Сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

№29 (4449) 05.03.2022

DSC_9744-----Раиси Мачлиси милли Мачлиси оллии ЧТ бо Президенти Озарбойчон3 марти соли 2022 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ паёми самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев расонданд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ шуда, саҳми робитаҳои байнипарламентии кишварҳо низ дар рушди мунтазами муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид.

Зикр шуд, ки имсол аз барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 30 сол пур мешавад ва бахшида ба ин сана дар ноҳияи Шемах «Боғи дӯс­тии Тоҷикистон ва Озарбойҷон» бунёд мегардад. Бо ин мақсад аз Тоҷикистон зиёда аз се ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи ба иқлими Озарбойҷон мутобиқ интиқол дода шудааст.

Аснои суҳбат масоили ҳамкории ҳар ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ, инчунин сатҳи баланди ­ҳамоҳангии ташаббусҳои тарафайн дар арсаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо вобаста ба тавсеаи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, афзоиш додани ҳаҷми гардиши дуҷонибаи молу маҳсулот низ изҳори назар карда, дар ин самт таъсис додани Шӯрои машваратиро ҳамчун иқдоми саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Зимни гуфтушунид, ҳамчунин, ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика ва саноату кишоварзӣ, сайёҳӣ, инчунин тавсеаи робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар робита ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла атрофи вазъияти ноороми Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, низ мубодилаи афкор сурат гирифт.

DSC_9746-----Раиси Мачлиси милли Мачлиси оллии ЧТ бо Президенти ОзарбойчонНимаи дуюми ҳамон рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ бо Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Сахиба Гафарова дар ҳузури ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб мулоқот доир намуданд.

Зимни он вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнипарламентӣ, дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, инчунин ҷанбаҳои муҳими муносибатҳои ҳамкории кишварҳо ва масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Дар оғози мулоқот муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ барои даъват ҷиҳати анҷоми нахустин сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҳамтояшон изҳори сипос карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои дӯстии анъанавӣ ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи байнидавлатӣ бо Озарбойҷон, ки дар натиҷаи муколамаи доимии сиёсӣ дар сатҳи олӣ ҳосил шудаанд, аҳамияти хоса медиҳад.

 Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон фаъол гардида, таъсиси гурӯҳҳои дӯстӣ ба ин раванд мусоидат намудааст.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷи­кистон ба тақвияти тамосҳо бо намояндагони парламенти Озарбойҷон дар доираи Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи парламентии Осиёӣ, Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид таваҷҷуҳи хосса медиҳад.

Дар идомаи музокироти байнипарламентӣ вобаста ба масоили ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Озарбойҷон мубодилаи афкор сурат гирифта, сатҳи онҳо, бахусус дар доираи СММ, мусбат арзёбӣ шуд.

Дар робита ба 30 — юмин солгарди муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷонибҳо вусъати ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро дар заминаи назарраси ҳуқуқӣ, ки 59 ҳуҷҷатро дар бар гирифтааст, зарур шумориданд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, пешниҳод гардид, ки дар ҳошияи таҷлили сисолагии муносибатҳои дипломатии байни ҳар ду кишвар чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ доир гарданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ҳар ду кишварро баррасӣ намуда, тақвияти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро зарур шумориданд. Аз ҷумла, бахшҳои сохтмону нақлиёт, телекоммуникатсия, энергетика, саноат, ҷалби доираи соҳибкорию сармоягузории ҷониби Озарбойҷон ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои муштарак аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда арзёбӣ гардид.

Инчунин, ҷонибҳо барои таъмини амният дар минтақа оид ба муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ табодули андеша карда, атрофи қазияи Афғонистон ибрози назар намуданд.

Дар охир Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Сахиба Гафарова даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Пас аз мулоқоти ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон маросими баимзорасонии Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.

Рустами Эмомалӣ дар  гулгашти шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузо (3)Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, инчунин, бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мардуми ­дӯсти Озарбойҷон ба оромгоҳи Роҳбари умумимиллии ин кишвар шодравон Ҳайдар Алиев ва гулгашти шаҳидони Озарбойҷон ташриф оварда, дар назди ҳар ду зиёратгоҳи муътабар гулчанбар гузошта, рӯҳи гузаштагону шаҳидонро пос доштанд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро намояндагони воломақоми парламенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамроҳӣ карданд.

Дар идомаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сарвари Мақомоти иҷроияи шаҳри Боку муҳтарам Элдар Азизов мулоқот намуданд.

Зимни он дурнамои муносибатҳои миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳошияи равобити дӯстонаи ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарони олии ҳар ду давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиевро дар тавсеаву тақвияти муносибатҳои дӯстонаи тарафайн таъкид карданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкории гуногунҷанбаи шаҳрҳои Душанбе ва Боку, тақвияти корҳо дар самти фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешбурди фаъолияти тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ, инчунин дар мубодилаи таҷриба дар байни субъектҳои хоҷагидории шаҳрҳо ҳавасмандӣ изҳор намуданд.

Дар фарҷом Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рус­тами Эмомалӣ ва сарвари Мақомоти иҷроияи шаҳри Боку муҳтарам Элдар Азизов «Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон»-ро ба имзо расониданд.

Нимаи дуюми 4 марти соли 2022 дар идомаи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳони ӯ аз Агентии давлатии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва навовариҳои иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон боздид ба амал оварданд.

Он бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев соли 2012 таъсис ёфта, ҳадафи асосиаш сарфа намудани хароҷот ва вақти шаҳрвандон ҳангоми ба амал баровардани хизматрасониҳои давлатӣ, бартарафсозии монеаҳои идоравӣ, баланд бардоштани шаффофият, пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия, эътимод ба мақомоти давлатӣ ва истифодаи васеи хизматрасониҳои электронӣ ба ҳисоб меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар марказҳои агентӣ шаҳрвандон метавонанд, новобаста ба маҳалли бақайдгирӣ, аз ҷониби мақомоти гуногуни давлатӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо ва 30 ширкату корхонаи хусусӣ, беш аз 320 навъи хизматрасонии электрониро тибқи принсипи «равзанаи ягона» истифода баранд. Давомнокии миёнаи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон 5 — 10 дақиқаро ташкил медиҳад.

Дар идомаи рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Боку, ҳамчунин, ба Маркази фарҳангии ба номи Ҳайдар Алиев ташриф оварданд.

Дар ҳудуди он маркази конгресс, осорхонаи ба номи Ҳайдар Алиев ва толорҳои гуногун вуҷуд дошта, фаъолияташон ба омӯзиши бунёдии фалсафаи эъмори давлатдорӣ ва идеологияи озарбойҷонии нахустин Президенти Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, рушди ҳамаҷонибаи таърих, забон, арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ ва маънавии ин диёр нигаронида шудааст.

Марказ соли 2012 аз рӯи лоиҳаи меъмор Заҳа Ҳадид бунёд гардида, яке аз рамзҳои Бокуи муосир маҳсуб мешавад. Соли 2014 он ҳамчун беҳтарин бино дар ҷаҳон эътироф гардид.

www.majmilli.tj