Аз фаъолияти парлумонҳои ИДМ

№46 (3526) 07.04.2016

Ӯзбекистон аз «ҳақ»-аш дар хазинаи алмосии ИҶШС (СССР) даст кашид

Думаи давлатии Россия созишномаи танзими талабҳои тарафайни молӣ миёни Россия ва Ӯзбекистонро ба тасвиб расонд. Ин қарордод декабри соли 2014 ба имзо расида, аз ҷумла уҳдадориҳои молии тиҷорат ва қарздиҳии солҳои 1992-1993 — ро низ дар бар мегирифт, ки қаблан Тошканд аз пардохти онҳо саркашӣ мекард.

Бино бар созишномаи тасвибшуда, 97 дарсади қарзи Ӯзбекистон аз Россия бекор карда мешавад. Ин маблағест баробар бо фурӯши ҳосили яксолаи пахтаи Ӯзбекистон, ки ба ҳисоби миёна 800 миллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. Дар иваз Тошканд аз талаби ҳақи худ аз як бахши Хазинаи алмосӣ ва арз дар ҳисобҳои «Внешэкономбанк» — и Иттиҳоди Шӯравии пешин даст мекашад.

Қарзи Ӯзбекистон то 1 ноябри соли 2014 аз Россия наздик ба 900 миллион доллари ИМА — ро ташкил медодааст. Аммо мақомоти Тошканд танҳо як қисми онро эътироф кардаанд ва ҳақи худро аз Хазинаи алмосии СССР ба маблағи 1 — 2 миллиард доллар талаб намудаанд.

Баъд аз тасвиби созишнома Ӯзбекистон ба Россия танҳо як бор дар давоми як моҳи эътибор пайдо кардани қарордод 25 миллион доллари ИМА хоҳад супурд.

 Вакил шуданд ва якбора «бехона» гардиданд

Парлумони Қирғизистон барои 16 вакил, ки аз онҳо 12 нафараш узви фраксияи Ҳизби сотсиал — демократӣ мебошанд, хонаҳои хидматӣ додааст. Миёни ин «бехонаҳо» афроди сарватманд, мисли Анвар Ортиқов, Тилектеш Исоев ва дигарон низ ҳастанд.

Ин хабарро маркази матбуотии парлумони Қирғизистон нашр кардааст. Тибқи маълумоти парлумон, 16 вакил дар Бишкек манзили зист надоштаанд.

Хонагирии Анвар Ортиқов, ки бори чаҳорум интихоб шудааст, суолҳои зиёдро ба вуҷуд овард. Куҳансолтарин вакили даъвати кунунии парлумони он кишвар 20 сол пеш манзил гирифта, онро ба духтараш додааст. Ҳоло ӯ намехоҳад онро баргардонад.

Тилектеш Исоев, вакили дигар аз Ҳизби сотсиал-демократӣ (ҳизби Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев) ҳам манзил надоштааст. Вай мегӯяд, ки барояш манзил месозанд.

Бо дарназардошти он ки Т. Исоев дар гузашта роҳбари «Газпромнефт-Аэро Қирғизистон» буд, хона надоштанаш шубҳаи зиёдро ба бор овардааст.

Дар интихоботи парлумонии Қирғизистон, ки тирамоҳи соли 2015 баргузор шуд, ҳамаи ҳизбҳо эълон карда буданд, ки аз имтиёзҳои вакилӣ, мошинҳои хидматӣ ва манзил даст мекашанд.

 Муколамаи байнипарлумонии Москва ва Париж чӣ натиҷа медиҳад?

Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров дар мулоқот бо спикери сенати Франсия Жерор Ларше 4 апрели соли равон изҳор намуд, ки муколамаи байнипарлумонӣ миёни Москваю Париж имкон медиҳад, ки равандҳои номатлуб дар муносибатҳои Россияву Иттиҳоди Аврупо ба эътидол оянд.

Ба гуфтаи Лавров, дар Москва ба садоқати шахсии Ларше баҳри рушди муносибатҳо баҳои баланд медиҳанд. Ӯ робитаҳои байнипарлумонӣ, алалхусус дар сатҳи роҳбарияти парлумонро, ки метавонанд ҳамкориҳоро миёни халқҳои Россияву Франсия таъмин намоянд, аз самтҳои муҳимтарин шумурд.

 Изҳороти Жириновский вобаста ба қазияи Қарабоғ

Сарвари ҳизби либерал-демократии Россия (ЛДПР) Владимир Жириновский изҳор намуд, ки Арманистону Озарбойҷон ҳеҷ гоҳ мустақилона қазияи Қарабоғи Кӯҳиро ҳал карда наметавонанд, зеро ҳам арманҳо ва ҳам озариҳо онро аз они худ меҳисобанд.

2 апрели соли равон Арманистону Озарбойҷон дар бораи тезутунд шудани вазъият дар минтақаи баҳсии Қарабоғ изҳорот доданд. Ҷонибҳо тасдиқ мекунанд, ки вазъиятро зери назорат доранд ва овозаҳои талафот доданро рад мекунанд.

- Дар ҳайати империяи Россия ва ИҶШС (СССР) марзи ҷумҳуриҳо аниқ муайян нашуда буду маъмурият чандон аҳамият надошт, — хотиррасон намуд Жириновский. Арманиҳо дар Боку ва озариҳо дар қисматҳои гуногуни Арманистон зиндагӣ мекарданд. Аммо марзҳо пайдо ва давлатҳо алоҳида шудаанд ва ҳар кадом Қарабоғи Кӯҳиро ҳудуди худ меҳисобанд.

Ба гуфтаи Жириновский, ба вазъияти бавуқӯъомада «довари беруна»-е зарур аст. Ӯ чунин меҳисобад, ки танҳо Москва метавонад чунин довар бошад, зеро ҳамаи онҳо ба забони русӣ сухан мекунанд.

Бинобар иттилои «Парламентская газета» дар натиҷаи задухӯрдҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ аллакай 33 нафар фавтида, зиёда аз 200 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Таҳияи А. САМАРИДДИН, С. САЙФИДДИН, «Садои мардум»