Чун ҷон ба лабаш расид, модар гӯяд

№29 (4449) 05.03.2022

Дар назди бобои азизу меҳрубонам ба воя расида, шебу фарози зиндагӣ, гарму сардии онро омӯхтаам. Бароям мураббӣ ва ҳам такягоҳ буд, ки ба ҳама суолҳоям ҷавоб мегуфт. Хуллас, инсоне буд, ки ба андешаи ман, тамоми асрори замину осмонро медонист. Ҳаргиз аз дарди зиндагӣ пеши касе шиква намекарду наменолид.

Дарахте буд бузургу бегазанд. Вале умр ба касе бақо надоштааст. Рӯзе ин дарахти бузургу тавоно реша канда шуд. Мани бехабар аз ҳаёт интизор будам, ки ӯ боз аз ҷо бармехезад, боз такягоҳам мешавад. Вале дард ва заъфи пирӣ рӯз то рӯз мадор аз ӯ мерабуд, хаставу беҳол мегашт ва рӯзе шунидам, ки бобоям бо он ҳама солорӣ мисли кӯдак нола мекунад: «Оча, очаҷон»!

Ҳайрон ба холаву тағоҳоям нигарис­там. Зеро шунида будам, ки бобоям модар надошт ва ӯро ҳатто надидааст. Шояд дард зӯртар гардид, ки садои бобоям ҳам баландтар шуд: «Очаҷон!»…

Бобоям тарки дунё намуд. Пас аз чанд рӯз ин ҳолатро ба пиразанҳо нақл намудам ва нафаре байтҳои зерро ба забон овард, ки фаромӯш накардаам:

Одам ҳама умр хонаву дар гӯяд,

Фарзанду зану ёру бародар гӯяд,

Гар нон ба лабаш расад, агар бепарвост,

Чун ҷон ба лабаш расид, модар гӯяд.

Дар олам шоиру нависандае нест, ки бузургии зан — модар ва меҳру муҳаббати ӯро васф накарда бошад. Бузургон сабаби ҳастӣ ва бақои оламро ба модар марбут медонанд. Модарро чароғи хонадон, ҳусни замин меноманд. Аҷаб аст, ки сифоти модарони аксар мавҷудоти олам ҳам шабеҳи ҳамдигаранд. Модашер шербачаҳояшро нафасе аз худ дур намегузорад, бо забон мешӯяд, бо навозиш тоза мекунад.

Парандагон бо минқор барои чӯҷаҳояшон ғизо меоранду аз боду борон бо бадани гарм ва болҳои хеш ҳифзашон мекунанд. Парастуе барои ҳимояи чӯҷаҳои нав аз тухм баромадааш бо мор ҳарб мекунад…

 Модар омӯзгори нахустини инсон аст. Қадами нахустин, ҳарфи аввалини ҳар тифл маҳсули бедорхобиҳои ӯст. Ҳар модар қувва ва ҳастиашро пайваста ва зарра — зарра бо самимият ва бе ҳеҷ гуна ғараз ва манфиатҷӯӣ фидои фарзанд месозад. Моҳиятан, фарзанд барои модар маънии зиндагист. Бидуни фарзанд дунё барои модар ҳеҷ аст. Ҳар ханда, ҳар хурсандӣ ва ҳатто гиряи тифли навзод барои модар неъмат аст. Ӯро ба зиндагӣ беҳтару устувортар мепайвандад. Модар бо шири сафед, ҳар ғизое, ки ба фарзанд медиҳад, бо сухану навозиши гарм онро бо меҳру муҳаббат эҳдо мекунад.

Модар барои ҳар фарди тоҷик дар ҳама давру замон ҷойгоҳи махсус дошту азизу гиромиаш медоштанд. Соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»- ро имзо карданд, ки иқдоми беназир аст.

Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,

Шояд ки дошт болу пар, аммо хабар надошт…

Ин суханони шоири маҳбуб Озар касеро бетафовут намегузорад.

Фаришта чист? Тимсоли покӣ, рамзи орӣ будан аз ҳар гуна нафс ва хоҳишҳои дунёӣ. Фаришта ҳамеша дар ҳифзи мост, посдори осудагиамон аст. Ҳастии хешро бебозгашт фидоямон месозад…

Воқеан, Модар фариштаи заминӣ сазовори беҳтарин қадрдониву ситоиш ва меҳрубониҳост. Дар навбати худ, ҳар фарзанд вазифадор аст ва бояд худро назди ин вуҷуди нозук, ҳастии пур аз назокату меҳр қарздор бидонаду ҳар рӯзу соат, ҳар дақиқа ва ҳар нафаси модарро ба иде табдил диҳад. Ӯро гиромӣ дорад.

Иҷобати ЭМОМАЛӢ,

донишҷӯи курси сеюми факултети химия ва биологияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ