Соати парлумонӣ

Рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ташаккули миллат

№28 (3822) 03.03.2018

IMG_6405Якуми марти соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим  Холиқзода дар мавзӯи «Ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ дар шаклгирии миллати муосир ва ваҳдати миллӣ»  соати парлумонӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

- Тоҷикон аз зумраи халқҳои қадимаи Осиёи Марказӣ буда, дар таърих ҳамчун миллати мутамаддин ва фарҳангофар шуҳрат ёфтаанд ва ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ на фақат адабиёти пурғановат, шоҳасарҳои бадеию ахлоқӣ ва илму фалсафаи ноб, балки намунаи волои ҳунарҳои мардумӣ ва саноати дастиро ворид намудаанд. Вале, ин бахши маданияти моддӣ ва санъати мардумӣ, вобаста ба хусусияти мавҷудият ва фазои паҳншавию талабот тайи солҳои охир аз доираи таваҷҷуҳи ҷомеа дар канор монд ва бисёр унсуру намунаҳои он ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Қисмате аз онҳо ашёи нолозиму боқимондаи даврони куҳна арзёбӣ гардид, ки фақат дар байни як гурӯҳи маҳдуди қишри ҷомеа нигаҳдорӣ мешуд. Дар баробари ин, раванди ҷаҳонишавӣ, ки ба фарҳангҳои миллӣ хатар эҷод мекунад, доираи истифодаю рушди онҳоро низ маҳдуд сохтааст. Маҳсулоти ҳунарҳои дастии мардумӣ ифодакунандаи завқу табъ, рӯҳия, шуури таърихӣ, эстетикӣ, олами маънавӣ, арзишофаринӣ,  қобилияти эҷодкунӣ, хотираи таърихии мардум ва муаррификунандаи миллат мебошанд. Аз ин рӯ, иқдоми пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ибтикори зарурӣ ҷиҳати ҳифз ва нигоҳдошти ин сарвати гаронмояи миллат мебошад, — гуфт ходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Ғаффор Мирзоев.

Муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода таъкид намуд, ки зарур аст омилҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва расму оини миллӣ ҳамчун қувваи мусоидаткунанда дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ ва ташаккули миллати тоҷик  истифода гарданд.

Дар интиҳо миёни маърӯзачиён ва вакилон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Бурҳониддин КАРИМОВ,

«Садои мардум»