Мусоҳибаи мо

Эҳтироми арзишҳои миллӣ ифротгароиро аз байн мебарад

№13 (3314) 29.01.2015

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар пешбурди сиёсати давлатӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии виҷдон, пайравӣ ба дин, риояи талаботи қонунгузорӣ дар ин соҳа корҳои зиёдро ба анҷом мерасонад. Суҳбати мо бо раиси кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқзода дар ин хусус сурат гирифт.

-Дар ҷумҳурӣ чанд иттиҳодияҳои динӣ ба қайд гирифта шудаанд ва кумита ба фаъолияти онҳо чӣ гуна назорат мебарад?

- Айни ҳол дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин як маркази исломӣ, 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 369 масҷиди ҷомеъ, 3589 масҷиди панҷвақта, ду адад кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ, шаш мадрасаи мутавассита, 72 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, як ҷамоатхона, як ҷамоаи динии ғайриисломӣ, дар маҷмӯъ 4089 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст ва ҳамаи онҳо муътадил, тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда истодаанд.

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иттиҳодияҳои динии номбурдаро мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳа  назорат мебарад.

-Мутобиқи қонунгузорӣ ба таълими илмҳои исломӣ иҷозат дода шудааст. Шартҳои қабул ва усули таълими толибилмон дар чунин муассисаҳо чӣ тавр мебошад?

- Шахсоне, ки хоҳиши гирифтани таълими диниро доранд, метавонанд ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва Гимназияи исломии назди ин донишкада ҳуҷҷат супорида, дар он ҷо озодона ба таълими динӣ фаро гирифта шаванд. Донишкада дорои ду факултет (улуми исломӣ ва филологияи Шарқ) ва нуҳ кафедра (улуми исломӣ, таърихи ислом, улуми Қуръон, забонҳо, филологияи араб, педагогика-психология, илмҳои табиию иттилоотӣ ва фалсафаи дин) мебошад.

Айни ҳол дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ҳудуди ду ҳазор толибилм ва дар Гимназияи исломӣ то 1500 нафар мактаббачагон таҳсил менамоянд.

-Қабул ва таҳсил дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ чӣ тартиб дорад? Бо кадом сабаб чанде аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз муассисаҳои динии давлатҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд ва оё онҳо имкони идомаи таҳсилро доранд?

-Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» гирифтани таълими динӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар муассисаҳои олии динии хориҷӣ танҳо баъд аз гирифтани таҳсилоти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва оид ба соҳаи маориф иҷозат дода мешавад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 таҳти №662 «Тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар» тасдиқ карда шудааст, ки раванди гирифтани таълими динӣ дар хориҷаро пурра ба танзим медарорад. Шаҳрвандон метавонанд бо риояи талаботи қонунгузорӣ ва Тартиби мазкур тариқи расмӣ дар хориҷа таълим гиранд.

Сабабҳои ба Ватан баргардонидани донишҷӯён марбут ба нохуб будани вазъи сиёсиву амниятии кишварҳоест, ки онҳо дар он ҷой таълими динӣ мегирифтанд. Ҳоло баъзе аз он донишҷӯёне, ки ба Ватан баргардонида шудаанд, дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва дигар муассисаҳои олии таълимии кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

-Дар раванди ҷангҳои шаҳрвандии баъзе давлатҳои хориҷӣ чанде аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд, ки боиси нигаронист. Оё метавонад надоштани таълими кофии динӣ онҳоро  гумроҳ ва гирифтори доми фиреби ифротгароён намояд?

- Ин ҷо наметавонем бигӯем, ки сабаби рӯ овардани бархе аз ҷавонони мо ба кишварҳои исломӣ барои «ҷиҳод» танҳо надоштани маърифати динӣ мебошад. Фикр намекунам, ки ҳамаи онҳо аз асосҳои дин бехабар бошанд. Наход онҳо надонанд, ки қатли мусулмон аз ҷониби мусулмони дигар ҳаром аст?

Пас, ин ҷо омилҳо гуногунанд. Ба мисли таассуб, тангназарӣ, хурофот, надоштани дониши кофии дунявӣ ва тамизи неку бади ояндаи худ. Инчунин омилҳо метавонанд иқтисодиву иҷтимоӣ низ бошанд. Яъне, ба хотири ба даст овардани пули муфт, ки аз ҷониби баъзе аз гурӯҳҳои тундрав ваъда мешавад. Дар радифи ин ҳама омилҳои дохилӣ боз тарғиб, ташвиқ ва маблағгузории калони хоҷагони хориҷӣ таъсири муассир дорад. Дар хусуси фирефта нашудан ба хоҷагони хориҷӣ Президенти мамлакат низ дар Паёми худ бамаврид қайд карда гузаштанд.

Ин гурӯҳ ва ташкилотҳои бо ном ҳомии ислом ҷавонони сода ва сустиродаро бо ғояҳои тахрибкорӣ барои фаъолияти нопоки худ, анҷоми амалҳои хушунатомез истифода мебаранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) таъкид доштанд, ки «террорист ватан, миллат ва дину  мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом, надорад».

-Қабл аз нашр адабиёти мазмуни динидошта аз ташхиси давлатии диншиносӣ мегузарад ва ин ба ваколати Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медарояд. Баъзан китобҳое ба фурӯш бароварда мешаванд, ки мазмуну мундариҷаи он боиси ихтилофи динӣ, бахусус мазҳабӣ мегардад. Барои пешгирӣ аз чунин мубаллиғони динӣ, ки моҳиятан ифротгаро мебошанд, чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Дар Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносӣ амал мекунад ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирии нашр ва паҳн кардани маводи динии дорои хусусияти ифротӣ кор мебарад. Инчунин дар ин самт ба Раёсат намояндагиҳои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки дар шакли шуъба ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ амал менамоянд, мусоидат мекунанд. Ҳамасола дар натиҷаи гузаронидани рейдҳои муштарак дар фурӯшгоҳҳо ва дигар нуқтаҳои нашру паҳни маводи дорои таъиноти динӣ теъдоди зиёди адабиёти динӣ, ки аз ташхиси давлатии диншиносӣ нагузаштаанд, аз фурӯш боздошта мешаванд.

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаришуда дар асоси 86 дархост 226 номгӯй адабиёт ва 87 адад дафтарро дар ҳаҷми 35614 саҳифа, ки баробар ба 2225,87 ҷузъи чопӣ буд, мавриди таҳлил ва ташхиси диншиносӣ қарор дода, ба 123 номгӯй адабиёт, ҳафт адад дафтар ва се варақ хулосаи мусбат ва ба 103 номгӯй адабиёт, 80 дафтар ва 655 варақаҳо, ки мазмуну муҳтавои онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доштанд, хулосаи манфӣ дод. Инчунин дар асоси 12 дархост 35 адад маводи таъиноти динии аудиовизуалӣ, 19 адад фиттаҳои магнитофонӣ, як адад протсессори тамғаи «Меркурий», як адад ноутбуки тамғаи «ЭҶП», 13 адад дискҳои CD ва як адад флешкорти тамғаи «SP» дар ҳаҷми умумии 319.7 ГБ, 793,42 МГ мавриди ташхиси диншиносӣ қарор гирифт, ки аз ин теъдод ба ҳашт адади он хулосаи манфӣ ва ба 27 адади он хулосаи мусбӣ дода шуд.

-Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳост. Дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Дар ин самт ҷиҳати назорат, татбиқ ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла аз 364 банди Нақшаи кории Кумита 361 банд пурра амалӣ карда шуд ва боқимонда се банд мавриди иҷро қарор дорад.

Ташкил ва фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ яке аз самтҳои асосии ташкили кор ва иҷрои вазифаи функсионалии Кумита ва масъулини соҳа маҳсуб рафта, назорати фаъолияти онҳо пайваста зери назари Кумита қарор дорад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 8179 адад (ВМКБ- 762 адад, вилояти Суғд -2428 адад, вилояти Хатлон -2402 адад, шаҳри Душанбе- 770 адад, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 1817 адад) комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо самарабахш фаъолият доранд.

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ ва фаҳмонида додани мазмуни қонунгузорӣ аз ҷониби кормандону масъулини Кумита бо ҷалби намояндагони дин ва олимони ҷумҳурӣ танҳо дар соли 2014-ум 2923 семинару мизҳои мудаввар, 16777 мулоқоту вохӯриҳои фардӣ ва коллективӣ, 518 барномаи радиоӣ ва телевизионии сатҳи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. 386 мақола дар воситаҳои ахбори омма ба чоп расид ва ба 111387 муроҷиати шифоҳиву хаттии шаҳрвандон посухҳои қонеъкунанда дода шуд.

Аммо ҳанӯз ҳам ҳолатҳои нақзи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба назар мерасанд. Дар соли 2014 мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 567 адад парванда оид ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба судҳо ирсол гардидааст. Аз ҷумла аз тарафи Кумита дар соли ҷорӣ 61 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Аз 567 парванда 552 ададаш баррасӣ гардида, тибқи талаботи қонун, чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ татбиқ карда шудааст.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»