Сафари ҳайати парлумонии кишвар ба шаҳри Ереван

№69 (4489) 07.06.2022

IMG_78766 июни соли 2022 ҳайати парлумонии кишвар таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон сафар карданд.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз, пеш аз оғози кори ҷаласаи сайёри Шӯрои АП СААД, сарони парлумонҳои кишварҳои ­аъзои онро Сарвазири Ҷумҳурии Арманис­тон Никол Пашинян ба ҳузур пазируфт.

Никол Пашинян зимни суҳбат таъкид намуд, ки дар ҷаҳони муосир хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти СААД, афзуда, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзои созмонро барои мубориза бо зуҳуроти номатлуби аср тақозо менамояд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокир­зода зимни мулоқот паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян расонда, барои саҳми боарзиши ӯ дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Арманистон изҳори сипос намуд.

Номбурда, ҳамчунин, таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавқеи махсусро ишғол намуда, дар таҳияи созишномаҳои нав, рушди робитаҳои амалӣ оид ба ташаккул ва рушди чорабиниҳои умумии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ оид ба мубориза бо таҳдидҳои дар назди СААД пайдошуда саҳми арзанда дорад.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон