Тоҷикистон — Россия: робитаҳои байнипарламентӣ торафт таҳким меёбанд

№131 (3925) 30.10.2018

Форум24-26 октябри соли равон дар шаҳри Москваи ­Федератсияи Россия Форуми VI байнипарлумонии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» баргузор шуд, ки дар он бо даъвати Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ҳайати парлумонии мамлакат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ­Маҳмадсаид ­Убайдуллоев иштирок намуд.

Шоми 24 октябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид ­Убайдуллоев бо ҳайати ҳамроҳ дар толори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва соҳибкорони муқими Федератсияи Россия дидору мулоқот намуда, зимнан аз ғамхориҳои пайвас­таи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳамватанони бурунмарзӣ, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ, сухан ронд ва аз аҳамияту нақши робитаҳои байнипарламентӣ дар татбиқи сиёсати созандаи Сарвари давлат бо Федератсияи Россия махсус таъкид кард.

IMG_8977Инчунин, зикр дошт, ки бо тафовут аз форумҳои гузашта, ҳамоиши имсола бо ширкати роҳбарияти Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, вазорату сохторҳои марбутаи Ҳукумати Федератсияи Россия ва доираи васеи соҳибкорон дар бинои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералӣ баргузор мегардад ва зимни баррасии масъалаҳо ҳангоми мизҳои мудаввар ва ҷаласаи пленарӣ бори нахуст 113 нафар роҳбарон ва намояндагони диаспораҳо, ҷамъиятҳои тоҷикон ва соҳибкорони тоҷикистонии муқими Россия, ки аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Федератсия Россия бо ибтикори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, ширкат мекунанд.

Аз номи иштирокчиён, раиси Маркази фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Твер Муқим Майбалиев, роҳбари Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Москва Хуршеда Ҳамроқулова, намояндаи Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Твер Эмом Хушаков ва ғайраҳо баромад намуда, бо сипосмандӣ аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии Сарвари давлат нисбат ба тоҷикони бурунмарзӣ, хоҳиш намуданд, ки дар дидору мулоқотҳои дарпешистода ҳалли масоили ҳалталаби муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус, муҳоҷирони тоҷикис­тонии вурудашон ба Федератсияи Россия мамнӯъ, ташкили синфҳои тоҷикӣ дар мактабҳои Федератсияи Россия бо ҷалби омӯзгорон аз ҳисоби ҷамъиятҳои тоҷикон ҷиҳати роҳандозии таълим бо забони тоҷикӣ дар мактабҳои амалкунанда масъалагузорӣ карда шавад.

DSC_7920Субҳи 25 октябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуд.

Дар он, ки бо иштироки васеи ҳайатҳо сурат гирифт, масоили ҳимояи ҳуқуқ, фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони меҳнатӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҳуқуқию техникии ҷойдошта, мушкили 208 ҳазор муҳоҷири тоҷикистонии вурудашон ба Федератсияи Россия мамнӯъ, баррасии мунсифонаи парвандаҳои ҷиноятии марбут ба ҳодисаҳои куштори шаҳрвандони Тоҷикис­тон дар мақомоти судии Федератсияи Россия, ташкили синфҳои тоҷикӣ дар мактабҳои Федератсияи Россия бо ҷалби омӯзгорон аз ҳисоби диаспораву ҷамъиятҳои тоҷикон, ташкили «роҳравҳои сабз» ҷиҳати интиқоли бемамонияти сабзавоту меваҷоти Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатию марказҳои муосири логис­тикӣ, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии байниминтақавӣ, зиёд намудани квота барои донишҷӯён дар мактабҳои олии Федератсияи Россия, ҷалби бештари сармоя ва технологияҳои муосири инноватсионии Федератсияи Россия дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ҳифзи сарҳадот, муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳлили воқеии ҳолати амалишавии созишномаҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вячеслав Володин бо истиқбол аз 34,9 дарсад зиёд шудани додугирифти мол миёни Тоҷикистону Россия дар моҳҳои охир изҳор дошт, ки он баёнгари сатҳи муносибатҳост.

Раиси палатаи поёнии парлумони Федератсияи Россия, инчунин аз иқдоми мақомоти тоҷик барои таҳкиму рушди мақоми забони русӣ дар Тоҷикистон тавсиф намуд.

«Дар Конститутсияи Тоҷикистон забони русӣ мақоми забони муоширати байналмилалиро дорад ва ин омили муҳим барои густариши ҳамкорӣ дар ин бахш ва дар маҷмӯъ, маориф мебошад. Феълан, донишҷӯёни зиёди тоҷик дар Россия таҳсил доранд ва сохтмони панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон идома дорад», — зикр кард В. Володин.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, бо изҳори он ки талабот ба забони русӣ вуҷуд дорад, аз мақомоти Федератсияи Россия хоҳиш кард дар Тоҷикистон илова ба 5 мактаби дар доираи ташаббус ва тафоҳуми сарони кишварҳо бунёдашон тасдиқшуда, сохтмони боз як мактаби таълимоти русиро ба нақша гиранд.

Ба гуфтаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, яке аз омӯзгорони рус, ки дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дарс медиҳад, аз набудани мактаби русӣ дар минтақа изҳори нигаронӣ кардааст.

«Барои бунёди панҷ мактаб дар Тоҷикистон сипосгузорем. Пешниҳод мекунем, ки барои бунёди боз як мактаби русӣ андеша намоем. Он омӯзгоре, ки зикр кардем, дар минтақа як моҳ зиндагӣ кардааст ва тайи ин муддат чунон ба мардуми маҳаллӣ дил бастааст, ки хостори ифтитоҳи мактаб шудааст. Вай мехоҳад, ҳар фарди минтақа бо забони русӣ суҳбат кунад. Маҳз ба ҳамин хотир, ӯ ин масъаларо матраҳ кардааст. Бо омӯзиши забони русӣ мардум бо ҷаҳон ошно мешаванд, чунки он яке аз забонҳои асосии муошират мебошад», — таъкид кард Маҳмадсаид Убайдуллоев.

Дарвоқеъ, соли дуюм аст, ки дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Россияву Тоҷикистон омӯзгорон аз Россия ба Тоҷикистон меоянд, то мардумро бо ганҷинаи беҳудуди забони русӣ ошно созанд. Дар робита ба ин, Россия ба онҳо моҳона медиҳад ва Тоҷикистон ба ҷои зист таъмин намуда, пардохтҳои коммуналиашонро низ ба уҳда гирифтааст.

Муаллимон дар шаҳрҳои Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ фаъолият намуда, тасмими ҷиддӣ (ба ғайр аз ду тан бо сабабҳои оилавӣ) гирифтаанд, ки фаъолиятро тамдид намоянд. Зеро онҳо тайи як соли хониш ба кишвари офтобрӯя дил бастаанд.

Ҳамчунин, зимни баррасии ­масъалаҳои дар боло зикршуда, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аснои суҳбат бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко низ, ки баъди зуҳри 25 октябр доир гардид, ҷиҳати ҳадафрас намудани тадбирҳои андешидашаванда ба мувофиқа расиданд, ки барои боз ҳам зери назорати қатъӣ гирифтани ҳама гуна қарору созишномаҳои қабулгардида ҷаласаҳои сайёри Комиссияи байнипарламентӣ амалкунанда байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия соле на кам аз ду бор дар минтақаҳо доир карда шаванд ва ин нуктаро ҳайати Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федерат­сияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия зимни баргузории ҷаласаи корӣ тасдиқ намуданд.

Ҳангоми баррасии табодули молу маҳсулот маълум шуд, ки нишондиҳандаҳои оморӣ моҳҳои январ — августи соли равон қариб ба 750 миллион доллар, бо суръати афзоиши зиёда аз 33 фоиз дар муқоиса ба соли 2017 баробар шудааст. Моҳҳои январ – августи соли 2018 табодули мол аз 620 миллион доллар ҳам боло рафтааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 13 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол содирот аз Тоҷикистон қариб чор баробар афзоиш ёфтааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев қайд намуд, ки то охири сол ҳар ду давлат метавонанд, ки нишондиҳандаи савдоро ба як миллиард доллар расонанд. Ин кор танҳо дар сурати алоқаҳои фаъолона дар сатҳи «минтақа — минтақа», ки дар ҳоли ҳозир беш аз 70 лоиҳа ва созишномаҳои байниминтақавӣ ва байни субъектҳои Россия ва Тоҷикистон роҳандозӣ шудаанд, натиҷаи дилхоҳ медиҳад.

- Мутаассифона, ҳанӯз ҳам ҳастанд соҳаҳое, ки дар онҳо банизомдарорӣ идома дорад. Пеш аз ҳама, ин ба ­масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзии кишвари мо дахл дорад. Тоҷикистон бо меваю сабзавоти хушмазаю болаззат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза хеле машҳур мебошад. Мутаассифона, ин нозу неъматҳои бебаҳо то рафҳои бозору мағозаҳои Россия бо мушкили зиёд ва бо таъхир, ки ба косташавии сифати онҳо боис мегардад, рафта мерасад, чунки инфрасохтори зарурӣ мавҷуд нест. Аз ин рӯ, ният дорем, ки низоми содаи интиқоли маҳсулоти кишоварзиро аз Тоҷикистон ва ташкили усулҳои муфиди молиро барои харидуфурӯш бо пулҳои миллӣ баррасӣ намоем, — изҳор дошт Валентина Матвиенко.

Дар алоқамандӣ ба ин масъала Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Ҳукумати Федератсияи Россия пешниҳод намуд, ки ба хотири рафъи мушкилоти мавҷуда ба таври оҷил масъалаи назорати содаи гумрукиро дар мавриди воридшавии маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ҳаллу фасл намояд.

Пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ: «Мо аз Шумо барои худ фароҳам овардани «Даҳлези сабз» — ро бо мақсади содироти меваю сабзавот хоҳиш дорем ва бегона нестем, мо одамони худием!», аз тарафи аҳли толор бо кафкӯбиҳои пурмавҷу бардавом истиқбол гардид.

Инчунин, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Валентина Матвиенко масъалаи идрорпулии давлатиро барои донишҷӯёни тоҷик, ки дар Россия ройгон таҳсил мекунанд, радду бадал намуданд. Имсол шумораи онҳо ба 692 нафар расида бошад ҳам, хоҳишмандон хеле зиёданд. Бинобар ин, Раиси Шӯрои Федератсия аз эҳтимолияти зиёд намудани онҳо дарак дод.

Раиси палатаи болоии парлумони Федератсияи Россия ёдовар шуд, ки бо ташаббуси президентҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба он шаҳрвандони тоҷик, ки ба рӯйхати ашхоси воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъшуда дохил буданд, афв эълон гардид. «Вале берун аз он, бо сабабҳои гуногуни техникӣ, беш аз 200 ҳазор шаҳрванди тоҷик боқӣ мондаанд», — гуфт В. Матвиенко ва илова намуд, ки ба кумитаҳои Шӯрои Федератсия оид ба мудофиа ва бехатарӣ ва оид ба масъалаҳои байналмилалӣ супориш дода шудааст якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ масъаларо мавриди баррасӣ қарор диҳанд ва ҳалли дурусти онро дарёфт намоянд».

Нимаи дуюми 25 октябр таҳти раёсати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Маҳмадсаид Убайдуллоев дар толори маҷлисҳои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ҷаласаи пленарии Форуми VI байнипарламентии «Россия — Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» доир гардид, ки дар он аъзои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералӣ, Маҷлиси миллӣ, намояндагони сохторҳои марбутаи Ҳукумати Федерат­сияи Россия, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъект­ҳо ва доираи васеи соҳибкорони ҳар ду кишвар ширкат намуданд.

Қабл аз ҳама, паёмҳои табрикии сарони давлатҳо ба иштирокчиён, ташкилотчиён ва меҳмонони форум қироат гардида, сипас, Валентина Матвиенко ва Маҳмадсаид Убайдуллоев маърӯза намуданд.

Дар Паёми табрикии Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин, ки аз ҷониби намояндаи ваколатдори Президенти Федератсияи Россия дар Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералӣ Артур Муравёв қироат шуд, омадааст:

«Дӯстони азиз, шуморо ба муносибати ифтитоҳи Форуми VI байнипарламентии «Россия — Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» сид­қан шодбош мегӯям! Муносибатҳои Россияю Тоҷикистон дар рӯҳияи иттифоқчигӣ ва шарикии стратегӣ ҳамвора рушд меёбанд. Қисмати муҳими онро муносибатҳои байни минтақаҳои ҳар ду давлат ташкил менамоянд.

Ба рӯзномаи форум масъалаҳои муҳиме, ки тавсеаи робитаҳои байниминтақавиро дар бисёр соҳа фарогиранд, шомил шудаанд. Солҳои охир мушкилоти робитаҳо дар соҳаи гуманитарӣ аҳамияти хос касб намудааст, ки аз бисёр ҷиҳат ба ҳавасмандии шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани маълумот бо забони русӣ асос ёфтаанд.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар ин бобат натиҷаҳои чашмраси амалӣ ба даст омадаанд. Дар доираи лоиҳаи ҳамкории байниминтақавӣ қисмати зиёди омӯзгорон аз шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия барои кор ба муассисаҳои таълимии Тоҷикис­тон фиристода мешаванд. Бовар дорам, ки намояндагони парламентҳои кишварҳоямон роҷеъ ба мушкилоти ҳамкориҳои минтақавӣ муҳокимаҳои конструктивӣ ва суд­манд анҷом дода, шаклҳои нави ояндадори кори якҷояро муайян менамоянд.

Аз сидқи дил ба шумо муваф­фақият таманно дорам!»

Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Зоҳир Озод ба самъи ҳозирин расонид, ки дар он омадааст:

«Ширкаткунандагони арҷманди форум!

Пеш аз ҳама, мехоҳам қаноатмандии амиқи хешро аз ҷараёни рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия изҳор намоям.

Федератсияи Россия шарики калидии стратегии Тоҷикистон буд ва хоҳад монд. Ва мо барои таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатиамон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем.

Дар маҷмӯи робитаҳои Тоҷикис­тону Россия нақши парламентҳои кишварҳоямон, ки ба онҳо шаклҳои нави ҳамкориҳои дархӯри замонро зам мекунанд, сол ба сол муҳимтару равшантар мегардад.

Мо Форуми байнипарламентӣ оид ба ҳамкориҳои байниминтақавиро на танҳо ҳамчун шакли муваффақи равобити миёни парламентҳои ду кишвар, ҳамчунин барои намояндагони минтақаҳо ва доираҳои соҳибкоронамон низ арзёбӣ менамоем.

Имрӯз ҳамкориҳои байниминтақавӣ ҳамчун василаи муҳими робитаи миёни Тоҷикистону Россия шинохта шудааст.

Корҳои муштарак дар ҳошияи форум аллакай дар барқарорӣ, густариш ва суръат бахшидани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии кишварҳоямон нақши хешро гузошта истодаанд.

Россия солҳои зиёд аст, ки дар савдои берунаи Тоҷикистон мавқеи пешсафиро нигоҳ медорад. Бо вуҷуди ин, дар самти мазкур тарафҳо имконоти азими зарфиятҳои иқтисодии мавҷударо ба андозаи кофӣ мавриди истифода қарор надодаанд.

Умед дорам, форуми шашум, ки дар доираи барномаи тадбирҳои он самтҳои ояндадори ҳамкориҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созандаи шарикӣ ва ҳампаймонии стратегии Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ мусоидат менамояд.

Ба ҳамаи ширкаткунандагони форум ба хотири рушди пайвастаи муносибатҳои анъанавии дӯстонаи кишварҳоямон кори пурмаҳсул ва тамоми хушиҳоро хоҳонам».

- Алоқаҳои амиқи фарҳангию гуманитарӣ миёни Россия ва Тоҷикис­тонро нигоҳдошту эҳтиёт кардан басанда нест, балки онҳоро мебояд, ки дар сатҳи хеле баланд аз нав таҳким бахшид. Тирамоҳи имсол дар Россия ва Тоҷикистон рӯзҳои фарҳангӣ баргузор гардиданд. Дар саҳнаи Театри калони шаҳри Москва ҳунарнамоии беҳтарин дастаҳои ҳунарии Тоҷикис­тон, инчунин, намоишгоҳи асарҳои рассомони тоҷик дар сатҳи хеле олӣ доир гашт, ки бо кафкӯбиҳои гарму ҷӯшону давомдор истиқбол гардиданд», — изҳор намуд В. Матвиенко.

Раиси Шӯрои Федератсия Тоҷикис­тонро яке аз ҳамкорони асосӣ дар самти сиёсати берунаи Россия ном бурда, изҳор кард, ки парлумони тоҷик барои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ҷидду ҷаҳди зиёд менамояд.

- Мо метавонем, ки ба фаъолияти Комиссия оид ба ҳамкориҳои байни парлумонҳои кишварҳо баҳои мусбат диҳем. Фақат зарур аст, ки қарорҳои мушаххаси бештаре барорем ва боварӣ ҳосил намоем, ки то чӣ андоза онҳо самарабахшанд», — қайд кард ӯ.

Валентина Ивановна ишора бар он низ кард, ки мутаассифона, на ҳама созишномаҳои байнидавлатӣ иҷро мегарданд, дар ҳоле ки вазифаи парлумонҳо назорати иҷрои бечунучаро ва натиҷабахшии санаду меъёрҳо мебошад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз дастгирии Валентина Матвиенко оид ба роҳандозӣ гардидани лоиҳаи сафарбарсозии омӯзгорони рус ба мактабҳои Тоҷикис­тон, ки ҳангоми ҷаласа дар таҳияи кормандони идораи телевизиони Шӯрои Федератсия роҷеъ ба он филми мустанад таҳти унвони «Тоҷикистон. Дарсҳои русӣ» намоиш дода шуд, ҳамчунин ҷиҳати мусоидат ба баррасию бознигарии масъалаи 208 ҳазор муҳоҷири тоҷикистонии вурудашон ба Федератсияи Россия мамнӯъ, муҳокимаи мунсифонаи парвандаҳои ҷиноятии марбут ба ҳодисаҳои куштори шаҳрвандони Тоҷикистон дар мақомоти судии Федератсияи Россия, роҳандозии таълим бо забони тоҷикӣ дар мактабҳои амалкунандаи Федератсияи Россия, ташкили «роҳравҳои сабз» ҷиҳати интиқоли бемамонияти сабзавоту меваҷоти Тоҷикистон ба Федератсияи Россия изҳори сипос намуда, зикр кард, ки амалишавии онҳо барои таҳкими робитаҳои байнипарламентиву байнидавлатӣ нақши муассир хоҳанд гузошт.

Гузашта аз ин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ қайд намуд, ки Институти нави парламентаризм — Форуми байнипарламентии «Россия — Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтакавӣ», ки бо ташаббуси ҳар ду ҷониб бори нахуст дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис гардид, яқинан нишон дод, ки ин тарзи ҳамкорӣ ба воситаи тавонои инкишофи ҳамкориҳои барои ҳар ду тараф судманд, ба ҳам наздик сохтани манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакатҳо табдил ёфта, заминаи боэътимоди робитаҳои байнидавлатӣ мегардад. Зеро он доираи масоили васеи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бар гирифта, бидуни шубҳа ҷиҳати ба ҳам наздик шудан ва муайян кардани неруи ҳамкориҳои бисёр­соҳаи мамлакатҳо мусоидат хоҳад кард. Инчунин, туфайли фаъолияти якҷояи парламентҳо, ҳукуматҳо ва субъектҳо робитаҳои тиҷоратӣ — иқтисодии байни кишварҳо бомаром таҳким меёбанд.»

- Агар соли нахустини Форум (2006) ҳаҷми гардиши савдои берунаи Тоҷикис­тон бо Федератсияи Россия 490 миллион долларро ташкил дода бошад, танҳо соли гузашта он ба 936 миллион доллар расид, ки болоравӣ 91 фисадро ташкил медиҳад. Дар 9 моҳи соли равон бошад, ин рақам ба 751 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад зиёд аст.

Дар навбати худ ҳаҷми сармоягузориҳои Россия дар иқтисодиёти Тоҷикис­тон то кунун беш аз 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, — иброз дошт Раиси палатаи болоии парлумони мамлакат.

Ба андешаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, басо муҳим аст, ки ҳамкориҳои инвеститсионӣ ва тиҷоратӣ бо роҳи кооператсияи истеҳсоли маҳсулоти тайёр ва хизматрасонӣ бо арзиши иловаи баландтар ба роҳ монда шуда, ба фурӯши он на танҳо дар Федератсияи Россия, балки дар бозори мамлакатҳои сеюм низ тавсеа дода шавад.

«Дар Тоҷикистон барои минбаъд беҳтар намудани фазои инвеститсиониву корӣ, диверсификатсияи соҳаҳои афзалиятнок пайгирона чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар ин маврид қонунҳои мамлакат дар соҳаи савдо ва иқтисодиёт ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда, дар онҳо амнияти саҳмгузорон кафолат дода мешавад. Танҳо дар ду соли охир бо мақсади мутобиқ намудани иқтисодиёти мамлакат ба талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо беш аз 100 асноди меъёрӣ – ҳуқуқӣ, аз ҷумла, беш аз 40 қонун қабул гардида, ба қонунҳои мавҷуда тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд», — гуфт Маҳмадсаид Убайдуллоев.

- Соҳаи туризм метавонад паҳлуи дигари ҳамкориҳо гардад, — илова намуд Маҳмадсаид Убайдуллоев. — Тоҷикистон иқлими мусоид, табиати зебо ва манзараҳои беназир, ёдгориҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ дорад, ки сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Тавсеаи ҳамкориҳо дар ин соҳа, бешубҳа, боз як омили таъсирбахш ҷиҳати инкишофи самараноки мамлакатҳо мегардад ва дар пешорӯ уфуқҳои нави ҳамкориро боз мекунад, ки инкишоф ва амиқ гардонидани ҳамкориҳои инвеститсионӣ, ҷалби инвеститсия ва технологияҳо аз Россия дар он аз вазифаҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта, ба инкишофи индустриалии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дахл карда, Раиси Маҷлиси миллӣ қайд кард, ки ба шарофати сиёсат ва ҷидду ҷаҳди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин дигаргуниҳои мусбат дар соҳа ба назар мерасанд, вале ҳанӯз масъалаҳои ҳалношуда мавҷуданд. «Айни ҳол, бо сабаби мавҷуд набудани асноди дуҷонибаи меъёриву ҳуқуқӣ, амалӣ намудани ҳуқуқ ба таъмини нафақа ба ин гурӯҳи одамон имконнопазир мегардад, гарчанде бо мақсади баромадан аз ин вазъ лоиҳаи Шартномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ таҳия гардида буд, ки дар он механизми муайян кардан ва додани нафақа аз ҷониби мақомоти масъули ҷонибҳо нишон дода шудааст, вале он то кунун дар ҳолати омӯзиш қарор дорад.

Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Шартнома аз 16 октябри соли 2004, ки соли 2013 ба имзо расида, ҳукми қонунро пайдо кардааст, ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки ба корфармоёни россиягӣ барои то се сол шартномаи меҳнатӣ баста, барои кор мутобиқи муҳлати амал намудани шартнома, яъне то се сол иҷозатнома ё патент гиранд.

Иҷозатнома ё патент барои кор барои тамдид намудани муддати бидуни убури сарҳад дар Федератсияи Россия қарор доштани шаҳрвандон имкон медиҳад.

Мутаассифона, нишондодҳои протоколи мазкур нисбат ба шаҳрвандони мамлакат риоя намешавад ва онҳо ҷиҳати тамдид намудани будубоши муваққатӣ маҷбур мешаванд, ки ҳар сол сарҳади Федератсияи Россияро убур намоянд, ки хароҷоти иловагиро тақозо мекунад.

Тавре маълум аст, 8 июли соли 2018 дар Россия қонуни нав дар бораи бақайдгирии муҳоҷирон қабул карда шуд. Он мафҳуми бақайдгирии муҳоҷиратро чунин шарҳ медиҳад, ки шаҳрвандони хориҷӣ минбаъд бояд дар ҷойи зисти воқеӣ ба қайд гирифта шаванд. Ғолибан, соҳибони манзил, ки хонаҳояшонро ба иҷора медиҳанд, иҷорагиронро дар манзили худ ба қайд гузоштан намехоҳанд. Табиист, ки дар ин ҳолат шаҳрвандони хориҷӣ маҷбур мешаванд, дар манзили бақайдгирифтаи воқеӣ зиндагӣ накунанд.

Агар шаҳрванди хориҷӣ бо сабаби мувофиқат накардани шароити манзиле, ки дар он ба қайд гирифта шудааст, муваққатан дар нишонии дигар зиндагӣ дошта бошад, пас ӯ ба гурӯҳи вайронкунандаҳои талаботи қонун дар бораи сукунат ё қарор доштан дар мамлакат дохил мегардад.

Табиист, ки дар давраи муҳоҷират шаҳрвандони хориҷӣ бо сабабҳои гуногун (меҳмонӣ, хабаргирии пайвандон ва ғайра) метавонанд дар манзили бақайдгузошта қарор надошта бошанд.

Ҳангоми санҷишҳо нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки муваққатан дар манзили бақайдгузошта қарор надоштаанд ё аз рӯи ихтисосе, ки дар патент нишон дода шудааст, кор намекунанд, зуд-зуд дар асоси моддаи 18.8. КоАП Федератсияи Россия, новобаста аз мавҷуд будани патент ва сари вақт супоридани андозҳо аз рӯи НДФЛ (андоз аз даромади шахсони воқеӣ) аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷазоҳои маъмурӣ дар намуди ҷарима ё хориҷ намудан аз ҳудуди Федератсияи Россия муқаррар карда мешавад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, хоҳишмандем имкониятҳои афви нав­батӣ нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ворид шудани онҳо ба Федератсияи Россия манъ гардидааст, мавриди баррасӣ қарор бигирад», — таъкид кард Маҳмадсаид Убайдуллоев.

Дар мавриди бозори анъанавии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон боқӣ мондани Федератсияи Россия Маҳмадсаид Убайдуллоев қайд намуд, ки мушкилиҳои мавҷуда дар раванди бақайд­гирӣ, ҳамлу нақл, амалиёти гумрукӣ ва сертификатсияи дукарата имкониятҳоро бобати мунтазам ворид намудани маҳсулоти кишоварзӣ ба Федератсияи Россия маҳдуд месозанд. Ва пешниҳод намуд, ки танҳо бунёди марказҳои замонавии тақсимоти яклухти маҳсулот метавонад барои амалӣ намудани назорати гумрукии содагардондашудаи маҳсулоти кишоварзии аз Тоҷикистон ба Россия воридшаванда, ки бо номи «Даҳлези сабз» маъруф аст, байни кишварҳо ҳамчун асоси инфрасохторӣ хизмат намояд. Аммо сад афсӯс, ки аз соли 2014 ин масъала то кунун ҳалли пурра пайдо накардааст.

Валентина Матвиенко ҷавобан ба масъалагузориҳои Раиси Маҷлиси миллӣ афзуд, ки ҷониби Федератсияи Россия бобати бунёди марказҳои муосири логистикӣ, ташкили «Даҳлези сабз» бо мақсади интиқоли бемамонияти сабзавоту меваҷоти Тоҷикистон Федератсияи Россия ва дар ин зимн ба роҳ мондани амалиётҳои бонкӣ бо асъори миллии кишварҳо омода буда, дар асоси риояи манфиатҳои мутақобилан судманд оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон чораҳои амалӣ хоҳад андешид.

Раиси Маҷлиси миллӣ бо қаноатмандӣ зикр сохт, ки дар асоси ташаббуси сарони давлатҳо нисбат ба он шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки ба рӯйхати ашхоси вурудашон ба Федератсияи Россия манъшуда дохил буданд, аз 24 март то 24 апрели соли 2017 маъракаи қонунигардонӣ эълон ва татбиқ гардид. Мутаассифона, бинобар кам будани муҳлат ва аз беиттилоотӣ 70 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ дар муҳлати муқарраргардида натавонистанд ҳуҷҷат ба расмият дароранд ва айни ҳол, дар маҷмӯъ, шумораи онҳо беш аз 208 ҳазорро ташкил додааст.

Вобаста ба ин, тибқи дархосту пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба бознигарии масъала, дар навбати аввал барои 70 ҳазор муҳоҷири зикршуда бо дастгирии бевоситаи Валентина Матвиенко мақоми салоҳиятдори Федератсияи Россия оид ба ҳалли мусбати он ризоят доданд. Ҷиҳати дарёфти ҳалли қазияи 138 ҳазор муҳоҷири меҳнатии мамнӯъ ба кумитаҳои масъули Шӯрои Федератсия оид ба мудофиаву амният ва корҳои байналхалқӣ якҷо бо Вазорати корҳои дохилию Хадамоти муҳоҷират дастури роҳбарияти олии кишвар ироа гардид, ки татбиқи минбаъдаи он зери назорати Шӯрои Федератсия қарор гирифта, ҳамчунин дар Ҳуҷҷати хотимавии форум дарҷ карда шуд.

Дар ҷаласа, инчунин, котиб — муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Григорий Карасин, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Зоҳир Озод, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, губернатори вилояти Кемеровои Федератсияи Россия Сергей Сивилев, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират Олга Кириллева, президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катерин, вазири маориф ва илми Федератсияи Россия Олга Василева, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, вакили Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Евгений Примаков, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Нуралӣ Солеҳов, ҳамраисони муколамаҳои гирди мизҳои мудаввар, раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои парламентӣ Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба сиёсати иқтисодӣ Дмитрий Мезентсев, раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба сиёсати аграрӣ, саноати хӯрокворӣ ва идоракунии муҳити зист Алексей Майоров, муовини якуми раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова ва муовини якуми раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохтори давлатӣ Людмила Бокова доир ба бурду бохти ҳамкориҳои тарафайн, масъалаҳои марбут ба такмили асосҳои ҳуқуқӣ — омили муҳими ҳамкорӣ, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, аграрӣ, саноат, вазъ, дурнамои ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои самарабахш иброз доштанд.

Ҳамчунин, дар доираи форум ҷаласаҳои Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва панҷ муколама дар гирди мизи мудаввар оид ба мавзӯъҳои: «Такмили асосҳои ҳуқуқӣ — омили муҳими ҳамкориҳо», «Такмили раванди муҳоҷирати меҳнатӣ — тақозои замон», «Рушд ва такмили ҳамкориҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ», «Оид ба вазъи ҳамкориҳо дар соҳаҳои аграрӣ, саноати хӯрокворию маҳсулотбарорӣ (истеҳсоли саноатии молҳо) ва тадбирҳои иловагӣ доир ба такмили минбаъдаи онҳо», «Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои иҷтимоию гуманитарии Россия ва Тоҷикистон: илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ» доир шуд, ки дар онҳо таваҷҷуҳи махсус ба такмилу таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо, ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ, рушди тиҷорату иқтисод ва ғайра равона гардид.

Ҳамоиш бо қабули Ҳуҷҷати хотимавӣ ба анҷом расид ва дар маҷмӯъ, аз ҳар ду ҷониб дар он 237 нафар иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамкориҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Форуми байнипарламентии «Тоҷикис­тон — Россия: неруи ҳамкории байни­­мин­тақавӣ» аввалин бор дар шаҳри Душанбе 24 — 26-уми августи соли 2006 доир гардид ва солҳои 2007, 2008, 2014, 2016 низ ба вуқӯъ пайваст.

Зимни форумҳои баргузоршуда Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Барнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Москваи Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи меҳнатӣ ва як қатор созишномаву меморандум, протокол, ёддошти тафоҳум, консепсияи ҳамкорӣ ва Ҳуҷҷати хотимавӣ аз ҷониби роҳбарони мақомоти марказӣ, намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии кишвар ва субъектҳои иҷроияи Федератсияи Россия дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ба имзо расиданд.

Тибқи тартиби қабулгардида, форумҳои байнипарламентӣ аз соли 2014 дар ду сол як бор, бо мувофиқаи тарафайн баргузор гардида, баҳри татбиқи муқаррароти шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамакнун тибқи Ҳуҷҷати хотимавии дар Форуми шашум қабулгардида, ҳамоиши навбатӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Самариддин АСОЗОДА, 

Неъматулло АЛИЕВ, 

«Садои мардум».

Душанбе — Москва – Душанбе