Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳнамое, ки мардум ҳар сол интизоранд

№10 (4750) 19.01.2024

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамунсоз шинохта шудааст. Имсол он бо таҳлили амиқи соли сипаришуда ва мушаххас намудани самтҳои асосии фаъолият дар солҳои минбаъда аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар ҳамовозии бештар пайдо кард.

Роҳбари давлат дар оғоз аз пешравиҳо ёдовар шуда зикр карданд, ки соли 2023 дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расида, қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххас андешида шуд. Ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Президенти кишвар изҳор доштанд, ки дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.

Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикр­гардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Ин нуктаҳое, ки Президенти ҷумҳурӣ дар ­Паёмашон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, воқеан, аз сатҳи рушди мунтазами соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар шаҳодат медиҳад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони имрӯза на ҳар давлат имкони дар чунин сатҳ рушд карданро дорад.

Президенти кишвар бо мақсади идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардондани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯӣ менамояд.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардида, дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду навсозӣ шуд.

Пешвои миллат Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор карданд, ки барои баланд бардоштани шаффофият, боз ҳам беҳтар гардондани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва бартараф кардани монеаҳои маъмурию сунъӣ дар ин самт тадбирҳои саривақтӣ андешанд ва ташаббусҳои соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.

Роҳбари давлат бахши сармоягузориро таҳлил намуда аз ҷумла, зикр карданд, ки дар ҳафт соли охир ба кишвар беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.

Президенти кишвар соҳаи саноат ва инноватсияро яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки пешрафти он имкон медиҳад сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардад ва барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам шавад.

Ба таъкиди Роҳбари давлат, солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар, 85,7 миллиард сомонӣ равона шуд.

- Низоме, ки дар 75 соли замони ­гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб, ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ карда шуд. Агар мо ин корро намекардем, шояд имрӯз умуман бе барқ мемондем, — таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин давра танҳо барои навсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 миллиард сомонӣ равона гардида, Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд.

Инчунин, таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо, дар маҷмӯъ, 423 мегаватт афзоиш меёбад. Нуктаи муҳим он аст, ки неругоҳҳои зикршуда баъд аз навсозӣ ба мардуми Тоҷикистон боз даҳсолаҳои дигар хизмат хоҳанд кард.

Бо назардошти барои сайёҳӣ ҷолиб будани кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса доранд. Дар Паём зикр гардид, ки солҳои 2018-2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо шуд.

Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки имкониятҳои барои рушди соҳа истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд. Аз ин рӯ, бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти сайёҳӣ ва назорати қатъии онҳо супориш доданд, ки таҳти роҳбарии муовини дахлдори Сарвазири кишвар бо шомил намудани яке аз муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории босалоҳияти доимӣ таъсис дода шавад.

Соҳаи маориф аз солҳои аввали соҳиб­истиқлолӣ зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин рӯ, ҳамасола иншооти зиёди соҳа сохта ба истифода дода шуда, ҳамчунин, барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Дар Паём Роҳбари давлат оид ба корҳои анҷомдода барои рушди соҳаи мазкур зикр карданд, ки дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда ба истифода дода шуд.

Нуктаи дигари хурсандибахш дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд шудани ҳаҷми маош ва нафақа дар соли 2024 мебошад. Ин иқдоми Роҳбари давлат, ки нишони ғамхориашон аст, аз ҷониби шаҳрвандони кишвар бо хушнудӣ пазироӣ шуд. Ба ҳукми анъана даромадааст, ки Президенти кишвар ҳамасола чунин иқдомҳои башардӯстонаро амалӣ менамоянд. Аз ин рӯ, мо — шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлолро мебояд дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳои Пешвои миллат аз ҳарвақта бештар заҳмат кашем ва барои ободии кишвари маҳбубамон саҳм гузорем. Ҳамон тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем».

Мақсудалӣ УМАРАЛИЗОДА,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон