Бунёди бинои иловагии мактаб дар Левакант

№133 (4553) 31.10.2022

IMG-20221027-WA0000Бо маблағгузории Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таълимии №6-и деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант бинои иловагӣ иборат аз ҳашт синфхона сохта, ба истифода дода шуд. Зимни ифтитоҳи иншоот раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аикӣ суханронӣ намуданд.

Мудири бахши маорифи шаҳри Левакант Ниёзалӣ Ашӯрзода дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки иншооти мазкур бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ бунёд шуда, барои ба таълим фаро гирифтани 400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Синфхонаҳои иловагӣ мутобиқ ба стандарти муосир сохта шуда, бо таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз гардиданд.

Дар вазъияти хотирмон ҳамчун рамзи эҳтиром аз ҷониби раиси вилояти Хатлон ба сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аикӣ ҷиҳати ҳамкориҳои судманд сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»