Мулоқот бо намояндагони САҲА

№71 (4177) 16.06.2020

DSC_244016 июни соли 2020 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо сафир, роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе Валериу Кивер мулоқот намуд.

Саидмурод Фаттоҳзода иброз дошт, ки САҲА шарики муҳими байналмилалӣ барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва кишвари мо сатҳи бадастомадаи ҳамкориҳоро бо шарикони аврупоӣ дар тамоми соҳа, хусусан, дар соҳаҳои иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг баланд арзёбӣ менамояд. Аз ин хотир, барои мо хурсандибахш аст, ки Иттиҳоди Аврупо стратегияи нави муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказиро тасдиқ кардааст.

Тавре зикр шуд, ҷаласаҳои ҳарсолаи САҲА, ки дар он масъалаҳои мубрами дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд, гувоҳи густариши минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо маҳсуб меёбанд.

Саидмурод Фаттоҳзода, ҳамчунин, роҷеъ ба вазъи озодии матбуот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, гуфт, ки нақши рӯзномаву маҷаллаҳо, ки дар саҳифаҳояшон воқеаву рӯйдодҳо, мавзӯъҳои мубрами ҳаётиро инъикос месозанд, дар пешрафти ҷомеа хеле  назаррас аст. Дар замони  соҳибистиқлолӣ  теъдоди зиёди рӯзномаву маҷаллаҳо бо аҳдофи неку созанда арзи вуҷуд карданд, ки дар тарғибу татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси дастовардҳо ва таҳкими истиқлолияти воқеии мамлакат, сулҳу ваҳдати миллӣ ва ободию пешравии кишвар саҳми назаррас гузоштанд.

Инчунин, доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори андеша карда шуд.

Ҷониби САҲА аз сатҳи ҳамкорӣ дар самти қонунгузорӣ бо Тоҷикис­тон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон