Роҳҳои пешгирии терроризм ва экстремизмро чӣ гуна метавон муайян кард?

№22 (3972) 26.02.2019

коллажТерроризм ва экстремизм дар он ҷой ва ҳолате пайдо мешавад, ки ҷомеа гирифтори буҳрони амиқи ғоявӣ, мафкуравӣ ва низоми давлативу ҳуқуқӣ бошад. Дар чунин вазъият дар ҷомеа гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, маҳаллӣ ва монанди инҳо пайдо мегарданд, ки онҳо қонунӣ будани ҳокимият ва умуман, тамоми низоми идоракунии давлатиро зери шубҳа мегузоранд. Вақте гурӯҳҳои мазкур ба хулоса меоянд, ки ба мақсадҳои худ бо роҳи қонунӣ ноил намегарданд, ба истифодаи зӯроварӣ, террори рақибони сиёсӣ, пешвоён ва намояндагони онҳо даст мезананд.

Терроризм ва экстремизм ҳамқадами доимии инсониятанд. Ҳанӯз дар асри I то мелод дар Яҳудистон (Иуде) мазҳаби ханҷардорон (секта сикарев) амал мекард, ки ҷонибдорони он дар ҳамкорӣ бо римиён донишмандон, устодон, аъёну ашроф ва олимақомони яҳудиро нобуд мекарданд.

Фома Аквинский ва падарони дини христианӣ бошанд, қатли ҳокимеро, ки ба фикри халқ душман ё хиёнаткор аст, иҷозат медоданд.

Мазҳабҳои алоҳидаи дини ислом низ дар давраи пайдоиш куштори халифа, сардорон, мансабдорони маъмурӣ ва ҳарбиро ҷонибдор буданд ва ба ин амал даст мезаданд. Баъзе ҷамъиятҳои махфӣ дар Ҳиндустон ва Хитой низ аз террори сиёсӣ истифода мебурданд. Дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорони мазҳаби исмоилия нисбат ба донишмандони ислом муборизаи пинҳониро бо истифода аз ҷисман нобуд кардани рақибони сиёсӣ амалӣ месохтанд.

Дар ибтидои асри XX терроризм ба сатҳи давлатӣ баромад. Дар Германия, Италия ва Испания режимҳои зиддихалқӣ рӯйи кор гирифта шуданд, ки бо истифодаи зӯрӣ ва таҳдид аҳолиро ҳамеша зери тарсу ҳарос нигоҳ медоштанд.

Дар заминаи аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои соҳибистиқлолу мустақил пайдо шуданд, ки ба зиддиятҳои сиёсӣ барои ба даст овардани ҳокимият дучор гардиданд. Боиси таассуф аст, ки аз ин раванди таърихӣ Тоҷикистони тозаистиқлол низ канор намонд. Ихтилофи андешаҳо дар масоили гуногун ба зиддиятҳои мусаллаҳона табдил ёфта, боиси пайдоиш ва ташаккул­ёбии гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар мамлакат гардиданд. Ташвишовар он буд, ки роҳбарони тарафҳои муқобил бо истифода аз гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо ҳам мубориза мебурданд, ҳатто ба ҷисман нобуд кардани рақибони сиёсӣ даст мезаданд ва бо ин роҳ на танҳо рақибони сиёсӣ ва муқобилон, балки аҳолии бегуноҳро ба ваҳму таҳлука меандохтанд, ҳаёти осоиштаро ноором мекарданд. Даҳшатовар буд, ки дар баробари фаъолони сиёсӣ, ходимони давлатӣ, шахсиятҳои соҳибэҳтирому боэътибори давлативу ҷамъиятӣ, зиёиён, кормандони соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ қурбонии гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ мегардиданд.

Хушбахтона, бо кӯшишҳои пайгирона ва ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии аҳолии кишвар ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфт, сулҳи комил ва оромии қатъии сиёсиву иҷтимоӣ барқарор гардид. Заминаҳои бевоситаи терроризм ва экстремизм аз байн бурда шуданд ва инак, зиёда аз бист сол аст, ки мардум ҳаёти осоишта ба сар мебаранд. Имрӯз ҳар як сокини кишвар вазифадор аст, ки сулҳу осоиштагӣ ва истиқлолияти миллиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорад, зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, нагузорад, ки кишвар дубора ба маркази терроризм ва экстремизм табдил ёбад.

Барои он ки зуҳуроти номатлубе чун экстремизм ва терроризм пешгирӣ ва решакан карда шаванд, бояд, пеш аз ҳама, моҳият, сабаб ва мақсадҳои содиршавии онҳоро аниқ кард.

Экстремизм калимаи лотинӣ буда, маънои майл доштан ва тарафдор будан ба ақидаҳои инфиродии моҷароҷӯёнаро дорад. Дар сиёсат зери мафҳуми экстремизм кӯшиши бо роҳҳои қатъӣ (радикалӣ), бо истифода аз ҳама шакли зӯроварӣ, бо ҳаросафканӣ ҳал намудани масъалаҳо ва ноил гардидан ба мақсад фаҳмида мешавад.

Терроризм яке аз зуҳуроти экстремизм буда, аз калимаи лотинии «terrorism» сарчашма мегирад ва мазмуни даҳшат, ваҳм, воҳима, хавф, офат, тарс, ҳарос, бим, хавотирӣ, ҳаяҷон, изтироб, ниҳоят бад, хеле бад, аз ҳад зиёд бад, бениҳоят, ҷудо ҳам, бисёр ганда, аблаҳона, тарсондан, таҳдид кардан, дӯғу пӯписа карданро дорад.

Мақсади бевосита ва асосии экстремизм барангехтани кинаву адоват ва низои миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ, тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубияти онҳо ба миллат, нажод ё маҳал мебошад.

Мақсади терроризм на куштор, балки ба даҳшат овардан, мурданивор тарсонидан, ба воҳима андохтан, рӯҳафтода намудан, бесару сомон ва бадахлоқ кардани одамон аст. Қурбониён — олот, куштор — тарзу усул, идрок ва равиши терроризм мебошад. Олимон қариб 200 хел мафҳуми терроризмро шарҳ додаанд, ки қариб ҳамаи онҳо экстремизм ва терроризмро ҳамчун зӯроварии беадолатона баҳо медиҳанд, вале ягонтои онҳо ба сифати мафҳуми классикӣ, яъне аниқ ва бебаҳс, эътироф нагардидаанд. Таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодати он аст, ки экстремизм ва терроризм, чун дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа, асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ доранд. Аз ин рӯ, пешгирии экстремизм ва терроризм аз омода ва амалигардонии маҷмӯи воситаҳои ташкилӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, маишӣ, иттилоотӣ, тарбиявӣ, фаврӣ — ҷустуҷӯйӣ, махсус ва дигар чораҳое, ки давлат ва мақомоти ваколатдори он амалӣ сохта, ба огоҳкунӣ, муайянкунӣ, пешгирӣ, муайян ва бартараф намудани омилу сабабҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда равона шудаанд, иборат мебошад.

Ҳамчунин, огоҳкунӣ ва пешгирии экстремизм ва терроризм вазифаи танҳо давлат ва мақомоти он набуда, уҳдадории конститутсионии ҳар як узви ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокини мамлакат аст, яъне бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ пешоҳанг бошад. Аз ин рӯ, натиҷабахшии фаъолият ҷиҳати огоҳкунӣ ва пешгирии экстремизм ва терроризм, пеш аз ҳама, аз мавқеи аниқи ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, фаъолон ва шаҳрвандон вобаста аст. Бинобар ин, огоҳсозӣ ва пешгирии экстремизм ва терроризм бояд ҳамчун воситаи муттаҳид намудани кӯшишҳои сокинони кишвар баҳри мустаҳкам намудани асосҳои иқтисодӣ ва сиёсии давлат хизмат кунад.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолият огоҳсозӣ ва пешгирии экстремизм ва терроризм дар байни ҷавонон мебошад, зеро мутахассисон ба он ақидаанд, ки объекти хеле мувофиқ барои қабули ақидаҳои экстремистӣ ва террористӣ хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва наврасон мебошанд, ки ҳоло пурра ташаккул наёфтаанд ва зудбоваранд. Вале, ҷавонон вақте объекти фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ мегарданд, ки аллакай ягон ҳаракати ғайриқонунӣ, ҳатто ҷинояти вазнин ва ё махсусан вазнин, аз қабили дуздӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, авбошӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ, куштор ва дигар ҷиноятҳои қасдонаи ғаразнок содир кардаанд. Маҳз бо ҳамин сабаб фаъолият дар ин бояд аз пешгирии қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ, махсусан экстремизм ва терроризм дар байни ҷавонон ва наврасон, оғоз карда шавад.

Фаъолият дар ин самт набояд даврӣ, балки доимӣ, пайваста ва фарогири самтҳои ҳаёт, инчунин, ба ҳамкории байниидоравӣ ва субъектҳои бар зидди ин ҷиноятҳо муборизабаранда асос ёфта бошад. Яъне, чораҳои ташкиливу амалӣ андешида шаванд, ки ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, миллатдӯстӣ, риояи урфу анъана ва одатҳои миллӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, дастгирии ҳамдигар, гиромидошти арзишҳои таърихӣ, миллӣ ва монанди инҳо тарбия ёбанд.

Дар робита ба ин, зарур аст, ки мунтазам вохӯрии ҷавонону наврасон бо хизматчиёни ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, пешқадамони истеҳсолот, фаъолон, шахсони обрӯманд ташкил ва гузаронида шавад. Мавзӯи вохӯриҳо бояд характери тарбиявӣ дошта, гуногунранг ва мароқзоҳиркунанда бошанд. Агар наврасону ҷавонон дар давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ барои хизмат ба халқу Ватан омода карда мешуданд, беҳтар мебуд.

Дар муассисаҳои таълимӣ ташкил кардани осорхонаҳо ва кабинетҳои махсус, ки чорабиниҳои ҳарбӣ — варзишӣ ва монанди онҳоро ташвиқу тарғиб мекунанд, аз манфиат холӣ нест. Дар вазъияти тантанавӣ таҷлил намудани идҳои «Рӯзи Ғалаба», Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра низ ба манфиати кор аст.

Дар давраи таътил ташкил кардани саёҳати хонандагону ҷавонон ба шаҳру ноҳияҳо, минтақаҳои мамлакат ва берун аз он ҷаҳонбинии ҷавононро васеъ ва онҳоро бо ҳам наздик мегардонад.

Кори таълиму тарбия, пеш аз ҳама, бояд дар оила ва муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ баланд бардош­та шавад. Мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зарур аст, ки дар самти баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд чораҳои мақсаднок андешида шаванд, зеро айни ҳол баъзе падару модарон ба таълиму тарбия ниёзманданд.

Табиист, ки бинобар набудани ҷойи кори доимӣ ва ё маоши муносиб бисёр ҷавонон, пеш аз ҳама, мардон, дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз кишвар қарор доранд ва кори таълиму тарбия ба зиммаи модарони ҷавон аст. Вале, баъзе ҷавонзанҳо ҳатто аз одитарин роҳу усули таълиму тарбия бехабаранд. Аз ин ҷост, ки бархе ҷавонон дар оилаҳое ба воя мерасанд, ки аз фарҳанги ватандӯстӣ, миллатпарварӣ, инсондӯстӣ, гиромидошти ҳурмату эҳтироми волидайну пайвандон, калонсолону солеҳон маҳруманд. Ин гунаҳо дар рӯҳияи худпарастӣ камол ёфта, танҳо манфиатро медонанд. Барои онҳо обрӯи миллат, Ватан, ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳои ҷомеа ва дигар азришҳо дастнорасанд. Маҳз чунин ҷавонон зери таъсири таблиғоту ташвиқоти гурӯҳҳои иртиҷоӣ мемонанд, ҳаёти шоҳонаро дар «ҷиҳод» бар зидди пайравони дигар дину мазҳабҳо, иштирок дар гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ мебинанд. Ба ҳамин хотир аст, ки азми давлатҳои Сурияву Ироқ намуда, ба ташкилоти экстремистиву террористии «Давлати исломӣ» ва монанди он пайваст мешаванд. Масъулини мақомоти дахлдори давлатӣ ва мутахассисон то ба ҳол сабабҳои аслии ин равандро муайян накардаанд ва танҳо бо оқибатҳои он мубориза мебаранд. Зеро бисёриҳо кӯркӯрона бар он ақидаанд, ки бо роҳи зӯрӣ, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва дигар намудҳои ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор метавонад ба пояи экстремизм ва терроризм теша занад. Дар асл ин хулосаҳо нодурус­танд. Нооромиҳои сиёсии солҳои навадуми асри гузашта дар кишвар ва берун аз он шаҳодат медиҳанд, ки экстремизм ва терроризмро бо роҳи зӯрӣ аз байн бурдан ғайриимкон аст.

Боиси ифтихор аст, ки мо — тоҷикон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён таҷрибаи нодири бо роҳи муколама расидан ба сулҳи комилро нишон додем ва ба амалҳои террористӣ дар мамлакат хотима бахшидем.

Вале бархе аз бадхоҳони миллату давлат фаҳмидан намехоҳанд, ки танҳо кӯшишу талошҳои пайгирона, сиёсати ватандӯстонаву миллатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ва татбиқи он, барқарории сулҳу ваҳдат дар мамлакат гардиданд. Набояд фаромӯш кард, ки омили бевоситаи бартараф гардидани содиршавии фаъолияти экстремистӣ ва амалҳои террористӣ дар кишвар барқарор намудани вазъи ороми сиёсиву иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошад.

Ҳамин тавр, барои он ки пеши роҳи терроризм ва экстремизмро пурра гирифта тавонем, зарур аст, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм (ифротгароӣ)» ва «Дар бораи мубориза бо терроризм» вазъи ороми сиёсиву иҷтимоии ҷомеа нигоҳ дошта шавад. Бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта тамоми сокинон дар дохили кишвар ба кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин гарданд. Баробарҳуқуқӣ ва дӯстии миллату халқиятҳо дар кишвар таъмин, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзишҳои муқаддас ҳифз шаванд. Баҳри татбиқи муқаррароти Конститутсияи кишвар ҷиҳати бунёди ҷомеаи адолатпарвар, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон тамоми ҳамдиёрон дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошанд.

Азизмуҳаммад ХОЛМУҲАММАДЗОДА,

раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон