Экстремизм. Чаро муқовимат бо он бояд оштинопазир бошад?

№20 (4282) 13.02.2021

improved_photoМусоҳиба бо декани факултети фалсафаи ДМТ, доктори илмҳои фалсафа Нозим Маҳмадизода

- Дар бораи экстремизм зиёд мегӯянду менависанд, вале эътироф бояд кард, ки на ҳама моҳияту пайомади онро дарк мекунанд. Азбаски он дар пажӯҳишҳои илмии шумо меҳвар аст, бигӯед, ки экстремизм, яъне чӣ?

- Моҳиятан экстремизм ифодаи мафкура ва фаъолияте маҳсуб мешавад, ки нияти барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва диниро дорад.

Фаъолияти экстремистӣ, тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» ва таснифи коршиносон, «гуногунҷанба» буда, аз фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин, даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ равона шудааст, таркиб меёбад.

- Кадом намуди фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ ҳисобида мешавад?

- Тибқи муқаррароти моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм», бо зӯрӣ сарнагун кардан ва ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, вайрон ва халалдор кардани соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, мусоидат кардан ба чунин кирдорҳо ва барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ ба фаъолияти экстремистӣ мансуб аст.

Тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубияти онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, амалҳое, ки ба ғасб ё аз худ кардани ваколатҳои ҳокимият равона шудаанд, ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар онҳо ва паст задани шаъну эътибори миллӣ низ ҷузъи ин фаъолият маҳсуб шуда, ҷавобгарӣ дорад.

Илова ба ин, ҷалби шаҳрвандон барои иштирок дар амалҳои экстремистӣ, инчунин, омӯзонидани мафкураи экстремистӣ, монеъ шудан ё маҷбур кардан ба тағйир додани хусусияти фаъолияти қонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, комиссияҳои интихоботӣ, ташкилот, иттиҳодияҳои дигар ва шахсони мансабдори онҳо, истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ташкилоти дигари давлатӣ, ташвиқот ва ба намоиши оммавӣ гузоштани нишон, парчам ё рамзи дигари ташкилотҳои аз ҷониби суд экстремистӣ эътирофшуда, нашр ва паҳн кардани маводи чопӣ, аудиоӣ, видеоӣ ва маводи дигари дорои хусусияти экстремистӣ дар воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет, воситаи алоқаи барқӣ аъмоли экстремистӣ ба ҳисоб меравад.

- Манъ ва ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилооти дорои хусусияти экстремистӣ аз мавзӯъҳое маҳсуб мешаванд, ки на ҳама моҳияту зарураташро дарк кардаанд…

- Бо шумо ҳамфикрам. Дар моддаи 17 қонуни зикршуда муқаррар шудааст, ки «ҳангоми дар шабакаи интернет ва шабакаҳои дигари телекоммуникатсионӣ ошкор намудани тарғиби экстремизм, аз ҷумла иттилооте, ки ба бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ, ки ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ меорад, ба амалигардонии фаъолияти дигари экстремистӣ даъват мекунад, дастрасӣ ба чунин иттилоот фавран қатъ ё маҳдуд карда мешавад».

Лозим ба ёдоварист, ки ин муқаррарот аз ҷониби мақоми ваколатдор — Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ татбиқ шуда, ҳадафаш  таъмини амнияти иттилоотии мамлакат аст.

- Зуҳуру паҳншавии бемайлони экстремизми динӣ — сиёсӣ аз мушкилоти ҷаҳони муосир аст. Оё метавон онро таҳдид ба амният ва рушди устувори ҷомеа арзёбӣ кард?

- Бегуфтугӯ. Зеро он мақсадҳои сиёсиро пайгирӣ карда, ба арзишҳои умумиинсонӣ зарар мерасонад ва зӯровариро дар ҷомеа тарғиб мекунад. Воқеаҳои моҳи феврали соли 1990 ва ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар нишон доданд, ки рушди экстремизми динӣ — сиёсӣ метавонад аркони давлатдориро фалаҷ намуда, ҳатто барои аз байн рафтани давлат «замина» фароҳам орад.

Хусусиятҳои ифротгароии динӣ-сиёсӣ он аст, ки ифротгароён ҳама гуна амалҳои зиддиқонуниро бо далел овардани тафсироти оятҳои муқаддаси «Қуръон» дуруст мешуморанд ва ба шахсоне, ки идеологияи онҳоро ҷонибдорӣ намекунанд, таҳмил карданӣ мешаванд.

Имконият ҷиҳати чунин тафсирот дар ислом, ба мисли бисёр динҳои дигар, хеле зиёд аст. Мавҳумоти матнҳои муқаддас, муқобил гузоштани диндорон ба бединҳо, таҷрибаи таърихии тафриқаҳои динию мазҳабӣ (бахусус дар асрҳои миёна) имкон медиҳанд, ки матнҳои муқаддас баръакси моҳияти аслӣ ва таъиноти динӣ маънидод шаванд.

- Ин зуҳуроти номатлуб аз чӣ маншаъ гирифтааст?

- Ифротгароии динӣ-сиёсӣ таърихи куҳан дорад. Нахустин ҳаракатҳои динӣ-сиёсӣ дар ҷаҳони ислом пас аз фавти Паёмбар Муҳаммад (с), вақте ки мубориза барои мероси сиёсӣ ва динии ҳукумат оғоз ёфт, пайдо шуд. Тибқи ақидаи муҳаққиқи рус И. П. Петрушевский, ҳаракатҳои тундгаро ва динии ифротӣ дар олами ислом ҳангоми ҳукмронии Аббосиён арзи вуҷуд намуданд.Дигар муҳаққиқон ба ин андешаанд, ки ин ҳаракатҳо баъди вафоти халифа Умар ба вуҷуд омадаанд.

Дар ин маврид андешаи асоснок аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иброз шудааст. Роҳбари давлат нигоштаанд, ки «нахустин равияҳои динӣ-сиёсӣ ва ифротгароӣ дар ислом дар давраи ҳукмронии сулолаи Уммавиён пайдо шудаанд». Лозим ба ёдоварист, ки равияҳои аз ҳама машҳури ин сулола хавориҷ, хуррамиён ва қарматиён ба шумор мерафтанд. Ақоиди қарматиён далели он аст, ки пайравонаш рӯҳияи инқилобӣ ва ҳатто «сотсиалистӣ» доштанд, ки ҳадафи он барҳам додани истисмори одам аз тарафи одам маҳсуб меёфт.

- Сабабҳои асосии мавҷудият ва тақвияту тавсеаи экстремизми динӣ-сиёсӣ дар Тоҷикистон кадомҳоанд?

- Ин масъала дар навбати аввал ба сатҳи пасти қонундонии диндорон ва рӯҳониён рабт дорад. Аксари рӯҳониён дар бораи мафҳуми озодии виҷдон ва кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои шахс ва шаҳрванд тасаввурот надоранд. Ин аст, ки мустаҳкамнамоии «эътиқод» ва зиёд намудани пайравонро ба воситаи таҳқиру пастзании пайравони дигар дину мазҳабҳо амалӣ менамоянд.

Дар ин ҳолат вазифаи давлату ҷомеа аз он иборат аст, ки садди роҳи тарғиботу ташвиқоти ҳаракатҳои ифротгароию динӣ гашта, фазои динии ҷомеаро аз идеологияву унсурҳои бегонаи динӣ ҳимоя намояд.

- Баъзе коршиносон ба он назаранд, ки таҳсили ғайриқонунии ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии динии хориҷи кишвар ба густариши экстремизми динӣ то андозае мусоидат намуд…

- Ҳақ ба ҷониби онҳост. Тайи 25 соли охир дар Тоҷикистон онҳое, ки мехоҳанд маълумоти диниро дар кишварҳои исломии Шарқи Наздик соҳиб шаванд, кам нес­танд. Ба касе пӯшида нест, ки таълимоте, ки дар марказҳои динии кишварҳои Шарқи Наздик ба ҷавонон дода мешавад, хусусиятҳои тундравӣ-ифротгароӣ дорад. Тибқи маълумоти мавҷуда, барои дар хориҷа ба маълумоти динӣ соҳиб гаштани ҷавонон шахсони манфиатдор ёрӣ мерасонанд, ки онҳо дар бадали ин фаъолияташон аз «Фонди исломии кишварҳои араб» маблағ мерӯёнанд.

Қисмати зиёди пайравони гурӯҳҳои ифротгароӣ ва террористӣ, ки дар Покис­тону Афғонистон ҷойгиранд, маълумоти диниро дар марказ ва мадрасаҳои динии он кишварҳо гирифтаанд. Исбот шудааст, ки ҷаҳонбинӣ, ҳувият ва шуури донишҷӯёни мадрасаҳои динӣ зери таъсири ҷаҳонбинии динӣ — ифротгароӣ ё дигар равияҳои динӣ шакл гирифта, онҳо ба душманони ҷомеа, давлат, сохтори идоракунӣ ва фарҳанги миллӣ табдил ёфтаанд.

Ҷавонони тоҷик асосан дар Арабистони Саудӣ, Лубнон, Миср, Эрон, Покистон ва Яман таълим мегирифтанд. Ин масъала дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ шуда, вобаста ба он дар яке аз суханрониҳояшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид карда буданд: «Шумо гумон мекунед, ки онҳо мулло мешаванд? Онҳо террорист ва ифротгаро мешаванд!».

Чунин изҳороти қатъии Сарвари давлат баъд аз он садо дод, ки дар кишварҳои алоҳида якчанд амалиёти террористӣ ба вуқӯъ пайваст.

- Чӣ бояд кард то афкору андешаи тундгароён ба дигарон сироят накунад?

- Зарур аст, ки вазорату кумитаҳои дахлдор ба ин масъала муносибати дуюмдараҷа зоҳир накунанд. Барои хуб ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бояд аз имкониятҳои шабакаи умумиҷаҳонии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ самаранок истифода шавад.

Бояд неру ва имкониятҳои мавҷударо ба он равона созем, ки ҷавонон зери таъсири ғоявии равияҳои динӣ-экстремистӣ намонанд. Барои ин зарур аст дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба исломи анъанавии ҳанафиасос, айният ва фарқияти он аз дигар равияҳои дини ислом тавсеа дода, механизми ҳамкорӣ муайян шавад.

Дар доираи мубориза бо идеологияи ифротгароии динӣ-сиёсӣ мо бояд, пеш аз ҳама, бо унсурҳое, ки таҷовузу зӯровариро тарғиб менамоянд, мубориза барем.

Эътироф бояд кард, ки интернет ба як фазои бетанзим табдил ёфтааст, ки онро гурӯҳҳои динӣ- ифротгароӣ ба хотири паҳн кардани таълимот, ақида ва идеологияи зӯровариашон истифода менамоянд. Аз он бояд ёдовар шавем, ки ба хотири пешгирию мубориза бо ифротгароии динӣ-сиёсӣ Шӯрои бехатарии СММ соли 2008 Қатънома оид ба истифода накардани шабакаи интернет барои тарғиби паҳншавии идеологияи терроризмро қабул ва Тоҷикистон ҳам онро тасдиқ кардааст.

Дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароии динӣ-сиёсӣ ва идеологияи ифротгароӣ зарур аст, ки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, ва ВАО беш аз пеш фаъолу ташаббускор бошанд. Олимону зиёиён низ муваззафанд, ки дар заминаи пажӯҳиши амиқу доманадор усули ҷадиди пешгирии ифротгароии динӣ — сиёсиро коркард ва пешниҳод намоянд.

- Худшиносии миллӣ метавонад василаи пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароии динӣ — сиёсӣ бошад?

- Бале. Худшиносӣ чун яке аз мақулаҳои муҳими мустақилият ва қавмияти инсонӣ дар маркази воқеияти иҷтимоӣ-фалсафӣ ва фарҳангии зудтағйирёбанда қарор дорад.

Маҳз худшиносӣ «шахсият-ҷамъият-фарҳанг»-ро мепайвандад. Дар баробари ин, ташаккули худшиносӣ муайянкунандаи низоми иҷтимоӣ-фарҳангӣ буда, дар ҷараёни он шахсияти иҷтимоӣ худро мешиносад ва маънии ҳаётро тавассути мутобиқ гардонидани он ба муҳити атроф, тағйир медиҳад.

- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки синни миёнаи аъзои гурӯҳҳои динӣ — ифротгароӣ ва террористӣ то 30 — сола аст. Чаро?

- Чунки ҷаҳонбинии илмию дунявӣ ва таҷрибаи зиндагии ин қишри ҷомеа дар сатҳи зарурӣ ташаккул наёфта, равонашон то андозае осебпазир аст. Дар робита ба ин зарур аст, ки ҷавонон дар раванди боз­созӣ ва инкишофи иқтисодӣ — иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеаи навини тоҷик беш аз пеш фаъол бошанд.

Тарҳрезӣ ва амалинамоии барномаҳое, ки дар онҳо ғояҳои ватанпарварию худшиносӣ меҳвар аст, метавонанд таҳрикбахши ташаккули шуури ҷамъиятии мусбат ва садди паҳншавии ғояҳои динӣ — ифротгароӣ гарданд.

- Коршиносон ба он назаранд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ аксарият бохтанд. Шумо чӣ назар доред?

- Эътироф бояд кард, ки дар баробари бартариҳо, ҷаҳонишавӣ то андозае вазъияти сиёсии ҷаҳонро ноустувор гардонид. Одамон боварӣ ба ояндаро гум карда, ҳаёт ва фарҳангашонро дар хатар мебинанд. Мисолҳои зиёд мавҷуданд, ки зери таъсири ҷаҳонишавӣ ба арзишҳо, меъёр, урфу одат ва тарзи анъанавии зиндагӣ латма ворид гардида, ин раванд аксуламалро дар шакли ифротгароии динӣ-сиёсӣ ва терроризм ба миён овард.

Аз ҷониби дигар, тавсеаи ҷаҳонишавӣ барои баъзе кишварҳо хатар маҳсуб шуда, дар вуҷуди инсонҳо эҳсоси ташвиш, тарс ва эътирозу мубориза зидди фарҳанги бегонаро тақвият бахшид. Аз ин лиҳоз ҳимояи фазои иттилоотии ҷомеа аз паҳншавии идеологияи ифротгароии динӣ — сиёсӣ дар марҳилаи кунунӣ ҳатмӣ мебошад. Ҳар яки мо дар баробари мақомоти давлатӣ вазифадорем, ки дар ҳимояи амнияти иттилоотии кишвар саҳим бошем. Зеро пешгириву мубориза бо ифротгароии динӣ-сиёсӣ танҳо рисолату ваколати сохторҳои зидахли давлатӣ нест.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо уламои кишвар барҳақ гуфта буданд, ки «ифротгароӣ, таассуб, хурофот, коштани тухми хусуматҳои динӣ ва мазҳабӣ, дар роҳи дин қурбон шудани одамон, суиис­тифода намудан аз ислом бо мақсадҳои сиёсӣ, шахсӣ, гурӯҳӣ ва дигар амалҳои манфии барои ҷомеаи муосир хавфнок моро водор месозанд, ки дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешем».

Ин суханони пурҳикмати Пешвои миллат бояд сармашқи кори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бошад.

Мусоҳиб Далер Мерганов,

«Садои мардум»