Таъсиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ муҳим мебошад,

№47 (3527) 09.04.2016

- иброз дошт Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқот бо Элизабет Инга Миллард

DSC_0759Ҳафтуми апрели соли 2016 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Инга Миллардро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози вохӯрӣ Раиси Маҷлиси миллӣ бо қаноатмандӣ аз раванди ҳамкориҳои гуногунҷанба ва судманди дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА ёдовар шуда, онҳоро  мувофиқ ба талаботи тарафҳо дар соҳаҳои мухталиф, алалхусус байнипарламентӣ, арзёбӣ кард. Зикр шуд, ки иқдомоти гуногун дар доираи ин раванд тибқи талаботи мавҷуда амалӣ гардида, ҳамкориҳо бемайлон рушд ёфта истодаанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳамчунин зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои олам, аз ҷумла ИМА ҳавасманд буда,  барои густариш пайдо намуданашон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебарад.

- Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти муҳим будани ин масъала сиёсати дарҳои кушодро  самти афзалиятнок эътироф ва интихоб намудааст, — афзуд Раиси Маҷлиси миллӣ.

Дар идома Маҳмадсаид Убайдуллоев аз иқдомоти ИМА  ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ёдовар шуда, гуфт, ки сулҳу субот ва фазои амни ин ҳамсоякишвар барои мо хеле муҳим аст.

Ҳамрадиф бо масъалаҳои дигар, зарурати тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун омили мусоидаткунанда баҳри тавсеа ва таҳкими равобити ҳасана махсус таъкид гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев таъсиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Конгресси ИМА-ро муҳиму саривақтӣ ва тақозои замон арзёбӣ кард.

Дар навбати худ,  хонум Элизабет Инга Миллард ба Маҳмадсаид Убайдуллоев барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, аз сафари нахустинаш, ки соли 2006 сурат гирифт, ёдовар шуд. Номбурда ба раванди фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёдкориҳо дар шаҳри Душанбе мароқ зоҳир намуд.

Вобаста ба пешниҳодоти дар ҷараёни суҳбат аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев ироагардида сафир гуфт, ки ҷиҳати татбиқи онҳо дар доираи ваколатҳои хеш мусоидат хоҳад кард.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ анҷом пазируфт.

Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.