Неъмати қиматтар аз тиллову гавҳар

№63 (4646) 12.05.2023

DSC_5566 2Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби зулол буда, масоҳати умумии пиряхҳояш 11 ҳазору 146 километри мураббаъро дар бар мегирад. Дар ҳудуди мамлакат тақрибан 947 дарё ҷорӣ буда, дарозии умумии онҳо ба 28 ҳазору 500 километр баробар мебошад. Кишвари мо, инчунин дорои 1300 кӯл мебошад, ки масоҳати онҳо дар маҷмӯъ ба 705 километри мураббаъ баробар аст.

Боиси шукр ва ифтихор аст, ки Худованд ба мулки мо ин неъмати қиматтар аз тиллову гавҳарро фаровон ато намудааст. Об манбаи ҳастии тамоми мавҷудоти олам аст. Ҳаёти инсон, ҳайвоноту наботот, сарсабзии сайёра ҳама аз баракати ин неъмати бебаҳо вобастагӣ дорад.

Нависандаи маъруфи фаронсавӣ Антуан де Сент — Экзюпери дар васфи об чунин гуфтааст: «Об, ту маза, ранг ва бӯй надорӣ, тавсифи ту корест душвор. Туро нашинохта аз ту ҳаловат мебаранд. Набояд гуфт, ки барои ҳаёт зарурӣ, ту худ ҳаёт ҳастӣ. Вуҷуди моро аз хурсандӣ пур менамоӣ, ки дар шарҳи он эҳсоси мо оҷиз аст. Бо ту қувваҳои гумкардаи мо дубора ба мо бармегарданд. Ба шарофати ту чашмаҳои хушкидаи қалби мо аз нав ба туғён меоянд. Ту сарвати бузург дар олам ҳастӣ».

Мувофиқи маълумоти СММ, 25 дарсади сокинони сайёра ба оби нӯшокӣ дастрасии комил надоранд. Аз рӯи маълумоти Институти захираҳои ҷаҳонӣ, аз 32 иёлоти Мексика дар 15- тояш норасоии шадиди об эҳсос мешавад. Аз 16 вилояти Чили дар 10 — тояш чунин вазъияти ногувор ба мушоҳида мерасад.

Тайи 50 соли охир аҳолии ҷаҳон ду баробар афзуд, ки ин боиси зиёдшавии талабот нисбат ба оби тоза гардид. Саноатикунонӣ, урбанизатсия (шаҳрнишинӣ) ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ низ талабот ба обро зиёд мекунанд.

Норасоии оби тоза ва истеъмоли оби ифлос боиси авҷгирии бемориҳои сироятӣ аз қабили домана, исҳоли хунин, диарея (шикамрав), зардпарвин, салмонеллёз, мегардад. Аз рӯи маълумоти нашрияи «Medaboutme» солона аз сабаби истеъмоли оби ифлос ва бемориҳои вобаста ба он дар ҷаҳон зиёда аз 25 миллион нафар мефавтанд. Норасоии об баъзан боиси пайдошавии зиддиятҳо ва низоъ миёни кишварҳо мегардад.

Мувофиқи маълумоти иқлимшиносон, дар натиҷаи гармшавии глобалӣ эҳтимол аст, ки то соли 2030 зиёда аз 40 дарсади сокинони сайёра бо норасоии об рӯ ба рӯ шаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки мушкилоти зикршуда мунтазам таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба масъалаи мазкур ҷалб намудаанд. Сардори давлати мо ташаббускори тамоми қатъномаҳои вобаста ба об дар даҳсолаҳои охир қабулшудаи СММ, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005 — 2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон шудани соли 2013, қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намудани соли 2025 мебошанд.

Пешвои миллат дар чорабинии «Об ва Наврӯз — ду сарчашмаи ҳаёти башар» дар доираи Конфронси оби СММ — 2023, ки дар шаҳри Ню — Йорки ИМА баргузор гардид, чунин иброз намуданд: «Норасоии об барои рушди кишварҳо ва халқҳо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла ҳифзи саломатӣ, амнияти озуқаворӣ, баробарии гендерӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, маориф, саноат, иқдомҳои сулҳофарӣ ва амсоли инҳо, мушкил эҷод менамояд».

 Зикр кардан бамаврид аст, ки дар таркиби об магний, калтсий, натрий, руҳ (синк) ва дигар моддаҳои минералии ба организм зарур мавҷуданд. Масалан, магний табодули энергияро дар ҷисм ба танзим дароварда, тапиши муътадили дил, фаъолияти хуби узвҳои ҳозима, баландшавии неруи ҳифозатии ҷисм (иммунитет), фаъолияти муътадили сис­темаи асаб, хоби бароҳат, фаъолияти хуби корӣ ва муътадилии фишори хунро таъмин мекунад. Магний ба ҷаббидашавии калтсий мусоидат карда, дар мустаҳкамии устухонҳо нақши муҳим мебозад.

Об барои солимии банду буғумҳо, узвҳои ҳозима, танзими фишори хун, таровати пӯсти бадан, ҷаббидашавии витаминҳо, фаъолияти хуби гурда ва ғайра зарур аст. Агар об ифлос бошад, яқин аст, ки инсон бемор шуда, фаъолияташ заиф мешавад.

Яке аз сабабҳои норасоию ифлосшавии об тағйирёбии иқлим, боронҳои сел, обхезӣ ва ё баръакс хушксолӣ мебошад. Пешвои миллат чунин таъкид намуданд: «Тағйирёбии иқлим сабаби афзоиши бесобиқаи офатҳои табиии марбут ба об гардида истодааст. Ҳамаи мо соли гузашта ва зимистони соли ҷорӣ шоҳиди хушксоливу обхезиҳои бесобиқае будем, ки бо миқёси бузург ва фарогирии ҷуғрофӣ бори дигар ҳамбастагии зичи обу иқлимро собит намуданд…

 Ба ҳама маълум аст, ки зери таъсири тағйирёбии иқлим ва дигар равандҳои глобалӣ сарчашмаҳои оби ошомиданӣ сол аз сол коҳиш меёбанд. Барои мисол, аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир ҳазортояш пурра аз байн рафтааст».

photo_2023-05-12_09-58-13 — копияЁдовар шудан бамаврид аст, ки 3- юми марти соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки таҳти раёсати Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас баргузор гардид, сабаби асосии тағйирёбии иқлимро обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гарм­шавии глобалӣ маънидод карданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиряхҳоро захираи асосии оби тоза арзёбӣ намуда, изҳор карданд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои ногувор расонад.

Пажӯҳиш собит намуд, ки дар 70 — 80 соли охир пиряхи Федченко (воқеъ дар ВМКБ) зиёда аз як километр коҳиш ёфта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Илова бар ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯг (забон)-и пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо Президенти мамлакат пешниҳод карданд, ки соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», инчунин, 21-уми март «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон шавад.

Пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 — уми декабри соли 2022 дар Маҷмаи умумии СММ бо пуштибонии 153 кишвар қабул шуда, соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 — уми март «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар гардид.

Ин эътирофи сатҳи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки дар истифодаи сарфакорона ва пок нигоҳ доштани манбаъҳои об ­масъулияти бештар зоҳир намоем.

Фазлиддин ИКРОМӢ,

муовини раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон