Номаи тасаллият

№3 (4743) 05.01.2024

Стандарти Садои мардум РустамЧоруми январи соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф номаи тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Дар робита бо ҳамлаи мудҳиши террористӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ дар шаҳри Кирмон ба Шумо ва кулли мардуми Эрон ҳамдардии амиқи худро баён менамоям.

Ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил ва ба осебдидагон шифои оҷил хоҳонам».

www.majmilli.tj