Дар кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ворид намудани тағйиру илова ба қонунҳои амалкунанда

№172 (3473) 16.12.2015

DSC_012615 декабри соли 2015 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласа доир гардид.

Дар ҷаласаи кумита масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Раиси кумита Худоёрзода Бахтиёр Тавар масъалаҳои мавриди муҳокима қарордоштаро тавзеҳ дода, зикр кард, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мазкур такмил додани онҳо мебошад.

Ҳамчунин аъзои кумита Қаҳҳор Маҳкамов, Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, Абдураҳмонзода Саидумрон Назар, Наргис Раҳмонова дар робита ба муҳокимаи масъалаҳо андешаҳояшонро иброз доштанд.

Вобаста ба ин масъалаҳо хулосаҳо қабул ва ҷиҳати баррасӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардид.

А. МӮСОЕВ,  «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ