Танзими масъалаҳои байналмилалӣ – ҳуқуқӣ дар Конститутсия

№135-136 (4555-4556) 04.11.2022

IMG_0614Конститутсия дар таърихи ҳар як давлат санади муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Конс­титутсияро шиносномаи давлат низ меноманд, зеро дар ин санад  номи давлат, сохти давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ ва низоми ҳуқуқии давлат муайян гардида, он сарчашмаи қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Ба ибораи дигар, Конститутсия зербинои ҳуқуқии тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлат ба ҳисоб рафта, маҳз тавассути он қонунгузории минбаъдаи давлатҳо ба роҳ монда шуда, татбиқи ин санад боиси мустаҳкамии қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа мегардад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ инъикоскунандаи давлатдории қадиму навини тоҷикон ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Гарчанде Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  дар давраи вазъи ноороми ҷамъиятиву сиёсӣ қабул гардида бошад ҳам, татбиқи меъёрҳои он дар тӯли 28 сол  нишон медиҳад, ки тамоми муносибатҳои ҷамъиятии  муосири  мамлакат­ро пурра ба танзим медарорад.

Зимни қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони мамлакат бунёди ҷомеаи адолатпарвар, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаро вазифаҳои худ қарор дода, ин санади муҳими давлатиро қабул ва эълон намуданд.

Баъд аз ба арсаи байналмилалӣ қадам ниҳодани давлати нав зарурати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ ба вуҷуд меояд, ки он тавассути санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба танзим дароварда мешавад. Пас аз эълон намудани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамкориҳоро бо давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монда, масъалаи аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият даровардани ин муносибатҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими худро ёфтааст. Масъа­лаҳои зерини санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон инъикоси худро ёфтаанд:

 - Самтҳо ё афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самтҳои асосии сиёсати хориҷии мамлакат бахшида шудааст, ки муҳтавои  онро дар амал татбиқ намудани сиёсати сулҳҷӯёна, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳои дигар, дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ  муайян намудани сиёсати хориҷӣ, манъи ташвиқоти ҷанг; вобаста ба манфиатҳои олии халқ ба иттиҳодияҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дохил шудан, бо кишварҳои хориҷӣ робита намудан ва ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ ташкил медиҳад.

-  Меъёрҳои  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон бахшида шудаанд. Ба ин гуна меъёрҳо асосан талаботи моддаи 15, яъне мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мансубияти шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандии давлати дигар тибқи шартномаҳои байналмилалӣ; талаботи моддаи 16, яъне дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат қарор доштани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва насупоридани шаҳрванд ба давлати хориҷӣ ва ғайраҳо мансуб мебошанд.

-  Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки таносуби санадҳои ҳуқуқи байналмилалиро бо қонунҳои ҷумҳурӣ муайян намудаанд. Ба масъалаи мазкур моддаи 10-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, ки тибқи он: «Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикис­тон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил  медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии  байналмилалии эътирофшуда  мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои  байналмилалӣ  амал мекунанд».

 - Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки салоҳияти мақомоти давлатиро дар бахши амалӣ кардани функсияҳои берунаи давлат муқаррар намудаанд. Масъалаи мазкурро  моддаи  55 (Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон),  моддаи  57 (Салоҳияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), моддаи 69 (Салоҳияти Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба танзим медароранд, ки бандҳои ҷудогонаи ин моддаҳо ба фаъолияти мақомоти номбаршуда дар самти сиёсати хориҷии кишвар бахшида шудаанд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дилхоҳ Конститутсия наметавонад тамоми муносибатҳои ҷамъиятиро пурра ба танзим дароварад. Баъзе аз масъала­ҳои марбут ба муносибатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба танзим дароварда нашудаанд, бо қонунҳои соҳавии дигар, ҳамчунин санадҳои зерқонунӣ танзим мегарданд.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ, салоҳияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, доираи амал, инчунин вазъи ҳуқуқии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар низоми ҳуқуқии кишварро муайян ва ба танзим даровардааст. Маҳз мавҷудияти Конститутсия, амалишавии меъёрҳои он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат боиси он гардидааст, ки уҳдадориҳои байналмилалии кишварамон сарбаландона иҷро гардида, эътибори байналмилалии давлатамон сол ба сол баланд рафта, ташаббусҳои дар арсаи байналмилалӣ пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба  ёбад.

Файзалӣ ИДИЗОДА,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ