванд, ширкати фаъолона варзида, Ватани маҳбубамонро ҷонибдори арзишҳои умумибашарӣ ва узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд ва баҳри боз ҳам тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои парламентӣ заминаҳои мусоид фароҳам месозанд, ки ширкату суханронӣ ва садорат дар Конференсияи байналмилалии «150-солагии Эъломияи Санкт — Петербургӣ оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои тарканда дар замони ҷанг: матнҳои нав, аҳамияти пешина» дар шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия собитгари ин андешаҳост.

Ҳамчунин, бояд тазаккур дод, ки дар самти робитаҳои байнипарламентӣ бо ташаббуси роҳбарияти Маҷлиси миллӣ, узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои консти­тут­сионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмонова Наргис Шарифовна дар Ассамблеяи 138- уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ, ки 24-28 марти соли 2018 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса барпо гашт, ба ҳайати Кумитаи сеюми Иттиҳоди Байнипарламентӣ оид ба демократия ва ҳуқуқҳои инсон шомил ва ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод Фақеров Ҳамидулохон Нуриддинович узви Шӯрои экспертии иқтисодӣ дар назди Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасдиқ гардиданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ дар таҳия ва мутобиқгардонии лоиҳаи санадҳои ҳуқуқии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо инобати қонунгузории кишвар ва манфиатҳои миллӣ фаъолона иштирок намуда, дар ин давра 61 лоиҳаи қонунҳои намунавии аз ҷониби Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ ва Ассамблеяи парламентии СААД ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, пас аз баррасӣ дар кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ бо таклифу пешниҳодҳо ба котиботи Ассамблеяҳои зикршуда ирсол карда шуданд.

Ҳамчунин, 198 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба Маҷлиси миллӣ воридшуда, тибқи тартиби муқарраргардида, баррасӣ карда шуд.

Баҳри мустаҳкам намудани муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ пайваста вохӯрию мулоқотҳои роҳбарияти Маҷлиси миллӣ, раисони кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллӣ бо роҳбарон ва ҳайатҳои парламентӣ, намояндагони расмию дипломатӣ, ходимону арбобони сиёсӣ ва ҷамъиятии мамлакатҳои хориҷӣ тарҳрезӣ ва доир карда шуданд. Аз ҷумла, дар давоми сол мулоқотҳои корӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Ивановна Матвиенко, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Викторович Володин, Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинжон Муйдинханович Исмоилов, муовини раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба мудофиа ва амният Михаил Василевич Козлов ва бо Намояндаи навтаъини Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хонум Мерилин Йозефсон доир гардиданд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутаассифона, бояд тазаккур дод, ки соли баанҷомрасанда 7 қонун аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуда, ин нишондод дар соли 2016 ба 11 ва дар соли 2017 ба 26 адад баробар буд, ки воқеан фаъолнокии бештари мову шуморо тақозо менамояд. Дар робита бояд хотиррасон намуд, ки 17 апрели соли 2015, дар ҳамин толор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «..барои ноил гардидан ба дастовардҳои боз ҳам назаррас, бо дарназардошти талаботи ҷомеаи дар ҳоли рушд ва пешгирӣ кардани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, такмил додани заминаҳои қонунгузорӣ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти аъзои Маҷлиси миллӣ мебошад. Ҳангоми таҳияву ҷонибдорӣ кардани қонунҳо ва қабули қарорҳо аъзои Маҷлиси миллӣ бояд зарурат, аҳамият ва дурнамои амалишавии онҳоро ба инобат гиранд».

Вале фаъолияти мо зарурати тақвият додани татбиқи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро, ки на танҳо таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо, балки таклифҳои қонунгузориро низ пешбинӣ менамояд, тақозо дорад. Дар ин самт мо бояд аз имкониятҳои олимону мутахассисон ва қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, натиҷаи баррасиҳои ҷамъиятӣ, экспертизаи илмӣ ва мониторинги қонунгузорӣ васеъ истифода барем ва зимни таҳияи лоиҳаи қонунҳо ҷиддӣ муносибат намуда, нагузорем, ки риояи талаботи меъёрҳои ҳуқуқэҷодкунӣ ва техникаи қонунгузорӣ сарфи назар гардад, зеро қонун ба номи ҷамъият ва нафъи ҷамъият, суботу оромии мардум ва рушди иқтидори инсоният, таъмини ҳамаҷонибаи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як фарди ҷомеа эҷод мегардад. Аз тарафи дигар, бояд фаъолияти худро бознигарӣ намуда, зимни баррасии қонунҳои воридшуда барои баланд бардоштани сифати онҳо ҷалби васеи коршиносони соҳавиро таъмин намоем.

Ҳамкорони арҷманд!

Мутмаинем, ки дар рӯҳияи созандагӣ ва бо ибрату масъулияти баланди ватандӯстию шаҳрвандӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ соли нави 2019, қабл аз ҳама, дар татбиқи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фардо дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ироа медоранд, инчунин баҳри боз ҳам таҳким бахшидан ба заминаҳои ҳуқуқӣ ва такмилёбии қонунгузории амалкунанда, инчунин ҷиҳати амалишавии онҳо дар ҷойҳо оид ба таъмини волоияти қонун нақши муассир хоҳед гузошт. Ҳамчунин, дар доираи салоҳият тавассути пайваста ва пайгирона ба роҳ мондани муҳокимаҳои парламентӣ ҷанбаҳои муҳиму масъалаҳои муб­рами ҷомеаро ба талаботи қонун мутобиқ кардани онҳо ба риштаи таҳлил кашида, оид ба таҳкими низоми қонуният тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоед.

Бо чунин орзуву таманниёти нек ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ фарорасии Соли нави мелодии 2019-ро самимона шодбош гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, шукӯҳмандӣ, саодатмандӣ ва фараҳмандӣ орзу менамоем.

Ташаккур!

Бо ҳамин Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ