Баҳори астрономӣ чист?

№35 (4775) 18.03.2024

videoPreview 1Соли 2024 соли кабиса аст ва дар ин сол Наврӯз 20-уми март, соати 08:06:21 бо вақти Душанбе фаро мерасад. Дар ин лаҳза Офтоб аз нимкураи ҷануби осмон ба нимкураи шимоли он мегузарад.

Инсон аз замонҳои қадим дар зиндагӣ ба муайянсозии вақт ниёз дошт. Аз ин рӯ, зарурати омода намудани тақвимҳо пеш омад ва аввалин тақвим қамарӣ буд. Тақвими дигар, ки аз рӯи ҳаракати Офтоб омода гардид, шамсӣ мебошад ва инҳо тақвимҳои шамсӣ, қамарӣ ва шамсӣ-қамарӣ мебошанд. Дар Тоҷикистон тақвимҳои шамсӣ ва қамарӣ мавриди истифода қарор доранд.

Тақвимҳои дигаре, ки мавриди амал қарор гирифтаанд, юлианӣ ва григорианӣ мебошанд. Дар асл тақвими григорианӣ шакли такмил­ёфтаи юлианӣ аст, зеро пас аз он ки дар тақвими юлианӣ иштибоҳ мушоҳида шуд, ба ислоҳи он пардохтанд. Тақвимҳои дигар низ ҳастанд, ки аз тақвимҳои григорианӣ саҳеҳтаранд. Масалан, тақвими Умари Хайём, ки дар замони давлати Салҷуқиён дар дарбори Маликшоҳ омода шуда буд ва онро тақвими Ҷалолӣ ҳам меноманд. Саҳеҳии он нисбат ба тақвими григорианӣ якуним маротиба зиёд буда, дар 4500 сол як шабонарӯз ба хатогӣ роҳ медиҳад. Тақвиме, ки айни замон мавриди истифода қарор додаем, ин тақвими григорианист ва хатогии он дар муддати 3300 сол як шабонарӯзро ташкил медиҳад.

Умари Хайём дар рисолаи хеш «Наврӯзнома» чунин менигорад: «Сабаби ном ниҳодани Наврӯз он аст, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ шабонарӯз рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-он дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад».

Наврӯз падидаи табиӣ ба ҳисоб рафта, тавассути илми ситорашиносӣ дақиқ омӯхта шудааст.

Баробаршавии шабу рӯз ҳар сол 20 ё 21 март фаро мерасад, ки ин тафовут ба далели таъсири ҷозиба дар гардиши Замин аз ҷониби дигар сайёраҳо ба амал меояд. Офтоб дар яке аз ду нуқтаи буриши ҳамвориҳои экватори осмон ва эклиптика воқеъ гардида, аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад. Маҳз, дар ин вақт шабу рӯз баробар мешаванд.

Дар тақвими шамсӣ ибтидои сол аз бурҷи Ҳамал оғоз шуда, то Савр, Ҷавзо, Саратон, Асад, Сунбула, Мизон, Ақраб, Қавс, Ҷаддӣ, Далв ва Ҳут идома меёбад. Қобили зикр аст, ки Офтоб ҳар як бурҷро дар тӯли як моҳ тай мекунад. Ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб аз рӯи мадори элипс мебошад, ки ин боиси номунтазамии ҳаракати он мегардад. Бо ин сабаб, давомнокии шабонарӯзи офтобӣ тағйирёбанда аст.

20-21 март Офтоб хати экваторро бурида, аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад, яъне аз нимкураи ҷанубӣ ба нимкураи шимолӣ меояд. Ҳамин вақт дар нимкураи шимолии сайёраи Замин баҳори астрономӣ оғоз мегардад, ки он ҳама назокату латофатро пайки Наврӯз меноманд.

Фирӯза РАҲМАТУЛЛОЕВА,

номзади илмҳои физикаю математика