Таъсиси ассамблеяи парламентӣ дар доираи СҲШ дар назар аст

№152 (3946) 22.12.2018

АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛАМЕНТИРаиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода барои иштирок дар ҷаласаи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз 13 то 16 декабри соли равон ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафари корӣ анҷом дод.

Дар ҷаласа, ки 14 декабр ифтитоҳ гардид, иштирокчиён доир ба фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай, мавқеъ ва эътибори он дар миёни ниҳодҳои минтақавию байналмилалӣ изҳори андеша намуданд. Роҳбарони ҳайатҳо таъкид карданд, ки дар тӯли ҳабдаҳ сол Созмони ҳамкории Шанхай дар қатори сохторҳои минтақавии муваффақ мавқеи хос пайдо намуд. Боварии тарафайн, риояи манфиатҳои мутақобила, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангҳо аз хусусиятҳои фарқкунандаи ин созмони бонуфузи байналмилалист. Созмони ҳамкории Шанхай ҳамеша дар пайи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод, фарҳангиву башардӯстона мебошад ва ба сифати яке аз иштирокчиёни фаъоли низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шудааст. Намояндагони парлумонҳо, ҳамчунин, аҳамияти густариши муносибатҳоро бо мақомоти қонунгузории кишварҳои аъзои СҲШ дар доираи ҳамкории байнипарламентӣ, тавре ки дар Эъломияи Синдаои Шӯрои сарони давлатҳои аъзо (аз 10 июни соли 2018) дарҷ гардидааст, қайд намуданд.

Фикру мулоҳизаҳо оид ба сохтори парламентӣ дар СҲШ, аз ҷумла, тавассути такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, мубодилаи таҷриба дар соҳаи қонунэҷодкунӣ баён гардиданд. Иштирокдорон ба тавофуқ расиданд, ки то охири моҳи марти соли 2019 таклифҳои худро оид ба ташкили механизми вохӯрии раисони парламентҳои кишварҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла оид ба лоиҳаи Низомномаи (Дастурамали) дахлдор, инчунин, тавсияҳо вобаста ба мувофиқи мақсад будани таъсиси Ассамблеяи парламентӣ дар доираи созмон, ки аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ ва котиботи СҲШ баррасӣ мегарданд, пешниҳод намоянд.

Инчунин, баргузории машваратҳои раисони кумитаҳои байналмилалӣ то замони омода шудани асноди таъсисии ниҳоди нави парламентӣ дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай мувофиқи мақсад дониста шуд.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»