Мулки обод аст истиқлоли мо

№111-112 (4531-4532) 07.09.2022

11Соли 1991 бо пошхӯрии Давлати Шӯравӣ ҳама ҷумҳуриҳои он соҳиби истиқлолият шуданд. Соҳибихтиёрии миллии халқи мо, ки баъди чандин садсола  ба даст омад, дар таърихи халқи тоҷик назир надорад. 

Аз ин рӯ, 9-уми сентябри соли 1991- Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик бо хатти заррин ҳаккокӣ гардид. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ халқи мо дар саросари ҷаҳон шинохта шуд ва бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шукуфоӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар дар самтҳои сиёсат, иқтисод, илму фарҳангу варзиш қадамҳои устувор гузошта шуд.

Тавре ки маълум аст, баробари расидан ба ин неъмати бузург бо «кӯшиш»-и «дӯстонамон» ба сари халқи мо ҷанги бародаркуш таҳмил гардид ва пас аз ним соли расидан ба истиқлолият ҷумҳурӣ ба буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ мувоҷеҳ шуд. Бар асари ин фитна даҳҳо ҳазор нафар кушта шуданд, мутахассисони зиёд ҷумҳуриро тарк намуданд. Хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон бардош­та шудани номи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи моро таҳдид менамуд.

Хушбахтона, хиради азалии миллати соҳибтамаддуни мо алайҳи барангезандагони низоъ боло  гирифт ва дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳти сарварии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсматмадорони варзидаи тоҷик ба сари қудрат омаданд ва зина ба зина мушкилоти мавҷударо ҳал намуданд. Азму субот ва матонату ҷасорати Сарвари давлатро истиқбол гирифта, халқ ӯро Президент интихоб намуд. Сипас, неруҳои некхоҳи миллат дар атрофи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, соли 1997 ба сулҳу ваҳдати миллӣ расиданд ва барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар мусоидат намуданд.

Моҳияти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки қадри шаҳрванд ва инсон ба дараҷаи меъёрҳои олии давлатдории муосири демократӣ баланд бардошта шуд. Сохтори бар асари ҷанги шаҳрвандӣ фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барқарор гашт. Ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат амалӣ ва ­Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро беш аз 170 давлати дунё ба расмият шинохтааст. Тоҷикис­тон бо эътирофи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр созишномаҳои дигари байналмилалӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷиашро амалӣ  месозад.  Бо талошҳои пайгиронаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат корҳои зиёд амалӣ шуданд.

Истиқлолият маънои соҳиби озодии мутлақ буданро дорад. Ҳар миллате, ки аз ин неъмати бузург бархӯрдор аст, дар муайян кардани сарнавишти хеш соҳибихтиёр мебошад. Қабули Конститутсияи нав ба таҳияи санадҳои қонунгузории сифатан нави ҷавобгӯи талаботи меъёри байналмилалӣ мусоидат намуд. Бори аввал дар ҷумҳурӣ қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра қабул гардиданд. Тибқи қонунгузории нав, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон, риояи қонун ва таъмини адолат вазифаи аввалиндараҷаи давлат маҳсуб меёбад. Яке аз самтҳои дигари муваффақ дар замони истиқлолият зинда кардани мероси фарҳангӣ ва расму оини миллист. Суннатҳои миллӣ эҳё шуданд, забони тоҷикӣ асолаташро пайдо намуд, коргузории расмӣ бо забони давлатӣ сурат гирифт. Дар баробари эҳтироми анъанаву суннатҳои миллӣ Тоҷикистон ба арзишҳои маънавии умумибашарӣ низ ҳамеша арҷгузор аст, ки ин ҳама аз файзи истиқлолият ба даст омад.

Барои ҳар як миллати соҳибтамаддун истиқлолияти давлатӣ волотарин ормони миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳастӣ ва бақои ҳар як миллат аз истиқлолият ва дар истиқлолият ба амал меояд. Аз таърих бармеояд, ки қавм ё миллатҳое, ки дорои истиқлолияти миллӣ ва давлатӣ ҳастанд, рӯ ба инкишофи маънавию фарҳангӣ ва сиёсиву иқтисодианд, аммо зиёд қавму миллатҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди соҳиби номи миллӣ будан ва дорои марзу бум ва фарҳангу забони муштарак будан,  аз истиқлолияти комил маҳруманд. Дар тамаддуни башарӣ чанд қавме ҳаст, ки онҳоро бо номи мутамаддин, бунёдкор ё созанда мешиносанд.

Хушбахтона, мо — тоҷикон миллати бунёдгузору тамаддунсоз мебошем. Ниёкони мо аввалин кишоварзон ва шаҳрсозони башар буданд; онҳо аввалин давлатҳои ибтидоиро бунёд гузоштаанд, аввалин императории оламро барпо карданд, ки дар асоси адолат ва низом идора мешуд (Куруши Кабир), аввалин ­эъломияи ҳуқуқи башарро эҷод карданд (манифести Куруши Кабир), аввалин маротиба низоми пулиро ҷорӣ карданд (ислоҳоти пулии Дориюши Кабир), аввалин бор дар таърих низоми девони давлатиро ҷорӣ намуданд (стратап­ҳо), ки баъдан дигар қавму миллатҳо аз он дастовардҳо баҳра бурданд. Мардуми мо соҳиби тамаддуни бузургу ҷаҳонӣ аст, ки онро дар пояи давлатдории мутамарказ ва қавмӣ (аз Каёниён то Сомониён) бунёд намуданд. Ин маънои онро дорад, ки миллати тоҷик яке аз аввалин қавмҳоест, ки дар даврони таърихӣ истиқлолияти марзию давлатӣ ва фарҳангию қавмӣ бунёд кардааст. Вақте ки мо истиқлолият мегӯем, истиқлолият аз худи мо, хонаи мо, тафаккури мо, муносибату рафтори мо, саҳми мо ба миллат ибтидо мегирад ва баъдан ба истиқлолияти кулл мепайвандад.

Давлати навини мо дар ибтидои роҳи истиқлолият қарор дорад, яъне, мо дар пайроҳаи бузурги таърихии халқамон бо ҳамон ормонҳои таърихии миллӣ, вале ташаккулёфта, нав, ҳамқадами ҷаҳони муосир роҳ паймоем. Ба истиқлолияти сиёсиву фарҳангӣ, иҷтимоиву инсонӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа асосан тавассути зербинои иқтисоди мамлакат метавон расид, ҳарчанд дар замони ҷаҳонишавии муосир (глобализатсия) баъзан паҳлуҳои иқтисодиёт ва сиёсат ба ҷаҳони беруна вобастагӣ дорад ва аз ҷараёни умумибашарӣ вобастаанд, вале миллате аз ин ҷаҳонишавиҳо берун меояд, ки дар пои худ устувор бошад. Истиқлолияти воқеӣ он аст, ки як фарди озод соҳиби давлати пояндаву сарзамини ободу осуда ва ояндаи хушбинонаи бозмондагонаш бошад. Истиқлолият  бузургтарин дороии ҳар миллат ва халқ аст. Миллати созандаи мо низ соҳиби ин неъмат аст. Ин ормони ҳазорсолаи наслҳои ин марзу бум буд, ки бо исми  озодагон машҳур мебошанд.

Ҳамчун як тан шаҳрванди ин кишвари соҳибистиқлол, ҳамзамон вакили халқ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ифтихорманд аз онам, ки ба шарофати сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон тайи 31 соли Истиқлолияти давлатӣ зери осмони софу беғубор умр ба сар мебарем. Ҳар фарди соҳибхирад, новобаста ба кору соҳааш, бояд ҳаёти осоиштаи имрӯзро ба солҳои  90 — уми асри ХХ қиёс намуда, дар ниҳоди фарзандонаш ҳисси ватандӯс­тиву расидан ба қадри сулҳу осоиштагиро бедор созад ва дар ин радиф, ифтихор аз Ватану ватандорӣ намояд.

Зарур ва ногузир аст, ки қабл аз ҳама, истиқлолияти ботинӣ, ҳувияти миллӣ, ягонагиву якпорчагӣ ва эҳтиром ба худу арзишҳои миллӣ, ба марзу бум ва ормонҳои миллиро дар мадди аввал гузошта, Ватанро на бо сухан, балки бо қалби саршор аз меҳру муҳаббат дӯст дорем.

Зайнуддин САФАРОВ,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон