Чароғи бахту тақдирӣ, модарҷон

№31-32 (4771-4772) 11.03.2024

№31-32 5-8-2Модар бо дастони ларзон дарвозаи калони дуқабатаро боз карда, вориди ҳавлиам шуд ва саросема буғчаи азимеро аз сари китфаш ба замин гузошта, пас рафт. Бишитоф­там, то ӯро ба оғӯш гирифта, «то сер шудан» аз сару рӯяш бибӯсам ва бигӯям: очаҷон, биё, хуш омадӣ ба хонаам…, вале модарамро ҳар чӣ ҷустам дигар наёфтам ва баъдан, ноумедона худ ба худ нидо кардам: — Очаҷон, Шумо куҷоед, охир, маро нодида куҷо меравед? Ҳамоно хомӯшии тӯлониро эҳсос карда, дар ниҳоят, ғайриихтиёр бо садои хеле баланд ва бо тамоми нерую мадор овоз баровардам: — Оча — ҷон – н!. Вале афсӯс, ки ба садоям касе посух надод. Гиря гулӯгирам кард ва дигар овозам аз ҳалқам берун намешуд, инони ихтиёрро ҳам аз даст дода, зору ҳайрон гиристам ва фаҳмидам, ки модарамро дар хоб дидаам.

Модарам бо ҳамон пироҳани зардчатоб ва рӯймоли калони сабзрангаш ба хобам медаромад. Чеҳрааш ниҳоят зебо буд, чашму абрӯи сиёҳ ба лиқояш мезебид ва ҳатто, ҳамон ожангҳои аз ғояти пирӣ ба рӯяш дамида ҳусну ҷамолашро накоҳонида, ӯро дар назарҳо зеботар ҷилва медод. Модар дар хобам меомаду сари болинам нишаста, меҳромез сарамро сила мекард. Аз чӣ буд, ки модарам ин дафъа дар хобам бо чашмони варамида, чеҳраи гирифта омад. Ашк аз чашмонаш қатра — қатра мечакид, табъаш ҳам хеле хира буд. Ба худ гуфтам: шояд модар ба дидорам зиёд пазмон шуда, аз ҷудоӣ бо ман дилрешу дилфигор аст. Аз дурӣ ранҷ мекашаду ҷигарбандашро ҷуста навҳаю фиғон дорад.

 Модарон бузурганд, дареғо, ки аз модар хеле бармаҳал ҷудо шудам ва аз меҳру шафқаташ сер нашуда будам. Не, хато кардам, агар ӯ имрӯз ҳам мебуд, аз меҳру шафқаташон сер намешудам. Акнун аз ғаму андуҳашон месӯзам, аз қисмати талх, аз ноумедию ҷудоӣ аз даргузашти бармаҳали модари ғамгузорам синарешам. Марги бераҳм модари ҷигарбандамро хеле зуд аз канорам рабуд. Солҳост, ки дар ёди модарам ашки талх мерезам, навҳа мекашам ва қалбам реш — реш аст, аммо ӯро танҳо дар хоб мебинам. Акнун ба гӯшаи хилвате мераваму ёди модар мекунам. Хотироти гуворою ширини тифлӣ маро лаҳзае тарк намесозад. Меҳру навозиши гарму пурэъҷози модарам ҳадду сарҳад на­дошт. Ҳангоми кӯдакӣ бо меҳру навозиш ва дилнавозии махсус маро ба канор гирифта, аз даргоҳи Яздони пок зорию таваллою илтиҷо мекард, то сиҳатманду бедард ба камол бирасам. Орӣ аз ҳама зиёну газанд дар домони модар ба воя расидан бахту иқболи накӯе будааст. Шоири тавонои адабиёти классики тоҷику форс Мирзо Абдулқодири Бедил бисёр бамаврид гуфтаанд:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

То ба пои худ равон гаштем,  саргардон шудем!

 Модарон сари гавҳораи ҷигарбандон мижа таҳ накарда, суруди «Алла» мехонанд. Ба тифлони нозпарвард шири сафед дода, бо сад умеду армон ба воя мерасонанд. Бузургии модар боз дар он зоҳир мегардад, ки офарандаи ҳаёт аст. Шабу рӯз дар ташвишу андешаи онанд, ки фарзандон хуб ба воя расанд, оқилу донишманд, олиму ҳунарманд гашта, барои ҷомеа инсонҳои манфиатовару ҳиссагузор шаванд. Вақте фарзанд хурдсол аст, модар ба ӯ нахустин вожаҳоро меомӯзад ва ҳангоме ки фарзанд лафзакеро пурра аз бар кард, ба ҷигарбандаш сухан карданро ёд медиҳад.

Муҳаббати модар беназир аст. Мутафаккир ва нависандаи Фаронса Балзак мегӯяд: «Модар воситаи эҷод ва рамзи хилқат аст. Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббате беҳтар ва воқеитар аз муҳаббати модар ёбед».

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»