Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Созишномаҳо доир ба интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи миёна ва Осиёи ҷанубӣ (CASA-1000) ба тасвиб расиданд

№177 (3478) 25.12.2015

DSC_101324 декабри соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гашт.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод

2. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №Н941-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA -1000)

3. Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ (гранти №Н941-TJ) байни Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» оид ба лоиҳаи «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA — 1000)

4. Дар бораи Қарордоди молиявӣ (қарзи №84.355) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо оид ба лоиҳаи «Ҳамкории энергетикӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон» (CASA-1000)

5. Дар бораи Созишномаи қарзӣ (№ 47221) байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Байниминтақавии тиҷорати неруи барқ» (CASA-1000)

6. Дар бораи Созишномаи қарзӣ (№2-TAD-0055) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба «Ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA-1000)

7. Дар бораи Созишномаи кафолатӣ (№47221) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдил ва Рушд оид ба лоиҳаи «Байниминтақавии тиҷорати неруи барқ» (CASA-1000). 

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Оид ба Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.

Неъматулло ҲИКМА­ТУЛЛОЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳуҷҷати мазкур дар асоси меъёрҳои созишномаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таҳия гардида, 18 октябри соли 2011 аз ҷониби сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия ба имзо расонида шуда буд.

То ба имрӯз Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод аз ҷониби ҳашт кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Ҷумҳурии Беларус, Украина, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Молдова ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расонида шудааст.

Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шартномаи мазкурро дар шакли Протокол оид ба татбиқи Шартнома ба тасвиб расонидааст.

Мутобиқи муқаррароти Протоколи мазкур Ҷумҳурии Ӯзбекистон то санаи 31 декабри соли 2020 масъулияти иҷрои бисёре аз муқаррароти Шартномаро бар дӯши худ нагирифтааст.

Ҳадафҳои аслии Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли озодонаи  молҳо, поён бурдани тарифҳои боҷҳои воридотию содиротӣ, бартараф сохтани маҳдудиятҳои тарифӣ дар савдои мутақобилаи байни давлатҳои аъзо, таъмини дастрасии озоди молҳои истеҳсолкунандагони миллӣ дар бозорҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб меравад.

Бояд зикр намуд, ки ҳиссаи кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ ҳамасола ҳудуди 45 фоизро ташкил медиҳад, ки мутаассифона, имрӯзҳо коҳиши пайвастаи он мушоҳида мешавад. Дар 11 моҳи соли равон ҳаҷми умумии савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои иштирокчии ИДМ нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 13,6 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла бо Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки шарикони асосии савдои хориҷии мо маҳсуб меёбанд, мутаносибан 7,8 ва 18 фоиз кам шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Шартномаи минтақаи савдои озод барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, рафъи монеаҳо, содагардонии зина ба зинаи савдои мутақобила ва рушди он заминаи ҳуқуқии саривақтиро фароҳам меорад.

Афзалияти дигари Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод дар он аст, ки татбиқи он ба масрафи иловагӣ ниёз надорад ва ҳамчун заминаи муътамади ҳуқуқӣ барои рушди судманди ҳамкориҳои байни соҳибкорони кишварҳо хидмат карда, зиёда аз 110 созишномаи савдои озоди дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар доираи кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иваз мекунад, ки аксаран хилофи якдигар буда, ба маҳдудкунии савдо оварда расонидаанд.

Шартнома Тарафҳоро муваззаф месозад, ки аз рӯи қоида ва принсипҳои Созишнома оид ба истифодаи чораҳои санитарӣ ва фитосанитарии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо фаъолият намоянд.

Шартномаи мазкур дар асоси меъёрҳои қоидаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо татбиқи муваққатии истифодаи маҳдудиятҳоро бо мақсади бартараф сохтани таҳдидҳои коҳиши захираҳои асъорӣ ва тавозуни пардохтӣ, аз ҷумла истифодаи маҳдудиятҳои пардохтӣ ва интиқолӣ, ки дар ҳолатҳои савдои молу маҳсулот бо мамолики хориҷа дучор меоянд, пешбинӣ мекунад.

Дар замимаҳои Шартнома ҳама номгӯйи молҳои истисноӣ аз низоми савдои озод нишон дода шудаанд, ки дар муқаррароти онҳо дар бораи татбиқ нагаштани боҷи гумрукӣ ва баланд набардоштани меъёрҳои содиротӣ таъкид гаштаанд.

Ҳамчунин дар ин замимаҳо механизми ҳалли баҳсҳо дар асоси таҷрибаҳои байналмилалӣ бо роҳи ташкили Комиссияи коршиносони мустақили тарафҳо, Номгӯйи ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ва дуҷониба дар бораи савдои озод, ки баъд аз эътибор пайдо намудани Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод беэътибор дониста мешаванд, нишон дода шудаанд.

Ҳамин тавр, ҳар як муқаррароти Шартнома иқдоми сифатан навест дар рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳои иштирокчии он.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Шартномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

Сафаралӣ РАҶАБОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод 18 октябри соли 2011 дар шаҳри Санкт-Петербург ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Шартномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намудаанд.

Шартномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Шартномаи пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.

РАИС: — Вобаста ба ин масъала савол доред? Марҳамат.

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Он шарту ҳолатҳое, ки Шартнома вобаста ба чораҳои муҳофизат дар савдои байни якдигар пешбинӣ намудааст, барои ҳимояи манфиати истеҳсолкунандагони ватанӣ кифояанд?

Неъматулло ҲИКМА­ТУЛЛОЗОДА: — Шартномаи мазкур аз ҷониби роҳбарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои ИДМ соли 2011 ба имзо расидааст.

Аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ таҳлилҳо вобаста ба тартиби амалӣ гаштани Шартномаи мазкур гузаронда шудаанд. Тасвиби Шарномаи мазкур таъсири мусбӣ дошта, ба рушди савдои озод шароит фароҳам меорад.

Дар бораи тасдиқи Шартномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти № Н941 –TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA-1000) сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.

КАРИМЗОДА Ҷамшед Абдураҳмон: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти он ки энергетика яке аз соҳаҳои афзалиятноку муҳим дар иқтисодиёти кишвар ба шумор меравад, солҳои охир барои инкишофи он як қатор тадбирҳои муассир, аз ҷумла азнавсозиву барқароркунии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли неруи барқ амалӣ шуда истодаанд.

Танҳо соли 2014 агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 220 мегаватт ба кор дароварда шуд. Сохтмони навбати дуюми он оғоз гардида, соли 2017, бо дарназардошти навбати аввал, бо иқтидори 400 мегаватт ба истифода дода мешавад.

Ҳоло аз ҷониби Ҳукумати кишвар корҳои лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб», «Нуробод-1», «Нуробод- 2», «Айнӣ», «Фондарё», «Санобод» ва «Себзор» идома дошта, сохтмони хатҳои интиқоли неруи барқ ва бунёду барқарорсозии зиристгоҳҳои барқии онҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар баробари ин, таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» идома дошта, корҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои барқи обии «Қайроққум» ва «Сарбанд» шурӯъ мегарданд.

Ин омилҳо ба рушди соҳаи энергетика ва истеҳсоли иловагии қувваи барқ мусоидат менамоянд.

Сарфи назар аз ин иқдомот, айни замон дар ҷумҳурӣ имконияти истеҳсоли барзиёди неруи барқ дар тобистон дида мешавад, дар ҳоле ки давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҳамин фасли сол аз норасоии қувваи барқ танқисӣ мекашанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои зикргардида тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, татбиқи ислоҳотҳои заруриро дар ин самт амалӣ намуда истодааст. Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ лоиҳаи минтақавии «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA – 1000) таҳия ва ҷонибдорӣ карда шуд.

Мақсади лоиҳаи мазкур интиқоли барқи изофаи давраи тобистонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. Ҳамчунин лоиҳаи мазкур ба коркарди механизмҳои ташкили бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASAREM) мусоидат хоҳад кард.

Асосноккунии техникӣ – иқтисодии (АТИ) лоиҳаи мазкур аз ҷониби ширкати канадагии «SNC Lavalin» таҳия гардида, моҳи сентябри соли 2011 бо қарори дахлдори Шӯрои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии CASA -1000 тасдиқ шудааст.

Дар назар аст, ки содироткунандагони неруи барқ (Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон) дар моҳҳои апрел – октябр 5 млрд. кВт/соат (аз ҷумла тақрибан 3 млрд. кВт/соат Тоҷикистон ва 2 млрд. кВт/соат Қирғизистон) барқро таҳвил хоҳанд дод. Тибқи маълумотҳои пешакӣ, даромад аз ҳисоби фурӯши неруи барқ дар ин ҳафт моҳ аз 140,0 то 150,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Лоиҳа аз қисматҳои зерин иборат аст:

- сохтмони хатти интиқоли неруи барқи 500 кВ «Датка –Хуҷанд» ба андозаи 477 км бо маблағи 160 млн.доллари ИМА, аз ҷумла барои зеристгоҳ 9 млн. доллари ИМА ва хатти интиқоли барқ 151 млн. доллари ИМА (танҳо 20 км дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан бо маблағи 16 млн. доллари ИМА);

- сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВ «Регар –Сангтӯда» (115 км) ба маблағи 57,6 млн. доллари ИМА. Ҳамчунин дар ҳудуди НБО-и «Сангтӯда-1» сохтмони дастгоҳи тақсимотии неруи барқи 500 кВ бо насби автотрансформаторҳои 500/220 кВ пешбинӣ шудааст, ки шумора ва иқтидори автотрансформаторҳо аз рӯи талабот ҳангоми таҳияи лоиҳа дақиқ муайян карда мешавад;

- сохтмони зеристгоҳи конверторӣ (табдилдиҳандаи қувваи барқи тағйирёбанда ба доимӣ) дар минтақаи Сангтӯдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори 1300 МВт ба маблағи 128 млн.доллари ИМА;

- сохтмони хатти интиқоли барқии Сангтӯда – Кобул –Пешовар (дар ҳудуди Тоҷикистон 117 км бо арзиши 38 млн. доллари ИМА, дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 557 км бо арзиши 167 млн. доллари ИМА ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Покистон 76 км бо арзиши 25 млн.доллари ИМА) ба андозаи умумии 750 км.;

- сохтмони зеристгоҳи конверторӣ бо иқтидори 300 МВт дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба маблағи 71 млн. доллари ИМА;

- сохтмони зеристгоҳ бо иқтидори 1300 МВт дар шаҳри Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон ба маблағи 128 млн. доллари ИМА.

Айни замон арзиши умумии лоиҳа тақрибан 1086 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Хароҷоти лоиҳавӣ таври зерин тақсим шуда, уҳдадориҳо қисман муайян гардидаанд:

1. Ҷумҳурии Қирғизистон – 209 млн. доллари ИМА;

2. Ҷумҳурии Тоҷикистон  — 314 млн. доллари ИМА (ба маблағи 314 млн. доллари ИМА уҳдадориҳо муайян шудааст);

3. Ҷумҳурии Исломии Афғонистон — 354 млн. доллари ИМА (ба маблағи 354 млн. доллари ИМА уҳдадориҳо муайян шудааст);

Ҷумҳурии Исломии Покистон — 209 млн. доллари ИМА (ба маблағи 209 млн. доллари ИМА уҳдадориҳо муайян шудааст).

Имрӯз ба баррасии шумо Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти № Н 941-TJ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA -1000)» пешниҳод гардидааст.

Маблағи умумии Созишнома 29,4 млн. ҳуқуқи махсуси қарзӣ (баробар ба 45,0 млн. доллари ИМА)-ро ташкил намуда, он ҳамчун грант ҷалб гардидааст.

Маблағҳои мазкур барои бунёди инфрасохтори интиқоли неруи барқи баландшиддат равона мегардад, аз ҷумла:

1. Сохтмони тақрибан 750 км хатти интиқоли ҷараёни доимии неруи барқи баландшиддат дар ҳамбастагӣ бо шабакаи неруи барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда» ба шабакаи барқии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ба неругоҳи тақсимотии Пешовар ва ба шабакаи неруи барқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба неругоҳи тақсимотии Кобул.

2. Неругоҳи тақсимотии ҷараёни доимии неруи барқи баландшиддат. Дизайни муҳандисӣ, сохтмон ва мавриди истифода қарор додани се неругоҳи тақсимотии ҷараёни тағйирёбандаи неруи барқи баландшиддат.

3. Интиқоли неруи барқи баландшиддат байни Қирғизистон ва Тоҷикистон. Бунёди тақрибан 475 км хатти интиқоли неруи барқ бо пайвастан ба шабакаи неруи барқи Қирғизистон аз зеристгоҳи Датка ба шабакаи неруи барқи Тоҷикистон ба зеристгоҳи Хуҷанд.

4. Шабакаи тақвияти интиқоли неруи барқи Тоҷикистон. Бунёди хатти 500 кВт аз зеристгоҳи Регар то неругоҳи тақсимотии Сангтӯда.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2016 оғоз ёфта, то соли 2020 идома хоҳад ёфт. Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар, беҳтар намудани сифат ва шароити зиндагии аҳолии ин минтақа мусоидат менамояд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳиддиниён Пӯлод Муҳиддин дода мешавад.

МУҲИДДИниЁН Пӯлод Муҳиддин: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти № Н 941- TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA -1000), ки 24 апрели соли 2015 дар шаҳри Истанбули Туркия ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2015 таҳти № 429 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия супорида шуда буд.

Бояд тазаккур дод, ки ташаббускори асосии таҳия ва татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқ (CASA -1000) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Парокандагии Давлати Шӯравӣ низоми ягонаи таъминоти энергетикии Тоҷикистонро, ки дар ҳамбастагӣ бо кишварҳои дигари Осиёи Миёна қарор дошт, хароб намуд. Дар натиҷа, ҳар сол дар фасли тобистон миқдори зиёди об бидуни коркард аз неругоҳҳо партофта мешуд, ки аз он истеҳсоли тақрибан 3,5 — 4 млрд.квт/ соат то 6,0 млрд.квт/соат неруи барқ имконпазир аст. Амалӣ намудани ин лоиҳа ба мо имконият медиҳад, ки аз 1 май то 30 сентябр неруи барқи изофагиро ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон содирот намоем.

Ҳанӯз соли 2006 дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум оид ба ташкил ва рушди минбаъдаи бозори минтақавии неруи барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ байни чор ҷумҳурӣ бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлатамон ба имзо расида буд. Баъдан, ҷиҳати омода ва таҳияи санадҳои меъёрӣ, ҳуқуқӣ ва молиявӣ гурӯҳи кории муштараки давлатҳои аъзои лоиҳа таъсис дода шуд.

Шахсан ман роҳбари Гурӯҳи корӣ аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон будам. Гурӯҳи кории муштараки давлатҳои аъзои лоиҳаи (CASA -1000) модели иқтисодӣ ва молиявии лоиҳаи мазкурро таҳия ва пешниҳоди бонкҳои сармоягузорӣ намуд. Сипас, лоиҳаи мазкур дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ аз ҷониби бонкҳо дастгирӣ карда шуд.

Тибқи созишномаҳои баимзорасидаи хариду фурӯши барқ байни давлатҳои аъзои Лоиҳа, арзиши миёнаи қувваи барқ бо дарназардошти хароҷот ва бозгашти сармоя дар соли 2014-ум 9,31 сенти ИМА барои 1 кВт/соат ва дар нуқтаи таҳвил (зеристгоҳи Сангтӯда) нархи фурӯш барои Ҷумҳурии Исломии Покистон 5,15 сенти ИМА барои 1 кВт/соат ва барои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 5,1 сенти ИМА барои 1 кВт/соат тасдиқ шудааст ва он ҳар сол индексатсия карда мешавад.

Тибқи модели қабулгардидаи молиявии лоиҳа дар назар дошта шудааст, ки ҷиҳати истифодаи ХИБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Қирғизистон барои таҳвили қувваи барқ дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори муайяни маблағро ҳар сол пардохт менамояд, инчунин аз тарафи Лоиҳа ҷиҳати дастгирии минтақаҳое, ки дар гирду атрофи ХИБ-и сохтамешудагӣ ҷойгир мебошанд, маблағҳои алоҳида тариқи грант барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инфросохтор ҷудо карда мешаванд.

Амалӣ шудани лоиҳаи мазкур ба мо имконият медиҳад, ки аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия дар фасли тирамоҳу зимистон қувваи барқро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил диҳем ва дар фасли тобистон ба ҷумҳуриҳои номбаршуда содирот намоем.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишномаро оид ба маблағгузорӣ (гранти № Н 941- TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA -1000) пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 17 декабри соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК «Барқи Тоҷик»  Созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Хоҳишмандем, Созишномаи мазкурро тасдиқ намоед.

РАИС: -Доир ба ин масъала савол доред? Марҳамат.

Зайнудин САФАРОВ: — Баъди амалӣ гаштани Созишномаи мазкур бартарафсозии садамаҳои дар хатти интиқоли неруи барқ баамаломадаро кадом ташкилот ба уҳда мегирад?

МУҲИДДИНИЁН Пӯлод Муҳиддин: — Ба ғайр аз Созишномаи хариду фурӯш байни давлатҳо инчунин Созишномаи генералӣ ба имзо расонда шудааст.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани Лоиҳаи мазкур фонди эҳтиётӣ ташкил карда мешавад. Ҳар давлати аъзо фоизи муайяни маблағро ба ин фонд ворид менамояд, ки барои бартараф намудани хавфи баамаломада масраф мегардад.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: - Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ (гранти №Н941- TJ) байни Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» оид ба лоиҳаи «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASA — 1000) сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.

Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи лоиҳавӣ (гранти №Н941- TJ) байни Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» оид ба лоиҳаи «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASA — 1000) пешниҳод гардидааст.

Зикр намудан зарур аст, ки ҷиҳати самаранок истифодабарии маблағҳои ҷалбшуда ва сари вақт татбиқ намудани лоиҳаи «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» Созишномаи лоиҳавӣ байни Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» 24 апрели соли 2014 ба имзо расонида шудааст. (Ба имзорасонии Созишномаи мазкур яке аз талаботи Бонки Умумиҷаҳонӣ мебошад).

Тибқи Созишномаи мазкур муассисаи татбиқкунандаи лоиҳа бояд:

- бо Ассотсиатсия созишномаи қаноатбахшро ба имзо расонад ва дар доираи он Маркази идораи лоиҳаҳо вазифаҳои муайянеро ҳамчун ба татбиқкунандаи лоиҳа супорад;

- дар доираи Шартномаи мазкур бе розигии пешакии Ассотсиатсия хусусияти татбиқи қонунгузории худро вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои худ тағйир надиҳад;

- ягон амалеро, ки боиси тағйир додани намуди моликият ва ё идоракунии сохтори ҳуқуқии Муассисаи татбиқкунандаи лоиҳа мегардад, бе розигии пешакии Ассотсиатсия анҷом надиҳад:

- (а) тамоми тадбирҳо, аз ҷумла ҷудо намудани маблағ, иншоот, хизматрасонӣ ва захираҳои дигар, зарурӣ ё муносиб барои иҷрои лоиҳа; (б) қабул ва ё имконияти пешгирии ҳар гуна амал, ки ба пешгирӣ ва ё ба дахолат дар раванди татбиқи лоиҳа боис мегардад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро тасдиқ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович дода мешавад.

Баҳром АБДУАЛИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишномаи лоиҳавӣ (гранти №Н941- TJ) байни Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» оид ба лоиҳаи «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASA — 1000), ки 24 апрели соли 2015 дар шаҳри Истанбули Туркия ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2015 таҳти №430 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва  коммуникатсия супорида шуда буд.

Иштирокчиёни Созишномаи мазкур ду давлати Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва ду давлати Осиёи Ҷанубӣ- Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошанд, ки аз ҷониби ҳамаи онҳо Созишномаи мазкур ба имзо расидааст.

Мақсади асосии Созишнома ташкили шароити мусоид ва аз ҷиҳати иқтисодӣ фоиданок барои хариду фурӯши барқи изофагӣ дар фасли тобистон байни давлатҳои иштирокчии он мебошад.

Созишномаи мазкур ва панҷ Созишномаи дигар бо ҳам робита дошта, 17 декабри соли 2015 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК «Барқи Тоҷик» мавриди баррасӣ қарор гирифта, пурра дастгирӣ ёфт.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои тасдиқи Созишномаи мазкур овоз диҳед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Қарордоди молиявӣ (қарзи №84.355) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо оид ба лоиҳаи «Ҳамкории энергетикӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон» (CASA – 1000) сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.

Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо Қарордоди молиявӣ (қарзи №84.355) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо оид ба лоиҳаи «Ҳамкории энергетикӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон» (CASA – 1000) пешниҳод гардидааст.

Мақсади лоиҳа интиқоли барқи изофа дар мавсими тобистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. Ҳамчунин лоиҳаи мазкур ба коркарди механизмҳои савдои неруи барқ ва ташкили бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASAREM) мусоидат хоҳад кард. Ҷиҳати татбиқи ин лоиҳаи муҳими давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони ниҳодҳои байналмилалӣ соли гузашта муроҷиат намуда буд. Дар натиҷа, бонки мазкур розигии худро баён кард.

Қарордоди молиявии пешниҳодгардида аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  22 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ва аз ҷониби Бонки сармоягузории Аврупо 23 декабри соли 2014 дар шаҳри Люксембург ба маблағи 70,0 млн. евро ба имзо расонида шудааст.

Хизматрасонии қарз пурра ба уҳдаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» гузошта шудааст ва уҳдадории он аз ҳисоби фурӯши барқ таъмин карда мешавад, ки ин хавфи пардохти қарзро аз ҳисоби Буҷети давлатӣ пешгирӣ менамояд.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд  дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

- муҳлати қарз — 29 сол;

- давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ — се сол;

- меъёри фоиз тибқи хоҳиши пардохткунанда — LIBOR шаш моҳ +0,9 фоиз ё (меъёри фоизи байнибонкии Лондон, яъне тағйирёбанда);

- меъёри фоиз — EUROBIR– шаш моҳ +0,9 фоиз (меъёри фоизи байнибонкии Аврупо, яъне тағйирёбанда).

Дар баробари қарзи мазкур, барои татбиқи лоиҳа маблағҳои қарзии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Бонки Исломии Рушд низ пешбинӣ гардидааст.

Шартҳои пешниҳоднамудаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамояд, зеро элементи грантии он (бо дарназардошти маблағҳои дигари лоиҳа) бо дарназардошти Либор +139,46 фоиз ва бо дарназардошти Евробир +140,77 фоизро ташкил медиҳад.

Дар доираи маблағҳои мазкур корҳои зерин дар назар дошта шудааст:

- омодагӣ ҷиҳати ба истифода додани зеристгоҳи Хуҷанд, аз ҷумла реактори қатъкунанда;

- васлу насби таҷҳизоти алоқа, назорат ва ҳисобкунандаи зеристгоҳи Хуҷанд;

- бунёди хатти интиқоли неруи барқи 500 kv, 25 км хатти интиқоли неруи барқи Хуҷанд – сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон;

- омодагӣ ҷиҳати ба истифода додани зеристгоҳи Регар, аз ҷумла реактори қатъкунанда;

- васлу насби таҷҳизоти алоқа, назорат ва ҳисобкунандаи зеристгоҳи Регар;

- бунёди хатти интиқоли неруи барқи 500 kv, 120 км хатти интиқоли неруи барқи Сангтӯда – Регар;

- бунёд намудани зеристгоҳи Сангтӯда 500/220 kv;

- бунёди зеристгоҳи 500 kv якҷо бо зеристгоҳи тақсимотии нави 500 kv;

- насби трасформатор бо иқтидори 500/220 kv;

- бунёди хатти интиқоли неруи барқи 500 kv;

- бунёди хатти интиқоли неруи барқи 500 kv;

- бунёди хатти пайвасткунандаи 220 kv ба хатти 220 kv мавҷудбуда;

- васлу насби таҷҳизоти алоқа, назорат ва ҳисобкунандаи зеристгоҳи Сангтӯда.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро  тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурова Дилрабо Сайдуллоевна дода мешавад.

Дилрабо МАНСУРОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи Қарордоди молиявӣ (қарзи №84.355) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо оид ба лоиҳаи «Ҳамкории энергетикӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон» (CASA – 1000) 22 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ва 23 декабри соли 2014 дар шаҳри Люксембург ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардидааст.

Мақсади лоиҳа интиқоли барқи изофа дар мавсими тобистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. Лоиҳаи мазкур ба коркарди механизмҳои савдои неруи барқ ва ташкили бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASAREM) мусоидат хоҳад кард. Ин ташаббус ба хотири рушди интиқоли неруи барқи зиёдатӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар мебошад.

Асосноккунии техникӣ — иқтисодии (АТИ) Лоиҳа, аз ҷониби ширкати SNC Lavalin (Канада) таҳия шуда, бо қарори дахлдори Шӯрои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавӣ (CASA – 1000) моҳи сентябри соли 2011 тасдиқ гардидааст.

Дар назар аст, ки фурӯшандагони неруи барқ (Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон) дар моҳҳои апрел- октябр 5 млрд. кВт/ соат (аз ҷумла тақрибан 3 млрд. кВт/соат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 млрд. кВт/соат Ҷумҳурии Қирғизистон) барқро таҳвил хоҳанд дод.

Барои татбиқи қисмати тоҷикистонии Лоиҳа Бонки сармоягузории Аврупо 70 млн. евро қарзи имтиёзнок (дар санаи 22- 23 декабри соли 2014 ба имзо расонида шудааст) муайян кардааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Қарордоди молиявӣ (қарзи №84.355) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо оид ба лоиҳаи «Ҳамкории энергетикӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон» (CASA – 1000)- ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 17 декабри соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК «Барқи Тоҷик» Қарордоди молиявӣ (қарзи №84.355) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо оид ба лоиҳаи «Ҳамкории энергетикӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон» (CASA – 1000) — ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Хоҳиш менамоем, ки Қарордоди мазкурро тарафдорӣ кунед.

Дар бораи тасдиқи Қарордоди мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи қарзӣ (№ 47221) байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Байниминтақавии тиҷорати неруи барқ» (CASA-1000) сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.

Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишномаи қарзӣ (№ 47221) байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Байниминтақавии тиҷорати неруи барқ» (CASA-1000) пешниҳод гардидааст.

Бо дарназардошти он ки лоиҳа (CASA-1000) моҳияти стратегӣ дорад, ба ниҳодҳои байналмилалӣ соли 2014 мактубҳои дархостӣ ирсол намуда будем. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҷонибдорӣ ёфт ва лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 1 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуд.

Тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳангоми барнагардонидани қарз аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» уҳдадории баргардонидани саривақтии маблағҳои қарзӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Маблағи умумии Созишномаи қарзӣ, ки аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» ба имзо расонида шудааст, 110 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Шартҳои пешниҳоднамудаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамояд, зеро элементи грантии он зиёда аз 35 фоизро ташкил медиҳад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро тасдиқ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуназар Хисрав дода мешавад.

Хисрав АБДУНАЗАР: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ (№47221) байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Байниминтақавии тиҷорати неруи барқ» (CASA-1000), ки 1 августи соли 2015 ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2015 таҳти №428 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишнома аз 7 модда иборат буда, аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба маблағи 110 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур сохтмони инфрасохтор оид ба интиқоли неруи барқ бо мақсади ташкил намудани хариду фурӯши неруи барқ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон равона шудааст.

Маблағгузорӣ барои зеристгоҳи тақсимоти неруи барқи тағйирёбанда (Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1») дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои лоиҳа мебошад.

Лоиҳа аз қисмҳои зерин иборат аст:

а) сохтмон ва ба истифода супоридани зеристгоҳи нави тақсимоти неруи барқи доимӣ бо иқтидори 1300 Мвт дар Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда -1»;

б)пайваст намудани зеристгоҳи амалкунандаи неруи барқи тағйирёбанда (Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда- 1») ба зеристгоҳи нави тақсимоти неруи барқи тағйирёбандаи доимӣ.

Анҷом ёфтани марҳилаи сохтмони лоиҳа ва ба истифода додани он то моҳи январи соли 2019 пешбинӣ шудааст.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро тарафдорӣ намоед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: - Дар бораи Созишномаи қарзӣ (№2-TAD-0055) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба «Ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA-1000) сухан ба муовини якуми вазири  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.

Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи қарзӣ (№2-TAD-0055) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба «Ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA-1000)  пешниҳод гардидааст.

Созишномаи қарзии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд санаи 9 октябри соли 2015 дар шаҳри Лимаи Перу ба маблағи 70,0 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Хизматрасонии қарз пурра ба уҳдаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» гузошта шудааст ва уҳдадории он аз ҳисоби фурӯши барқ таъмин карда мешавад, ки ин хавфи пардохти қарзро аз ҳисоби Буҷети давлатӣ пешгирӣ менамояд.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

- муҳлати қарз – 25 сол;

- давраи имтиёзноки пардохти қарзи асосӣ- 7 сол;

- ҳаққи хизматрасонӣ – 1,5 фоиз.

Шартҳои пешниҳоднамудаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамояд, зеро элементи грантии он зиёда аз 35 фоизро ташкил медиҳад.

Дар доираи маблағҳои мазкур корҳои зерин дар назар дошта шудааст:

- сохтмони зеристгоҳи 500 кВ баландшиддати интиқоли барқ;

- таҳкими шабакаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Татбиқи лоиҳаи мазкур моҳи майи соли 2016 оғоз ёфта, то соли 2020 идома хоҳад ёфт.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ ва тасдиқ кунед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуниктасия Асозода Хайрулло дода мешавад.

Хайрулло АСОЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ (№2-ТАD-0055) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба «Ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA – 1000), ки 9 октябри соли 2015 дар шаҳри Лима ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2015 таҳти №431 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия супорида шуда буд.

Мақсади лоиҳа интиқоли барқи изофа дар мавсими тобистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. Лоиҳаи мазкур ба коркарди механизмҳои савдои неруи барқ ва ташкили бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард. Ин ташаббус ба хотири интиқоли неруи барқи зиёдатӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар мебошад.

Асосноккунии техникӣ — иқтисодии Лоиҳа аз ҷониби ширкати SNC Lavalin (Канада) таҳия шуда, бо қарори дахлдори Шӯрои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии CASA – 1000 моҳи сентябри соли 2011 тасдиқ гардидааст.

Маблағи умумии Лоиҳа 1086 млн. доллари ИМА-ро ташкил менамояд.

• Гранти Бонки Умумиҷаҳонӣ   — 45,0 млн. доллари ИМА

• Қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд — 110,0 млн. доллари ИМА

• Қарзи Бонки сармоягузории Аврупо — 79,0 млн. доллари ИМА

• Қарзи Бонки Исломии Рушд — 70,0 млн. доллари ИМА

• Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — 15 млн. доллари ИМА.

Умуман, дар ҳаҷми 319,0 млн. доллари ИМА уҳдадориҳо тасдиқ карда шудаанд.

Дар назар аст, ки фурӯшандагони неруи барқ (Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон) дар моҳҳои апрел – октябр 5 млрд. кВт/соат (аз ҷумла тақрибан 3 млрд. кВт/соат Тоҷикистон ва 2  млрд. кВт/соат Қирғизистон) барқро таҳвил хоҳанд дод.

Лоиҳа аз қисматҳои зерин иборат мебошад:

- сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВ «Датка-Хуҷанд» ҷараёни тағйирёбанда бо дарозии 477 км бо маблағи умумии пешакӣ, бе дарназардошти як қатор хароҷот (идоракунӣ, фоизҳо, хизматрасонии машваратӣ ва ғайра) 160 млн. доллари ИМА, аз ҷумла барои зеристгоҳ 9 млн. доллари ИМА ва хатти интиқоли барқ 151 млн. доллари ИМА (танҳо 20 км дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан бо маблағи 16 млн. доллари ИМА);

- сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВ «Регар-Сангтӯда» ҷараёни тағйирёбанда (115 км) бо маблағи умумии пешакӣ, бе дарназардошти як қатор хароҷот 57,6 млн.доллари ИМА. Ҳамчунин дар ҳудуди НБО-и «Сангтӯда-1» сохтмони дастгоҳи тақсимотии 500 кВ бо насби автотрансформаторҳои 500/220 кВ пешбинӣ шудааст, ки шумора ва иқтидори автотрансформаторҳо аз рӯи талабот ҳангоми таҳияи лоиҳа дақиқ муайян карда мешавад;

- сохтмони зеристгоҳи конверторӣ дар минтақаи Сангтӯдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори 1300 МВт (табдили ҷараёни тағйирёбанда ба ҷараёни доимӣ) бо маблағи умумии пешакӣ бе дарназардошти як қатор хароҷот – 128 млн. доллари ИМА;

- сохтмони хатти интиқоли барқи Сангтӯда – Кобул – Пешовар (дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 117 км бо арзиши 38 млн. доллари ИМА, дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 557 км бо арзиши 167 млн. доллари ИМА ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Покистон 76 км бо арзиши 25 млн. доллари ИМА) бо дарозии умумии 750 км;

- сохтмони зеристгоҳи конверторӣ бо иқтидори 300 МВт дар шаҳри Кобул, Ҷумҳурии Исломии  Афғонистон (табдили ҷараёни доимӣ – тағйирёбанда – доимӣ) бо маблағи умумии пешакӣ бе дарназардошти як қатор хароҷот (идоракунӣ, фоизҳо, хизматрасонии машваратӣ ва ғайра) – 71 млн. доллари ИМА.

Барои татбиқи қисмати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки Исломии  Рушд – 70 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок  (дар санаи 9 октябри соли 2015 ба имзо расонида шудааст) пешниҳод намудааст.

Кумитаи масъул рӯзи 17 декабри соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК «Барқи Тоҷик» ин Созишномаи қарзиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро тарафдорӣ намоед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи кафолатӣ (№47221) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Байниминтақавии тиҷорати неруи барқ» (CASA – 1000) сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.

Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи кафолатӣ (№ 47221) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Байниминтақавии тиҷорати неруи барқ» (CASA – 1000) пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки сармоягузории Аврупо 1 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба маблағи 79,0 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Хизматрасонии қарз пурра ба уҳдаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» гузошта шудааст, ки уҳдадории он аз ҳисоби фурӯши барқ таъмин карда мешавад ва ин хавфи пардохти қарзро аз ҳисоби Буҷети давлатӣ пешгирӣ менамояд.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

- муҳлати қарз – 15 сол;

- давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ – 3 сол;

- меъёри фоиз – LIBOR + 1 фоиз.

Дар баробари қарзи мазкур, барои татбиқи лоиҳа маблағҳои қарзии Бонки Исломии Рушд ва Бонки сармоягузории Аврупо низ пешбинӣ гардидааст.

Шартҳои пешниҳоднамудаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамояд, зеро элементи грантии он зиёда аз 35 фоизро ташкил медиҳад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2016 оғоз ёфта, то соли 2020 идома хоҳад ёфт.

Дар доираи маблағҳои мазкур корҳои зерин дар назар дошта шудааст:

а) сохтмон ва ба истифода супоридани зеристгоҳи нави тақсимоти ҷараёни неруи барқи тағйирёбанда/доимӣ бо иқтидори  1300 МВт дар  НБО-и «Сангтӯда-1»;

б) пайваст намудани  зеристгоҳи амалкунандаи неруи барқи тағйирёбанда (НБО-и «Сангтӯда-1») ба зеристгоҳи нави тақсимоти ҷараёни неруи барқи тағйирёбанда/доимӣ, ки мутобиқи банди боло (а) сохта мешавад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳиддиниён Пӯлод Муҳиддин дода мешавад.

Муҳиддиниён Пӯлод  Муҳиддин: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Созишномаи кафолатӣ (№47221) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Байниминтақавии тиҷорати неруи барқ» (CASA – 1000), ки 1 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2015 таҳти № 427 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия супорида шуда буд.

Мақсади Лоиҳа интиқоли барқи изофа дар мавсими  тобистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. Лоиҳаи мазкур ба коркарди механизмҳои савдои неруи барқ ва ташкили  бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард. Асосноккунии техникӣ -иқтисодии Лоиҳа аз ҷониби ширкати SNC Lavalin (Канада) амалӣ шуда, бо қарори дахлдори Шӯрои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии CASA – 1000 моҳи сентябри соли 2011 тасдиқ гардидааст.

Дар назар аст, ки фурӯшандагони неруи барқ (Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон) дар моҳҳои апрел – октябр 5 млрд. кВт/соат (аз ҷумла тақрибан 3 млрд. кВт/соат Тоҷикистон ва 2 млрд. кВт/соат Қирғизистон) барқро таҳвил хоҳанд дод.

Барои татбиқи қисмати Тоҷикистон Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – 110 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок (дар санаи 1 августи соли 2015 ба имзо расонида шудааст) пешниҳод намудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон Созишномаи кафолатӣ (№ 47221) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Байниминтақавии тиҷорати неруи барқ» (CASA – 1000) –ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 17 декабри соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК «Барқи Тоҷик» ин Созишномаи кафолатиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро тарафдорӣ намоед.

РАИС: — Доир ба масъалаи мазкур савол доред? Марҳамат.

Ҳаёт ОДИНАЕВ: — Муҳлати ниҳоии анҷоми лоиҳаи мазкур соли 2020 пешбинӣ шудааст. Дар назар бояд гирифт, ки дар ин муддат шумораи аҳолии ҷумҳурӣ, корхонаҳои саноатӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва ғайра зиёд мешаванд. Оё дар соли 2020 ин уҳдадориро бо дарназардошти талаботи бозори дохилӣ бо неруи барқ иҷро карда метавонем?

Саволи дуюм ин аст, ки иҷрои лоиҳаи мазкур то кадом андоза ба тезонидани сохтмони НБО-и «Роғун» таъсир мерасонад?

Муҳиддиниён Пӯлод: — Асоснокии техникии иқтисодии ин лоиҳаро аввал ду ширкат (аз ИМА ва Канада) оғоз намуданд. Дар фасли тобистони имсола агар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 млрд. кВт/соат неруи барқро содирот карда бошад, қариб 5 — 6 млрд. кВт/соат неруи барқ талаф ёфт. Ин ҳолат тақрибан ҳар сол такрор меёбад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши 3 млрд. кВт/соат неруи барқро ба уҳда гирифтааст. Боварӣ ҳаст, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ лоиҳаи мазкур фоида меорад.

Лоиҳаи «Байниминта­қавии тиҷорати неруи барқ» (CASA-1000) ба сохтмони НБО-и «Роғун» вобастагӣ надорад.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ