Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи хизмати давлатии мамлакат

№143 (4563) 15.11.2022

ММКОНУНГУЗОР (3)Тайёр кардани кадрҳои миллии соҳаи хизмати давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Давлатдории муосир талаб менамояд, ки дастгоҳи идоракунии давлат самаранок, мунтазам ва бо низом кору фаъолият намояд. Маҳз ҳайати салоҳиятманд ва масъули хизматчиёни давлатӣ метавонанд падидаҳои буҳрониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар марҳилаи гузариш ба осонӣ ҳал кунанд».

Мутаассифона, дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ дар бахшҳои алоҳидаи хизмати давлатӣ, аз ҷумла хизмати давлатии шаҳрвандӣ  ва хизмати давлатии ҳарбӣ, мутахассисон намерасиданд. Бо мақсади бартараф кардани мушкилоти мавҷуда, бо ибтикори Президенти мамлакат ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони соҳаи хизмати давлатӣ дар Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, Академияи дипломатии ВКХ Федератсияи Россия, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳарбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Хитой ва дигар давлатҳо омода гардида, ба хизмати давлатӣ дар Ватан ҷалб шуданд.

Танзими муносибатҳои марбут ба хизмати давлатӣ дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар шароити барои мамлакат ниҳоят душвор  тарҳрезӣ шудааст. Тавре Сарвари давлат қайд намуданд: «Хизмати давлатии навини Тоҷикистон зодаи замони истиқлолият мебошад, ки дар шароити басо ногувори таърихи миллат оғоз гардида, марҳила ба марҳила нумӯъ ёфта истодааст». Дар баробари танзими муносибатҳои ҷамъиятии  замони истиқлолияти давлатӣ, масъалаи хизмати давлатӣ низ ҳамчун мубрамтарин масъалаи вақт ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 асос меёбад. Дар моддаи 27-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд гардидааст: «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад  дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд». Ҷиҳати  танзими муносибатҳо дар самти хизмати давлатӣ бори нахуст бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 13-уми ноябри соли 1998 қабул гардид. Қонуни мазкур баъдан 5-уми марти соли 2007 дар таҳрири нав қабул гардида, ба ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ дар мамлакат заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард. Бо мақсади танзими пурраи муносибатҳо дар самти мазкур марҳила ба марҳила Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»  аз 2-юми декабри соли 2002,  баъдан  31-уми декабри соли 2014 дар таҳрири нав қабул гардид. Ҳамчунин, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дигар санадҳо вобаста ба ташкил ва баргузории озмунҳо, қабул ба хизмати давлатӣ, аттестатсияҳо, кор бо захираи кадрҳо, баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ, ҷойивазкунии кадрҳо ва ғайраҳо қабул гардида, дар маҷмӯъ аз нигоҳи санадҳои меъёрии  ҳуқуқӣ ва санадҳои зерқонунӣ муносибати мазкур пурра ба танзим дароварда шудааст.

Дар ин марҳила зарурати таъсиси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ ба вуҷуд омад ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми феврали соли 2001 таҳти №479 Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Бо назардошти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»  дар таҳрири нав аз 5-уми марти соли 2007, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми июни соли 2007 таҳти №264 Низомномаи нав, сохтор ва воҳидҳои кории Раёсати хизмати давлатӣ такмил дода шуд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми ноябри соли 2013 таҳти №12 Раёсати хизмати давлатӣ ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Инчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми марти соли 2014 таҳти №179 Низомномаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Тибқи низомномаи мазкур, агентӣ сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрҳои ҳуқуқиро дар соҳаи хизмати давлатӣ амалӣ менамояд.

Бо мақсади такмили ихтисос ва баланд бардоштани сатҳи дониши хизматчиёни давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми октябри соли 2002 таҳти № 926  дар назди Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.   Соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар таҳрири нав қабул гардида, тибқи муқаррароти  моддаи 19- уми он, тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар асоси фармоиши давлатӣ, инчунин талаботи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Густариши муносибатҳои ҷамъиятӣ, талаботи замона ва рушди низоми идоракунии давлат дар ҷодаҳои гуногун собит сохт, ки бо ташкили курсҳои такмили ихтисос дар заминаи донишкада тайёр намудани мутахассисони соҳаи хизмати давлатӣ нокифоя аст.

Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ гардонидан ва тайёр кардани кадрҳои соҳиб­ихтисоси хизмати давлатӣ, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 26-уми августи соли 2013 таҳти №1502 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Моҳи сентябри соли 2019 дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимию маъмурии донишкада муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон чунин қайд намуданд: «Барои таъмин намудани пешрафти бонизоми давлати миллӣ мо ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ ниёз дорем. Аз ин рӯ, мо бештар ба тарбияи кадрҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дорои ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқи касбӣ, қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва забондон бошанд, эътибори аввалиндараҷа медиҳем. Мо бояд кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, мутахассисони дорои сатҳи баланди касбӣ ва кормандони ватандӯсту масъулиятшиносро омода намоем. Ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, афзудани неруи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ, инчунин, таҳлили илмии сифат ва самаранокии идоракунӣ ва хизмати давлатӣ зарурати баланд бардоштани мақоми ин муассиса ба миён омадааст».

Дар ҳамин замина, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми феврали соли 2020 таҳти №1463 Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» табдил дода шуда, ҳамчун муассисаи марказии таълимии тарбияи кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият карда истодааст.

Шурӯъ  аз оғози фаъолият дар соли 2004 то ба ҳол дар академия беш аз 25 ҳазор нафар хизматчии давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамчунин, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот сатҳи дониш ва ихтисоси худро такмил додаанд.

Механизми дигари тарбияи кадрҳои хизмати давлатӣ ин  Муассисаи давлатии «Маркази таълимии занон ба номи «Сарвар»-и наз­ди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Муассисаи мазкур бо дастгирии шарикони рушд соли 1998 таъсис ёфта, мақсади асосии он ба  духтарони тибқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохилгардида ва болаёқати мамлакат тадрис намудани маҳорату малакаи  роҳбарӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ, тафаккури илмӣ ва ташкилотчигии онҳо ва ғайра мебошад. Яъне, дар баробари дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат таҳсил намудани ин қабил духтарон ба онҳо иловатан маҳорати роҳбарӣ, ташкилотчигӣ, забондонӣ ва  истифодаи компютеру дигар таҷҳизоти муосир омӯзонида мешавад.

Ба ғайр аз ин дар заминаи вазорату идораҳо ҷиҳати такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ сохторҳои гуногун ба фаъолият шурӯъ намуданд.Чунончи, Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи  ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ғайра.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар баробари қабули санадҳои меъёрии танзимкунандаи соҳа, механизмҳои марбута ва муассисаҳои таълимии тарбияи кадрҳо, қариб ҳар сол аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи чораҳо ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ, аз қабили  баланд бардоштани маоши вазифавӣ, бо манзили истиқоматӣ таъмин намудан, бунёди истироҳатгоҳҳо барои онҳо андешида мешавад.

Ҳамин тариқ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд­гузори соҳаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи ӯ санадҳои меъёрии соҳа таҳия ва қабул гардида, мақоми ваколатдори давлатӣ таъсис, муассисаҳои илмиву таълимӣ ва таҷрибавии соҳа ташкил ва такмил дода шуданд. Баробарии занону мардон дар ин самт марҳила ба марҳила таъмин гардида, айни ҳол ҷавонгардонии хизматчиёни давлатӣ дар ҷараён мебошад. Эҳтиёҷоти мамлакат бо кадрҳои баландихтисосу ватандӯст, ташкилотчиву забондон таъмин гардида, барои баланд бардоштани шароити  иқтисодиву иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ чораҳои муассир андешида шуд.

Файзалӣ ИДИЗОДА,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ