Робитаҳои байнипарламентӣ тавсеа меёбанд

№86-87 (3387-3388) 25.06.2015

DSC_0755Бисту дуюми июни соли 2015 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати парламентии Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолиро таҳти роҳбарии раиси Кумитаи арзёбии шаҳрвандӣ оид ба амният дар созмони мазкур ҷаноби Виталино Канас, ки ба кишвари мо бо сафари корӣ ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи ҳайати воломақомро дар доираи ҳамкориҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин созмон ва Парламенти Аврупо фоли нек маънидод карда, саҳми онҳоро дар татбиқи барномаҳои муштараки байнипарламентӣ ва давлатӣ, ки тақвияти тоза касб кардаанд, махсус таъкид сохт.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи меҳмононро ба он ҷалб намуд, ки дар марҳилаи кунунии робитаҳо тақвияти ҳамкориҳо дар самти рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷалби инвеститсияҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо барои татбиқи барномаҳои мақсаднок, пеш аз ҳама лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, мувофиқи мақсад мебошад, зеро заминаҳои ҳуқуқӣ тақозо менамоянд, ки сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд тавсеа дода шавад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз парламентарҳои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ хоҳиш намуд, ки дар ҷараёни боздиди хеш аз Тоҷикистон оид ба вазъи кунунӣ, пешрафти ҳаёти мамлакат дар асоси плюрализми сиёсӣ, эҳтиромгузорӣ ба арзишҳои демократӣ ва татбиқи барномаҳои созандаи кишвар оид ба бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ воқеъбинона муносибат намоянд.

Зимни мулоқот ҳамзамон масоили вазъи минтақа ва субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мубориза алайҳи таҳдиду проблемаҳои муосири глобалӣ, экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои трансмиллӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифта, баҳри тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Ҷаноби Виталино Канас ва ҳайати ҳамроҳонаш аз пазироии самимии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузор шуда, изҳори эътимод карданд, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созанда тамоми тадбирҳо амалӣ карда мешаванд.

Мулоқот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Шавкат Саидов. Суратгир А. Исоев