Мулоқоти Саидмурод Фаттоҳзода бо Тзи Шумин

№43 (4463) 05.04.2022

DSC_4372Имрӯз раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тзи Шумин мулоқот намуд.

Зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳо  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Саидмурод Фаттоҳзода Хитойро яке аз кишварҳои дӯсту бародар дониста, таъкид кард, ки ҳоло он шарики стратегии Тоҷикистон аст ва афзуд, ки таҳкиму густариши робитаҳои дӯстонаи тарафайн яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Аз ҳамкории сисолаи Тоҷикистону Хитой ёдовар шуда, ҷонибҳо таҷрибаи ҳамдигариро дар бахшҳои омӯзиши сиёсӣ, тарбияи кадрҳо ва ёрии фаннию техникӣ самарабахш арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ҳар ду кишвар ҷиҳати таҳкиму тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монда, чораҳои зарурӣ меандешанд.

Вазъи кунуниву дурнамои муносибатҳои гуногунҷанба ва ­масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Хитой низ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дошт.