Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бархе масоили мубрами ҷаҳони муосир дар паёми сарвари давлат

№26 (4609) 17.02.2023

Ҳамасола дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ба муҳимтарин масъалаҳои рушди кишвар ишора шуда, роҳҳои ҳалли онҳо таъкид карда мешавад. Хосияти асосии ин санади сиёсию ҳуқуқӣ ҳамин аст, ки он ҳамчун барномаи амал барои тамоми сох­торҳо ва мақомоти ҷумҳурӣ арзиш дорад ва иҷрои нуктаҳои он пешрафти мамлакат­ро таъмин хоҳад кард. Дар ин ҳуҷҷати маҷмӯӣ ҳамчун оина ҳам тараққиёт ва ҳам мушкилоти роҳи пешрафтро дидан мумкин аст. Ҳар каси аз сиёсат ва вазъи иҷтимоии замони кунунӣ камогоҳ низ ба суолҳое, аз қабили «дар кадом сатҳу савияҳо кишвари азизи мо нишонаҳои рушд дорад?» ва «чӣ бояд кард, ки проблемаҳои ҷойдошта ҳал карда шаванд?» посух ёфта метавонад.

Маълум аст, ки қисмати зиёди нуктаҳои Паём ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии рушди Тоҷикистон бахшида мешаванд, зеро барои таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар ин масъалаҳо аҳамияти калон доранд. Соҳаҳои маорифу ­тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон ва худшиносии онҳо, қонеъ кардани ниёзҳои мардум ба илму фарҳангу ҳунар, андешидани чораҳои муассир барои таъмини рушди устувор ва ғайра махсус таъкид карда мешаванд, зеро онҳо ба сифати зиндагӣ ва тарзи ҳаёти мардум ва бонизом фаъолият кардани ҳама сохтори кишвардорӣ бевосита дахл доранд.

Ин масъалаҳоро бидуни тасаввури он ки дар чӣ гуна вазъи ҷаҳони муосир зиндагӣ дорем, ҳал кардан бисёр мушкил хоҳад буд: ҳоло дунёи муосир тавассути равандҳои ҷаҳонишавӣ ба деҳкадае табдил шудааст, ки тору пуди он ба ҳамдигар хеле пайванди қавӣ доранд ва сар задани ин ё он буҳрон ва ё моҷарое дар як кунҷи олам ҳатман зарар ва таъсири худро ба гӯшаҳои дигари олам хоҳад расонд. Ба ёд биёрем, ки соли 2008 буҳрони ҷаҳонии молиявӣ сар зад ва оқибатҳои он бисёр мамлакатҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистонро низ фаро гирифт…

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ба ин масъала, яъне таъсири вазъи ҷаҳони муосир ба ҳаёти кишвар аҳамият дода шуд. Дар қисмати аввали Паём Пешвои миллат чунин изҳор намуданд: «Солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад».

Албатта, ҳассосияти ин давраи душворро муносибатҳои мушкили миёни кишварҳои абарқудрат, ки ҳар яке аз пайи манофеи геополитикиаш ҳаст, торафт душвортар мегардонанд. Осудагии умумии мардумони ҷаҳон, рушди бомароми аксар кишварҳои дунё, амали бонизоми ҳама навъи қавоид ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ маҳз ба он вобаста аст, ки зиддияту рақобат ва ё ҳамгироиву таҳаммулписандии ин кишварҳо чӣ гуна ҷараён мегирад.

Идомаи гуфтори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин нуктаи муҳимро дар назар доранд: «Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйир­ёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид».

Агар жарфтар бингарем, аксари ин масъалаҳо – ҳам низоъҳои тиҷоратӣ, ҳам тағйир ёфтани иқлим ва ҳам мусаллаҳшавии бошитоб ва низ оғози дубораи «ҷанги сард», яъне муҳимтарин масъалаҳои олами кунунӣ танҳо ба он кишварҳое рабт доранд, ки қудрати бузурги моливу технологӣ доранд ва таъсирашон ба кишварҳои миёнаву хурди ҷаҳон ниҳоят зиёд аст. Соли 2022 мо ҳама оқибатҳои муносиботи душвори абарқудратҳоро эҳсос кардем: таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ аз ҳад зиёд шуда, истеҳсоли молу коло поин рафт ва нархи маҳсулоти ғизоӣ низ мутаносибан афзоиш ёфт.

Сарвари давлат дуруст зикр карданд, ки яке аз сабабҳои асосии торафт хатарнок шудани сатҳи зиндагии башарият «шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон аст».

Маълум аст, ки дар чунин шароити хатарзо Тоҷикистон барин кишварҳое, ки аз гардиши тиҷорат ва муносибатҳои молии ҷаҳонӣ ниёзи бештар доранд, бояд роҳҳои гуногуни беҳтар кардани вазъи худро дарёбанд. Дар Паём яке аз воситаҳои ҳалли масоили ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистонро дар вазъи осуда нигоҳ медорад, номбар шудааст, ки он сиёсати «дарҳои боз» аст. Меҳвари ин сиёсат бо назар­дошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон тавсеа бахшидани ҳамкориҳо ва ба роҳ мондани равобити дӯстӣ бо ҳама давлатҳоест, ки бо кишвари мо дар муомила буданро мехоҳанд.

Мавқеи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ тайи чанд сол аст, ки тағйир нахӯрдааст ва ба андешаи мо, ягона калиди қуфлкушои ҳама муаммоҳост. Ин калиди қуфлкушо «муколама» ном дорад ва дар таърихи башарият аз ин беҳтар василаи дигар пайдо нашудааст. Дар ҷаҳони муосир ягон муаммое нест, ягон баҳсу низое вуҷуд надорад, ки бидуни муколама ҳал шуда бошад. Ҳатто даргириҳои шадид, ки дар асри гузашта ду маротиба ҷаҳонро ба хок яксон карда буданд, оқибат тариқи муколама хотима ёфтанд.

Аммо ҳар навъи машварату маслиҳат ё муколама ҳамон вақт натиҷа хоҳад дод, ки агар пеши роҳи низоъҳо ва муноқишаҳоро бигирад. Ҳама андешамандони олам аз ин хусус ишора кардаанд.

Дар баробари фақри густурда дар бисёр кишварҳои камтараққӣ, шиддат ёфтани низоъ миёни абарқудратҳо хатари ниҳоят ҷиддии дигаре ҳаст, ки ба иқлим дахл дорад. Хавфи тағйир ёфтани иқлим на камтар аз хатари муноқишаҳост. Бисёр хуб аст, ки Тоҷикистон дар ҳамин масъалаи ҷаҳонӣ саҳми чашмгир мерасонад ва ба ҷаҳониён исбот мекунад, ки барои ҳалли ин муаммо воситаҳои ислоҳ афзун аст.

Яке аз ин роҳҳои ҳал ҳифзи пир­яхҳост, ки агар чораандешии муассир нашавад, башариятро хатари азиме дар пеш хоҳад буд. Далели ҷаҳду талошҳои ҷониби Тоҷикистон дар ин масъала ҳамин шуд, ки 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Тибқи ин қарор, акнун Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Ин Паём ва масоили матраҳкардаи Пешвои миллат бори дигар собит мекунанд, ки Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҳассоси ҷаҳони муосир бетараф нест ва ҳамвора кӯшиш мекунад, ки дар ҳалли бисёр муаммоҳои он саҳмгузор бошад.

Назрбӣ ИСМАТОВА,

ассисенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон