Муҳокимаи парламентӣ

Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ чӣ гуна ҳифз мегарданд?

№146 (4096) 03.12.2019

DSC_030027 ноябри соли 2019 таҳти раё­сати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони «Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ: вазъи кунунӣ, мушкилот ва дурнамои он дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.

Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, молия, рушди иқтисод ва савдо, адлия, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмии истеҳсолӣ оид ба тармиму барқарорнамоии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки муҳофизат, таъмиру тармим ва омӯзиши ёдгориҳои таърихии миллат ва интишори моҳияту аҳамияти он дар тамаддуни ҷаҳонӣ пайомади барномаи муназзам ва ҳадафманди сиёсати фарҳангии ҳар як давлат мебошад. Аз ин рӯ, эъмор ва таҷдиди обидаҳои таърихӣ дар 28 соли охир ба марҳалаи нав ворид гардид.

Ибтикори дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 — «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тафаккури мардумро ба маънии мусбат дигар намуд. Шоистаи зикр аст, ки ҷиҳати ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои мероси моддии кишвар бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори зиёд ба анҷом расид.

Тавре Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба ин масъала ҷалб намуда, таъкид карданд: «Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем».

Нотиқ афзуд, ки ба рӯйхат гирифтани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ замони шӯравӣ, аниқтараш солҳои 50-уми асри гузашта ибтидо гирифт. Аз ҷумла, тибқи бақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1950 (Қарори ҶШСТ №35 аз 19.01.1950) 205 ёдгории таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ ва 159 ёдгории бостонии таҳқиқношуда ва соли 1971 (Қарори ҶШСТ, №35, №408 аз 31.12.1971) 2020 ёдгории таърихию фарҳангӣ номнавис гардид. Мутаассифона, ба феҳрист тамоми ёдгории таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ шомил нагардид ва рӯйхати нисбатан комили ёдгориҳо дар давраи истиқлолият мураттаб гардид. Барӯйхатгирӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ салоҳияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳқиқу омӯзиши онҳо вазифаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи бақайдгирии ёдгориҳои мероси ғайриманқул аз тарафи Вазорати фарҳанг солҳои 2017-2018 ба «Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2018, №356) 3413 ёдгории таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалии дараҷаи ҷумҳуриявӣ шомил гардидаанд, ки 70,6%-и онро ёдгориҳои бостонӣ, 23,4% ёдгории меъморӣ ва 6% ёдгории монументалӣ ташкил медиҳанд.

Ковишҳои бостоншиносӣ ва пажӯҳишҳои таърихшиносӣ исбот намудаанд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои калидии Шоҳроҳи бузурги абрешим будааст ва ёдгориҳои моддии нотакрори халқи тоҷик, ба монанди шаҳрҳои бостонии Саразм, Ҳисор, Кӯлоб, Хуҷанд, ёдгориҳои Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Муҳаммад Башоро, Мақбараи Хоҷа Нақшрон, Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бозёфтҳои қадимтарини катибаҳои «Қуръон» ва навиштаҷоти ирфонӣ, девормусаввараҳо аз шаҳрҳои асримиёнагии Ҳулбук, Панҷакенти қадим ва Бунҷикат, муҷассамаи Буддо аз ёдгории бостонии Аҷинатеппа, қалъаи Ямчун, маъбади Зонг, ёдгории меъмории Карон ва ғайра қатрае аз баҳри сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошанд.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба ҳифзу нигоҳ­дошт ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии ғайриманқул 15 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст.

Ҷиҳати танзим ва самаранокии фаъолияти соҳа, инчунин, мутобиқат бо талаботи байналмилалӣ, ҳар сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи сарватҳои мероси ғайриманқул қонунгузорӣ мукаммал мегардад. Имсол низ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» (№42 аз 06.08.2001 с.) аз нав мавриди таҳрир қарор гирифт.

Соли 1993, новобаста ба вазъи ноороми дохилӣ, Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда, ба узвияти Созмони мероси фарҳанги ҷаҳонӣ — ЮНЕСКО шомил гардид. Шаҳри бостонии Саразм яке аз аввалин ёдгориҳои моддии ватанист, ки соли 2010 ба Феҳристи ёдгориҳои моддии ЮНЕСКО ворид шуд.

Таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ тибқи дастури Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешак, шуҳрати кишварро дар ҷаҳон афзунтар менамояд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати фарҳанг ҷиҳати тарғиби сазовори таъриху фарҳанги халқи тоҷик дар мисоли ёдгории «Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим» тақвими «Саразм-Ҳулбук-2019», китобҳои «Ҳунармандии Хатлон дар замони Сомониён» ва «Ремесленное производство средневекового Хутталя» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, тавсияи методии «Кашф ва бақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мероси ғайриманқул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр омода гардиданд.

Дар омӯзиши ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ нақши мутахассисон-бостоншиносон ва олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муассир мебошад. Ҳар сол аз ҷониби ин муассиса то 20 экспедитсияи бостоншиносӣ бо ҷалби мутахассисони дохилии хориҷӣ барои омӯзишу таҳқиқи ёдгориҳои бостонӣ ташкил мешавад. Соли 2019 диққати бештар ба омӯзиш ва омодасозии ёдгории пурарзиши давраи энеолит ва асри биринҷии шаҳри Саразми бостонӣ равона гардид, ки дар таҳқиқи он бостоншиносони Тоҷикистон, Франсия, Федератсияи Россия, Италия, Олмон, Хитой фаъолона иштирок намуданд. Натиҷаҳои бадастовардаи бостоншиносон тавассути рисолаҳои илмӣ, мақолаҳо ва гузоришҳо дар маҷаллаҳои ватанию хориҷӣ ба самъи мутахассисон ва дӯстдорони таърихи халқи тоҷик расонида мешавад. Хурсандиовар аст, ки аз тарафи мутахассисони институт якҷо бо дигар сохторҳои дахлдор теъдоди зиёди ёдгориҳои таърихии кишвар барои ворид намудан ба Феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО ва ИСЕСКО пешниҳод гардидаанд.

Инчунин, зикр гардид, ки Вазорати фарҳанг дар самти пешгирии қочоқи сарватҳои таърихию фарҳангӣ якҷо бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 260 ташхиси соҳавиро ба анҷом расонид, ки 60 — тоаш мансуб ба қочоқи сарватҳои таърихию фарҳангӣ, тарғиб ва паҳн намудани маводи номатлуб дар ҷомеа ­мебошад.

Ҳамчунин, бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти зерсохтори он (аз 21.08.2019 таҳти №8/27-1434 сод.) тасарруфи ҳудудҳои ҳифзшавандаи ёдгориҳои бостонӣ дар ноҳияҳои Фархор ва Шаҳритузи вилояти Хатлон пешгирӣ гардид.

Тӯли 28 соли соҳибис­тиқлолӣ тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар 90 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ аз ҳисоби буҷет ба анҷом расид. Татбиқ ва амалӣ намудани «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» имкон медиҳад, ки барои ҳифзу тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ шароит фароҳам ояд. Тибқи он, дар ду марҳала корҳои тармиму барқарорнамоии 25 қалъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 3 масҷиди таърихӣ, 3 маъбади қабл аз исломӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, 17 ёдгорӣ тармим, 11 ёдгорӣ барқарор, 8 ёдгорӣ нигоҳдошт, 5 ёдгорӣ қисман барқарор ва 2 ёдгорӣ таъмир хоҳанд шуд. Маблағи умумии пешбинишуда 67,8 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Фаъолияти Вазорати фарҳанг доир ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар Шӯрои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ пайваста мавриди баррасӣ қарор гирифта истодааст. Шумораи муассисаҳои мансуб ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ сол то сол афзоиш меёбад. Таъсиси Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук», Муассисаи давлатии «Осорхона — мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара», Муассисаи давлатии «Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд» Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ дастовардҳои давраи истиқлолияти кишвар дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ба шумор мераванд.

Тибқи маълумоти дастрасшуда, то моҳи сентябри соли 2019 теъдоди сайёҳон ва меҳмонони аз ёдгориҳои мероси ғайриманқули кишвар боз­диднамуда тақрибан ба 80 ҳазор нафар баробар гардидааст.

Бо дарназардошти шароиту имконоти бавуҷудомада ва ҷалби сайёҳон ба ёдгориҳои мероси ғайриманқул Вазорати фарҳанг чанд лоиҳаи хатсайри сайёҳии кишварро пешниҳод намудааст, ки беҳтарин ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакатро дар бар мегиранд ва оянда метавонанд нуктаҳои асосии сайргоҳи сайёҳон дар ҷодаи сайёҳии кишвар гарданд.

Аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки тибқи банди 25 Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020», сертификатнамоӣ, банақшагирӣ, гузоштани нишонаҳо ва таҳияи шиносномаҳои илмии ёдгориҳои мероси ғайриманқул пешбинӣ гардид, вале, вобаста ба имкониятҳои молиявии буҷети кишвар корҳои пешбинигардида мавқуф гузошта шуданд.

Мушкили дигар хеле кам будани кормандони шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ва имкониятҳои маҳдуди назорати онҳо мебошад.

Баъд аз ворид намудани тағйирот ба сохтори Дастгоҳи маркази Вазорати фарҳанг (апрели соли 2006) «Инспексияи ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ» ба «Шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ» табдил ёфт, ки 4 коргар дорад. Ин тағйирот дар пешрафти фаъолияти соҳа таъсири манфӣ расонид. Назорати ёдгориҳои таърихӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо нисбат ба онҳо, назорати тармиму барқарорнамоии ёдгориҳои мероси ғайриманқул, пешгирии эъмори ғайриқонунии мақбараҳо ва ҳайкалу муҷассамаҳо дар кишвар нисбатан суст гардид.

Баробари муваффақиятҳо дар самти таҳқиқ, нигаҳдошт ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ камбудию норасоии зиёд низ ҷой доранд. Аз ҷумла, тибқи санҷиш ва таҳлилҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», дар баъзе ҳолат муҳимияти соҳа аз ҷониби масъулини соҳаҳои алоҳида ба таври дахлдор дарк нагардида, боиси қонунвайронкунӣ, аз қабили ҳифз нагардидани объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, хариду интиқоли ғайриқонунии объектҳо ба хориҷи кишвар ва ғайра мушоҳида мешаванд.

Баҳисобгирии пурраи объект­ҳои мероси таърихию фарҳангӣ заминаи асосии ҳифз ва истифодаи дурусти ёдгориҳост. Аз ин рӯ, мақомоти ваколатдор ба воситаи ҷамъоварии маълумоти зарурӣ дар бораи онҳо метавонад рисолатро дар ин самт дар амал татбиқ намояд. Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», пешниҳоди сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба фурӯши оммавӣ бо ризояти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг амалӣ мегардад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар хариду фурӯши сарватҳои фарҳангӣ иштирок мекунанд, вазифадоранд иҷозати мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳангро дарёфт кунанд.

Умуман, дар натиҷаи бепарвоии масъулини соҳа, 329 мавзеи ёдгории таърихӣ бо шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин таъмин карда нашудаанд, ки ин барои ба нестӣ рафтани ёдгориҳои таърихӣ ва ба дигар мақсад ҷудокунии қитъаҳои замини онҳо мусоидат менамояд.

Барои беҳтар гардонидани вазъи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ зарур аст, ки фаъолияти сохторҳои дахлдор, пеш аз ҳама, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва зерсохторҳои Вазорати фарҳанг хуб ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин, роҳбарияти Вазорати фарҳангро зарур аст, ки дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аз нав таъсис додани Инспексияи ҳифзу истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва вогузор кардани сарпарастии соҳа ба зиммаи муовинони раисони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва муайян намудани мутахассисони соҳаи назорат ба ёдгориҳои мероси моддӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан, ҷавонон, бояд мусоидат кунад. Аз ин рӯ, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, Кумитаи радио ва телевизион, ВАО-ро зарур аст, ки тарғибу ташвиқи ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишварро васеъ ба роҳ монанд.

Вақти он расидааст, ки тавассути ташкили гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони Вазорати фарҳанг, олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Акдемияи ­илмҳо, бо ҷалби масъулини мақомоти маҳаллӣ санҷиши замини ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии ҷумҳурӣ гузаронида шавад. Дар ин замина, бояд ба ҳар як ёдгорӣ ҳуҷҷати расмӣ — Шаҳодатномаи бақайдгирӣ дода, бо нишонгузорӣ ба Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихӣ қонунӣ дохил карда шавад.

- Моддаи 44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ талаб менамояд, ки «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дастраси халқ мебошанд. Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таъриху фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст», — гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Сипас, муовини директори Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмии истеҳсолӣ оид ба тармиму барқарорнамоии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Азизов, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ, сарходими илмии шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши ­Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Юсуфшо Яқубов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон Лутфия Раҷабова, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба ном Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Нас­рулло Каримзода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Меҳринисо Бобобекова маърӯза карданд.

Дар хотима, бо дарназардошти пешниҳоди иштирокчиён, қарор ва тавсияҳо қабул шуданд.

Таҳияи Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ