Ҳазору як дурӯғи Равшани Темуриён

№108-109 (3409-3410) 13.08.2015

Дар бисоти нуқтадонон худфурӯшӣ шарт нест,

Ё сухан дониста гӯ, эй марди доно ё хамӯш!

Бисёриҳо ба фаҳми ин ҳикмат расида наметавонанд ва айбгирии онҳо ҳам аз рӯи одоб нест, аммо тоифае ҳастанд, ки ба умқи ин маънӣ раванд ҳам дар ҳаёт худфурӯширо касб кардаанд. Барои эшон дигар давои муолиҷаро пайдо кардан амрест мушкил ва ноиҷро. Шояд дар дунёи сонӣ ислоҳ шаванд, аммо барои имрӯз онҳо худро комилан бохтаанд. Яке аз инҳо худро Равшани Темуриён меномад, ки дар аҳди шӯравӣ  исму насабаш Темиров Равшан Гаданбоевич буд. Зодаи шаҳри Ӯротеппа (Истаравшани имрӯза), мутаваллиди соли 1961 аст. Ба гурӯҳи дуюмӣ нисбат додани номбурда иттифоқан ё қасдан нест. Номбурдаро аз давраи донишҷӯйӣ мешиносам ва солҳои баъдӣ низ аз маҷрои ҳаёташ  воқифам. Аслан дар бораи Равшан чизе ҳам наменавиштам, агар мусоҳибаашро бо ҳампешааш Абдуқаюми Қаюмзод намехондам   (сомонаи «nahzat.tj» аз 3.08.2015). Чаро ин қадар ҳарзагӯйӣ, дурӯғбофӣ, лофу газоф, сияҳ кардани дигарон? Чаро?

Равшан аз аввал худтаърифкуниро дӯст медошт. Чоплусӣ, дурӯғгӯйӣ ва хислати хоси авантюристӣ дар вуҷудаш аз ҷавонӣ реша давонида буданд. Бо чарбзабонӣ метавонист ҳар каси барояш заруриро ба худаш моил созад ва дар они воҳид боз метавонист, ки зери он шахс об резад. Аз он тоифаест, ки аз рӯ «шона» ва аз пушт «фона» мезананд. Барои ҳамин хислатҳояш ва инчунин монандии зоҳириаш ба яке аз миллатҳои ҳушёру айёри Шарқи наздик (фикр мекунам хонандаи гиромӣ пай бурд), шарикдарсон кайҳо ӯро ба ин миллат нисбат медоданд.

Ҳанӯз баъди хатми донишгоҳ тавонист, ки ба сохторҳои ҳукумати Маҳкамовӣ-Набиевӣ роҳ ёбад ва то дараҷаи сухангӯйи ин ҳукумат низ расид. Вале дар лаҳзаҳои вазнини давлатдории ин ду нафар пайваста ба пагонивазкунӣ машғул буд ва гоҳе бо онҳо буду гоҳе бо мухолифони онҳо.

Дар қулайтарин лаҳза худро аз ҷумҳурӣ берун кашид ва  ба Ӯзбекистони ҳамсоя паноҳ бурд. Он роҳи сафари хориҷро интихоб кард, ки аксари ватанфурӯшони тоҷик  истифода карда буданд. Хонандаи ин сатрҳо агар каме муқоиса кунад, ҳатман дармеёбад, ки боз киҳо бо ҳамин роҳ рафта буданд ва ҳоло ба чӣ кор машғуланд.

Тавассути бофтани воқеаҳои нимфантастикӣ дар бораи саргузашти худаш ба даргоҳи радиои «Озодӣ» роҳ ёфт. Ҳама ҷо нақл мекард, ки чӣ гуна ӯро аз даромадгоҳи бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангиёни «Ҷабҳаи халқӣ» бо танк  пеш карданд. Вале дар доираҳои ба Ҳукумати кунунӣ наздик ҳамеша шукргузорӣ аз он мекунад, ки «дар ҳаводиси он солҳо мавқеи «нейтрал» интихоб кардаву бо чизеву бо коре дахолат накардааст.

Ба ҳар ҳол дар радиои «Озодӣ» дер напоид, аниқтараш чун аз наздик ӯро шинохтанд, кафшҳояшро пеш гузоштанд. «Хизмат»-и ягонае, ки барои миллати тоҷик дар ин давра анҷом дод, расонаӣ  кардани овози полковники меҳанфурӯш Маҳмуд Худойбердиев буд. Номбурдаро қаҳрамони миллат ва юриши аҷнабиёнаашро ба шимоли Тоҷикистон ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ тафсир карда буд.

Аз Прага ба ИМА рафт. Аксарият, аз ҷумла нигорандаи ин сатрҳо, «корнома»-ҳои аҷибу ғарибашро дар хусуси «бозӣ»-ҳояш бо ГРУ (разведкаи низомии Россия) ва СРУ (Раёсати марказии разведкаи ИМА) шунидаем. Ростӣ ин ҳама барои мо, ҳамсабақҳои огоҳаш аз ҳамон ҷилди афсонаҳои «Ҳазору як шаб»-аш буду ҳаст, вале онҳое низ, ки ба ӯ бовар мекунанд кам нестанд.

Равшан ба мусоҳибаш мегӯяд: «Соли 23-ро пур мекунам, ки дар ғурбат ба сар мебарам. Ғурбат хонаи ман шудааст… Ва он аз ман ҷудо шуданӣ нест». Ин ғурбатнолиҳояш ҳам самимӣ нестанд. Зеро чун хуни чоплусӣ дар шарёнаш ҷорист, каме поинтар аз нолишҳо фаромӯш кардаву иброз медорад: «Фақат Конодо метавонад Ватани дувумамон бошад! Ва хушбахтона, ҳамин тавр ҳам шуд! Ватанеро, ки гум карда будем, дубора пайдо кардем…».

Соли 2005, ба ҳама бадгӯйиҳои Темуриён нисбати Ватани аҷдодиаш нигоҳ накарда, Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ӯро барои ширкат дар Форуми 5-уми Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон даъват кард. Дар он рӯзҳо дар забонаш тавсифи давлат буду роҳбарияти кишвар. Аммо акнун таҳти сози дигар тарона мехонад, зеро мусоҳибаш мутааллиқи наҳзат аст. Аз ёронест, ки дар давраи бесомониҳо думболагирашон буд.

Акнун дар бобати афсонаҳои конодоияш. Пеш аз ҳама дар хусуси талошу забондониҳояш. Барои ҳеҷ касе пӯшида нест, ки тибқи барномаҳои пешвои исмоилиямазҳабони ҷаҳон шоҳзода Оғохони 4-ум беш аз 20 сол мешавад, ки аз минтақаҳои осебпазири Афғонистону Покистон ва аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии исмоилиямазҳаб аз Россия баъзе оилаҳои ҷавон ба Канада барои истиқомати доимӣ таҳвил дода шуданд. Миёни ин нафарон буданд баъзе ҳамсояҳоямон аз ҶИА, ки ҳатто саводи казоӣ надоштанд, чӣ расад ба донистани забон. Дар муддати зиндагиашон дар Канада, ҳар яке аз онҳо чандин забонеро аз худ ва зиндагии шоистаи худро таъмин кардаанд. Онҳо алҳол ба наздикону кишвари ҷангзадаи худ кумак мерасонанд ва чун Равшани Темуриён ҷониби Ватани хеш санг намеандозанд.

Оне, ки Равшан худро ҳамчун бунёдгузори нахустин Анҷумани тоҷикони Канада ва аввалин раҳбари он эълом медорад, дурӯғи навбатии ӯ дар мусоҳибааш мебошад. Анҷумане, ки номбурда зикр мекунад,  аз ҷониби ҳамзабонони эронию афғонии мо то рафтани Равшан ба Канада таъсис ёфта буд ва номбурда хешро ҳамчун намояндаи тоҷикони Тоҷикистон он ҷо муаррифӣ карда буд. Дертар гурӯҳе аз тоҷикони Тоҷикистонӣ тасмим гирифтанд, ки ҷамъияти мустақили худро таъсис диҳанд. Чун дар ин созмон ӯро раис интихоб накарданд, ба ҷудоиандозиҳо дар байни тоҷикон оғоз ва онҳоро дар маҳалгароӣ муттаҳам кард. Зеро дар ин ҷода таҷрибаи кофӣ дорад. Таҷрибаи солҳои 90-уми асри гузашта.

Ва ниҳоят, бузургтарин дурӯғҳои Равшани Темуриён дар мусоҳиба. Номбурда хешро аъзои Раёсати анҷумани «Пайванд» мехонад, дар ҳоле ки ӯ ҳаргиз дар ин раёсат набудааст (аъзои Раёсатро Форуми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон интихоб ва тасдиқ мекунад) ва аввалин  ширкаташ дар Форум, тавре дар боло таъкид шуд, соли 2005 буд. Устодони муҳтарами мо Мансур Бобохонов ва Камол Айнӣ низ аз соли 2002-юм аллакай узви Раёсат набуданд ва ҳамчун узви ифтихорӣ дар чорабиниҳои «Пайванд» иштирок мекарданд. Аз ин лиҳоз, Равшани Темуриён ба ҳеҷ васила наметавонист бо раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон вохӯрии хоса ва ё гурӯҳӣ  дошта бошад ва гузашта аз ин «тавсия»-ҳо ҳам диҳад. Ному насаби ин бузургонро  низ танҳо барои тарғиби шахсияти худаш  истифода бурданист. Хоҳишмандон метавонанд маҷаллаҳои «Пайванд»-ро истифода баранд, он гоҳ ба сафсатта будани гуфтаҳои Равшани Темуриён  эътимод ҳосил хоҳанд кард.

Дуюмин дурӯғаш ин аст, ки гӯё дар солҳои 2002-2008-ум чандин бор ба Ҳукумат гуфтааст, ки «агар оппозитсия (дунявӣ ва исломии муътадил)-ро торумор мекунед, пагоҳ ин дастаҳои тозазуҳури террористии фанатик, амсоли ДИИШ, «Ансоруллоҳ» ва ғайра холигоҳи сиёсиву иҷтимоиро пур мекунанд». «Ансоруллоҳ» ҳамчун созмони зертобеъ дар ташкилоти террористии ҲИУ соли 2011 зуҳур кард ва ҷаҳон ДИИШ-ро ҳамчун як ҳаракати террористии барои насли одамӣ хавфнок баъди соли 2013 эътироф намуд.

Дар ниҳояти мусоҳибааш Равшани Темуриён изҳор медорад: «Баъзан мегӯям, ки китобе нависам ва номашро гузорам «Тоҷикҳо ва дурӯғ»  ё  «Тоҷикҳо ва ғуломӣ»  ва ё  «Тоҷикҳо ва ноҷавонмардиҳо». Нақшаи олиест. Тимсоли арзандатарини қаҳрамони ин асарҳо худаш мебошад.

Раҳим Салим