Паёмҳои Президент — заминаи қабули санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ

№103 (4365) 13.08.2021

Мувофиқи моддаи 22 — юми Қонуни Ҷумҳурии То­ҷи­кистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳу­қу­қӣ», Пре­зи­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии То­ҷи­кистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ фар­мон мебарорад ва амр медиҳад. Яке аз санадҳои дигари муҳими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон мебошад, ки фарогири масъала­ҳои вобаста ба илму маориф, иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳуқуқу сиёсат, ташаккул ва рушди қонунгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳр­ванд аст.

Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолии мамлакат, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, риояи қонунгузорӣ ва дар маҷмӯъ, баҳри рушду инкишофи мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад. Онҳо, тибқи талабот, бояд, ки аз ҷониби шахсони масъулу ваколатдор сари вақт ва бо сатҳу сифати баланд иҷро гарданд. Зеро дар амал татбиқ кардани онҳо баҳри рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи қабули қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории амалкунандаи мамлакат, қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ворид намудани тағйиру илова ба онҳо мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 пешниҳод намуданд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳо, авф гузаронида шавад. Дар ҳамин хусус, Ҳукумати мамлакат муваззаф гардид, ки вобаста ба татбиқи пешниҳоди мазкур санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва қабул намояд.

Тибқи банди 12 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26 январи соли 2021 зикр гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро 30-юми июни соли 2021 баррасӣ ва қабул кард. Он аз муқаддима ва 13 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз ҷониби давлат гузаронидани иқдоми истисноии якдафъаина оид ба афв бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, мақcади асосиаш фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, боз­гардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллӣ, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад.

Таҳти мафҳуми афв бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо озод намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дороиҳо ва маблағҳое, ки мутобиқи талаботи қонуни мазкур қонунӣ гардонида мешаванд, додани имтиёзҳои андозӣ ва кафолатҳои давлатии ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандоне, ки дороиҳо ва маблағҳои худро қонунӣ мегардонанд, фаҳмида мешавад.

Бояд хотирнишон сохт, ки аввалин маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк» 16 майи соли 2007 қабул шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки он дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 20 апрели соли 2006 таҳия ва қабул гардид.

Ҳамин тавр, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷатҳои расмӣ, ҳуқуқӣ ва санадҳои сиёсӣ — ҳуқуқӣ заминаи қабули қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва алалхусус, қонунҳо дар бораи афв, мебошанд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон