29 августи соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири навтаъини Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдарро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои тақвияти кори гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Душанбе-Исломобод мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Изҳори итминон карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар ҳама самт мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда мавриди таваҷҷуҳ ва барои ҷонибҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.
Дар интиҳо Шукурҷон Зуҳуров ба Имрон Ҳайдар баҳри фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон