Ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Асарҳои шоиста ва сазовор

№74 (3059) 18.06.2013

 

Р. МасовИмсол барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника асарҳои  директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Раҳим Масов  «Масоили мубрами таърихӣ ва таърихнигории Тоҷикистон» ва «Тоҷикон: таърихи фоҷеаи миллӣ» пешбарӣ шудаанд.

Академик Раҳим Масов муаллифи даҳҳо рисолаи бунёдӣ, илмиву оммавӣ, китоби дарсӣ ва садҳо мақолаи илмиву публитсистӣ, тавсифномаву барномаҳои осори илмӣ мебошад, ки самара ва нақши онҳо дар тадқиқоти таърихнигорони ватаниву хориҷӣ равшан эҳсос мегардад. Саҳми бузурги академик Раҳим Масов ҳамчун олими соҳиби равияи хоси илмӣ дар тарбияи насли таърихнигорони тоҷик, ки имрӯз дар мактабҳои оливу муассисаҳои тадқиқотии кишвар адои вазифа доранд, шоистаи таҳсини аҳли ҷомеа гаштааст.

Асари маъруфи «Тоҷикон: таърихи фоҷеаи миллӣ» соли 2008 ба нашр расид. Дар асари мазкур таҷрибаи таърихи чандинсолаи фаъолияти илмии академик Р.М. Масов ҷамъбаст шудаааст. Дар тадқиқоти номбурдаи муаллиф се асари нашршуда, «Таърихи табартақсим» (соли 1991), «Тоҷикон: таърих бо муҳри комилан сиррӣ» (соли 1995) ва «Тоҷикон: тангнамоӣ ва асимилятсия» (соли 2003) ҷой дода шудаанд.

Сарфи назар аз нашри асарҳои номбаршуда, зарурати аз нав нашр намудани онҳо ба миён омад, зеро агар китоби якум, яъне «Таърихи табартақсим» ба миқдори 35 ҳазор нусха нашр гардида бошад ҳам, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он талаби зиёд дошт. Ҳатто дар саҳифаҳои шабакаи интернетӣ, бе розигии муаллиф паҳн кардани китоб ба назар мерасид. Ин маънои онро дошт, ки асар аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва моҳияти таърихиаш тақдири халқи тоҷикро воқеӣ инъикос мекунад ва  тақозои замон аст.

Ҳамчунин аз нуқтаи назари талаботи замони муосир муаллиф саҳифаҳои таърихи халқи тоҷикро бо ҳама ҷиҳатҳояш инъикос намудааст. Китоби дуюми асари сегона -  «Тоҷикон: таърих бо муҳри комилан сиррӣ» таърихи фоҷеаи сиёсиву ҷисмонии халқро дар асрҳои тӯлонии гузашта таҳлил кардааст.

Ҳарчанд дар таҳқиқоти илмии бисёр олимон оиди ҷойгиршавии қабилаҳое, ки ба гурӯҳҳои забони ҳинду – аврупоӣ дохил мешуданду онҳоро ориёиҳо меномиданд, маълумоти зиёд додаанд, аммо дар он асарҳо  таҳқиқотҳо  воқеияти реалиро пурра инъикос накардаанд.

Хизмати шоистаи таърихии академик Р.М. Масов дар он аст, ки дар асоси таҳлили сарчашмаҳои нодири бойгонӣ, таҳқиқоти саҳифаҳои норавшани таърихи халқи тоҷикро баъд аз ба ҳайати Россия ворид гардидани Осиёи Миёна мавриди баррасию таҳлил қарор додааст.

Дар асарҳои олими забардаст, академик Р.М. Масов зикр гардидааст, ки ба ҳайати Россия ҳамроҳ гардидани Осиёи Миёна аз як тараф ҳусусият ва аҳамияти прогрессивӣ дошта бошад ҳам, аз ҷониби дигар барои халқи тоҷик, худшиносии вай, мансубияти миллӣ, забони он фоҷиае буд. Инро муаллиф дар таҳқиқоти худ ҳангоми дар Осиёи Миёна таъсис додани маъмурияти нави ҳудудии Туркистон асосдор мекунад. Аниқтараш ба таври равшан муаллиф онро дар асоси таъсис додани генерал-губернатории Туркистон дар ҳудуди Осиёи Миёна, ки марказаш дар шаҳри Тошкент қарор дошт (соли 1867), нишон додааст.

Ҷараёни маҳдудгардии манфиатҳои мардуми тоҷик дар заминаи баланд бардоштани мақоми туркнажодҳо ва пантуркизм бо далелҳои собиткунанда  нишон додааст, ки дар натиҷааш тақсимоти табарӣ сурат гирифту тоҷикони бумӣ аз шаҳру тамаддуни худ маҳрум шуданд.

Дар қисми сеюми асари сегонаи китоб бо номи «Тоҷикон: фишор ва омезиш»  идеологияи пантуркистӣ ва таъсири он дар худшиносии миллии тоҷикон нишон дода шудааст. Ҳамчунин заминаҳои пайдоиши идеологияи пантуркистӣ таҳлил карда шудаанд, ки таъсири манфии онҳо ба тақсимоти ҳудудии Осиёи Миёна равшан баён гардидааст. Дар асар фаъолияти комиссияи тақсимоти ҳудудӣ дар таъсиси шӯрои иқтисодии Осиёи Миёна низ инъикос ёфтааст. Муаллиф тақсимоти миллӣ – ҳудудиро воқеъбинона таҳлил намуда, таъкид мекунад, ки Тоҷикистон дар фазои хушку холӣ ташкил гардид.

Муаллиф ҷасурона нақши бархе аз хоинони миллати тоҷикро, ки дар фазои пантуркистӣ гирифтор монда, миллати хешро ба нестӣ меоварданд, бозгӯйӣ кардааст.

Дар асарҳои пешниҳодшудаи Р.М. Масов муҳимтарин масъалаҳои илми таърихи ватанӣ, аз қабили тақсимоти миллӣ-марзии Осиёи Миёна, таърихнигории ватанӣ, ташаккули миллат, хотироти таърихии халқ, мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, муносибати кишвари мо бо дигар давлатҳо дар шароити муосири байналмилалӣ, масоили методологии илми таърих баррасӣ шуда, бешубҳа, аҳамияти бузурги илмӣ доранд.

Академик Р. М. Масов чун созмондиҳандаи тадқиқотҳои  илмӣ низ дар ҷумҳурӣ мавқеи махсус дошта, зиёда аз понздаҳ сол аст, ки сарварии Институти таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дорад. Маҳз роҳбарии хирадмандонаи олим имкон дод, ки қудрату тавоноии институт ҳифз ва кадрҳои нави баландихтисос ба камол расанд. Шуҷоати академик Р.М.Масов дар он аст, ки ба ҷанги дохилӣ ва вазъи мушкили иқтисодӣ нигоҳ накарда, тавонист олимони соҳибтаҷрибаро ба офаридани асари бунёдии «Таърихи халқи тоҷик» ҷалб созад. Имрӯз, ки панҷ ҷилди ин асари гаронбаҳо чоп  шуд, мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки тоҷикон аз зумраи он халқҳое мебошанд, ки таърихи халқи хешро аз асри санг то охири қарни ХХ китоб кардаанд.

Хизматҳои академик Р.Масов бо орденҳои «Исмоили Сомонӣ» ва «Ситораи Президент» (дараҷаи аввал), медали «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали «Дӯстии халқҳо» ва «Ба номи Ломоносов»-и Федератсияи Россия, Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон  қадр гардидаанд.

Олими шинохтаи тоҷик, академик Раҳим Масов лоиқи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника мебошад, зеро тамоми осори илмии ӯ пур аз ватандӯстию ифтихори миллат, хештаншиносию худогоҳӣ буда, дар инкишофи илми таърих ва таърихнигории кишвар қутбнамои муаррихон гардидааст.

Ҷ.Ҳ.ҶӮРАБОЕВ, ректори ДДҲБСТ,н.и.т., дотсент,                                                            

Ф.М.ҲОМИДОВ, декани факултети сиёсатшиносӣ ва

муносибатҳои байналмилалӣ, д.и. т., профессор,

 Б.Ҳ.  АЛИМОВ, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ, н.и.т., дотсент,

 Б.М. РИЗОЕВ, д.и.т., профессор,                                      

М.ДАВЛАТОВ, д. и.т., профессор