Ҳунар беҳ аз симу зар

Ҳунарҳои мардумӣ. Муаррифии шоистаи онҳо нуфузи кишварро боло мебарад

№29 (3823) 06.03.2018

ТУРИЗМ ЛОГО Черно белыйҲунар сармояест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, болидарӯҳ мегардонад. Бузургон нисбат ба ҳунар бисёр хуб гуфтаанд:

Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,

Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.

Ҳунаре неҳ, ки диҳад симу зарат,

Ҳунари аз дилу ҷон ранҷбарат.

Аз қадим тоҷикон бо ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандон шуҳрат доштанд.

Ҳунармандон дар давоми қарн­ҳои зиёд матоъ, зарф, асбоби мусиқӣ, қолин, чакан, маснуоти заргарӣ ва дигар намуд маҳсулоти ҳунармандиро тайёр мекарданд. Ҳунарҳои қадимаи ниёгон, хушбахтона, тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст.

111Тоҷиконе, ки дар шаҳрҳо сукунат доштанд, ҳунармандиро касби асосӣ қарор дода, дар ташаккули шаҳрҳо нақши муҳим бозиданд. Тибқи маълумоти шарқшиноси маъруфи рус  А. А. Семёнов, дар охири асри XIX барои мақоми шаҳрро гирифтани маҳалли аҳолинишин мавҷудияти зиёда аз 32 намуди ҳунарҳои мухталиф зарур буд. Дар гузашта намояндагони ҳар як намуди ҳунар одатан дар маҳаллаҳои алоҳида сукунат доштанд.

Дар байни тоҷикон маъмултарин ҳунарҳои бадеӣ бофандагӣ, коркарди фулузот (оҳангарӣ), кулолгарӣ, кандакорӣ, заргарӣ  маҳсуб меёфт. Ин ҳунарҳо хусусияти меросӣ — оилавӣ доштанд. Сирру асрор ва нозукиҳои ҳунар аз устод ба шогирд, аксар маврид ба писари калонии ҳунарманд омӯзонида мешуданд. То солҳои 20-уми қарни гузашта дар минтақаи Осиёи Миёна ба бофандагӣ мардҳо ва ба дӯзандагӣ занҳо машғул буданд. Маҳсулот барои кулолгариро занҳо омода мекарданд ва тавассути чархи кулолӣ мардҳо ба марҳилаи ниҳоӣ  мерасониданд.

Мутаассифона, дар даврони шӯравӣ бар асари тағйирёбии вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва манъ гардидани соҳибкорӣ эҳтиёҷ ба маҳсулоти ҳунармандон коста гардид.  Новобаста аз ин, дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ, хусусан дар шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, водии Рашт ва Бадахшон ҳунармандӣ аз байн нарафт. Ҳунармандон касбу кори аҷдодӣ, хусусан кандакорӣ, заргарӣ, чакандӯзӣ ва кашидадӯзиро то имрӯз нигоҳ доштанд.

Дар Тоҷикистони соҳибис­тиқлол ба рушди ҳунарҳои бадеӣ дар сатҳи давлатӣ таваҷҷуҳ хос буда, мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» (аз 1 августи соли 2003, №43), қабул гаштани Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 (аз 31 октябри соли 2008, № 513) дар ин самт такони ҷиддӣ гардид. Омӯхтан ва эҳё намудани ҳунарҳои бадеӣ дар баробари бартариҳои зикршуда имкон медиҳад муайян намоем, ки то кадом андоза онҳо ба ҳаёти имрӯза ворид шудаанд, бо табиати маҳал, тарзи зис­ти мардум, ривоятҳо, расму оин, урфу одат ва ҷашнҳо чӣ робита доранд?

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоис­таи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018-ро  «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Ҳамчунин, соҳибкороне, ки ба истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ дар шароити хона машғуланд, аз андоз озод карда шуданд. Ин дастгирии Сарвари давлат рӯҳияи ҳунармандон ва завқи онҳоро даҳчанд зиёд намуд.

Бояд барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гаштани иқдоми Пешвои миллат тамоми саъйи худро равона созем. Кӯшиш намоем ҷаҳониёнро бо диёри бостонии худ, табиати зебову дилрабо ва ҳунарҳои мардумӣ бештар ошно намоем.

Субҳон УСМОНОВ, устоди  Донишкадаи

давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон,

номзади илмҳои педагогӣ