«еDONISH» — ёрирасони мактабу оила

№131 (4551) 26.10.2022

2Барномаи электронии «eDonish» тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 таҳти №78 «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» аз 29 сенябри соли 2017 таҳти №443 «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2018-2022» ва аз 6 августи соли 2020 таҳти №409 «Дар бораи татбиқи Барномаи электронии «eDonish» дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе» барои ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст.

«eDonish» бо мақсади таъмини мунтазами ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф фаъолият мекунад.

ОН ЧӢ ИМКОНИЯТ ДОРАД?

Дар татбиқи Барномаи электронии «eDonish» Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)», Маркази таҳлилӣ-иттилоотии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва ширкати ҶДММ «Ватан ИКТ» саҳм доранд.

Барномаи мазкур, пеш аз ҳама, хизматрасонии электронӣ буда, тавассути он волидони хонандагон аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандон мунтазам бохабар мешаванд.

Истифодаи он барои муассисаҳои таълимӣ ва волидони хонандагон ройгон буда, ҳама хароҷот вобаста ба татбиқи барнома бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маблағгузорӣ шудааст.

Доир ба имконоти Барномаи  электронии «eDonish» аз шуъбаи татбиқи лоиҳаҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» ба мо чунин иттилоъ доданд:

- Барномаи электронии «eDonish» ба корбарон имкон медиҳад, ки ба журнали электронӣ, рӯзномаи электронӣ, вазифаи хонагӣ, ҷадвали дарсӣ, рейтингҳо, ва назорати иштироки хонандагон дар дарси фарзандон огоҳ шаванд. Ҳамчунин, тамос бо омӯзгорон, истифодаи озоди маводи дарсии электронӣ, китобхонаи электронӣ, дастрасии фаврӣ ба маълумот оид ба таҳсили фарзанд, хабарҳои чорабиниҳои мактаб, таҳияи электронии нақшаи дарсӣ ва банақшагирии электронии раванди дарсҳоро метавон аз имконоти иловагии барномаи мазкур арзёбӣ кард.

Дар даромадгоҳҳои муассисаҳои таълимӣ камераҳои назоратии «Face-ID» насб шудааст, ки вақти дақиқи даромаду баромади хонандагон сабт мешавад. Масалан, агар дар вақти дарсӣ хонанда муассисаи таълимиро тарк кунад, барнома ба таври худкор фавран ба волидон паёмак ирсол менамояд. Инчунин, вақте ки омӯзгор баҳои хонандаро дар журнали электронӣ мегузорад ё хабаре ба волидон медиҳад, сари вақт ба онҳо ин маълумот дастрас мегардад.

МАСЪУЛИЯТИ МАКТАБУ ОИЛА БЕШТАР МЕШАВАД

Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар кишвар 2 миллиону 300 ҳазор хонанда дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.  Аз ин шумора дар шаҳри Душанбе 171 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 268 ҳазору 942 хонанда таҳсил менамоянд.

Дар ҳоли ҳозир Барномаи электронии «eDonish» дар 105 муассисаи таълимии пойтахт роҳандозӣ гардида, аз ҷониби мутахассисон корҳои фаҳмондадиҳӣ бо волидон дар ҳар як муассиса гузаронида шудааст. Гуфта мешавад, ки ҳоло 30 нафар болои ин лоиҳа кор карда истодаанд. Ба ҳолати аввали моҳи октябри соли ҷорӣ барномаи мазкурро 8337 омӯзгор, 80 ҳазору 124 нафар волидон ва 194 ҳазору 471 хонанда истифода мебаранд, ки ин шумора рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Ҳамчунин, бояд гуфт, ки барномаро аз «App Store» ва «Google Play» метавон дастрас кард.

Барномаи электронии «eDonish» масъулияти мактаб ва оиларо мушаххастар карда, ­масъулияти хонандагон, волидон ва омӯзгоронро зиёд менамояд.

Насби камераҳои назоратии «Face-ID» дар даромадгоҳҳои муассисаҳои таълимии пойтахт агар аз як ҷониб, дермонӣ ва дарсгурезии хонандагонро кам кунад, аз тарафи дигар, уҳдадории мактаб ва оиларо ба ҳоли худ намемонад. Яъне, вақти дақиқи даромаду баромади хонандагон маълум мешавад ва бо сар задани ҳодисаҳои нохуш мактаб оиларову оила мактабро дигар гунаҳкор карда наметавонанд.

Чун «eDonish» имкон медиҳад, ки волидон аз ҷадвали дарсӣ, вазифаҳои хонагӣ ва умуман раванди донишомӯзии фарзандон бохабар гарданд,  хонандагон кӯшиш мекунад, ки бо дафтару китоб ва омодагии ҷиддӣ ба мактаб ҳозир шаванд.

Бешак, ин иқдоми шаҳрдорӣ, боиси дастгирист. Дар оянда дастандаркоронро зарур аст, ки истифодаи барномаро дар ҳама муассисаҳои таҳсилотии пойтахт ба роҳ монда, инчунин барои ба тамоми макотиби миёнаи ҷумҳурӣ дастрас гардидани он камар банданд.

Дуруст аст, ки барои натиҷаи мусбати ин лоиҳаро дидан камаш даҳ сол лозим аст, вале бояд вақтро аз даст надода, кӯшиш кард, то ки ҳама хонандагону волидон ва омӯзгорон аз имконоти Барномаи электронии «eDonish» истифода баранд.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»