Сафари ҳайати парлумонии мамлакат ба Ҷопон

№25 (3975) 05.03.2019

Чоруми марти соли 2019 Гурӯҳи дӯстии парлумонии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Ҷопон дар ҳайати вакилон Абдуғаффор Раҳмонзода, Ҳоким Холиқзода, Гулбаҳор Назирӣ ва Гулбаҳор Ашурзода таҳти сарварии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ба Токио сафар намуд.

Тибқи барнома, зимни сафар ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо раиси палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Ҷопон Тадамори Ошима, раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷопон-Тоҷикистон мулоқот намуда, дар ҷаласаи гурӯҳи дӯстӣ иштирок мекунад.

Ҳамчунин, ҳайати Тоҷикистонии Гурӯҳи дӯстӣ 5-6 март аз шаҳрҳои Киото , Осака ва Хиросима дидан ва бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин шаҳрҳо таҳсил карда истодаанд, мулоқот менамоянд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон