Ҷавонон — неруи созандаи ватан

№68 (4651) 22.05.2023

148482888_1102846573496010_9118750449645352009_nҶавонон ҳамчун неруи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд, зеро  Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дош­та, аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон зикр мекунанд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Дар ин хусус  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мардихудо Давлатов чунин гуфт:

- Дар ҷомеаи имрӯза барои пешбурди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори  нав, неруи муҳими пешбаранда буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот таъмин месозанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пешниҳодҳои ҷавононро барои инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар зикр карданд, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳиб­истиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр назаррас мебошад. Инчунин, Пешвои миллат иброз намуданд, ки мо бо ҷавонони кишварамон ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

- Боиси ифтихори мо — ҷавонон аст, ки имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 — 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2027» қабул гардид. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бозиҳои геополитикии абарқудратҳо мо — ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш талош варзем. Пешвои миллат дар Паём таъкид карданд, ки гурӯҳҳои террорис­тиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб кардани шаҳрвандон ба сафашон бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Дар робита ба ин, барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад. Қобили зикр аст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои мо — ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ ба ҳисоб рафта, дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ, худшиносию худогоҳӣ моро тарбия намуда, барои дифои якпорчагии Тоҷикистон омода менамояд, — гуфт  Мардихудо Давлатов.

- Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон ва наврасон боз дар он зоҳир мегардад, ки соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад. Сарвари давлат иброз доштанд, ки бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.

- Мо — ҷавонон ҳамчун пайравони Пешвои миллат кӯшиш менамоем, ки барои ободии Ватани азизамон беш аз пеш саҳм гузорем, — хулоса кард Мардихудо Давлатов.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»