Вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон

№17 (4757) 05.02.2024

31-уми январ дар деҳоти «Даҳана»-и шаҳри Кӯлоб вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода ва Хайрулло Амонулло бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Шарифҷон Ҳакимзода Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, сокинонро ба ободкорию созандагӣ даъват намуд.

Вакил, ҳамчунин, зимни суҳбат аз падару модарон даъват ба амал овард, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд. Вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва шароити хуби қисмҳои ҳарбӣ ёдовар шуда, аз волидайн даъват намуданд, ки фарзандон қарзи худро дар назди Ватан — Модар иҷро намоянд.

Дар идомаи мулоқот Хайрулло Амонулло вобаста ба сарфакорона истифода кардани неруи барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ибрози андеша намуда, аз онҳо гирифтани ду-се ҳосил ва захираи дусолаи маҳсулоти хӯрок­вориро мувофиқи шароиту имконот зарур шумурданд.

Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз вакилони Маҷлиси намояндагон Ш. Ҳакимзода ва Х. Амонулло бо сокинони деҳоти «Зиракӣ»-и шаҳри Кӯлоб низ вохӯрӣ анҷом доданд.

Баромадкунандагон дар бораи самтҳои афзалиятноки минбаъдаи рушди мамлакат, рақамикунонии иқтисодиёт, мусоидат дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ба кишвари содиркунандаи «неруи сабз» табдил додани Тоҷикистон, рушди босуръати соҳаҳои саноату сохтмон, кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтиром ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, арҷ гузоштан ба фарҳангу маданияти миллӣ ва дигар масъалаҳо, ки дар Паёми навбатии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид гардид, мулоҳизаронӣ намуданд.

Чунин як мулоқоти дигар бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев дар деҳоти «Панҷоб»-и ноҳияи Мир ­Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

Вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми суханронӣ муҳтавои Паёми Президенти кишварро ба сокинон расонда, онҳоро ба сарфакории неруи барқ, дуруст истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, аз онҳо гирифтани ду-се ҳосил, инчунин, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани ҷавонон даъват намуданд.

31-уми январ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндагони аҳли илму маорифи шаҳри Турсунзода вохӯрӣ доир намуд.

Намояндаи мардумӣ дар суханрониаш таъкид намуд, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди илму маориф вазифаҳои мушаххас гузоштанд, зеро маҳз илм ва маориф дар пешрафти тамоми соҳаҳо нақши калидӣ доранд.

Дар идома вакили мардумӣ оиди зарурияти боз ҳам баланд бардош­тани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, омода намудани хонандагон ба озмуну мусобиқаҳои фаннӣ, риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ, пешгирии таҳсилоти ғайрирасмии динии ҷавонону наврасон, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарбияи ватандӯстии ҷавонон, корбарии дурусти сомонаҳои иҷтимоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони аз синни 18 боло, таҳкими дастовардҳои даврони соҳиб­истиқлолии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози назар намуд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Наҷмиддиниён барои расондани муҳтавои Паём дар маркази шаҳри Роғун, шаҳраки Обигарм, деҳоти «Қади об» ва «Сичароғ» бо интихобкунандагон вохӯрӣ баргузор намуд.

Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки Паёми имсолаи Сарвари давлат бо фарогирии тамоми соҳаҳои ҳаёти мардуми кишвар, дастоварду муваффақиятҳо дар муқоиса ба солҳои қаблӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Мавсуф иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияту таъмини ҳамаҷонибаи пешрафти давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ояндаи дурахшони мамлакат нақши муҳим мегузоранд. Ироаи ҳамасолаи Паём дар сохтори мураттаб ҳамаи самту соҳаҳои ҷомеаро фаро гирифта, пеш аз ҳама, дар доираи таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба барои тақвияти равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат рӯи кор оварда мешавад.

Инчунин, Файзулло Наҷмиддиниён оид ба дигар самтҳои Паём, аз ҷумла оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маълумоти муфассал дод.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода дар ноҳияи Мастчоҳ бо ­сокинони шаҳраку деҳот, фаъолону интихобкунандагон мулоқот доир намуд.

Ғайрат Азиззода нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ дода, аз ҷумла, таъкид дошт, ки ­масъалаҳое, ки дар Паём матраҳ гардидаанд, ба рушди соҳаҳои гуногун ва дар умум, ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат мусоидат хоҳанд кард.  

Инчунин, вакилони Маҷлиси намояндагон Раънохон Бобоҷониён ва Мавлудахон Мирзозода бо мардуми деҳоти «Овчиқалъача», «Зарзамин» ва «Хистеварз», Мирзоанвар Ахмедов бо сокинони деҳоти «Унҷӣ» ва ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Абдуҷаббор Умарзода бо сокинони шаҳри Истаравшан, Файзулло Қосимӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо интихобкунандагон ва фаъолон мулоқоту вохӯриҳои судманд доир намуданд.

1-уми феврал вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Шарифзода оид ба амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло рафтани сатҳи некуаҳволии сокинон, рушди соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, баланд шудани мавқеи зан дар ҷомеа, дастгирии ҷавонон, тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нафақаҳои меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, ҳифзи оромию осудагии мамлакат ва дигар нуктаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ омадаанд, зимни вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи Айнӣ суханронӣ намуд.

Иброз гардид, ки имрӯз ҷаҳон дар рос­тои шадидтарин буҳронҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ахлоқию фарҳангӣ қарор дорад. Дар чунин вазъият давлате метавонад аз ин буҳронҳо эмин бошад, ки фарзандони донишманд, фазои орому осуда, суботи сартосарӣ дошта бошад. Имрӯзҳо, ки оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар фазои мамлакат танинандоз аст, бояд ҳар сокин ба қадри ин неъмат бирасад ва дар ҳифзу нигоҳдошти ин оромӣ ҳамеша талош намояд.

1-уми феврал вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Икромӣ ва Абдулло Меъроҷ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо интихобкунандагон мулоқот намуданд.  

Зимни вохӯрӣ вакилон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла қисми даромади буҷети давлатӣ, раҳо намудани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати  транзитӣ табдил додани он, лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард, инчунин, бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик, ибрози андеша намуданд.

Вакилони мардумӣ сокинонро ба амалисозии барномаю нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташкилу назорати корҳои ободонию сабзкорӣ, тозаю озода нигоҳ доштани маҳалҳо, ҳифзи табиат ва истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ҳидоят намуданд.

И. РАҶАБАЛӢ,

Сайидо НАЗАРОВ,

Муҳаммад ЗОКИР,

Мухтори АБДУЛЛО,

«Садои мардум»,

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон