Таҳкимбахшандаи пояҳои ҳуқуқии давлатдорӣ

№ 06.11.2021

DSC_4258Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми шарафманди тоҷик неъмати бузурги давлатдорӣ буда, ба таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ замина гузошт ва зарурати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён овард. Ин нуктаро панҷуми ноябри соли равон муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода зимни ҷаласа бахшида ба 27-умин солгарди Конститутсияи мамлакат, ки дар  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, изҳор намуд.

Ӯ ҳозиринро ба Рӯзи Конститутсия табрику таҳният гуфта, қабули ин ҳуҷҷати муҳимро дар таърихи навини мамлакат рӯйдоди бузург ва роҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа номид.

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сиёсӣ — ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсозу ифодагари азму ирода ва нияту орзуҳои неки халқи Тоҷикистон буда, дар марҳилаи хеле ҳассосу мураккаби сиёсии кишвар 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии он, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, асос­ҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи кишвар ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян сохта, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ, халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф кард ва барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ шароити созгор муҳайё намуд, — гуфт Маҳмадалӣ Ватанзода.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода зикр кард, ки бе Конститутсия давлатдории муосирро тасаввур кардан мумкин нест.

Ӯ дар бораи таърихи қабули конститутсияҳои қаблии кишвар дар замони шӯравӣ маълумот дода, иброз намуд, ки соли 1991, дар баробари соҳиб­истиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Зеро замона интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, инчунин, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятиро тақозо мекард.

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисону коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо онро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилот ҷой дод, — гуфт Зариф Ализода.

Ҳамчунин, дар ҷаласа муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дар мавзӯи «Нақши тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар рушди қонунгузории мамлакат», раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худ­идоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода дар мавзӯи «Ҳуқуқҳои байналмилалӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» маърӯза намуданд. Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми мамлакат, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳиб­истиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидаанд.

Дар охир Маҳмадалӣ Ватанзода чорабиниро ҷамъбаст намуда, ёдовар шуд, ки эҳтиром намудану риоя кардани меъёрҳои Конститутсия ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ беҳтарин нишонаи ҷомеаи мутамаддин мебошад. Инчунин, пойбандӣ ба қонун яке аз омилҳои муҳимтарини оромиву суботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва кафили зиндагии саодатманди ҳар як сокини кишвар мебошад.

Самариддин АСОЕВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ