Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Қонунҳои мукаммал танзимгари масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва муносибати оилавӣ мебошанд

№87-88 (4507-4508) 19.07.2022

DSC_0386Понздаҳуми июли соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ­Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Хоҳишмандам, барои бақайдгирӣ тариқи системаи овоздиҳии электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

 Дар иҷлосия 29 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок доранд.

Инчунин, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, раиси Суди конститутсионӣ, раиси Суди Олӣ, раиси Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъй­пурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.

Оид ба оғози кори иҷлосия чӣ гуна таклифҳо ҳаст?

Пешниҳод шуд, ки иҷлосия корашро оғоз намояд.

Таклифро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро тариқи овоздиҳии электронӣ муайян созед. Марҳамат.

Ташаккур, пешниҳод қабул шуд.

Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон садо медиҳад)

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Барои ташкили ҷараёни кор лозим аст, ки мутобиқи банди 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби кори Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро муайян ва тасдиқ намоем. Бо дарназардошти масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда, пешниҳод менамоям, ки барои маърӯзачиён то 5 дақиқа, барои музокираҳо то 3 ва барои дархосту таклифҳо то 2 дақиқа вақт муайян карда шавад.

Таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Пешниҳодро ба овоз мемонам. Марҳамат.

Ташаккур, пешниҳод қабул гардид.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи банди 102-юми Дас­тури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лозим аст, ки котиботи иҷлосияро интихоб намоем.

Оид ба ин масъала сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Дӯстзода Ҳасан дода мешавад.

Марҳамат.

(Дӯстзода Ҳасан пешниҳод менамояд, ки ҳайати котибот иборат аз 3 нафар интихоб карда шавад).

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Таклиф шуд, ки котиботи Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум иборат аз 3 нафар интихоб карда шавад.

Таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Шумораи ҳайати котиботро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян созед. Марҳамат.

Ташаккур, таклиф қабул гардид.

Марҳамат, Дӯстзода Ҳасан, ҳайати котиботро пешниҳод намоед.

ДӮСТЗОДА Ҳасан:- Ба ҳайати котиботи Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аъзои зерини Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шаванд:

Додхудо Фаррух — раиси котибот

Мӯъминова Фирӯза ва Умарализода Мақсудалӣ — аъзои котибот.

РАИС: - Оид ба ҳайати котибот таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян созед. Марҳамат.

Ташаккур, қарор қабул гардид.

Аз ҳайати котибот хоҳиш карда мешавад, ки ба кор шурӯъ намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Моро лозим аст, ки рӯзномаи ­Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем.

Лоиҳаи рӯзномаи иҷлосия бо қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва барои баррасӣ ба шумо пешниҳод шудааст. Оид ба масъалаҳои он таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям мавқеатонро муайян созед. Марҳамат.

Қарор дар бораи рӯзномаи Иҷло­сияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум қабул ва ба он масъалаҳои зерин ворид гардиданд:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд»

20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»

21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия»

22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия»

23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»

24. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

25. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»

26. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»

27. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қаландарзода М. С.»

28. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Комилӣ Ф.»

29. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Азизӣ Ҷ. А.»

30. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Усмонзода Т.»

31. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзозода Р. П.»

32. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Комилӣ Ф.»

33. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Хайриддинзода А.»

34. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Одиназода Ҷ. Х.»

35. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ёқубзода А. Х.»

36. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Иброҳимзода Ш. С.»

37. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ғуломзода И. Ш.»

38. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Холиқмуродзода Д. А.»

39. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҳафиззода Т. Ҷ.»

40. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шӯҳратзода У.»

41. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Маҳмадзода Х. Б.»

42. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Солеҳзода З. Т.»

43. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бекзода А. А.»

44. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Усмонзода Т.».

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи якум — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои ­таб­ъиз» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 22 июни соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул карда, мақсади қонун аз таъмини риоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, муайян намудани асосҳои ташкиливу ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқу имкониятҳои баробар ва пешгириву ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъиз иборат буда, 5 бобро бо фарогирии 23 модда дар бар гирифтааст.

Боби 1 (моддаҳои 1-11), ки «Муқаррароти умумӣ» ном гирифтааст, мафҳумҳои «табъиз, таъқиб, таҳрик намудан ба табъиз, сегрегатсия (ҷудокунӣ), шаклҳои зоҳиршавии табъиз (бевосита ва бавосита)» ва доираи амали қонунро муқаррар намудааст. Меъёрҳо бобати кафолати давлатии ҳифзи ҳуқуқи баробар ва самаранок аз табъиз, ҳолатҳои вазнинкунандаи табъиз ё худ зиёд такроршаванда ё давомдор будани он, виктимизатсия ё худ таъқиб аз ҳама гуна муносибати хусуматомез ва истифодаи чораҳои мусбат барои таъмини пурра ва самараноки амалигардонии ҳуқуқ, озодӣ ва имкониятҳои баробар, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, дар алоқамандии мантиқӣ дар боби мазкур муттаҳид гаштаанд.

Боби 2 бо фарогирии моддаҳои 12 — 16 салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар шахси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар самти мазкур муқаррар ва пешбинӣ намудааст, ки Ваколатдор баррасии ариза ё шикоятро ба роҳ монда, метавонад дар сурати ҳалли масъала бо роҳи оштии тарафҳо мониторинги иҷрои уҳдадориҳоро, ки дар санади оштӣ муайян шудаанд, гузаронад. Зимнан, ӯ дар ҳолати тасдиқ ёфтани табъиз, вобаста ба барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда тавсияҳо қабул намуда, онҳоро ба мақомоти дахлдори давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ равон мекунад ва дар сурати аз ҷониби охирин иҷро накардани тавсияҳо метавонад ба суд муроҷиат намояд ё ҳангоми муайян шудани амалҳои табъизӣ, ки ҷиноят мебошанд, мақомоти таъқиби ҷиноятиро хабардор созад.

Бобҳои 3 ва 4 бо дарбаргирии моддаҳои 17 — 23 ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятиро, ки фаъолияташон асосан ба масъалаҳои баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шакли табъиз равона шудааст, пешбинӣ намуда, ҳолатҳои бо талаботи мушаххас ба суд муроҷиат намудани ҳар як шахс ё гурӯҳи шахсон, ки худро ҷабрдидаи табъиз мешуморанд, муайян намудаанд. Зимнан, баррасии муроҷиатҳои онҳо мутобиқи муқаррароти қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ бошад, тибқи муқаррароти қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҳамчунин ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ дар назар дошта шудааст.

Дар доираи боби ниҳоӣ (моддаҳои 22 ва 23) муқаррароти марбут ба ҷавобгарии шахсони воқеиву ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қонун ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои роҳ надодан ва муқовимат ба табъиз, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ба он алоқаманд мусоидат менамояд.

Кумита нисбат ба қонун эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шакл­ҳои табъиз» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­роту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи банди 40 нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2021 – 2030» пешниҳод гардида, онро 1 июни соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз такмили қонунгузории ҷиноятӣ дар самти назорати моддаҳои сахттаъсир ва заҳрнок бо истифодаи мафҳуми ягона иборат буда, бо ин васила, дар қисми 2) моддаи 23, дар ном ва қисми 1) моддаи 206, дар ном ва қисми 2) моддаи 2061, дар номи моддаи 224 ва дар қисми 3) моддаи 289 калимаи «заҳролуд» ба калимаи «заҳрнок» иваз карда шуда, аз банди б) қисми 3) моддаи 206 калимаҳои «ё заҳролуд» хориҷ гардиданд.

Ҳамчунин, ба моддаи 206 эзоҳ илова гардида, мутобиқи он, рӯйхатҳои моддаҳои сахттаъсир ва моддаҳои заҳрнок аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои пешгирии муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ва заҳрнок мусоидат менамояд. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи супориши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 11 сентябри соли 2020 дар иртибот ба пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолону ноболиғон пешниҳод гардида, онро 15 июни соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз такмили меъёрҳои кодекс ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳо дар самти зикршуда ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия иборат буда, бо ин васила, ба қисмҳои умумӣ ва махсуси кодекс як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Чунончи, бо илова намудани банди в) ба моддаи 47 ва ба қисми 2 моддаи 48 ҷазои ҷиноятӣ дар намуди якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, ки ҳам ба сифати ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ таъин карда мешавад, пешбинӣ гардида, тибқи моддаи иловашавандаи 501 ҷазои мазкур танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми махсуси кодекси мазкур татбиқ карда мешавад.

Мутобиқи тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 71, 75, 76 ва 81 минбаъд институтҳои шартан татбиқ накардани ҷазо, муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазои ҷиноятӣ озод кардан ва муҳлати иҷрои ҳукм нисбати шахсоне, ки барои ҷинояти бо қисмҳои 2) ва 3) моддаи 138, қисмҳои 2) ва 4) моддаи 139, моддаҳои 141, 142 ва қисмҳои 2) ва 3) моддаи 1421 — и кодекси мазкур пешбинишуда маҳкум шудаанд, татбиқ карда намешавад.

Санксияи қисмҳои 2 ва 3 моддаҳои 138, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 139 кодекс, ки ҷавобгарии ҷиноятиро дар қатори дигар ҳолатҳо мувофиқан барои таҷовуз ба номус ё ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбати духтари баръало ноболиғ, духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик пешбинӣ намудаанд, тавассути илова намудани ҷазои якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ва тасҳеҳи ҷазои асосӣ бо маҳрум кардан аз озодӣ то 25 сол ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан такмил дода шудаанд.

Инчунин, бо ворид намудани калимаи «таълимӣ» ба диспозитсияи банди в) қисми 2) моддаи 141 ва банди в) қисми 2) моддаи 142 доираи субъектони ҷиноятҳои дар моддаҳои мазкур муқарраршуда такмил гардида, дар ин росто ба санксияи қисмҳои 1-3 моддаи 141 ва қисмҳои 1 ва 2 моддаи 142 бевосита ё тавассути тағйирот калимаҳои «бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян» илова карда шудаанд.

Дар моддаи 1421 санксияи қисмҳои 2) ва 3) мавриди тасҳеҳ қарор гирифта, бо ивази калимаҳо ибораи «якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян» дарҷ гардида, ба он эзоҳ илова карда шудааст.

Тибқи эзоҳ, ҷазои якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба шахсе татбиқ карда мешавад, ки ҷиноятро нисбат ба ноболиғ содир кардааст ва он дар санксияи моддаҳои боби мазкур пешбинӣ шудааст – аз манъ кардани ишғоли мансаб ва ё фаъолияти омӯзгорӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии соҳаҳои маориф, тарбия, инкишофи ноболиғон, ташкил намудани истироҳат ва солимгардонӣ, таъминоти тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, дар соҳаи варзиши кӯдакону наврасон, фарҳанг ва санъат бо иштироки ноболиғон, инчунин машғул шудан ба чунин фаъолият дар асоси инфиродӣ ё фаъолияти дигаре, ки кор бо ноболиғонро дар бар гирифтааст, иборат мебошад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолу ноболиғон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо мусоидат менамояд.

Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш дорам, ки қонуни баррасишавандаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷмӯъ бо се қонуни дигар, дар заминаи супориши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 11 сентябри соли 2020 вобаста ба пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолу ноболиғон қабул гардидааст.

Мақсади он аз баланд бардоштани масъулияти шахсоне, ки дар самти кор бо ноболиғон фаъолият доранд, инчунин пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолу ноболиғон, тақвият бахшидани чораҳои таълимиву тарбиявӣ ва бо ҳам мутобиқгардонии дохилӣ ва берунии меъёрҳои алоҳидаи кодекс иборат буда, дар ин робита, ҳамчунин як қатор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ, муайянкунанда, мутобиқкунанда ва танзимкунанда ворид карда шудаанд.

Қабл аз ҳама, бо қонун ба кодекси амалкунанда моддаи 2881 илова гардида, минбаъд барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар самти кор бо ноболиғон, қабули шахсоне, ки ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ҷиноят содир карда бошанд, барои содир кардани ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин доғи судӣ дошта бошанд ва гирифтори бемориҳое бошанд, ки номгӯи онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ карда шудаанд, манъ аст.

Инчунин, ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқ ба меҳнати категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандон, бахусус маъюбону дигар категорияҳои осебпазир, ба моддаи 17 қисми 3 илова гардида, мутобиқи он, бе асос рад намудани корфармо аз бастани шартномаи меҳнатӣ бо шахсе, ки аз ҳисоби квота барои бо ҷойи кор таъмин шудан аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ фиристода шудааст, манъ аст.

Ҳамчунин, бо назардошти талаботи Кодекси гражданӣ, қонунгузории соҳаи маориф ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ дар умум ба 24 моддаи кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳо бо роҳи ивази калимаҳои алоҳида ё илова намудани истилоҳҳои ҳуқуқӣ ворид карда шудаанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолу ноболиғон, масъулияти омӯзгорону дигар кормандони соҳаи кор бо ноболиғон, риояи дақиқ ва сода гардидани татбиқи кодекс мусоидат менамояд.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар маҷмӯъ, бо чор қонуни дигар дар заминаи супориши протоколии Маҷлиси миллӣ таҳти №6 аз 16 апрели соли 2021 роҷеъ ба таъмини риояи қонунгузорӣ дар бораи замин ва барасмиятдарории сохтмони худсарона қабул карда шудааст.

Мақсади қонун аз бартараф намудани норасоии меъёрҳои алоҳидаи кодекс, ноил шудан ба мутобиқати дохилӣ ва мутобиқгардонии он ба талаботи дигар қонунҳо иборат буда, ба ин васила, ба моддаи 47 тағйиру иловаҳо ворид ва тибқи онҳо, ба прокурор ҳуқуқ дода шудааст, ки ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии корхонаву муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ муроҷиат намояд. Инчунин, пешбинӣ карда шудааст, ки прокурор бо дарназардошти моликияти истисноии давлатӣ дар баррасии парвандаҳои вобаста ба замин, инчунин эътирофи ҳуқуқи моликият, аз ҷумла ба сохтмони худсарона, ҳатман иштирок намояд, дар доираи ваколаташ парванда ё гурӯҳи парвандаҳоро, ки бо онҳо санадҳои судӣ эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бо мақсади таҳлил ва ҷамъбасти фаъолият дар самти таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз суд талаб карда гирад ва дар сурати ғайриқонунӣ ё беасос будани санадҳои судӣ тадбирҳои дахлдорро бо тартиби муқаррарнамудаи кодекс амалӣ гардонад.

Бо илова ба моддаи 257 прокурор ваколатдор шудааст, ки минбаъд дар баррасии ариза дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарор, амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ иштирок намояд.

Ҳамчунин, ба моддаи 368 қисми 2 илова гардида, тибқи он, минбаъд эътирози назоратии прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда бевосита аз ҷониби суди марҳилаҳои назоратии дахлдор ба тариқи дастаҷамъона баррасӣ карда мешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи талаботи кодекс, амалӣ намудани ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиа ва ҳифзи моликият, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, давлат ва ташкилотҳои давлатӣ мусоидат менамояд.

Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш дорам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

 

РАҲМОН Дилшод: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ дар заминаи супориши протоколи Маҷлиси миллӣ таҳти №6 аз 16 апрели соли 2021 роҷеъ ба таъмини риояи қонунгузорӣ дар бораи замин ва барасмиятдарории сохтмони худсарона сохташуда қабул карда шудааст.

Мақсади қонун аз бартараф намудани норасоии меъёрҳои алоҳидаи кодекс, ноил шудан ба мутобиқати дохилӣ ва мутобиқгардонии он ба талаботи дигар қонунҳо, иборат буда, бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 39 ва 51 муқаррар карда шудааст, ки иштироки прокурор дар баррасии парвандаҳо оид ба баҳсҳои вобаста ба замин ва манзил, новобаста ба пешниҳоди муроҷиат ба суд, ҳатмист.

Прокурор минбаъд дар доираи ваколати худ сарфи назар аз иштирок дар мурофиаи судӣ метавонад парванда ё гурӯҳи парвандаҳоро, ки бо онҳо санадҳои судӣ эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бо мақсади таҳлил ва ҷамъбасти фаъолият дар самти таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз суди иқтисодии дахлдор талаб карда гирад ва дар сурати муқаррар намудани он, ки санади судӣ ғайриқонунӣ ё беасос аст, тадбирҳои дахлдорро бо тартиби муайяннамудаи кодекси мазкур амалӣ намояд.

Бо илова ба қисми 1 моддаи 193 пешбинӣ шудааст, ки прокурор метавонад ба суди иқтисодӣ бо ариза оид ба ситонидани пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозот (санксия) аз шахсоне, ки фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодиро ба амал мебароранд, муроҷиат намояд, агар дар қонун тартиби дигари ситонидани онҳо пешбинӣ нашуда бошад.

Инчунин, тавассути иваз намудани ном ва қисми 1 моддаи 236 ҳуқуқи пешниҳоди шикоят ва эътирози кассатсионӣ аз болои ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонакардаи суди иқтисодии марҳилаи якум, сарфи назар аз иштироки прокурор дар баррасии парванда пешбинӣ гардида, бо ин асос, инчунин вобаста ба марҳилаи кассатсионӣ ва хусусияти матн дар моддаи 237, ном ва матни моддаҳои 238, 240 — 243, 246 — 248, 250, 2503 ва 251 баъзе калима ё ибораҳо иваз карда шудаанд.

Матни моддаи 273 дар таҳрири нав ифода ёфта, эътирози назоратии прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита аз ҷониби суди марҳилаи назоратӣ дар асоси дастаҷамъона баррасӣ карда мешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар маҷмӯъ, бо чор қонуни дигар дар заминаи супориши протоколи Маҷлиси миллӣ таҳти №6 аз 16 апрели соли 2021 роҷеъ ба таъмини риояи қонунгузорӣ дар бораи замин ва барасмиятдарории сохтмони худсарона бунёдшуда қабул карда шудааст.

Мақсади қонун аз мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани муносибатҳои ҷудогона дар самти иштироки прокурор дар мурофиаи ҷиноятӣ, ноил шудан ба мутобиқати дохилӣ ва берунии меъёрҳо, бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳида иборат буда, дар ин робита ба моддаҳои 35, 168, 197 ва 408 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд.

Тибқи тағйиру иловаҳо, бо дарназардошти қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти бонкӣ, дар сархати ёздаҳуми қисми 1 моддаи 35 калимаҳои «ташкилотҳои кредитӣ» ба калимаҳои «дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ» иваз карда шуда, ба қисми 1 моддаи 168 сархати панҷум илова гардида, тибқи мазмуни он, минбаъд аз ҷониби таҳқиқбаранда ва муфаттиш ба суд пешниҳод намудани дархост оид ба ҳабси маб­лағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ қарор доранд, бо розигии прокурор сурат мегирад.

Ба моддаи 197 қисми 2 илова гардида, тибқи он, дар ҳолати берун аз ҷумҳурӣ будани шоҳид ё ҷабрдида пурсиш мумкин аст ба таври фосилавӣ бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсионӣ ва почтаи электронӣ ба роҳ монда шуда, муфаттиш метавонад пурсиши фосилавиро бо иштироки шахсони холис гузаронад.

Ҳамчунин, ҷумлаи сеюми қисми 5 моддаи 408 мавриди тасҳеҳ қарор гирифта, тибқи он, минбаъд эътирози прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дар суди марҳилаи назоратӣ баррасӣ мегардад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи талаботи кодекс, баланд бардоштани масъулияти иштирокчиёни мурофиа ва риояи муҳлати пешбурди тафтишоти пешакӣ мусоидат менамояд.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш дорам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад.

РАҲМОН Дилшод: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 22 июни соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт иборат буда, бо ин васила, ба моддаи 330, ки ҷавобгариро барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлуӣ ва яклухти ақиб, шишаҳои оинагӣ, шишаҳои сиёҳу хира ё маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост муқаррар намудааст, қисмҳои 3 ва 4 илова карда шудаанд.

Мутобиқи қисмҳои иловашаванда идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуӣ ва шишаи қафо, аз ҷумла дарҳои паҳлуии қафо, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунанд, ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ барои истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаи сиёҳу хираи қафо ё шишаҳои сиёҳу хираи дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафо боиси таъини ҷарима ба андозаи ҳафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо мегардад.

Қисмҳои 4, 5 ва 6, ки ба моддаи 336 илова гардидаанд, мазмунан бе категорияи мувофиқ идора кардани воситаи нақлиёт ё ба шахсе, ки ҳуқуқи идоракунии категорияи мувофиқ надорад, вогузоштани идоракунии он, инчунин содир намудани кирдори бо қисми 4 ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси расонидани зарар ба воситаҳои нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ ва дигар иншоот ё дигар молу мулк гаштааст, мувофиқан боиси ҷарима ба андозаи аз панҷоҳ то ҳафтод, аз сӣ то панҷоҳ ё яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо мегардад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои баланд бардоштани масъулияти ронандагон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, садамаи нақлиётӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мусоидат менамояд.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» шурӯъ менамоем. Оид ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.

ҲАКИМЗОДА Қурбон: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июни соли 2022 қабул кардааст.

Қонун бо мақсади ба низом даро­вардани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ташкил, пешбурд, рушд ва қатъи фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, он аз 6 боб ва 21 модда иборат буда, дар боби 1 мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ ва манъи дахолат ба фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ пурра дарҷ шудааст.

Боби 2 танзим ва дастгирии давлатии пешбурд ва рушди хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур ва ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ташкил ва пешбурди хоҷагиҳои ёрирасони шахсиро мушаххас менамояд.

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон ҳангоми пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсӣ дар боби 3 дарҷ гардида, боби 4 ба фаъолияти меҳнатӣ ва баҳисобгирии хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ нигаронида шудааст.

Боби 5 ба муносибатҳои молумулкӣ дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ равона гардида, боби 6 муқаррароти хотимавиро дар бар мегирад. Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» мегузарем. Сухан ба Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.

ҲАКИМЗОДА Қурбон: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июни соли 2022 қабул кардааст.

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ танзим намуда, ба таъмини аҳолӣ бо моҳӣ ва маҳсулоти коркардшудаи он равона гардидааст. Он аз 7 боб ва 33 модда иборат буда, дар боби 1 мафҳумҳои асосӣ, инфрасохтори моҳипарварӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ пурра дарҷ шудааст.

Боби 2 усулҳои танзими давлатии соҳаи моҳипарварӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зикршударо мушаххас менамояд.

Тартиб ва навъҳои фаъолият дар соҳаи моҳипарварӣ, такмили хусусиятҳои ирсӣ, такрористеҳсолкунии сунъӣ ва мутобиқкунонии моҳӣ дар боби 3 дарҷ гардида, боби 4 ҳуқуқи моликият ба захираҳои моҳӣ, маҳдудият ва қатъ кардани ҳуқуқи истифодаи захираҳои моҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад.

Бобҳои 5 ва 6 ба навъҳои моҳигирӣ, мелиоратсияи объектҳои об, ҷойгир кардан, лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмир ва ба истифода додани объектҳои хоҷагидорӣ ва объектҳои дигари ба захираҳои моҳӣ таъсиррасонро инъикос намуда, боби 7 муқаррароти хотимавиро дар бар мегирад. Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

 РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.

ҲАКИМЗОДА Қурбон: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июни соли 2022 қабул кардааст.

Қонун бо мақсади мутобиқна­моии мафҳум, моҳият ва умумият ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, дар доираи он ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд. Он ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи чарогоҳ» мегузарем. Сухан ба Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.

ҲАКИМЗОДА Қурбон:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни соли 2022 қабул кардааст.

Қонуни мазкур бо мақсади таҳкими соҳаи чарогоҳҳои кишвар ва мувофиқ ба раванди рушди низоми қонунгузории кишвар қабул гардида, дар доираи он ба қисми 2 моддаи 16 қонуни амалкунанда тағйир ворид гардидааст, ки ба истифодабарии бемуҳлат ва муҳлатноки чарогоҳҳо нигаронида шуда, ба таъмини истифодабарии самараноку оқилонаи чарогоҳ аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) замина мегузорад. Он ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандам қонунро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи чарогоҳ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» дар замина ва ҷиҳати амалисозии «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 майи соли 2022 қабул кардааст.

Қонун аз 10 боб бо фарогирии 50 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи идоракунии давлатии муомилот, назорати сифат, таъминот бо дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ танзим намуда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектони фаъолияти фарматсевтӣ, принсипҳо, ваколат, ҷараёни коркард ва таъминоти иттилоотро дар ҳамин самт муайян менамояд.

Боби 1, ки аз 5 модда иборат мебошад, масъалаҳои марбут ба муқаррароти умумиро дар бар гирифта, меъёрҳоро доир ба мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашаванда, мақсад ва доираи амали қонун, принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи муомилоти дору ва молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ, ғизои таъинотӣ ва дастрасӣ ба онҳоро ба таври мушаххас муайян кардааст.

Боби 2 бо фарогирии моддаҳои 6 — 11 танзими давлатии муомилоти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ, фаъолияти фарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ин муомилот ва ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ доир ба ин муомилот, инчунин ваколатҳои мақоми ваколатдори назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар соҳаи муомилоти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва фаъолияти фарматсевтиро муқаррар намудааст.

Дар боби 3, ки фарогири 10 модда мебошад ба таври муфассал низоми давлатии назорати сифати дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ, баҳодиҳии мутобиқати сифати онҳо, назорати давлатии сифати доруҳои тибби халқӣ, талабот нисбат ба дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ ва стандартҳои сифати онҳо, инчунин бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ, экспертиза, нишондод барои аз муомилот гирифтани дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ муқаррар гардидааст.

Таъминот ва фурӯши дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ, кумаки башардӯстона бо расонидани дору ва молҳои тиббӣ, шакли дорухат, воридоту содирот ва ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва нобуд кардани дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ, назорати давлатӣ ҷиҳати танзими нархгузорӣ, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон ва субъектҳои фаъолияти фарматсевтӣ дар соҳаи муомилот ва таъминоти дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти фарматсевтӣ дар бобҳои 4 ва 5, ки моддаҳои 22 — 30 дар бар гирифтааст, ба танзим дароварда шудааст.

Боби 6 аз 7 модда иборат буда, тартиби коркард, озмоиши токлиникӣ ва клиникии дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ, озмоиши таъсири биологӣ ва техникии молҳои тиббӣ, ҳуқуқи беморони дар озмоиши клиникии дору ширкаткунанда, назорати гузаронидани озмоишҳои клиникии онҳо, инчунин васл, таъмир, хизматрасониҳои техникӣ ва метрологии молҳои тиббиро пешбинӣ менамояд.

Боби 7-и қонуни мазкур аз моддаҳои 38 — 43 иборат буда, масъалаҳои марбут ба фаъолияти фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷозатномадиҳӣ, додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, аккредитатсия ва аттестатсияи шахсони ба фаъолияти фарматсевтӣ машғулбуда, ҳуқуқи машғул шудан ба ин фаъолият, соҳибият ва роҳбарӣ ба ташкилотҳои фарматсевтӣ, роҳбарии дорухонаҳои ташкилотҳои табобатию пешгирӣ, инчунин истеҳсол ва тайёр намудан, тамғагузорӣ ва бастабандии дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтиро пешбинӣ намудааст.

Дар бобҳои 8 ва 9, ки моддаҳои 44 — 46 — ро дар бар гирифтааст, ҳуқуқ ба иттилоот дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ, рекламаи дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муомилоти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ муайян гардидааст.

Боби 10 «Муқаррароти хотимавӣ» ном дошта, дарбаргирии моддаҳои 47 — 50 ҷавобгарӣ барои риоя накардани муқаррароти қонуни мазкур, тартиби аз эътибор соқит донистани қонуни амалкунанда дар ин соҳа ва мавриди амал қарор додани онро муайян кардааст.

Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» мегузарем.

Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Дӯстмуродзода, П. Маликзода ва М. Шамсидинзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июни соли 2022 қабул кардааст.

Мақсади ворид намудани тағйи­рот ба қонуни амалкунанда аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Тағйироти воридшуда, хусусияти мутобиқкунанда, муайянкунанда ва таҳрирӣ дошта, ҷиҳати аз байн бурдани номутобиқатӣ байни меъёрҳои санадҳои қонунгузорӣ ва истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар пешбинӣ гардидааст. Ҷиҳати мутобиқат ба меъёрҳо ва талаботи пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» моддаи 34 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст.

Қонун ба талаботи Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад.

Аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мегузарем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Р. Аҳмадзода, Д. Раҳмон, Ф. Раҳимӣ, М. Набизода ва Б. Ҷабборӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни соли 2022 қабул кардааст.

Мақсади ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба қонуни амалкунанда такмил ва мутобиқгардонии он ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Кодекси гражданӣ (қисми якум), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин дастгирии давлатии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақом ва масъулияти омӯзгор мебошад.

Бо ин мақсад ба якчанд моддаи қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва танзимкунанда дошта, ҷиҳати бартараф намудани такрорёбии меъёрҳо, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо дарназардошти услуби ягона ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ пешбинӣ гардидааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад..

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 майи соли 2022 қабул кардааст.

Қонун асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатиро муайян намуда, ба мукаммалсозии раванди таҳия, тасдиқ ва амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ равона карда шудааст. Он аз 7 боб ва 25 модда иборат буда, дар бобҳои 1-3, ки моддаҳои аз 1 то 10-ро дар бар мегирад, меъёрҳои роҷеъ ба муқаррароти умумӣ бо шарҳи 15 бо мафҳуми асосии дар қонун истифодашаванда, 8 принсипи асосии банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ, инчунин салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ, ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро фаро гирифта, дараҷабандии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро, ки аз се сатҳ, яъне миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ иборат аст, муайян карда, 9 талабот нисбат ба сохтор ва мазмуни ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз ҷумла консепсияро бо ифодакунии чор масъалаи асосӣ, муқаррар кардааст.

Бобҳои 4 ва 5 бо фарогирии моддаҳои 11-19 муайян кардаанд, ки таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, бо тартиби муайян амалӣ карда мешаванд.

Мутобиқи моддаҳои 20 — 22 дурнамои давлатӣ барои давраҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат таҳия гардида, онҳо барои давраи миёнамуҳлат ба муҳлати то 5 сол, дурнамоҳои давлатии рушд барои давраи дарозмуҳлат ба муҳлати на камтар аз 10 сол ва дурнамоҳои давлатии рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯи соҳаҳо барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат тартиб дода мешаванд.

Масъалаҳои марбут ба муқаррароти хотимавӣ, тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур ва аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 августи соли 2018 дар боби ниҳоӣ муайян карда шудаанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи «Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025 дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020» ва муҳокимаи парламентӣ аз тарафи ­аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида, онро 15 июни соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз мутобиқ намудани меъёрҳои он ба раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ дар самти танзим ва назорати гумрукӣ, мусоидат ба такмили фаъолияти савдои хориҷӣ ва рушди иқтидори содиротии кишвар иборат буда, дар ин робита, тавассути ифода намудани қисми 3 моддаи 5 дар таҳрири нав пешбинӣ шудааст, ки амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ нисбат ба муносибатҳое, ки то ҷорӣ намудани онҳо ба миён омаданд, татбиқ намегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар оид ба мавриди амал қарор додани онҳо тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Бо тасҳеҳи қисми 2 моддаи 37 муқаррар шудааст, ки нисбати мол низоми имтиёзнок ё низоми нисбатан мусоидаткунандаи миллӣ ба шарте татбиқ ва маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозҳои пардохтшуда баргардонида мешавад, агар кишвари истеҳсолкардаи моли мазкур дар муддати то як сол аз рӯзи аз ҷониби мақоми гумрук қабул намудани дек­ларатсияи гумрукӣ тасдиқ шавад.

Ҳамчунин, бо тағйиру иловаҳо ба моддаи 48 амали мақоми гумрук ё шахси мансабдори он ва муҳлати шикоят нисбат ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба талаботи қонунгузории амалкунанда мутобиқ карда шуда, моддаи 462, бо дарназардошти талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» мавриди тасҳеҳ қарор дода шудаанд.

Илова ба ин, ҷиҳати истифодаи якхелаи мафҳумҳову истилоҳҳои ҳуқуқӣ ва таъмини мантиқи ҳуқуқӣ ба 9 моддаи кодекс тағйиру иловаҳои хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳриридошта ворид карда шудаанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» мегузарем. Сухан ба Ҷумъа­зода Шарифҷон дода мешавад.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 июни соли 2022 қабул кардааст.

Мақсади қонун аз фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии таъсиси ­ҷам­ъ­ияти саҳомӣ бо иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, ба ин васила, ба қисми 1 моддаи 12 қонуни амалкунанда илова ворид карда шудааст. Тибқи он, минбаъд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон метавонад ба сифати муассиси ҷамъияти саҳомӣ баромад намояд. Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» мегузарем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 июни соли 2022 қабул карда, мақсади қонун аз фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии таъсиси ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бо иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, дар ин робита, ба қисми 2 моддаи 8 қонуни амалкунанда илова ворид гаштааст, ки минбаъд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба сифати иштирокчии ҷамъият баромад намояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои  ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳтарам  аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»  мегузарем.

  Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон: — Муҳтарам  Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»  аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ  ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 июни соли 2022 қабул кардааст.  Мақсад такмили қонуни амалкунанда ва мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани муносибатҳои ҷудогонаи ба соҳаи энергетика алоқаманд буда, ба моддаи 2 мафҳуми «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика» бо шарҳи он илова гардида, ба ном ва матни моддаи 6, инчунин қисми сеюми моддаи 15 калимаи алоҳида ворид ё иваз карда шудаанд.

Ҳамчунин, моддаи 51 илова шуда, амалигардонии дастгирии давлатӣ дар соҳаи энергетикаро бо мусоидат ба ҷалби сармоягузорӣ, тарҳрезӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, маблағгузории барномаҳои мақсадноки давлатӣ, таъмини фаъолияти иттилоотӣ, ташкил ва иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва ғайра алоқаманд намудааст.

Инчунин, моддаҳои 181, 182 ва 191 илова карда шудаанд, ки мазмунан ва дар маҷмӯъ муносибатҳои марбут ба таҳияву тасдиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ дар соҳаи энергетика, таъминоти илмию техникии соҳа ва ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи мазкур мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додаанд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» мегузарем.  Сухан ба Ҷумъазода  Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» аз тарафи як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ  ва вакилони Маҷлиси намояндагон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 июни соли 2022 қабул карда, мақсад аз такмили қонуни амалкунанда тавассути бо ҳам мутобиқгардонии меъёрҳо бо риояи услуби забони давлатӣ  аст ва ба моддаҳои 1, 2, 9 ва 14 тағйироту иловаи дахлдор ворид карда шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Чунончи, тавассути тасҳеҳи моддаи 1 сархатҳои якум ва ёздаҳум, ки мувофиқан шарҳи мафҳумҳои «манбаъҳои барқароршавандаи энергия» ва «операторони шабакаи энергетикӣ»-ро муқаррар намудаанд, дар таҳрири нав ифода гардида, аз матни моддаи 2 калимаи «Сарқонуни» хориҷ ва дар қисми 1 моддаи 9 иваз намудани  калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» пешбинӣ карда шудааст.

Ҳамчунин, дар сархати ҳафтуми қисми 2 моддаи 14 калимаҳои «бо захираҳои манбаъҳои энергия» ба калимаҳои «ба захираҳои ин манбаъҳои энергия» иваз карда шудаанд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои  амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» мегузарем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» аз тарафи як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июни соли 2022 қабул намудааст.

Мақсад аз қабули қонун таъмини истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ, инчунин кам кардани талафот ва истифодаи таҷҳизоти барқии каммасраф мебошад.

Ба моддаҳои 8 ва 11 иловаҳо ворид гардида, тибқи онҳо, муайян кардани дараҷаи самаранокии энергетикии  мол аз ҷониби истеҳсолкунанда, воридкунанда амалӣ карда шуда, хулосаи мусбати экспертизаи давлатии энергетикӣ шарти ҳатмии тасдиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон ва навсозии биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла манбаъҳои гармӣ ва барқ, мебошад.

Ҳамчунин, моддаи 61-и иловагардида ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергияро муқаррар намудааст, ки он таҳия ва татбиқи барномаҳои маҳаллӣ, мусоидат барои ҷорӣ намудани таҷҳизот, технологияҳо  ва маводи каммасрафро дар доираи тат­биқи лоиҳаҳо пешбинӣ намудааст.

Қисми 3 моддаи 12 дар таҳрири нав ифода шуда, мутобиқи он, барои гузаронидани таҳқиқоти энергетикӣ танҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие иҷозат дода мешаванд, ки ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ бошанд.

Мутобиқи иловаи ба қисми 1 моддаи 17 воридгардида, самтҳои дастгирии давлатӣ дар соҳаи энергетикии дуюмбора ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин афзоиши шумораи объектҳои онҳоро истифодабаранда мушаххас гардидаанд.

Илова бар ин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки хусусияти мутобиқкунанда, муайянкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

  РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» мегузарем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳимояи рақобат» дар партави тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Асосҳои ташкиливу ҳуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» аз 28 майи соли 2021 аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ  ва вакили Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон 22 июни соли 2022 қабул кардааст.

Мақсади қонун аз такмили меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда ва тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ  тавассути  мушаххасгардонии ваколатҳои он иборат буда, ба қисмҳои 1 ва 6 моддаи 22 тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд.

Тибқи он, мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ минбаъд ваколатдор аст, ки бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ дар бораи қатъ намудани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар бораи бекор намудани иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии ба субъекти хоҷагидор додашуда, ки талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардааст, ба суд бо аризаи даъвоӣ муроҷиат намояд. Ҳамчунин, мақомоти мазкур метавонад бо мақсади мусоидат ба рушди бозорҳои мол ва рақобат, дастгирии соҳибкорӣ ва ғайриинҳисорӣ намудан ба мақомоти дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба субъектҳои хоҷагидорие, ки маротибаи аввал ба бозори моли муайян дохил мешаванд, додани на танҳо қарзи имтиёзнок, балки грантҳо низ, тавсияҳо манзур намояд.

Ҳамчунин, қисми 2 моддаи 29 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд аз рӯзи ба суд барои баррасӣ ворид гардидани шикоят иҷрои фармоиши мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ то санаи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд боздошта мешавад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

  РАИС:  - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем.

Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲИМӢ Фарҳод: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунэҷодкунии узви Маҷлиси миллӣ ва як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия ва пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 майи соли 2022 қабул кардааст.

Мақсад аз ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба қонуни зикршуда мутобиқ намудани баъзе аз меъёрҳои он ба дигар санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ буда, дар доираи он ба моддаи 31 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид шудаанд, ки тартиби савгандёдкунии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро мушаххас менамояд.

Мувофиқи тартиби нав, ҳангоми савгандёдкунии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар толори Маҷлиси миллӣ  ва Маҷлиси намояндагон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида савганд ёд мекунанд ва зери матни савганд имзо гузошта, онро ба раисикунанда месупоранд ва матни савганди имзонамуда дар парвандаи шахсии онҳо нигоҳ дошта мешавад.

Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мегузарем. Сухан ба Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад.

РАҲИМӢ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни соли 2022 қабул кардааст.  Қонун бо мақсади ба низом даровардани муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Ҳамин тариқ, моддаи 1 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки таъмин ва амалӣ намудани ҳуқуқи инсон ва озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, инчунин вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои диниро муайян ва мушаххас менамояд.

Мутобиқи иловае, ки ба қисми 3 моддаи 9 қонуни амалкунанда ворид гардидааст, шахсоне, ки ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремис­тидошта, инчунин дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд, муассис ё ходимони иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд.

Ҳамчунин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шудааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонуни мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» мегузарем. Сухан ба Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад.

РАҲИМӢ Фарҳод : — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» бо мақсади мутобиқ, мушаххас ва мукаммал намудани баъзе аз меъёрҳои қонуни амалкунанда аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни соли 2022 қабул намудааст.

Иловаи ба қисми 4 моддаи 1 қонуни амалкунанда воридгардида доираи амали қонунро муайян намуда, иловаи воридгардида ба сархати дуюми моддаи 2 мафҳумҳои асосии дар қонуни амалкунанда истифодашударо мушаххас гардонидааст.

Ҳамчунин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид шудааст, ки хусусияти мутобиқкунанда, муайянкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қаландарзода М. С.» шурӯъ менамоем.

Сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

 АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қаландарзода М. С.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бозхонд намудани Комилӣ Ф.» мегузарем.

Марҳамат, Ализода Зариф, сухан ба шумо.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз­хонд намудани Комилӣ Ф.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Комилӣ Ф.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Азизӣ Ҷ. А.» мегузарем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Азизӣ Ҷ. А.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Азизӣ Ҷ. А.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Усмонзода Т.» мегузарем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи  судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Усмонзода Т.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Усмонзода Т.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзозода Р. П.» мегузарем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод «Дар бораи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзозода Р. П.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзозода Р. П.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Комилӣ Ф.» мегузарем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Комилӣ Ф.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Комилӣ Ф.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Хайриддинзода А.» мегузарем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод «Дар бораи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Хайриддинзода А.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Хайриддинзода А.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Одиназода Ҷ. Х.» мегузарем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Одиназода Ҷ. Х.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Одиназода Ҷ. Х.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ёқубзода А. Х.» мегузарем. Сухан ба Ализода Зариф  дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ёқубзода А. Х.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ёқубзода А.Х.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Иброҳимзода Ш. С.» мегузарем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Иброҳимзода Ш. С.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Иброҳимзода Ш. С.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ғуломзода И. Ш.» мегузарем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ғуломзода И. Ш.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ғуломзода И.Ш.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Холиқмуродзода Д. А.» мегузарем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Холиқмуродзода Д. А.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Холиқмуродзода Д. А.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Ҳафиззода Т. Ҷ.» мегузарем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҳафиззода Т. Ҷ.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҳафиззода Т. Ҷ.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шӯҳратзода У.» мегузарем. Марҳамат, Ализода Зариф, сухан ба шумо дода мешавад.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шӯҳратзода У.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шӯҳратзода У.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Маҳмадзода Х.Б.» мегузарем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Маҳмадзода Х. Б.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Маҳмадзода Х. Б.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Солеҳзода З. Т.» мегузарем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Солеҳзода З. Т.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Солеҳзода З.Т.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бекзода А. А.» мегузарем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бекзода А. А.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бекзода А.А.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Усмонзода Т.» мегузарем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Усмонзода Т.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Усмонзода Т.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо истифода аз фурсат мехоҳам роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳои тозаинтихоби Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати интихоб гардидан ба мансабҳои нав аз номи худ ва аз номи аъзои Маҷлиси миллӣ самимона табрик гӯям.

Бовар дорам, ки шумо дар фаъолияти корӣ муқаррароти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат дар ҷомеа донишу малака ва саъю талоши худро равона месозед. Ба ҳамаи шумо барори кор хоҳонам.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи талаботи банди 103-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиботи иҷлосия оид ба рафти кори иҷлосия, муроҷиатҳо ва ҳуҷҷатҳои ба унвони иҷлосияи Маҷлиси миллӣ воридшуда маълумот манзур менамояд.

Доир ба ин масъала сухан ба раиси котибот Додхудо Фаррух дода мешавад. Марҳамат.

ДОДХУДО Фаррух:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Унвонии Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муроҷиат, ариза, дархост ворид нашудааст.

 РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баррасӣ ва нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Доир ба рафти иҷлосия таклифу пешниҳодҳо бошанд, марҳамат иброз намоед. Нест.

Бо ҳамин Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон садо медиҳад)

АМИНИЁН Хӯҷаназар,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ