Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Роҳбарони сохторҳои маҳаллии маорифро минбаъд вазорати маориф ва илм барканор ва таъин хоҳад кард

№124 (4230) 06.10.2020

(Идома аз шумораи гузашта)

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Ҳакимзода Шариф дода мешавад. Марҳамат.

Шариф ҲАКИМЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Мақсад аз таҳияи он ба роҳ мондани низоми ягонаи назорат ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Ҷиҳати таъмини иҷрои ин мақсад аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сох­торҳои маҳаллии он пешбинӣ мешавад.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии зикр­гардида бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2020 таҳти №205 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон онро дастгирӣ намуда, ҷиҳати такмил ҳафт таклиф манзур намуданд, ки қобили қабул дониста шуданд.

Бинобар сабаби ба банди якуми қонуни конститутсионии амалкунанда мухолифат доштани иловаи дар лоиҳаи воридгардида пешбинишуда, масъала 7 сентябри соли 2020 дар доираи кумита бо ҳузури муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло ва иштироки Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Зариф Ализода ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ баррасӣ гардид ва илова аз қисми дуюм ба қисми якуми моддаи 201 бо ифодаи «ба истиснои соҳаи маориф» гузаронида шуд.

Яъне, дар моддаи 201 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», ки тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро танзим мекунад, бо дарназардошти аз буҷети маҳаллии дахлдор маблағгузорӣ шудан масъалаи таъин ва озод шудани онҳо, аз ҷумла роҳбарони зерсохторҳои дар маҳалбудаи соҳаи маориф низ, бо розигии хаттии роҳбарони мақомоти марказӣ аз ҷониби раисони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба амал бароварда мешуд. Тибқи лои­ҳаи мавриди баррасӣ қарордошта, дар назар аст, ки минбаъд муқаррароти моддаи мазкур (201) ба истиснои соҳаи маориф амалӣ карда шуда, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони воҳидҳои сохтории дар маҳалҳодоштаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо раисони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби роҳбари мақоми марказии ҳокимияти давлатӣ ё вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонуни конститутсионӣ қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шурӯъ менамоем.

Оид ба ин масъала муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронданд. Ҳоло сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Содиқӣ Насиба Нуруллозода дода мешавад. Марҳамат.

Содиқӣ Насиба Нуруллозода:Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маориф» бо мақсади баланд бардоштани назорати сифати таълиму тарбия ва беҳтар намудани раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шуда, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2020 таҳти №207 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро 11 сентябри соли 2020 дар ҷаласаи васеи Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Эҳтиромона хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2018-2019» шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дода мешавад. Марҳамат!

Завқизода Завқӣ Амин: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2018-2019» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020 таҳти №406 қабул ва ба баррасии шумо, вакилони муҳтарам, пешниҳод гардидааст. Он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2019 таҳти №538 маъқул дониста, аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдо 21 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.

Дар доираи созишнома Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия ҷиҳати омӯзонидани муҳоҷирони меҳнатӣ бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат ва тахассусноккунии онҳо лоиҳаи «Беҳтар намудани шуғл ва даромаднокии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон»-ро ба маблағи умумии 4 000 000 евро (чор миллион евро) амалӣ менамояд.

Лоиҳаи санади мазкур дар ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардид. Вобаста ба ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ашуров Ғиёсиддин дода мешавад.

Ғиёсиддин АШУРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2018-2019, ки 21 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии созишнома ба ҳамгироии муҳоҷирони ба Ватан баргашта бо роҳи гузаронидани омӯзиш, тренингҳо, инчунин, тақвияти неруи сохторҳое, ки ба онҳо хизматрасонии дахлдорро пешниҳод мекунанд, равона мегардад.

Созишнома, ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани малака ва қобилияти муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин, фароҳам овардани имкониятҳои таълимӣ бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат ва ихтисосмандкунонии муҳоҷирони меҳнатӣ ва омилҳое, ки бо муҳоҷирати меҳнатӣ алоқаманданд, равона карда мешавад.

Мутобиқи моддаи 2 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2018-2019 мушаххасоти лоиҳа, аз қабили шумораи шаҳру ноҳияҳо, фарогирии шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ва хонаводаҳо бо таълим, шумораи кормандони бахши давлатӣ ва дигар сохторҳои хизматрасон, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати ҳамгироии онҳо пас аз бозгашт кумак мерасонанд, ҳамчунин, бахшҳои алоҳида пас аз тасвиби он, муайян карда мешавад.

Тибқи иттилои Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Германия, гурӯҳҳои мақсадноки муҳоҷирон, шумораи онҳо ва сохторҳое, ки бо муҳоҷирон ва хонаводаҳо бояд дар раванди ҳамгироӣ кор кунанд, дар 12-13 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва интихоб карда мешаванд. Пас аз тасвиби созишнома тарафҳо, яъне Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати муайян кардани вазъи корҳо дар самти зикргардида, эҳтиёҷоти муҳоҷирон ва мавзӯъҳои зарурӣ барои таълим ва бозомӯзии муҳоҷирон ва сохторҳои манфиатдор таҳқиқот гузаронида мешавад. Дар асоси таҳқиқот дастурамал ва вазифаҳои дахлдори техникӣ барои татбиқи созишнома таҳия хоҳанд гардид.

Созишномаи зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд. Он бо тартиби муайяннамудаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар Кумита оид ба иқтисод ва молия мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мувофиқ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2018-2019» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дода мешавад. Марҳамат!

ЗАВҚИЗОДА Завқӣ Амин: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи нақшаи ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020 таҳти №417 қабул ва ба баррасии шумо, вакилони муҳтарам, пешниҳод гардидааст.

Бо мақсади омӯзиши вазъи ҷойгиршавии ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо комиссияи байниидоравӣ таъсис дода шуд. Таҳлили гузаронидашуда муайян намуд, ки баландшавии сатҳи дарёи Ёхсу ва обхезиҳои қаблан рӯйдода ба як қисми майдони минтақа таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад, ки дар оянда ба фаъолият ва рушди минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» таъсири манфӣ мерасонад.

Дар натиҷа, аз ҷониби комиссияи мазкур ду варианти интихоби ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» пешниҳод гардид, ки яке аз онҳо ҳамчун варианти асосӣ дастгирӣ ёфт. Замини пешниҳодгардида аз ҳисоби заминҳои ҷамоати деҳоти «Зиракӣ» дар майдони 309,32 гектар, яъне, дар масофаи 1,3 км болотар аз ҳудуди мавҷуда қарор дошта, пешниҳоди мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ карда шуд.

Ҳоло зарурати иваз намудани ҳудуди минтақа ва ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 таҳти №98 ба миён омадааст. Аз ин рӯ, лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1 марти соли 2019 таҳти №98» таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020 таҳти №417дар таҳрири нав маъқул донис­та шудааст.

Илова бар ин, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020 «Дар бораи гирифтан ва ба маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» додани қитъаҳои замин» қабул гардидааст, ки майдони умумии 309,32 гектарро ташкил медиҳад.

Тибқи банди 3 қарори боло­зикр, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вазифадор гардидааст, ки ба ивази заминҳои гирифташуда ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ёрирасони шахсӣ заминҳои баробарарзиш пешниҳод намояд. Инчунин, қитъаҳои замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ёрирасони шахсӣ ба минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» танҳо баъди гирифтани ҳосили рӯёнидашуда дода шаванд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 таҳти №98» дар ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардид.

Бо дарназардошти нуктаҳои зикргардида, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям лоиҳаи қарори номбурдаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Раҳмонзода Зоир Файзалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмонзода Зоир Файзалӣ:Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2020 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 таҳти №98» ҷиҳати иваз намудани Нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Мақсад аз ташкил намудани минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ин:

- амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар;

- рушди иқтидори иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, минтақаҳо ва маҳалҳои алоҳидаи он;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои воқеии иқтисодиёт;

- нигоҳдории ҷойҳои кории мавҷуда ва ташкили ҷойҳои нави корӣ;

- ҷалби техникаи муосир ва технологияи инноватсионӣ;

- баланд бардоштани иқтидори содиротиву рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда ва ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ба ҳисоб рафта, ба ин васила дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва беҳтар намудани ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии сокинони кишвар саҳм гузоштан мебошад.

Қабули лоиҳаи қарори пешниҳодгардида барои таъмини фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» аҳамияти калон дорад.

Лоиҳаи қарори мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 24 августи соли 2020 таҳти №214 барои пешниҳоди хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол гардид. Кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкарда онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, шахсони масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» лоиҳаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро қобили қабул донистанд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, зарурати иваз намудани Нақшаи ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва тағйир додани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 таҳти №98 ба миён омадааст. Вобаста ба ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардиданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён мекунам.

Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ