Асилзода

№33 (3513) 08.03.2016

1аДар саҳнаи толори барҳавои дабистон ду духтараки зебои гармсимое, ки худро хоҳарон — Мадина ва Мафтуна муаррифӣ намуданд, пайдо шуданд. Онҳо баъд аз хониши бадеӣ ва бо оҳанг хондани чанд шеъру ғазал аз раиси ҳакамони озмун хоҳиш намуданд, ки иҷоза бидиҳад то шеъреро дар васфи сарвари муассиса пешкаши ҳозирин гардонанд. Илова низ намуданд, ки ин шеърро бо кумаки бобояшон эҷод кардаанд.

Баъд аз иҷозат гирифтан хоҳарон ин сатрҳои пур аз меҳру муҳаббатро пешкаши ҳозирин гардониданд:

Сарвари ғамхори мактаб, бонуи зебои мо,

Ғамшарику ҳамдами ҳар лаҳзаи дилҳои мо.

Дӯст медоранд шогирдони мактаб беҳадаш,

Кош бошад доиму ҳар лаҳза ӯ ҳамроҳи мо.

Номи ӯ Хатичаву Қурбоналӣ номи падар,

Тарбият аз модараш дидаст дар роҳи ҳунар.

Ӯ асилзода, аз ин рӯ меҳрубони одам аст,

Дар замини тоза рӯяд ҳар ниҳоли пурсамар. 

Муаллима Хатича Сайдалиева, ки дар кунҷи толор менишаст, аз ин сатрҳои пурмеҳри шогирдон ашк рехт. Ин ашки шодӣ барои он рехт, ки шогирдони эҷодкору хушзеҳнаш подоши заҳматҳои чандинсолаашро ба назар гирифта, чунин сатрҳои пур аз меҳру муҳаббатро эҷод намуданд.

Хатича Сайдалиева дар деҳаи Фрунзе (ҳоло Обшорон) — и Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар, дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро хатм кардааст. Фаъолияти кориаш дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №10 ҳамчун муаллимаи забон ва адабиёти рус оғоз шудааст.

Инак, 32 сол аст, ки муаллима дар ин даргоҳи меҳру садоқату дониш ба шогирдон дарс мегӯяд ва чанд соли охир масъулияти роҳбарии дабистонро низ ба уҳда дорад. Тӯли ин солҳо садҳо шогирдаш мактабро хатм намуда, пайи касбу кори гуногун рафтанд. Аксари онҳое, ки имрӯз дар паҳлуяш кор мекунанд, шогирдонаш мебошанд. Аз 70 нафар омӯзгори муассиса 42 нафараш бонувону духтарон мебошанд.

Модари ду фарзанду чандин набера — Хатича Сайдалиева аз пешаи  интихобкардааш пушаймон нест. Падари равоншодаш Қурбоналӣ Сайдалиев солҳои зиёд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 омӯзгори фанни математика ва ҳамчунин сарвари мактаб буд. Модари худораҳматиаш низ аз ҷумлаи занҳои фаъолу донишманди деҳа маҳсуб мешуд.

Дар мактаб таълиму тарбияи шогирдон хуб ба роҳ монда шудааст. Вале деҳаҳое ҳастанд, ки аз мактаб дур ҷойгиранд. Шогирдони хурдсол масофаи панҷ километр ва ҳатто зиёда аз онро пиёда ҳар рӯз тай намуда, ба мактаб меоянд. Аз ин рӯ, муаллима ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Бохтар тасмим гирифтааст, ки бо раиси маҳалла Ҳоҷӣ Рамазон Муродов ва дигар фаъолон ин мушкили онҳоро ҳал созад. Ҳоло барои бунёди бинои нави мактаб дар деҳаи Обшорон қарори дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардидааст.  Ин масъала дар вохӯрии навбатии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гул, ки дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 чанде пеш сурат гирифт, бори дигар матраҳ гардид. Вакили мардумӣ ба интихобкунандагони худ ваъда дод, ки барои тезонидани бунёди бинои мактаб кумак хоҳад кард.

Ин аст чанд сатре аз рӯзгору фаъолияти як тан бонуи рустоӣ, ки рӯи коғаз овардем. Беҳтарин эътироф ва арҷгузорӣ бошад онест, ки шогирдон дар ҳаққи ин асилзода гуфтанд.

 Д. СУЛТОНОВ, «Садои мардум»